ДАР РӮИ ҶАҲОН НАМОИ МИЛЛАТ ДОРЕМ
Барои мардуми некманиши Тоҷикистон рӯзи 5-уми октябр рӯзи шарифест, ки бузургдошти ду падидаи гаронбаҳову беназири мо – зодрӯзи Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Рӯзи забони муқаддаси модарии тоҷикии мо ҷашн гирифта мешавад.
Бо забони модариамон ифтихор аз он дорем, ки маҳз ба шарофати он миллати мо дар тули таърихи хунин аз байни обу оташ зинда гузашта, ҳувияти худро нигоҳ дошт.
Бо Пешвои миллатамон ифтихор аз он дорем, чун паёми озодии миллати мо, чун подоши ҳазорсолаи халқи шариф Тоҷикистони моро бо закои хирад ва сиришти қавии ватандӯстонаи худ аз вартаи фалокат наҷот доданд.
Ин симоест, ки дар илму адаб, дар эҷоди суханварони мо бо тобиши ватандӯстонаву инсонпарваронааш дурахши ҷовидона ёфтааст. Ҳақ аст шоири тоҷик, ки ин гуфтаҳоро сурудааст:
Бо фурӯғу нубӯғи симояш
Тоҷикистони мо дурахшон шуд,
Бо гули хандаи лабони ӯ
Тоҷикистони мо гулафшон шуд.
Ва ҳосили ҷоннисориҳои ӯ ва халқи ватандӯсту некоинамон буд, ки ба шарофати он оқибат:
Раст Меҳан зи вартаи мӯҳлик,
Ишқи Меҳан варо тавоне дод,
Бо фари осмонӣ бар халқаш
Бахту толеи осмонӣ дод.
Не, на аз ғайб пеши мо омад,
Халқ бар хеш Пешворо дод,
Ҳосили ранҷҳои чандин аср,
Бахти моро, бақои моро дод.
Ӯ раҳо кард Меҳани моро
Ҳаст то вақт, қадри ӯ донем,
Ӯ наҷотофарини халқи мост,
Ҷону дил пеши пош афшонем.
Дар давоми 34 соли даврони Истиқлоли давлатӣ Тоҷикистони мо он қадар нашъу нумӯ ёфту пеш рафт, ки дар таърихи чандинҳазорсола миллати мо онро надида буд. Ҳар соат, ҳар рӯз, ҳар соли даврони соҳибистиқлолии кишварамон пуропур аз корномаҳои қаҳрамонӣ ва пирӯзиҳои бунёдкоронаи халқи шарифамон бо Пешвои муаззами хеш аст.
Пас чӣ гуна метавон ин саодат, ин амният, ин хушбахтии пирӯзиҳои навини Пешвои миллат ва халқамонро насуруд!?
БАҚОИ МИЛЛАТ
ДАР ЗОДРӮЗИ ПЕШВОИ МИЛЛАТИ ТОҶИК ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Имрӯз, ки мо сафои миллат дорем,
Сад ҷон ба раҳи раҳои миллат дорем.
Монандаи Пешвои меҳанпарвар,
Аз нанг тане фидои миллат дорем.
Дар меҳани ишқ зиндагӣ коштаем,
Дар ҳар раги ҷон навои миллат дорем.
Ҳар ҷо ки равем, нури Эзад бо мост,
Нуру фари Пешвои миллат дорем.
Дар бозуи ӯ тавони садасраи мост,
Дар дидаи ӯ зиёи миллат дорем.
Бо Сарвари ҷоннисор дар рӯи ҷаҳон
Пирӯзии нав барои миллат дорем.
Бо чеҳраи неки ӯ, қаду қомати ӯ
Дар рӯи ҷаҳон намои миллат дорем.
Дар хоки биҳиштии ниёкони шариф
Эҳёи нави ниёи миллат дорем.
Дар панҷаи дасти заҳматии Сарвар
Сад пайки гираҳкушои миллат дорем.
Бас суннати неки мо ҷаҳонро бигирифт,
Хайру фари дасту пойи миллат дорем
Танҳо набувад Сарвари мо, бо ӯем,
Сад ҷону диле фидои миллат дорем.
Эй кош, Худованд нигаҳбонаш бод,
Ӯ ҳаст, ки мо бақои миллат дорем!
НИЁИШ
Шунав аз ман дуои модарона
Ба юмни зиндагониву замона.
Барам бар осмон дасти ниёиш,
Кунам шукронаи садҳо кушоиш,
Ки қадри ин Ватан, ин хок медон,
Муҳаббат борад аз ҳар бораи он.
Зи рӯи Пешвои мо сафо рехт,
Ба дӯши халқи мо бахту бақо рехт.
Ватан шуд маҳзари сулҳу амонӣ,
Шукуфо шуд ба Меҳан зиндагонӣ.
Кунам сад шукри халқи некоин,
Дуои Пешвои покботин,
Ки бар хоки куҳан эҳёи нав дод,
Ба рӯи мо дари иқбол бикшод.
Муборак бар сари мо Сарвари мо,
Ки резад нури покаш бар сари мо.
Кунам шукри биҳишти Тоҷикистон,
Ба бахти сарнавишти Тоҷикистон,
Бимон поянда андар хоки Меҳан,
Аё эй Сарвари бебоки Меҳан!
Шиори зиндагии мо “Ба пеш!” аст,
Раҳи мо ҷониби фардо ба пеш аст!
ЭЙ ВАТАН, БО ПЕШВОЯТ ЗИНДА БОШ!
Эй Ватан, бо Пешвоят зинда бош!
Бо чунин бахту бақоят зинда бош!
Худ ҳавоят доруи ҷону дил аст,
Бо ҳавои дилкушоят зинда бош!
Нури некии ту дунёро гирифт
Бо фари созу навоят, зинда бош!
Парфишон бодо ҳамеша парчамат
Дар канори қуллаҳоят, зинда бош!
Хайру некӣ пуштибонат будааст,
Адл подошу бақоят, зинда бош!
Файзи озодӣ гулафшон гаштааст
Дар ҳавои дилрабоят, зинда бош!
Пешвоят пешсаф дар ҷодаҳост,
Некномӣ ҳамнавоят, зинда бош!
То сиришти нек дар ҷонат бувад
Раҳнамоят, раҳкушоят, зинда бош!
Бо Сада, бо Меҳргон, бо фазлу хайр,
Бод Наврӯзат бақоят, зинда бош!
Меҳани ман, нусхаи поки биҳишт,
Ман дуо гӯям бароят, зинда бош!
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон
