“КӮҲСОРИ АҶАМ”. НИГИНЕ ДАР ҚАЛБИ РАШТОНЗАМИН

23 сентябр 2025, Сешанбе
42


Ҳар касе бо ин марди дарвешоини кулоҳбарсар бори нахуст вомехӯрад, гумон намекунад, ки вай соҳиби ҷаҳонбинии фарогир, донишҳои қавии кишоварзӣ, эҳсоси баланди меҳандӯстӣ ва сарояндаву навозандаи хубе аст.
Дар ягон кор шитобзадагӣ надорад. Азбаски боғбон асту ҳосилдиҳии як дарахт аз 3 то 5 солро фаро мегирад, муносибаташ бо одамони атроф низ мисли дарахт аст. Бо сабурӣ пайи санҷиши шумо мешавад, аз суҳбат, муошират ва посухҳоятон шуморо мешиносад. Ҳатто шӯхиомез худро қиёфашинос муаррифӣ намуда, аз сохтори чеҳра ва шеваи гуфтугузор зодгоҳи меҳмонҳояшро тахмин мекунад.
Ин марди хуҷастапай Мирзошоҳи Акобир, зодаи деҳаи Ҷафри ноҳияи Рашт аст. Муассис ва роҳбари осорхонаи “Кӯҳсори Аҷам”. Осорхонае, ки дар иҳотаи боғи калони себу нок ва дигар навъҳои дарахтону гиёҳон то сеошёнаи баландаш иқомат дорад.
Бинои зебои гунбадшакли сар ба осмон аз китобхона, осорхонаи кишваршиносӣ, ошёнаи дуюм маркази ҳунармандӣ ва ошёнаи сеюм ҷойи сурудсароиву маҳфилороӣ иборат аст. Аз тамошои он мо – як гурӯҳ кормандони рӯзнома баҳраи фаровон бурдем.
Дар ин мавзеъ бо ибтикори ин ҷавонмарди асил боғе дар масоҳати 1 гектар доман густарда, дар он 64 навъи маҳаллии себ, 34 намуд нок, 22 навъи зардолу, гелос, ангур, олу, шафтолу, чормағз ва бодом, ки дар ҳолати нестшавӣ буданд, аз нав барқарор, парвариш ва зиёд шуда истодаанд. Дар боғи мазкур дар як дарахти бодоми талхдона 5 намуд меваи олу, зардолу ва бодоми шириндона, дар як дарахти себ 12 навъи он ва дар як дарахти нок 6 навъи он пайванд шудаанд, ки намудҳои гуногуни маза, рангу сифат ва пешпазу дерпазро дар бар мегиранд. Дастони ин марди аҷиб дар кори пайванд эъҷоз дорад, зеро асолати дарахтеро бо дарахти дигар омезиш дода, навъи наверо офаридан кори ҳар кас нест.
Ростӣ, мо дар давоми ду соате, ки ҳамроҳи Мирзошоҳи Акобир будем, надонистем, ки ӯ, аслан роҳбалади гардишгарӣ аст, боғбону кишоварзи чашмикордон аст ё сарояндаву навозандаи боистеъдод. Чунки, пеш аз ҳама, дар ошёнаи аввали осорхонааш ончунон ёдгориҳои қадимии таърихро ҷамъ овардааст, ки ба ҳам овардани ин ҳама ганҷинаи бостонӣ дар як ноҳияи дурдаст ҳайратовар аст. Дувум, дар бораи ҳар дарахт, навъҳои меваҳо, пайвандиҳои он, решаву баргу бор, бемориҳои нахлу гиёҳ, кирму паранда ва таркиби обу гил ончунон бо муҳаббат суҳбат меорояд, ки бегумон, ҳамҷону ҳамхунии ӯ бо табиат эҳсос мешавад. Ҳатто бо лутф ба дарахти азими себе ишора намудаву пурсид: “Бигӯед, ки чаро шохаи мобайнии ин дарахт то ҳол себ дораду шохаҳои атроф бидуни ҳосил?”. Мо аз рӯи тахмини хеш посухҳо гуфтем. Ӯ бо ханда афзуд: “Қариб фаҳмидед, сабаб шохаҳо ҳама пайвандианд ва ин аст, ки дар яке ҳоло самар ҳасту дигарҳоро кайҳо чидаем”. Хулоса, ба ҳар дарахт муносибаташ мисли муносибат ба фарзанд аст. Пешниҳоди ҷолиб ҳам дорад, ки вобаста ба гармшавии иқлим, бояд дарахтонеро парвариш кард, ки ба гармӣ тобовар бошанду аз ҳосил намонанд. Дар ин замина, корҳои озмоишиву пажӯҳишии ӯ идома доранд.
Дигар ин ки дар ошёнаи севуми осорхона фазои вижае барои таронасароӣ офарида шудааст. Асбоби мусиқӣ, баландгӯяк омода аст, то ҳар соҳибистеъдоде худро озмояд. Агар аз меҳмонони дохиливу хориҷӣ касе нананвозаду насарояд, соҳибхона худ тор ё дутореро ба даст мегирад.
Мирзошоҳ мисле, ки медониста бошад, аз байни ҳамсафарони мо рӯзноманигор Муҳаммадзоиршоҳро баргузид ва хост таронае бисарояд. Мо дар ҳайрат шудем, зеро давоми даҳ соли охир хабаре надоштем, ки ин ҳамкори мо чунин истеъдоде дошта. Нахуст, худаш барои мо суруди дилнавозеро бо ин матни пурдард иҷро кард, ки аз шукӯҳу азиз будани Ватан қисса мекунад:

