ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА НУФУЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
Агар забон барои дигар миллатҳо танҳо руҳи миллиашонро ифода намояд, барои тоҷикон чун офтоби дурахшони қисмат тули таърих нурафшонӣ кардааст. Гузашта аз ин, забони тоҷикӣ рамзи генетикии миллати тоҷик гардидааст.
Ин забон ба гурӯҳи ҳинду-эронии оилаи забонҳои ҳинду-аврупоӣ шомил мешаваду замина ва решаҳои чандинҳазорсола дорад. Тайи ин муддат забони тоҷикӣ ҳамчун занҷири пайвасткунандаи замонҳову наслҳо хизмат намуд. Тамаддун ва фарҳанги нотакрори халқи мо бар асоси ҳамин бойигарӣ сохта шуда, мероси фарҳангии ҷаҳониёнро ғанитар гардонд. Тули таърих, қатъи назар аз шебу фарози он, забони тоҷикӣ ҳамеша чун омили муттаҳидсозандаи халқи тоҷик буд.
Забони тоҷикӣ дар таърихи фарҳангу ҳунари ҷаҳонӣ низ ба худ мақоми хосро касб намуда, он аз ҷониби муҳаққиқони соҳа ҳамчун забони асосии даврони эҳёи Осиёи Марказӣ дар асрҳои IX-XII эътироф мегардад.
Тоҷикон бо забони худ озодона бо бошандагони Эрон ва Афғонистон суҳбат карда метавонанд. Дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта, ки он замон рӯзноманигори ҷавон будам, бо академик Муҳаммад Осимӣ (руҳашон шод бод) мусоҳибае доштем. Зимни суҳбат устод дар мавриди қаробати забонҳоямон ишораи шоирона намуданд: «Забонҳои тоҷикӣ, порсӣ ва дарӣ се пиёларо мемонанд, ки ба онҳо аз як чойник чой рехтаанд».
Ҷаҳониён забони тоҷикиро чун забони шоирона эътироф мекунанд. Он хушнаво ба гӯш расида, шунавандаро мафтун месозаду руҳи одамро оромиш мебахшад. Гӯё ин забон танҳо барои шеъргӯӣ офарида шуда бошад. Бесабаб ҳам нест, ки офаридаҳои безаволи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Умари Хайём, Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Носири Хусрав, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон бо ҳамин забон суруда шудаанд. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки шоири дӯстдоштаи мардум Мирзо Турсунзода халқи тоҷикро табиатан шоир номидааст. Офаридаҳои классикони адабиёти тоҷику форс то ҳоло қалби ҳазорон-ҳазор дилдодагони осори ноби бадеиро тасхир месозанд.
Бешубҳа, чунин аст, аммо мисле ки Офтобро бо доман пӯшонда намешавад, ҳақиқатро низ таҳриф намудан мушкил аст. Танҳо пас аз он ки Тоҷикистон истиқлоли давлатӣ ба даст оварда, ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид, забони тоҷикӣ ба авҷи аълои рушди худ расид. Аз 5-уми октябри соли 2009 дар кишвар Рӯзи забон бо шукӯҳ ва шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Мақоми махсуси забон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» махсус таъкид шудааст. Қонуни мазкур бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид. Ин яке аз барҷастатарин хизматҳои таърихии Сарвари давлат дар назди миллати тоҷик ба шумор меравад.
Баъди ба сари қудрат омадан, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сиёсатмадори хирадманд ва дурбин, бо тамоми вуҷуд дарк сохтанд, ки забон муҳимтарин рамзи давлатдорист. Ҳар халқ ҳамчун миллати мутамаддин маҳз тавассути забонаш шинохта мешавад, зеро забон нахустунсури ваҳдати миллӣ ва мероси беназири фарҳангӣ буда, шиносномаи миллат ҳисобида мешавад. Ҳар миллатро тавассути забонаш дар ҷаҳон мешиносанд. Аз ин ҷост, ки Қонун дар бораи забони давлатӣ ба вуҷуд омад.
Имрӯз забони тоҷикиро ҳамчун забони бузурги тамаддуни башарӣ эътироф намудаанд, зеро ба шарофати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин забон мунтазам ва дар ҳама ҷо – оғоз аз ҳар хонадони тоҷик то минбарҳои муътабартарини ҷаҳон, аз ҷумла СММ, садо медиҳад. Албатта, мо бо ин ифтихор мекунем.
Айни ҳол нигоҳ доштани забони модарӣ қарзи муқаддаси ҳар кадоми мо ба шумор меравад. Мо бо ин наслҳои ояндаро водор мекунем, ки арҷ гузоштан ба муқаддасотро биомӯзанд ва аз рӯйдодҳои таърихӣ сабақ бардоранд. Хеле хуб мешуд, агар ба монанди асари «Тоҷикон»-и Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як хонадон туҳфа шуданд, китоби дуҷилдаи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (чопи соли 1969) бознашр шуда (хуб мебуд бо такмил аз ҷониби забоншиносони варзида), дастраси аҳолӣ мешуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид чунин фармудаанд: «Бигзор ин фарҳанги ҷомеъ ҳамчун мероси азизи гузаштагони мо дастраси ҳар хонадони тоҷик ва китоби рӯимизии ҳар фарди бонангу номуси миллат бошад».
Мансур СУРУШ, шореҳи адабии АМИТ «Ховар»
Санаи нашр: 05.10.2025 №: 192-193