РИСОЛАТИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: ТАҲЛИЛИ ҶОМЕЪ ДАР МАВЗУИ МУБРАМ

07 октябр 2025, Сешанбе
40


(Ёддоште дар ҳошияи китоби Раҳимзода Р.Ҳ. «Рисолати давлатдории Эмомалӣ Раҳмон»)
Солҳои охир шинохти шахсият, фаъолият ва мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз мавзуъҳои меҳварии тадқиқоти илмҳои ҷамъиятии кишвар буда, ҳамзамон, таваҷҷуҳи доираи васеи муҳаққиқони хориҷиро низ ҷалб намудааст. Бинобар ин, ҳоло дар ин мавзуъ теъдоди хеле зиёди осори илмӣ, оммавӣ, адабӣ ва ҳунарӣ фароҳам омада, муаллифон паҳлуҳои гуногуни ин мавзуи доманадорро мавриди омӯзиш ва инъикос қарор додаанд.
Аз ин рӯ, дар назари аввал гуфтани сухани нав ва навиштани асари тоза дар ин мавзуъ хеле мушкил менамояд. Аммо мутолааи китоби нави доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Раҳимзода Р.Ҳ. «Рисолати давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» (Душанбе, «ЭР-граф», 2025, 484 саҳ.) нишон медиҳад, ки сатҳи шахсият, бузургии рисолат, аҳамияти мактаби давлатдорӣ ва ҷойгоҳи миллию мардумии Эмомалӣ Раҳмон мавзуи фарохест, ки он метавонад аз паҳлуҳои боз ҳам дигар омӯхта шуда, ҷиҳатҳо ва хусусиятҳои комилан нави он барои ҷомеа пешниҳод гардад. Аз ин рӯ, хулосаи нахустин дар бораи китоби мазкур ин аст, ки ба муаллиф муяссар гаштааст, то дар мавзуи бисёр пажӯҳишшудае асари шаклан ва мазмунан тозаву мустақил офарад.
Барои арзёбии асари бузургҳаҷми Раҳимзода Р.Ҳ. метавон аввал ба ду нуктае ишора намуд, ки китобро хос, муҳим ва хонданӣ намудаанд:
Якум, асар дорои равиши махсуси илмию методологии худ буда, сохтори он ба тарзи бисёр дақиқ ва бо пайвасту пайдарҳамии мантиқӣ чида шудааст. Муаллиф шахсият, фаъолият, рисолат ва мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллатро фасл ба фасл бозкушоӣ карда, раванду марҳалаҳои ташаккули шахсияти ӯро чун протсеси зиндаи инсонӣ, иҷтимоӣ ва таърихӣ боз намудааст. Ин аст, ки бо тафовут аз аксари асарҳои дар ин мавзуъ дастрасшуда, китоби мазкур моҳияти ҷомеъ ва фарогир ёфта, тақрибан тамоми паҳлуҳои фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бар гирифтааст.
Дуюм, гарчи муаллиф барои такмили андешаҳои худ аз доираи васеи адабиёти илмию сиёсӣ истифода кардааст, лек нуктаи дигари қувватдиҳандаи асар маҳз дар он аст, ки худи муаллиф ҳамчун шоҳиди бевоситаи ҳодисаҳо, рӯйдодҳо ва равандҳои ҳассоси тасвиршаванда дар асар ширкат намуда, ба он навъе руҳ, ҳарорат ва динамикаи хосса бахшидааст. Яъне, нуктаву лавҳаҳои асар танҳо натиҷаи тадқиқоти хушки дафтарию китобии шахси сеюм набуда, нависанда чун яке аз ҳамсафон ва пайравони Пешвои миллат диду таҷрибаи амалии худро низ бар он афзудааст. Тавре Раҳимзода Р.Ҳ овардааст: «… мехостам ҳамчун шоҳиди ҳол паҳлуҳои гуногуни ҷоннисориҳои ӯро, ки барояшон обрӯю шарафи миллат аз ҳама чиз болотар аст… акс намоям» (саҳ.18). Табиист, ки ин ҳолат аҳамияту мустанадии асарро дучанд менамояд.
