ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ...

30 сентябр 2025, Сешанбе
29


Андешае чанд дар бораи вижагиҳои мардумии ашъори Мавлоно
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ашъор ва осори насрии хешро ончунон аз обу гили мардум сиришта, ки бештари намунаҳои эҷодиёти ӯ кайҳо ҳамчун офаридаҳои мардум муаррифӣ мешаванд ва камтар касе меандешад, ки муаллифи ин мисраъ ё байт кӣ бошад. Дар падид омадани чунин маҳбубият, пеш аз ҳама, шахсияти мардумӣ ва ҷӯяндаи асрори олами одам будани шоир маълум мегардад.

Бо вуҷуди фарди машҳури ангуштнамо ва соҳиби мактаби адабиву ирфонии хеш будан, ҳеҷ гоҳ аз хоксорӣ болотар по нагузоштааст. Ҳафт шаҳри ишқро мисли Аттор гашта, боз ҳам дар рустои одамгарӣ муқим мондааст. Дар ин матлаб талош кардем, то бо овардани чандин мисраъҳои барҷаста собит намоем, ки офаридаҳои андешаи ин бузургвор то куҷо реша ба ҷаҳони ботинии инсон доранд ва ҳашт аср боз вирди забонҳоанд.
Намунаҳое, ки ҳоло оварда мешаванд, дар шакли асл ё бо каме дигаргунӣ шиор шуда, дар девору қасрҳо овезонанд; ҳар рӯз аз онҳо дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ мехонему баҳра мебарем. Аз ҷумла, ба ин байти машҳур назар мекунем:
Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад,
Ақлро мар ақлҳо ёрӣ диҳад.

Мисраъҳои ин байт бештари маврид дар алоҳидагӣ шиор шудаанд. Мавриди хиракунандаи зеҳнҳо ин аст, ки мисраи дувум дар шакли вайрони “Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад” машҳур гардида, бо вуҷуди таъкиду ислоҳҳо, одамон боз ҳам ин шакли нодурустро истифода мебаранд. Дар ин шакл ҳам мазмун сахт осеб намебинад, аммо мантиқ мекоҳад, зеро Мавлоно гуфтанист, ки як ақлро (як касро) чанд ақл (чанд кас) тақвият мебахшад. Дар тарбияту камоли як фард ҷомеа масъул аст. “Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад” дар ҳамаи маҳфил ва анҷуманҳо, бавижа ҳангоми машварат гирифтан, аз донандагони кор, пирони хирад фаровон истифода мешавад.
Ин байт ҳам аз “Маснавӣ” хеле машҳур аст, аммо мисраи дувум маъруфтар мебошад:
Пас, забони маҳрамӣ худ дигар аст,
Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст.

Ё мисраи аввали ин байт дар шакли “Ҳар касе аз ҳамзабонаш шуд ҷудо” дар мавриди таъкиди ҷойгоҳи забони модарӣ ҳамеша вирди забонҳост:
Ҳар кӣ ӯ аз ҳамзабоне шуд ҷудо,
Безабон шуд, гарчи дорад сад наво.

Ё ки дар байти зер ишорат мешавад, ки ҳамдард бояд роздор бошад ва дар нигаҳдории асрори дигарон мард:
Сирри шеронро надонад гургу меш,
Ҷуз ба ҳамдарде магӯ асрори хеш.

Ҳар касе дар бораи одамгарӣ, башардӯстӣ сухан гуфтанӣ бошад, бо ин байт уқдаи дил мекушояд:
Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,
К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст.

Ё ин байт асрҳо боз хитоби мардумон андар расидан ба қадри хеш аст:
Биё, то қадри якдигар бидонем,
Ки то ногаҳ зи якдигар намонем.

Ин мисраъҳо кайҳо аз мардум аст ва гӯё шоир ин дурдонаҳоро аз қаъри кӯҳсорони андешаҳои рафтагон ёфтаву ба мардуми имрӯз баргардондааст: “Гар таваккул мекунӣ, дар кор кун”, “Ҳотами мулки Сулаймон аст илм”, “Аз муҳаббат талхҳо ширин шавад” ва ҳазорон лаълҳои суфтаву носуфтаи маънӣ.
Бештари ин намунаҳои олии овардашударо мардум бидуни зикри номи шоир, мисле, ки садои дили худашон бошад, дар маҳфилу минбарҳо такрор мекунанд. Ин аст, ки Мавлоно барои мо ҳамоно маъруфу дӯстдоштанӣ боқӣ мемонад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 30.09.2025 №: 188