АКАШАРИФ ҶӮРАЕВ
Ӯро асосгузори мактаби мусиқии миллии тоҷикӣ мехонанд.
Барот Яхшӣ, Иброҳим Кобулӣ, Абдуллоҳ Назрӣ, Ҷӯрабек Назрӣ, Дӯстмурод Алиев, Зафар Нозим, Тағоймурод Хушвахтов, Исмоил Назрӣ ва даҳҳо дигар парвардагон ва пайравони ин мактабанд. Эҳёи «Шашмақом» дар кӯҳистон низ иқдоми таърихии ӯ мебошад. Дар кори оҳангсозон ҳам то имрӯз нақш ва унсурҳои кори ӯ барҷаста дида мешавад. Ӯ қофиласолори мусиқии муосири мардумӣ эътироф гардидааст.
Акашариф Ҷӯраев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, дорандаи орденҳои Ленин ва "Нишони фахрӣ" соли 1894 дар маркази бекигарии Дарвоз – Қалъаихумб, дар оилаи деҳқон, ба дунё омадааст. Падару бобояш ба мусиқӣ рағбати зиёд доштанд. Фориғ аз кори деҳқонӣ, онҳо ба навохтани дутору сетор ва дигар асбоби мусиқӣ машғул шуда, сурудхонӣ мекарданд. Шарифи хурдсол ҳамаи инро мушоҳида мекард ва ҳиссиёти азалии дар ниҳодаш буда, торафт бештар ҷӯш мезад.
Ин ҳиссиёту истеъдоди Шарифро ҳамдеҳагон мушоҳида намуда, баъзеҳо аз ояндаи дурахшони ӯ пешгӯӣ мекарданду дигарон онро ҳаваси кӯдакӣ мегуфтанд.
Шоири соҳибдевони Дарвоз Иззатшоҳ, ки дар Бухорои Шарқӣ ҳамчун шоир ва донишманди нозукиҳои санъати мусиқӣ маъруф буд, дар ниҳоди писарбача санъати асилро эҳсос менамояд ва ӯро ба тарбияи худ мегирад. Он ҷо яке аз дӯстони Иззатшоҳ Мирзо Ғуломи Чангӣ ба Шарифи ҷавон назокатҳои мусиқии суннатиро меомӯзонад…
Аввали солҳои 20-уми асри гузашта, баъди тағйири низом дар минтақа, Акашариф Ҷӯраев ҳамроҳи Мирзо Ғуломи Чангӣ ба Ғарм меоянд. Соли 1925 ӯро мудири «Чойхонаи Сурх», ки ниҳоди давлатии фарҳангу маориф буд, таъин мекунанд. Он ҷо ӯ ҳунари худро сайқал дода, ҳамчун ҳофизи хушсалиқа ном мебарорад. Чун нишонаи эътирофу эътибори санъати волояш, дар байни халқ бо номи Акашариф шуҳрат пайдо менамояд.
Дере нагузашта, аниқтараш соли 1935 Акашариф Ҷӯраевро ба радиои пойтахт ҳамчун ҳофиз ба кор даъват мекунанд. Баъдан, сарвари гурӯҳи ҳунарии радиои Тоҷикистон таъин мешавад.
Соли 1939 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон раҳбарии дастаи ҳунариро ба дӯши Акашариф Ҷӯраев мегузоранд. Сурудҳои “Камаров”, “Алла”, “Қалъабандӣ” ва “Чорзарб” аз эҷодиёти машҳури Акашариф Ҷӯраев мебошанд. Ӯ, ҳамчунин, яке аз сарояндагони маъруфи “Шашмақом” буд. Таронаҳои “Ҷони ман”, “Анора овардам”, “Ҷӯраҷон”, “Булбулон”, “Интихоб мекунам” аз маъмултарин таронаҳои ӯ ба шумор мераванд.
Дар сафарҳои ҳунариаш ба кишварҳои Россия, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистону Афғонистон бо санъати волои мусиқӣ ва шеъри ноби тоҷикӣ дили ҳазорҳо ҳаводорони созу сурудро тасхир кардааст.
Устод Акашариф Ҷӯраев ҳангоми дар Филармонияи давлатӣ фаъолият кардан, деҳа ба деҳаҳои кӯҳистон мегашт, истеъдодҳоро меҷуст, месанҷид ва ба пойтахт меовард, то мусиқии асили тоҷик боз бештар сайқал ёбад. Ҳамин заҳмати устод буд, ки дар саҳнаи ҳунар шахсиятҳое дурахшиданд, ки мусиқии тоҷикро равнақ бахшида, ба ҷаҳониён муаррифӣ намуданд.
Бешак, хизмати Акашариф Ҷӯраев барои рушди санъати тоҷик бебаҳост. Имрӯз Филармонияи давлатии Тоҷикистон номи ин нобиғаи санъатро дорад.
Ӯ соли 1966 дар 72-солагӣ ин ҷаҳонро падруд гуфт.
Таҳияи Фирӯзи АЛИШЕР, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 26.09.2025 №: 186