Худи китоби «Рисолати давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» аз баррасии амиқи яке аз масъалаҳои муҳимтарини илмҳои фалсафа ва сиёсат, яъне мақоми шахсият дар таърих, ҷомеа ва сарнавишти миллатҳо оғоз мегардад. Ин мавзуъ ё муаммо дар пешгуфтор ва боби якуми китоб матраҳ шуда, муаллиф талош мекунад, ки нисбат ба ин саволи ҷовидонии илму таърих назари худро баён созад, балки онро исбот намояд. Бо ин мақсад, ӯ дидгоҳҳои файласуфони қадиму муосири ғарбӣ чун Софокл, Бернс, Бдондел, Теккер, бузургони андешаи миллӣ чун Фирдавсӣ, Низомулмулк, Носири Хусрав, Саъдии Шерозӣ, Унсурулмаолии Кайковус, Насириддини Тӯсӣ, Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва афкори донишманди муосири тоҷик чун академик С.С.Ятимов, академик К.Олимов, Имомов А., Амиршоҳӣ Н., Саидзода З.Ш. ва дигаронро дар мавзуи мазкур ба таври васеъ баррасӣ намуда, нишон медиҳад, ки дар ҳақиқат нақши шахсият дар таърих ниҳоят бузург ва калидӣ буда, умуман, худи моҳияти таърих аз фаъолияти ҳадафмандонаи инсон иборат аст. (саҳ.5).
Чунин вуруди васеи назариявӣ ва асосноккунии илмии муаллиф ба мавзуи мубрам аз ду назар бисёр муҳим мебошад.
Аввалан, ин гуна муҳокимаронӣ ва хулосагирӣ баъзе назарияҳои ғайриилмии постмодернистии инкоркунандаи нақши шахсият дар сарнавишти давлатҳо ва миллатҳоро рад менамояд.
Сониян, он заминаи назариявиро барои ифода ва исботи яке аз тезисҳои марказии китоб, яъне нақши таърихии шахсияти Эмомалӣ Раҳмон дар сарнавишти давлат ва миллати тоҷик ҳамвор месозад.
Дар қадами баъдӣ, муаллиф бо овардани мисолҳои мушаххас ва фаровон аз корнамоии Эмомалӣ Раҳмон ва натиҷаҳои он барои давлату миллати мо тезиси асосии худ, яъне нақши таърихӣ доштани шахсияти Эмомалӣ Раҳмон дар сарнавишти давлат ва миллати тоҷикро ба пуррагӣ исбот менамояд. Ин усули коргирифтаи Раҳимзода Р.Ҳ. имкон медиҳад, ки масъала ҳам аз ҷиҳати илмию назариявӣ исбот ёбад ва ҳам аз назари таҷрибавию амалӣ устувор карда шавад. Яъне, метавон гуфт, ки худи боби якуми рисола ба танҳоӣ як асари мустақили илмию таълимӣ мебошад, зеро бар хилофи асарҳои тавсифӣ ё нақлӣ, дар он мавзуи мавриди назар бо бунёди илмию назариявӣ устувор карда шудааст.
Чунин ҳалли назариявӣ ва амалии масъалаи нақши шахсият дар таърих ва ҷомеа ва дар заминаи он нишон додани нақши таърихии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарнавишти давлату миллати мо аҳамияти хоссаи амалии сиёсӣ ва иттилоотӣ низ касб менамояд, ба хотири он ки яке аз мавзуъҳо ва талошҳои асосии нохушбинони давлату миллат дар фазои иттилоотӣ маҳз дар зеҳни ҷомеа хароб кардани ҳақиқат ва инкори хидматҳои барҷастаи ин шахсияти таърихӣ мебошад. Бинобар ин, имрӯз ба миён омадани чунин асари бунёдӣ аз ҳар ҷиҳат ба манфиат аст.
