ДАРЕҒИ УМРИ ИНСОНӢ...
![]()
Инсонҳои фурӯтану маърифатҷӯ ва накую накукор ҳар вақте аз дунё мегузаранд, ҷомеа аз реҳлаташон оҳи пурдард кашида, хурду бузург мутаассир мешаванд. Аз рафтани чунин шахсиятҳои накусияру накусиришт бори ғам бештар шуда, осмонро оби раҳмат тира месозад. Рафтани Абдулқодири Раҳим ҳам, ба пиндошти мо, барои наздикону дӯстон, ҳаводорону мухлисони афкори салимаш хеле сангину гаронӣ овард.
Вай дар умри пурбаракату пурмашаққаташ аз пайи зиндагӣ талош карда, мушкилиҳои зиёдеро паси сар намуда буд. Ӯ бори гарони ҳаётро мардона бар дӯш гирифта, ҳамчун фарди накукору эҷодкори асил дар дили ҳазорҳо нафар дӯстдорони шеъру адаб абадан ҷой гирифт ва хотироти ширинеро барои дӯстону наздиконаш ба ёдгор гузошта, олами фониро тарк кард.
Абдулқодир аз овони кӯдакӣ бо сад мушкилӣ ба камол расид, дунёи бачагиашро бо заҷру азоб пушти сар намуд, пеши зиндагӣ сар хам накард ва бо меҳнату донишандӯзӣ донишҷӯ шуд ва ба нимтанагиаш нигоҳ накарда, хубу аъло таҳсил намуд ва дар шаҳри Душанбе бо фарзонагону адибону олимони фидоӣ робита пайдо карда, оҳиста- оҳиста машқи шеър намуд. Ӯ бо хоксории том шеърҳои нахустинашро дар назди дӯстонаш қироат мекарду аз дафтари машқаш лаззат мебурд. Бо сари баланду рӯйи сурх Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуд, ба кор машғул шуду омӯзгорию рӯзноманигориро пеша кард ва дар ин ҷода муваффақ гардид.
Абдулқодир дар овони кӯдакӣ бо осори классикони тоҷику форс ошноӣ пайдо намуда буд, шарҳу тафсири зиёд мехонд, хатҳои қадимаро аз бар карда буд, китобҳои адибони гузаштаву муосирро бо завқ мутолаа менамуд, дар китобхонаи Фирдавсӣ аз саҳар то шом бо дастхатҳо машғул шуда, омӯзиши назми гуҳарбори тоҷикиро беҳад дӯст медошт. Дар маҳфили адибони факулта гули сари сабад буд. Устоди донишманд, шеършиноси асил, профессор Раҳим Мусулмониён дар маҳфиле, ки Абдулқодир шеър мехонд, иштирок мекард ва нисбат ба чакидаҳои хомааш фикрҳои ҷолиб гуфта, аз ҳунару истеъдоди шоириаш лаззат мебурд.
Ҳамнишинӣ бо шоирони боистеъдод ва мутолааи адабиёти ҷаҳон, осори шоирони Шарқу Ғарб ӯро ба сӯйи амвоҷи назм раҳнамун сохт ва шоириро пеша намуд. Вай дубора ба дафтари машқҳояш рӯ оварду онҳоро аз нав таҳрир карда, намунаҳои ашъорашро дар рӯзномаҳои даврӣ ба чоп расонд ва аз тарафи адибони шинохта, мисли Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор, Ҳадиса, Гулназар, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Абдулҳамид Самад, Низом Қосим, Муҳаммад Ғоиб, таҳсин шунид. Ҳамин тавр, пайраҳаашро дар шеъру шоирӣ пайдо кард ва бо дуои неки устодонаш ба шеърнависӣ ҷиддӣ машғул гардид.
Шеърҳояш мунтазам дар маҷаллаи «Садои Шарқ», рӯзномаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ интишор мешуданд. Ашъори рангину дилкашаш барояш пару бол гашта, ӯро солим мегардонд ва Абдулқодир аз дарди ҷонкоҳи баданаш фаромӯш мекарду аз лаҷоми зиндагӣ маҳкам дошта, барои ояндагон шеъру тарона, мақолаву очерк, ҳикояву қиссаҳои дилкаш эҷод менамуд.
