ЗАБОН. ДАР ҲИФЗИ МУҲИМТАРИН ОМИЛИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ ПАЙРАВОНИ АЙНИВУ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БОЯД БОШЕМ!

06 октябр 2025, Душанбе
21


Дороиҳои забони тоҷикӣ дар забони мардуми тоҷик ва адабиёти чандасрааш чунон доман густардааст, ки, бешубҳа, барои ояндаи рӯшан ва умри дарозаш мусоидат мекунанд. Аммо масъалаи муҳим дар ин маврид дуруст омӯзишу пажӯҳиш шудани вожаҳои аз истеъмол бозмонда ва ё камистеъмоли забони тоҷикӣ ва аз нав ба истифодаи умум баровардани онҳост, ки ҳиммати айниёна мехоҳад.
Таълифу тадвини вожаномаҳо метавонад дар ин самт корсоз бошад. Аз ҷумла, «Фарҳанги Доро»-и Доро Наҷот, Шоири халқии Тоҷикистон, бо фарогирии беш аз 5000 вожа, истилоҳ, таркиб ва ибораи тоҷикӣ (форсиву дарӣ) аз намунаи беҳтарини чунин корҳост. Бавижа, гурӯҳи калимаҳое, ки ӯ аз забони зиндаи мардум ҷамъ овардааст (бо мисол овардан аз осори шоирону нависандагони муосир), бояд истифодаи бештар дошта бошанд. Аз ҷумла, «тиреза», «каҳгил», «шинам», «шабдарав», «дуҷон», «пичинг», «говгум», «чакман», «зарҳал», «корам», «кафшер», «одмиёна», «шалпар», «шиннӣ», «ярч», «чакан», «парсинг» ва амсоли инҳо.
Назаре кардан ба баъзе вожаву ибораҳои маъмул (бо овардани далелҳо) кофист, то хонанда муроди моро рӯшантар бифаҳмад: ташкилот – созмон, идора (ҳуҷраи кор) – коргоҳ, қалам – хома (килк), мактуб (хат) – нома, шеър – чакома, сарвода, чома, либос – ҷома, чайқӣ (чайқа) – обгардон, мунтахаб – баргузида, мухтасар – ихчам, таҳният (табрикот) – шодбошӣ, қасам – савганд, аскар – сарбоз, сомеъ – шунаванда, оила – хонавода, тасанно – офарин, муҳокима – баррасӣ, васл – пайванд, кумак – ёрӣ (ёрмандӣ), судя – довар, вазорат – девон, муваффақ – комрон (пирӯз), соҳибони хона – катбонуву катхудо, қаймоқ – саршир (саришир), ғолиб – дастболо, тими мунтахаб – дастаи яккачин (гурӯҳи баргузида), ҷиҳоз – коло, машҳур (маъруф) – номвар (овозадор), қадим – бостон, таҳқиқ – пажӯҳиш (муҳаққиқ – пажӯҳанда).
Аз ин рӯйхати мухтасар, ки нахуст калимаву ибораҳои арабиву туркӣ оварда шуданду сипас муродифи тоҷикии онҳо, метавон хулоса кард, ки мо садҳо ё шояд ҳазорон вожаҳои тоҷикии бостониро ба гӯшаи фаромӯшӣ супурдаем ва ё камтар ёдашон мекунем.
Дар ин бора, ки воқеан ҳам баъзе калимаҳои арабӣ ва дигар забонҳо дар таркиби забони мо яккатозанду муродиф надоранд ва ё ҳаммаънои мувофиқи худро наёфтаанд, ҷойи баҳс нест. Аммо барои ҷойгузин кардани ин қабил калимаҳо дар забони тоҷикӣ бузургону абармардони суханпардози мо ҳуқуқи пурраи маънавӣ доштанду мо низ дорем. То замоне ки онҳоро ба унвони калимаи худӣ пазиро бошему ба орият бигирем, дар миқёси на танҳо Тоҷикистону Осиёи Марказӣ, балки берун аз он низ дар тарғибу ташвиқи забонҳои арабию туркӣ ва рушди маънавияти соҳибони забонҳои ёдшуда ниёгони мо ранҷҳои бедареғи фарҳангӣ кашидаанд.
Аксари касоне, ки аз нофаҳмову дурушт будани забони баъзе аз садову симои тоҷик ҷор мезананд, ду ҷиҳати масъаларо дарк кардан намехоҳанд. Аввал, забонашро касе мефаҳмад, ки бо ин забон ҳадди ақал сад китоби бадеиву илмиву оммавӣ хонда бошад. Дувум, ба ислоҳи камбуди роҳёфта кӯшише накарда, бо интиқоди хушку холӣ «дили худро холӣ» мекунанд.
Ҳанӯз соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд: «Мо ҳеҷ гоҳ иқтидору имконоти забонамонро дар мақоми забони илм набояд нодида гирем ва онро камарзиш шуморем. Забони миллии мо чун омили тавонои забони илм, чунонки дар аҳди Сомониён ва минбаъд дошта буд, ҳоло низ аз чунин имконот бархӯрдор мебошад».
Чунин ибтикороту изҳороти қатъии бузургони миллат, агар бовару эътимоди мо – соҳибзабононро ба забони давлатӣ нишон диҳад, аз ҷониби дигар водор месозад, ки омӯзиши ростини забони тоҷикиро аз муҳити хонаводагӣ оғоз намоем. Дар дили насли ҷавон танҳо ҳисси камбудиҷӯӣ ва парҳез аз чизи номафҳуму мураккабро не, балки ҳисси кунҷковӣ ва масъулияти ислоҳу пажӯҳишу ҷустуҷӯро низ ташаккул диҳем.
Дар эҷоди муҳаббат ба забон ва афзудани қудрати он кор бояд аз худамон оғоз шавад. Ҳақиқат ин аст, агар соҳибзабонон хоҳанд, яъне мо хоҳем, забони мо баёни қариб 90 дарсади ифодаҳои ҳамаи соҳаҳоро дорад ва он ҳама вожаҳо дар "Авасто", “Занд”, “Позанд”, "Бундаҳишн", "Ёдгори Бузургмеҳр", "Дарахти асурик", "Динкард", “Худойномак”, “Таърихи мулуки Аҷам”, осори Рӯдакӣ, Хайём, Носири Хусрав, "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ боқист ва аз ҳама муҳим, дар забони мардум ҷорист. Онҳоро, ба гуфтаи устод Садриддин Айнӣ, бояд ҷуст, ёфт, зинда кард ва ба забони имрӯзӣ ворид сохт.

Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 05.10.2025 №: 192-193