Маҷмуаи далелҳо ё дастгоҳи истидлолии Раҳимзода Р.Ҳ. барои нишон додани рисолати давлатдорӣ ва нақши таърихии Эмомалӣ Раҳмон низ дар ин асар хеле фарогир аст. Гарчи ин мавзуъ ба таври мушаххас дар фаслҳои аввали боби якум омӯхта шудааст, ҳамзамон, тамоми 14 фасл ва пешгуфтору хулосаи асар, дар маҷмуъ, ҳамин андешаи меҳварии онро исбот менамоянд.
Тавре муаллиф таъкид мекунад, муҳимтарин рисолат ва хидмати Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи муосири тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот додани давлатдории миллист, зеро маҳз бо роҳбарӣ ва талошҳои ӯ эҳтимоли аз байн рафтани давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бартараф шуда, мардуми тоҷик тавонист, ки бори дигар давлати худро соҳибӣ намояд. Аҳамияти ин хидмати Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, дар он аст, ки масъалаи давлат ва давлатдорӣ барои тамоми халқу миллатҳо, аз ҷумла мардуми тоҷик, масъалаи рақами як ба ҳисоб меояд. Агар ба сарнавишти печидаи тоҷикон ҳамчун миллат нигарем, меҳвари асосии таърих ва муборизаи миллии моро маҳз масъалаҳои Ватан, сарзамин, истиқлол ва давлат ташкил додаанд. То ҷое, ки тамоми қаҳрамонони халқи тоҷик ва қаҳрамонони Тоҷикистон маҳз шахсоне будаанд, ки барои ҳифзи ин арзишҳо мубориза кардаанд. Сабаби чунин ҷойгоҳи меҳварӣ пайдо намудани масъалаи давлат барои тоҷикон дар он аст, ки буду ҳастии миллии тоҷикон ҳамеша бо Ватан ва истиқлоли сиёсии онҳо вобаста будааст. Яъне, ҳар гоҳе ва ҳар ҷое, ки тоҷикон соҳиби давлат будаанд, манфиатҳо, арзишҳо, ҳуқуқу озодиҳо ва бақои миллии худро таъмин карда тавонистаанд. Баръакси ин, ҳар ҷое, ки ҳокимияти сиёсӣ ва сарзамин, яъне давлатро аз даст додаанд, раванди ҳалшавию нобудии тоҷикон оғоз шудааст. Бинобар ин, имрӯз бо боварӣ гуфта метавон, ки доштани давлати миллии мустақил муҳимтарин омили бақои миллии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Хосса, дар шароити нави таърихӣ масъалаи бақои тоҷикон ҳамчун миллат бо бақои давлати миллии мустақили онҳо бевосита гиреҳ хӯрдааст. Ин аст, ки аз нақши Эмомалӣ Раҳмон дар наҷоти давлатдории миллӣ амалан хидмати ҳаётии ӯ дар наҷоти худи миллат ба ҳисоб меравад. Ҳамин тавр, аз аҳамияти хидмати аввал, рисолати дувуми ӯ, яъне наҷоти миллат аз нобудию парокандагӣ исбот мегардад.
Албатта, худи ҳамин ду хидмат, яъне наҷоти давлат аз нобудӣ ва наҷоти миллат аз парокандагӣ, кофист, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамун шахсияти таърихӣ ва Пешвои наҷотбахши миллӣ эътироф шуда, номи ӯ дар таърихи халқи тоҷик дар канори бузургону қаҳрамононе чун Исмоили Сомонӣ, Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигарон ҷовидонӣ гардад. Аммо муаллифи асар равиши мантиқию истидлолии худро идома дода, дар фаслу бобҳои дигар ҷойгоҳ ва фаъолияти Эмомалӣ Раҳмонро чун арбоби барҷастаи сиёсӣ ва давлатӣ ба таври муфассал мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Ба ин восита, ба Раҳимзода Р.Ҳ. муяссар мешавад, ки бо инъикоси фаъолияти бисёрсамтаи Пешвои миллат симои ҷомеи ӯро барои хонандаи дохиливу берунӣ ба таври бисёр муфассал ва тоза муаррифӣ намояд.