Заҳмати зиёд, талошҳои пайваста, мутолааи осори ниёкон, омӯхтани нозукиҳои касби шоирӣ ӯро эҷодкори ҳақиқӣ кард. Вай дар зиндагӣ аз пайи шуҳрат нарафт, балки дар ҷустуҷӯйи сабки комилу услуби хос талош намуд. Пайваста барои расидан ба ин ҳадаф, саъю кӯшиш кард ва ба мақсадаш расид. Ӯ бо навиштани шеърҳои пурмуҳтаво шабзиндадорӣ мекашид ва ба дарунмоя ва мазмуни шеърҳояш аҳамияти бештар медод. Дар шеърҳояш таровати зиндагӣ, бақои умр ва фаъолиятмандии иҷтимоии инсони фидокор ҷойи хос пайдо намуда буд. Ашъораш аз ҳикмату фалсафа холӣ набуд ва рамзҳои офаридааш маъниҳои жарф доштанд ва касро барои фикру андеша кардан маҷбур месохтанд. Вақте мегуфт, ки «Эй масти хеш, ойинаро пушту рӯ мабин, Дар хонаи Худо ҳама гумгаштаи Худост, Девор аз таҳайюри боде намерамад, Дар аз нигоҳи кафш хаёлоти по баҷост», зербинои андешаашро каломи ҳақ устувор мекард. Бо нармсуханию некназарӣ касро ҳушдор медод, ки аз домани ҳаёт маҳкам дорад ва роҳи накукориро пешаи зиндагӣ намояд. Дар шеъри мазкур ҷаҳон-ҷаҳон маънӣ бо ҳам печида, дарди ботинии шоирро ифода менамояд.
Устоди шодравон академик Соҳиб Шуҳратиевич Табаров Абдулқодирро ниҳоят дӯст медошт ва эҳтиром мекард. Борҳо дар ҳузури банда аз меҳнатдӯстӣ, заҳматкашии вай ёдовар шуда, эҷодкори асил буданашро таъкид менамуд. Ба се шеъраш, ки аз якеаш намуна овардем, тақриз навишта, ба ҳаводорони шеър аз адиби ояндадор будани Абдулқодир дарак доданд. Пас аз ин, устоди донишманд ҳар як маҷмуаи шоирро мутолаа мекард ва оид ба мавзуъву муҳтавои онҳо дар дафтари хотироташ қайдҳои махсус менамуд. Моро таъкид мекард, ки Абдулқодир ояндаи неку дурахшон дорад ва ҳамеша дастгириаш намоед. Ҳамин тавр, дуои устод мустаҷоб шуд ва Абдулқодир дар радифи беҳтарин адибони муосир ворид гардида, аз хеш намунаҳои олии назму насрро баҳри ояндагон ба ёдгор гузошт.
Абдулқодир дар ашъори мухайялу мӯшикофонаи хеш инсонро ҳушдор месохт, ки барои расидан ба қадри умр талош намояд ва роҳи дурустро интихоб карда, покраву покбин бошад. Шоир розҳои нуҳуфтаашро аз тариқи шеър нарму нозук баён менамуд ва аз таъбирҳои дилкашу дилнавоз фаровон истифода мекард. Андешаҳояшро дар шеър мисли занҷир бо ҳам пайванд менамуд ва калимотро ба рақс медаровард. Дилаш саршори муҳаббат буд ва инсони нексириштро ситоиш мекард. Ба қалби ошиқон руҳи тоза мебахшид. Муждаи васлро муроди дил медонист ва қалбҳои ошуфтаву парешонро аз фараҳ саршор менамуд ва қудрати одамиро бузург мешумурд ва мегуфт:
Одамӣ печидаи ранг аст,
Нақши ин дар дидаи ранг аст.
Гарчи чун дона ҳамеафтад,
Боз ҳам афтидаи ранг аст.
Барои шоир ранг асрори бузург дорад ва ифодагари доғи дилу оромиши қалб мебошад. Дар ин мисраъҳо рамзҳои шоир ва ифодаҳои маҷозии ӯ ба мафҳуми «одамӣ» печ хӯрда, сирри ботиниашро мекушояд. Аммо табиати одамӣ, ки доим дар туғёну нолаву оҳ аст, мисли ранг ҷилваҳоро аз худ дур намесозад. Бешак, одамӣ заҷру азобро таҳаммул мекунад ва устувору побарҷо бори зиндагиро пеш мебарад. Мисли худи шоир, ки як умр бо чунин хаёл пеши зиндагӣ сар хам накард.
Дар маҷмуаҳои Абдулқодири Раҳим «Дурӯғи шабнам», «Чароғи ошноӣ», «Ҷилваи як нола», «Нусхаи парешонӣ», «Рӯшноӣ», «Фиреби меҳр», «Хилвати оина», «Духтари афсонаҳо», «Домони абр», «Ашки сари мижгон», «Назари лутф» ва амсоли инҳо мавзуъҳои мухталиф, аз ҷумла меҳру садоқат ба Ватан, расидан ба қадри одамӣ, дарки маънои зиндагӣ, дарду ҳиҷрони ошиқони раҳдурӣ ва васфи зебоиҳои табиати Тоҷикистони афсункор, хеле шоирона тасвир меёбанд. Ҳар як шеъри Абдулқодир сохти мукаммал дошта, дунёи отифонаи ӯро сареҳан ифода мекунад. Вай мақому манзалати Ватанро аз ҳама боло гузошта, дар рубоие мегӯяд:
Бе меҳри Ватан ҳеҷ касам, ҳеҷ касам,
Форам нарасад ба як замоне нафасам,
Бар кӯйи саодату муроде нарасам,
Андар дами боди сарди дунё чу хасам.
