АБДУЛҚОДИРИ РАҲИМ. АЗ ЁДҲО, АЗ ЁДҲО

23 сентябр 2025, Сешанбе
45


Ашъори Абдулқодири Раҳим ва ҳамуслубони ӯ сар то по ҳам шеър, яъне пур аз фикр, андеша, фазилат, шууру тафаккур мебошанд ва ҳам қолабу шакли мустаҳками бадеӣ доранд. Аз онҳо ҳама гуна намуди санъати бадеиро дарёб кардан мумкин аст.

Соҳиб ТАБАРОВ,
узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Дар баробари эҷоди шеър, Абдулқодири Раҳим навиштани тарона, ҳикоя ва очеркҳоро идома дод. Ба иншои масъалаҳое рӯ овард, ки таҳқиқи бадеияшон бисёр муҳим мебошад.
Абдулҳамид САМАД,
Нависандаи халқии Тоҷикистон

Шеъри ӯ пур аз ибҳом, иҳом, нимод ва истиора аст. Ӯ дар ботини калимот ва таркибот муҳтаворо, шеърро меофарад. Дар шеъри ӯ зеҳният, тафаккур, андеша, нигоҳ аз ботини шайъ, ботини калимот ва таркибот ҷорист. Шеъри Абдулқодир шеъри ботин аст, на шеъри зоҳир. Дар кори ӯ андеша, тасвир, муҳтаво, ҳис дар ботини калимот ва таркибот нафас мекашад.
Муҳаммадалии АҶАМӢ,
шоир


Абдулқодири Раҳим аз диёри рангҳову ҳисҳо, дардҳову шодиҳо, ошноиву бегонагиҳо, худсохтану худбохтанҳо, сӯхтану гудохтанҳо омадааст. Шеъри ӯ аз «Дурӯғи шабнам» то «Раҳи ашк» марҳалаи пурарзиши рушди инсони ошиқу гирифтореро нишон медиҳад, ки дар печутоби зиндагии моддиву ирфонӣ худро меҷӯяд ва дар ин ҷустанҳо аз сарзамини рангҳо то ба берангӣ сафар мекунад.
ВОРИС,
шоир


Ҳам таронаву ҳикоя ва ҳам очеркҳояш бо забони баланду равони равонпаймо ва ошиқонаи дардманди фалсафӣ эҷод шудаанд.
Зиё АБДУЛЛО,
шоир


Маҳорати нависанда дар кӯтоҳбаёнӣ, ғунҷоиши маънии васеъ дар сатре мухтасар, истифода карда тавонистани забони зиндаи халқ аст, ки хеле хотирнишину гуворост.
ҲАДИСА,
Шоири халқии Тоҷикистон


Солҳои охир дар адабиёти мо як тамоили тозае арзи ҳастӣ намуда истодааст, ки мо ҳоло онро шартан «насри шоирона» ё «насри шоирон» меномем. Китоби «Ҷилваи як нола»-и Абдулқодири Раҳим дар ташаккули ин тамоили адабиёти муосири тоҷик як гоми ҷиддӣ мебошад.
Шамсиддин СОЛЕҲ,
доктори илмҳои филология

Абдулқодири Раҳим ба мавзуи дӯстдоштааш – модар, содиқ монда, дар ин мавзуъ як силсила мавод эҷод намудааст. Онҳоро метавон як дастоварди бузурги публитсистикаи тоҷик номид.
Маҷид САЛИМ,
Корманди шоистаи Тоҷикистон


Ӯ дар ҷаҳони худаш буд ва бо қонунҳои ботинии худаш зиндагӣ ва рушд мекард. Абдулқодир мегуфт, зиндагиро танҳо ба хотири ин ки зиндагӣ аст, дӯст дошта наметавонад, зиндагӣ барои ӯ танҳо дар шоирӣ маънӣ пайдо менамояд. Ӯ ҳақиқатро дар хирадмандӣ (ҳикмати олӣ) дарёфта буд ва аз он ҷо барои илҳоми эҷодӣ, барои хидмат ба адабиёту миллати хештан неруи тамомнашаванда мегирифт.
Камоли ҚУРБОНИЙОН,
журналист


Шеърияти волои театрро ман аз офаридаҳои Абдулқодири Раҳим дарёфтам. Эрудит – эҷодкор, адиб – филолог, ҳунаршинос – сотсиолог метавон муаррифӣ намуд, ӯро.
Муҳаммадуллоҳ ТАБАРӢ,
театршинос

Воқеан ҳам, агар кас ӯро бинад, ҳеч гумон намекунад, ки вай дар ишқ Фарҳод, дар шикастани тилисмҳои зиндагии фиребо Эраҷ асту дар сидқу сафо Юсуф. Ӯ аз камтарин равшанфикрони мост, ки дар тоза кардани ботин, дар рондани деву дади инсонӣ солҳо боз муборизаи беамон мебарад. Дар ин ҷода пайравии Мавлоноро мекунад.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, шоир

Санаи нашр: 23.09.2025 №: 183