Албатта, дар доираи ин навишта баррасӣ намудани моҳияти ҳар фасли китоб аз имкон берун аст, аммо барои дарёфти аҳамияти ин боб таваҷҷуҳ ба се нуктаи ҷамъбастӣ басе зарур мебошад:
1.Тавре дар оғоз зикр шуд, муаллиф дар асар на танҳо ҳамчун муҳаққиқи собиқадори мавзуъ, балки ҳамчун яке аз ёрону пайравони Пешвои миллат ва шоҳиди бевоситаи бисёре аз раванду ҳодисаҳои тасвиршаванда ширкат мекунад. Аз ин рӯ, зимни таълифи фаслҳои зикршуда ӯ маҷмуаи бузурги иттилоот, маълумот ва факту рақамҳои таърихиву воқеиро ироа менамояд, ки дастрасӣ ба онҳо аз сарчашмаҳои дигар имконпазир нестанд. Ин аст, ки китоб дар баробари аҳамияти илмию сиёсӣ, аҳамияти махсуси маълумотиву сарчашмавӣ мегирад.
Ба таври мисол, маълумоти дақиқ дар бораи баъзе ҳодисаҳое, ки дар он солҳои ҳассос дар муносибати Эмомалӣ Раҳмон бо шахсиятҳои сиёсӣ ва фармондеҳони низомӣ рух додаанд, ҳодисаҳои ағбаи Полезак, гузаргоҳи Каранак, ноҳияи Рӯшон, деҳаи Хосдеҳи Афғонистон, маълумоти нав дар бораи ҷузъиёти талошҳои суиқасд, ки дар он давраҳо нисбати Эмомалӣ Раҳмон анҷом шудаанд, гуфтугӯҳои ҳошиявӣ, ки бо роҳбарони баъзе давлатҳо дар баррасии нақшу ҷойгоҳи Эмомалӣ Раҳмон рух додаанд ва ғайра то имрӯз дастрас набуданд. Аммо тавоноии илмию методии муаллиф дар он аст, ки ҳар яке аз ин ҷузъиётҳоро дар ҷои худ истифода намуда, ба воситаи онҳо паҳлуҳои гуногуни шахсияти қаҳрамони худро кушода, масъалаи меҳварии китобро ба таври қонеъкунанда ҳал ва исбот месозад.
2. Тавре зикр шуд, фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президент, Роҳбари давлат ва Пешвои миллат аз сӯи муҳаққиқони ватанию хориҷӣ то имрӯз низ мавриди пажӯҳишҳои васеъ қарор гирифтааст. Аммо яке аз вижагиҳои китоби «Рисолати давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» ин аст, ки муаллиф дар ин асар фаъолияти ҷамъиятии Пешвои миллатро ба таври ҷудогона ва муфассал мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Ин аст, ки дар фасли 1.8-уми китоб – «Фаъолияти ҷамъиятӣ» (саҳ. 265-297) фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ходими ҷамъиятӣ, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони дунё «Пайванд», Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва ғайра таҳлил ёфта, ҷанбаҳои нав ва бисёр муҳими фаъолияти Пешвои миллат ва шеваҳои хоси роҳбарии ӯ нишон дода шудаанд. Тавре муаллиф таъкид мекунад, дар канори фаъолиятҳои корию сиёсӣ, фаъолиятҳои ҷамъиятӣ шахсияти Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун пешоҳанги муносибатҳои муҳими ҷамъиятӣ нишон медиҳад.