Ин хона қашанг аст, вале хонаи ман нест,
Ин хок чи зебост, вале хоки Ватан нест.
Оворагию хонабадӯшӣ чи балоест,
Дардест, ки ҳамтош дар ин дайри куҳан нест.
Ман баҳри кӣ хонам ғазали Саъдию Ҳофиз,
Дар шаҳри ғарибе, ки дар он фаҳми сухан нест.

Ва, хушбахтона, ҳамкори мо Муҳаммадзоиршоҳ дар ин росто сари моро баланд намуд, зеро дутор ба каф гирифту нарм-нарм нохун бар торҳо зада, фалаки ҷонсӯзе суруд:

Бечора касе, ки бебародар бошад,
Дар рӯи замин чу мурғи бепар бошад.
Доман пури зар кунем, додар бихарем,
Ин додари зархарид чӣ додар бошад?

Девори ин ошёна, ки маҳфилсароро мемонад, бо тасвирҳои офаридаи рассом Балаҷони Кӯҳистонӣ оро ёфта, муҳитро боз ҳам шоиронатару рангинтар кардааст.
Ҳамин тавр, қаҳрамони мо дар як гӯшаи Рашт биҳиштеро офаридааст, ки аз тамошои он кас серӣ намеёбад. Дар муаррифии ҳар гӯшаи боғ, гармхона, ҷои зисти гардишгарон барои мо меваю сабзавоти тар пешниҳод мекунад. Ба ҷон хоҳиш мекунад, ки аз палак ё шох чашидани самараи замин лаззати дигар дорад ва лутф фармоеду чашед.
Бояд гуфт, ки Мирзошоҳи Акобир муаллифи чандин дастуру китобҳо ҳам ҳаст ва дар конфронсҳои ҷаҳонӣ аз боғу боғдорӣ маърузаҳо хондааст. Мисли ӯ дарвешеи хушоини замони навро кам медонем, ки хоку оби Тоҷикистонро мисли рагу пӯсти хеш, ҳамчун гавҳараки чашм неку донад ва ба онҳо бо муҳаббат муносибат намояд.
Ӯ ягона роҳи дарозумриву тандурустиро дар ҳамоҳангии одам бо табиат медонад. Дар хайрбод бо ин боғбони номвари Раштонзамин ин мисраъҳоро ногаҳон гуфтем:

Дар Рашт касе ҳаст, ки покиза чу об аст,
Гулпарвару гулкору гуландеши ҳақиқист.
Бо пираҳани содаву бо риши сапедаш
Дар Рашт касе ҳаст, ки дарвеши ҳақиқист.

Бузургмеҳри БАҲОДУР,
Душанбе - Рашт - Душанбе,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 23.09.2025 №: 183