ДАР БОРАИ САРЛАШКАР ВА АРБОБИ ДАВЛАТӢ ХИДЭЁСИИ ҶОПОН
Асари адиби барҷастаи Ҷопон Китами Масао «Самурае, ки шамшер надорад», воқеаҳои дар асри XVI бавуқуъпайвастаи кишварашро ба хатти тасвир кашидааст. Он замон Ҷопон як мамлакати муттаҳиду воҳид ба ҳисоб намерафт; ба мулкҳои зиёди мустақил тақсим буд; садҳо сол боз байни қабилаҳо ҷанг мерафт; деҳқонони муфлис ранҷ мекашиданд; дар орзуи сулҳу салоҳ ва дарёфти ҷойи осуда дар чорсӯи кишвар саргардон мегаштанд. Дар ҳамин вазъи носолим шахси таърихие ба майдони муҳорибаҳо баромад ва Ҷопонро аз мамлакати пароканда ба як кишвари муттаҳиду тавоно табдил дод.
«Самурае, ки шамшер надорад» қариб ба тамоми забонҳои дунё тарҷума ва нашр шудааст, зеро китобест шавқовар, тарбиявӣ, руҳбаландсозанда, раҳнамо, водорсозанда ба андешаи нек, ибратомӯз, барҳамзанандаи ҳар гуна фикрҳои ҳаётбадбинӣ буда, хонандаро ба хештаншиносӣ, накукорӣ, ватандӯстӣ, халқпарварӣ ҳидоят менамояд ва дар ниҳоди ӯ, махсусан ҷавонон, ҳисси ба неруи худ бовар карданро бармеангезад.
Китоб аз забони русӣ ба тоҷикӣ бо саъю талоши журналисти варзида Абдуғаффор Қурбонов тарҷума ва дар матбааи «Эр-граф» бо сифати аъло нашр шудааст.
Қаҳрамони романи «Самурае, ки шамшер надорад», шахси таърихист бо номи Тоётоми Хидэёси. Вай дар оилаи деҳқони муфлис соли 1536 ба дунё омада, нодор ба воя расид, вале ақли гиро дошт. Ҳанӯз дар наврасӣ дарк сохт, ки бо ин неруи ҷисмонӣ, ба мисли самурайҳои ҷанговари баҳодур, наметавонад ба оянда бо назари нек нигарад. Аз ин рӯ, ӯ бештар аз рӯйи ақл, фаросат, тадбирҷӯйӣ кор гирифт ва аз хизматгори дараҷаи пасттарин то ба мансаби баландтарини Ҷопон – ноибсалтанат, яъне муовини император сабзид. Хидэёси дар иҷрои вазифа ва супоришҳои роҳбаронаш ҳеҷ гоҳ дудилагӣ зоҳир намекард, ҳамеша роҳи ҳалли корро меҷуст, бештар на ба зӯрии бозувон, балки ба ақл такя мекард. Вақте ки ба мансабҳои болотар расид, мушовиронро ба кор гирифт. Онҳо ашхосе буданд, ба мисли худаш муфлис, вале дорои фаросату ҷасорат. Бо ёрии онҳо Хидэёси тавонист бидуни ҷангу хунрезӣ даҳҳо қалъаро фатҳ намояд, ҳазорҳо деҳаҳоро ба худ тобеъ созад ва аз кишвари пароканда давлати ягонаи муқтадир созад.
Асоси романи «Самурае, ки шамшер надорад» ёддоштҳои ӯст. Хидэёси пеш аз маргаш (соли 1598) чунин васият кардааст: «Агар хоҳед, ки дурри мақсудро ба даст оред, пеш аз ҳама, ин корҳоро ба сомон расонед: дар иҷрои вазифа қобилияти табиии худро истифода баред; заҳматписанд, босадоқат, босубот, қатъӣ бошед; дар интихоби касб, ҳунар дурандеш бояд буд ва дар ташкилоте кор кунед, ки оянда дорад; бикӯшед, ки дар корҳое, ки иҷрояшон басо сангин аст, роҳи ҳаллашро дарёбед; ноомадро ба комёбӣ мубаддал созед; вақте ки роҳбари идорае мешавед, сардор не, сарвари боҳиммат бошед; барои соҳиб шудан ба боварӣ ба дигарон бовар кунед; кормандони оқилро ҳавасманд ва бо сухани хуб сарфароз созед; ба ҳамкорон мақсадро муайяну равшан иброз доред, зеро аз насиҳат кардан, вазифа гузоштан беҳтар аст; аз дипломатия кор гиред; камбудиҳои ночизро бубахшед; ягонагиро мустаҳкам созед; ба ҳайси мушовирон ва роҳбарон боэътимодтарин ашхоси ҷӯяндаву донову боҷасоратро, ки аз гуфтани ҳақиқат чашм намепӯшанд, интихоб кунед; ба низоъ роҳ надиҳед ва аз худситоию шуҳратпарастӣ ҳазар намоед…».
Хондани китоб барои ҷавонони ояндасоз муфид аст.
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 24.09.2025 №: 184