3. Бо тақсимбандӣ ва бозкушоии самтҳои асосии фаъолияти сиёсию ҷамъиятии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 8 фасли аввали китоб муаллиф тавонистааст, ки ҳамзамон тафовутҳои моҳиятӣ ва функсионалии мафҳум, нақш ва рисолатҳое чун арбоби сиёсию давлатӣ, ходими ҷамъиятӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон ва ғайраро ба таври рӯшан нишон диҳад, зеро дар бисёр мавридҳо мушоҳида мешавад, ки баъзе хонандагон миёни ин мафҳуму рисолатҳо тафовут гузошта наметавонанд. Илова бар ин, маҳз дар канори ҳам гузошта, таҳлил намудани ин самтҳо вусъати шахсият ва фаъолияти қаҳрамони асарро ба таври эҳсосшаванда ифода мекунад.
Боби дувуми китоби «Рисолати давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» (с.с.298-383) ба сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлат зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст. Он низ дар заминаи таҳлили доираи васеи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, гузоришҳои расмию оморӣ, адабиёти илмию таҳлилии соҳавӣ ва маълумоти хоссаи муаллиф таҳия гашта, моҳияти асосии сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат ва динамикаи рушди онро дар даҳсолаҳои охир ба таври асоснок нишон додааст. Дар ин самт сиёсати маорифпарваронаи Эмомалӣ Раҳмон, мавқеи занону ҷавонон дар сиёсати иҷтимоии давлат, таъсири ин сиёсат ба некуаҳволии шаҳрвандони кишвар, тарроҳӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегии рушди мамлакат ва ғайра ба таври муфассал таҳлил шудаанд.
Чун ин боб бештар баррасии масъалаҳои соҳавиии рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмонро дар бар мегирад, таҳлилу арзёбии ҷузъии он ба мутахассисони соҳаи иқтисодӣ вогузор мешавад. Аммо чун дар маркази сиёсати иҷтимоии Роҳбари давлати тоҷикон маҳз соҳаи маориф қарор дорад, дар бораи тарз ва сатҳи дар китоби мазкур баррасӣ шудани ин самти сиёсати давлатӣ таъкид ба нуктаи зерин муҳим мебошад.
Соҳаи маорифи кишвар, ки дар даврони ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ амалан фалаҷ гашта буд, дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат марҳала ба марҳала эҳё шуда, ҳам аз назари сохторӣ ва ҳам аз назари мазмунӣ ислоҳ ва такмил гардид. Фасли «Сиёсатмадори маорифпарвар» (саҳ.298) маҳз ин раванди мураккаби барқарориро тасвиру таҳлил намуда, маводи фаровони империкӣ, маълумоти дақиқи таърихиву оморӣ ва хулосаҳои муҳими зарурӣ ироа мекунад.
Дар ин росто муаллиф моҳияти маорифро чунин таъриф менамояд: «Маориф раванди аз насл ба насл интиқол додани дониш, малака ва маҳорат аст, ки ба пешрафти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии миллату давлат мусоидат мекунад» (саҳ.304). Ин таъриф, аввалан, моҳияти маорифро на танҳо дар додани дониш, балки маҳз дар интиқоли ҳамзамони «дониш, малака ва маҳорат» дониста, сониян, ба он ишорат дорад, ки комёбии як миллат ва рушди як давлат бе маориф имконпазир нест.
Таҳлили фасли зикршудаи китоб нишон медиҳад, ки сиёсати маорифпарваронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, ду ҳадафи асосиро пайгирӣ мекунад:
1. Бо донишу маҳорати муосир таъмин намудани насли ҷавон ва барои зиндагӣ дар ҷаҳони таҳаввулёбандаи имрӯз омода намудани онҳо. Бинобар ин, дар маркази ҳамаи барномаҳои ислоҳи соҳаи маориф маҳз баланд бардоштани сифати таълим ва ба талаботи муосир ҷавобгӯ шудани барномаҳои таълимӣ қарор доранд, зеро, агар низоми маорифи як кишвар аз замона қафо монад, худи он кишвар низ некуаҳволии ҷомеа ва пешрафти зарури иқтисодию иҷтимоиро таъмин карда наметавонад.
