ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ! НИДОЕ, КИ ҚАЛБҲОРО ГАРМУ МУНАВВАР ВА БА ОЯНДАИ ДУРАХШОН РАҲНАМУН МЕСОЗАД
Дарвоқеъ, шиори «Тоҷикистон ба пеш!», ки онро бори нахуст Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ноил гардидан ба мақсадҳои наҷиб, комёб гаштан ба дастовардҳои бузургу чашмрас, идома бахшидан ба корҳои нави созандагиву ободонӣ бо қалбу нияти пок ба забон оварданд, ҷонибдории кулли мардуми бонангу ори тоҷикро ба вуҷуд овард. Сокинони бошарафу сарбаланди кишвар бо самимияти хос ин иқдоми некро пазируфта, якдилона баҳри пешрафти кишвар, рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, баланд бардоштани обрӯву нуфузи давлати соҳибистиқлоли хеш дар бари Роҳбари хирадсолору дурандеши кишвар қадамҳои устувор мегузоранд.
Пеш аз ҳама, ин шиор маънои онро дошт, ки бо вуҷуди муваффақиятҳои чашмрасе, ки мамлакати мо дар муддати кӯтоҳ ба даст овард, марҳалаи ниҳоӣ ҳисобида нашавад, балки ҷиҳати рушду шукуфоии диёри хеш месазад беш аз пеш камари ҳиммат баст. Азбаски ин суханон бо боварии комил, азми қавӣ, аҳди шикастнопазир ва нигоҳи неку беолоиш садо доданд, ба ҳадафҳои олии худ расиданд. Дастовардҳои рӯзафзуни солҳои соҳибистиқлолӣ, ки қалам ба гуфтани ҳамаи онҳо оҷизӣ мекашад, гувоҳи ин гуфтаҳост.
Имрӯз мардуми тоҷик, хурду бузург, пиру ҷавон таҳти шиори «Тоҷикистон ба пеш!» баҳри амалисозии нақшаву ниятҳои хеш қадамҳои қавӣ мегузоранд. Ҳамзамон, ба орзуву ормони дар дилдоштаашон низ бо муваффақият мерасанд. Имрӯзҳо ин шиор на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он, дар мамлакатҳои хориҷ низ вирди забони ҳар як тоҷикзабон гардидааст. Хосса, он ҷавонписарону духтароне, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат варзида, шарафу номуси Ватани хешро пос медоранд, дар қувваозмоиҳо байни мамолики пурқудрати ҷомеаи ҷаҳонӣ дастболо мегарданд, ба забон овардани шиори «Тоҷикистон, ба пеш!» рамзӣ гардидааст. Ин шиор ба қалби ҳар нафар ғолиб гӯё болу пар, қуввату қудрат, роҳи сафед, боварии комил барои ғолибият ва умедвор будан ба комёбиҳои нав ба навро раҳнамун месозад. Ҳамин тавр ҳам ҳаст. Чунин эҳсосро мо борҳо ҳангоми зафарёб гаштани ҳаммиллатони хеш дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ, рехтани ашки шодии онҳо, барафрохтани Парчами Тоҷикистон дар минбарҳои баланд, мушоҳида намудем. Эҳсоси ватандорие, ки вуҷуди онҳоро дар ин лаҳзаҳои ҳаяҷонбахшу фаромӯшношуданӣ фаро мегирад, онро бо забон гуфтан имкон надорад.
Ҳар яки мо набояд фаромӯш созем, ки ҳисси ватандӯстӣ ин худ садоқат ба Ватани аҷдодӣ буда, бо саъю кӯшиши беандоза ба нафъи он хизмат кардан аст. Бинобар ин, бояд мисли ангуштҳои як даст, шохобҳои як рӯд, гулҳои як боғ, фарзандони як модар амал намуда, аз як гиребон сар бароварда, дар атрофи Пешвои муаззами миллат муттаҳид шавем. Якдилу якмаром дар эъмори давлати навини воқеан дунявӣ, саҳм бигзорем ва бо номи миллати бузурги куҳанбунёдамон ифтихор намоем.
Бешубҳа, дар ин раванд агар шиори «Тоҷикистон ба пеш!» пайваста ҳамқадами ҳамаи шаҳрвандони мамлакат дар ҳар як кору амал бошад, бо эътимоди комил метавон гуфт, ки тавассути неруи ақлонӣ ва ҷисмонӣ ба ояндаи неку дурахшон хоҳем расид. Бо дастаҷамъӣ марзу буми кишвар ба куллӣ дигар, обрӯву нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар ва ба қатори давлатҳои пешқадаму тараққикардаи олам ворид хоҳад гашт.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 11.09.2025 №: 175