Рубоии мазкур оҳанги халқӣ гирифта, муроду мақсади шоирро пурра ифода мекунад. Муҳаббату самимият ва садоқату вафодорӣ ба Ватан дар ҳар мисраъ баръало мушоҳида мешаванд. Нигоҳи меҳанпарастонаи адибро дар шеъри мазкур бузургии сарзаминаш ба худ ҷалб намуда, қаҳрамони ғиноиашро дар назди Ватан ба «хас» баробар медонад.
Абдулқодир дили пур аз меҳр ба инсони ҳамзамонаш дошт, кинаро намеписандид, ғуруре дар сар надошт ва ошиқи зиндагию зебоӣ буд. Ҳамин афкори ҷолиб шеърашро боз ҳам ҳассостару ширинтар гардонда буданд. Вай ба дунёи инсон ба назари нек менигарист ва пастиву баландиҳои ҳаётро хуб дарк мекарду онро зебо ба қалам мекашид ва муҳокоти ҷолибу рамзҳои дилнишинро корбарӣ менамуд. Дар олами руъёаш инсони комил бо бузургиву тавоноияш тасвир меёфт. Вай равобити инсону Офаридгорро ситоиш мекард ва рози ҳақро дар миёни ҷомеа тарғиб менамуд. Шоир маъниҳои фавқро дар байти мазкур: «Камоли ҳайратамро гар баҳои ҷовидон будӣ, Замини зиндагӣ андар назарҳо осмон будӣ» ҷамъбаст мекунад ва «замини зиндагӣ»-ро муқаддас медонад ва «баҳои ҷовидонӣ»-ро барои инсон таманно мекунад. Ҳайрати шоир аз камоли андеша маънӣ меҷӯяд ва барои ифодаи он таъбирҳои латиф ва муҳокоти ҷолиберо меофарад, ки дар зербинои матн чун лаъле дар қаъри баҳри бекарон нуҳуфтааст.
Бешак, шеъри Абдулқодир аз ду сарчашмаи пуртуғёни адабиёти тоҷикӣ сарчашма мегирифт. Аввал, дар шеъраш таъсири адабиёти ирфонӣ баръало зоҳир мешуд. Вай гоҳ чун орифи комил аз пайи ҳақ ва дарёфти сирри ваҳдати вуҷуд шуда, таъбирҳои рамзиву маҷозиро дар шеърҳояш моҳирона истифода менамуд ва ба оҳангҳои ирфонию мазмуни маҷозӣ ашъорашро комил мегардонд. Барои ҳамин, қисми умри худро Абдулқодир дар баргардони «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ сарф кард ва аз уқёнуси пурталотуми андешаҳои ирфонии Мавлонои бузург дар чакидаҳои дилангезаш ифодаҳои нав, мазмунҳои тоза ва маъниҳои дилкашу рангинро ба худ мегирифт ва умри анъанаро дароз мекард. Сониян, бо таъсири ашъори Абулмаонӣ Абдулқодири Бедил ғазалҳои ноб таълиф намуда, бо рамзу маҷоз сухан мегуфт ва каломи андеша ва баёни тасвирашро боз ҳам қавӣ мегардонд. Дар маҷмуаҳои охирини шоир ин тарзи муҳокотсозиро бештар мушоҳида кардан мумкин буд.
Абдулқодир рӯзноманигори касбӣ буд. Вай дар рӯзномаи ноҳиявии «Мубориз» корро оғоз намуда, дар маҷаллаи «Фарҳанг» ташаккул ёфт ва аз он ҷо ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» даъват гардид. Касбашро хуб медонист, мақолаҳои ҷолиб менавишт, ба тарғиби адабиёту маънавиёт бештар машғул мешуд. Мухлисони эҷодиёташ ҳамеша интизори мақолаҳои пурмазмуни ӯ буданд ва онҳоро бо шавқ мутолаа менамуданд. Дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» бо масъулият кор мекард, баробари таҳриру такмили мақолаҳо боз очерку ҳикоя, шеъру тарона менавишт ва саҳифаҳои адабии рӯзномаро мукаммал мегардонд. Вай аз пайи маъниву мазмун бори заҳмат мекашид ва миёни ҳамкорон ва дӯстон маҳбубияти хосе пайдо намуда буд.
Сад афсус, ки адиби ширинкалом, рӯзноманигори оташинсухан, шоири маъниофар ва зиёии асил дунёро тарк карда, адабиёти муосири тоҷикро «ятим» гардонд. Дареғи умри инсони комил, ки дӯстдорони каломи бадеъро аз килки мухайял, баёни латиф, мазмунҳои бикр ва ифодаҳои ҷолиб бенасиб кард. Ӯ назаргоҳи аҳли дил буду бо ҷамоли ҳақ пайваст гардид ва номашро ҷовидона гардонд.
Руҳаш шоду хонаи охираташ обод бошад.
Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА,
академики АМИТ