2. Дар баробари омӯзиши донишу малакаҳои муосир дар руҳияи баланди худшиносии миллӣ ва арзишҳои соҳибватанӣ тарбият намудани насли ҷавони миллат, зеро, агар насли ҷавон дар ин руҳия парвариш наёбад, фарҳангу арзишҳои миллӣ, суннату анъанаҳои неки падарон ва манфиатҳои миллии худро дарк ва Ватани худро соҳибӣ ва ҳимоя карда наметавонад. Бинобар ин, низоми маориф дар баробари конуни донишу малака будан, бояд, ҳамчунин, мактаби бузурги ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ бошад. Ин ду ҳадафи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат на танҳо аҳамияти илмию маърифатӣ, балки барои ҳифзи ояндаи миллат аҳамияти бузурги амалӣ ва ҳаётӣ дорад.
Боби сеюми китоб (саҳ.384-478) масъалаи хеле ҳассос ва муҳим, яъне таҳлилу баррасии сиёсати хориҷӣ ва фаъолияти байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бар мегирад. Дар ҳақиқат, сиёсати хориҷӣ яке аз муваффақтарин самтҳои фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон буда, натиҷаи асосии он муаррифии сазовори миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ ва устувор гардондани ҷойгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Дар ин боб Раҳимзода Р.Ҳ. сиёсати хориҷии Эмомалӣ Раҳмонро ба се самти асосӣ тақсим намуда, аввал, худи моҳият ва хусусиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва ҷойгоҳи Эмомалӣ Раҳмон чун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, дувум, моҳият ва аҳамияти ташаббусҳои байналмилалии Роҳбари давлат ва сеюм, нақши ӯро ҳамчун Пешвои тоҷикони ҷаҳон мавриди баррасӣ қарор додааст.
Дар ҳақиқат, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон хонаи умеди тамоми форсизабонон ва тоҷикони ҷаҳон буда, Роҳбари он Пешвои тамоми онҳо ба ҳисоб меравад. Бояд зикр кард, ки Пешвои тоҷикони ҷаҳон ҳисоб шудани Эмомалӣ Раҳмон танҳо як унвони ташрифотӣ нест. Моҳияти масъала дар он аст, ки, гарчи қаламрави густариши тамаддуни ориёӣ ва забони форсию тоҷикӣ бисёр фаротар аз Тоҷикистон аст, аммо имрӯз Тоҷикистон танҳо кишварест, ки дар он тамаддуни ориёӣ ва фарҳанги форсию тоҷикӣ ҷойгоҳи расмию давлатӣ доранд.
Хушбахтона, Эмомалӣ Раҳмон низ бо дарки ин масъулияти таърихию тамаддунӣ барои эҳё ва ҳифзи тамаддуни ориёӣ ва фарҳанги миллӣ талошҳои зиёд карда, тамоми унсурҳои онро марҳала ба марҳала эҳё менамояд. Бинобар ин, аксари ҳамзабонони бурунмарзии мо ба Тоҷикистон маҳз ҳамчун охирин конуни арзишҳои ориёӣ ва тоҷикӣ нигоҳ карда, ба Роҳбари он ҳамчун Пешвои ин раванди таърихӣ эҳтироми хосса қоиланд. Чуноне ки Раҳимзода Р. Ҳ. дар ҷамъбасти ин мавзуъ овардааст: «Имрӯз на танҳо тоҷикони Тоҷикистон, балки тамоми тоҷикони ҷаҳон дар симои Пешвои худ пуштибони воқеии худро мебинанд. Аз ин лиҳоз, ӯ ҳуқуқи маънавии Пешвои тоҷикони ҷаҳон буданро дорад» (саҳ.478) .
