ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. БАРДОШТ АЗ СУҲБАТИ ИХТИСОСӢ БО ШАМСИДДИН МУҲАММАДИЕВ

09 октябр 2025, Панҷшанбе
19


Ҳамасола 5-уми октябр дар кишварамон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад. Барои рушди забони тоҷикӣ имрӯзҳо корҳои зиёде анҷом дода мешаванд: аз таҳияи китобу луғатҳо то омӯзиши истилоҳоти соҳаҳои гуногун. Дар ин кор нақши муассисаҳои илмӣ, махсусан Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, сутуданӣ аст. Он ҳамчун маркази таҳқиқотӣ ва илмӣ масъулияти ҷиддиро дар таҳия, рушди истилоҳот ва ғанисозии забони давлатӣ ба зимма дорад.
Ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ мо бо муовини директори Институти забон ва адабиёт Шамсиддин Муҳаммадиев ҳамсуҳбат шудем, ки фушурдаи онро пешкаши хонандаи азиз мегардонем.
– Дар Институт дар ду шуъба кормандон машғул ба баррасӣ ва пажӯҳиши масъалаҳои марбут ба забон мебошанд. Дар шуъбаи забони тоҷикӣ мавзуи «Ташаккули луғоту истилоҳоти забони тоҷикӣ (дар се давраи таърихӣ)» таҳқиқ мешавад, ки бар мабнои ин лоиҳаи илмӣ кормандон рисола ва монографияҳои “Фарҳанги тафсирии истилоҳоти «Донишнома»-и Абуалӣ ибни Сино”, “Лексикаи лаҳҷаи Мастчоҳ”, «Фарҳанги номвожаҳои осори хаттии асри XI-XII (дар мисоли «Форснома»-и Ибни Балхӣ ва «Шоҳнома»-и Саолибӣ)» ба чоп расонданд. Аз таҳқиқот бармеояд, ки масъалаҳои вобаста ба рушди забони давлатӣ, танзими истилоҳот ва меъёрҳои забони давлатӣ бо истифода аз осори хаттии давраҳои таърихии он, таҳлилу танзим ва истифодаи дақиқи истилоҳоти забон ва таъмини рушди забони адабӣ, таҳия ва нашри фарҳангҳои лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ, таҳқиқи забонҳои шарқии эронии Тоҷикистон (гурӯҳи забонҳои помирӣ ва забони яғнобӣ) дар ташаккули забони адабии тоҷикӣ нақши муҳимро ба ҷо меоранд. Ҳамчунин, маълум шуд, ки мавзуъҳои таҳқиқотӣ дар забоншиносии тоҷикӣ бори нахуст дар чунин шакли таърихӣ ва муосир мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор мегиранд.
Дар шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳот бошад, дар доираи мавзуи «Пажӯҳиши масъалаҳои фарҳангҳои тафсирӣ ва дузабона» китобҳои доктори илмҳои филология, узви вобастаи АМИТ Ҳасани Султон “Фарҳанги истилоҳоти “Китоб-ут-тафҳим”-и Абурайҳони Берунӣ, “Фурӯғи худшиносии миллӣ”, “Устозурраис Абурайҳони Берунӣ ва Абурайҳони Берунӣ”, “Китоб-ут-тафҳим ли авоили саноъат-ит-танҷим” бо муқаддима, шарҳи луғоту истилоҳот ва тавзеҳот ба чоп расиданд, ки дар илми фарҳангнигорӣ ва истилоҳшиносии тоҷик дастоварди назаррас мебошад. Ҳамчунин, аз тарафи кормандони илмии шуъбаҳои мазкур беш аз 40 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои илмии дохил ва хориҷи кишвар ба чоп расидаанд.
Вожаву истилоҳоти аз сарчашмаҳои илмиву таърихӣ, ҷуғрофӣ ва бадеии давраҳои гуногун бадастомада нишон медиҳанд, ки як қисми онҳо дар фарҳангҳои тафсирии забони тоҷикӣ ба мушоҳида намерасанд. Аз ин рӯ, ин калимаву истилоҳотро метавон дар «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» минбаъд пайдо кард. Ба нашр расондани фарҳангномаҳои вожаҳои мустаъмали ҳамарӯза барои ҷавонону донишҷӯён ва аҳли ҷомеа дар роҳи ғанӣ намудани захираи луғавӣ ва таркиби луғавии тахассусии онҳо ёрӣ мерасонад. Муассиса бо ин мақсад, фарҳанги якҷилдаи вожаҳои серистеъмоли забони имрӯзаро таҳия намудааст, ки дар садади чоп қарор дорад.
Ҳамчунин, Институт бо баргузор намудани семинару конференсияҳо кӯшиш менамояд, то меъёрҳои забони адабӣ риоя гардида, ҷавонон ба истифодаи дурусти забон ташвиқ шаванд. Имрӯз вазифаи ҳар яки мост, ки забонамонро тоза игоҳ дорем, аз истифодаи лаҳҷа дар гуфтору навиштор худдорӣ намоем ва, махсусан дар сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, бо забони модарии сода ва адабӣ нависем.
Басона САТТОРЗОДА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 09.10.2025 №: 197