Албатта, дар бораи чунин тадқиқоти васеъ ва асари калонҳаҷме, ки дар мавзуи хеле муҳими илмию амалии муосир таълиф гаштааст, метавон таҳлилу нуктаҳои зиёдеро ба миён гузошт. Илова бар ин, зимни баррасии муфассали асар чанд мулоҳизаи куллӣ ва ҷузъӣ нисбат ба такмили баъзе ҷанбаҳои шакливу мазмунии он ба миён омаданд, ки дар матни пурраи ёддошт ҷой дода шудаанд. Аммо мувофиқи мақсад аст, ки ин муаррифиномаро бо нигоҳе ба хулосаи худи ин китоби арзишманд хулоса намоем.
Дар бахши «Хулоса»-и китоб Раҳимзода Р. Ҳ. муҳтавои асосии асари худро ҷамъбаст карда, бори дигар чун шоҳиди тамоми ин раванди мураккабу пурифтихори таърихӣ ба хонандагони иззатманди худ муроҷиат менамояд. Ин муроҷиат бисёр ҷиддиву устувор ва дар айни замон, гарму самимона буда, дар он, аз ҷумла чунин омадааст: «Ман худ шоҳиди ҳол ҳастам, ки Пешвои муаззам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тақдири миллат ба саҳнаи сиёсат омада, дар шароити ниҳоят вазнин ва вазъияти пешгӯинашаванда, ки ба сари тақдири давлат ва давлатдории тоҷикон омада буд, тамоми масъулияти имрӯзу ояндаи як миллати куҳанбунёдро ба дӯш гирифта, баҳри ташаккули давлатдории миллӣ қадамҳои устувор, ҷавонмардона ва ҳаётбахш гузошт.
Корнамоиҳое, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон анҷом доданд, гувоҳи равшани иҷрои рисолати таърихӣ аз ҷониби ин чеҳраи мондагори миллат дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда мебошад…» (саҳ. 481).
Бале, ин ҳақиқати таърихист, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихию давлатдории худро дар назди миллат ва давлати тоҷикон бо сари баланд иҷро намудааст ва ин воқеияти сиёсист, ки зери роҳбарии ӯ давлатдории миллии мо аз вартаи нобудӣ наҷот ёфта, миллати тоҷик бори дигар сарҷамъ гашта, истиқлоли давлатӣ, суботу амнияти комил ва ваҳдати миллӣ таъмин шуда, заминаҳои асосии рушди устувори иқтисодию иҷтимоии ҷомеа фароҳам омадааст. Муаллифи китоби «Рисолати давлатдории Эмомалӣ Раҳмон», доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Раҳимзода Р.Ҳ. низ бо анҷоми чунин асари бунёдӣ ин ҳақиқати таърихиро ҳам аз ҷиҳати назариявӣ ва ҳам аз назари амалӣ пурра ба исбот расонда, ба ин восита ҳам рисолати илмию миллӣ ва ҳам қарзи фарзандию шаҳрвандии худро ба ҷой овардааст.
Ҳамин тавр, китоби нави Раҳимзода Р.Ҳ. «Рисолати давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» як асари илмӣ-оммавии яклухт ва том дар мавзуи мубрами фалсафӣ ва сиёсии рӯз буда, аз аҳамияти хосаи илмию назариявӣ ва амалию корбурдӣ бархӯрдор аст. Ба муаллиф муяссар гаштааст, ки бо истифода аз ҳаҷми бузурги маълумоти воқеию таърихӣ, арзёбии илмии равандҳои мураккаби сиёсии дохиливу берунӣ ва корбурди равишҳои пазируфтаи илмию методологӣ мавзуи мавриди назарро пурра ҳал намуда, андешаву тезисҳои асосии асарро пурра ба исбот расонад. Ин аст, ки китоби мазкур як падидаи наву ҷиддӣ дар фазои илмҳои ҷамъиятии ватанӣ буда, бешубҳа, қадами тозаву устувор дар таҳлилу баррасии ин мавзуи муҳим ва ҳассос ба шумор меравад.

Абдуллоҳи РАҲНАМО, сиёсатшинос, директори Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Санаи нашр: 06.10.2025 №: 194-195