ТОҶИКИСТОН МИЗБОНИ БОЗ ЯК ЧОРАБИНИИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Дар шароити ҷаҳони муосир, ки раванди геополитикӣ бо суръат тағйир меёбад, муносибатҳои байнидавлатӣ аз шаклҳои анъанавии дипломатӣ гузашта, ба сатҳи нави ҳамкориҳои минтақавию стратегӣ мерасанд. Кишварҳое, ки тавони идоракунии муколама, миёнаравӣ ва ҳамоҳангсозии манфиатҳои гуногунро доранд, дар сиёсати байналмилалӣ мақоми махсус касб менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маркази Осиёи Марказӣ ҷойгир аст ва бо ҳамаи давлатҳои асосии минтақа робитаҳои дӯстона ва ҳамкоронаи мутавозинро нигоҳ медорад, имрӯз ҳамчун яке аз чунин кишварҳо шинохта шудааст.
Баргузории ду ҳамоиши бузурги байналмилалӣ – Саммити «Осиёи Марказӣ – Россия» ва ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рӯзҳои 9-10-уми октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе далели равшани ин гуфтаҳост. Ин ду чорабинӣ, ки бо иштироки сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва роҳбарони кишварҳои узви ИДМ, аз ҷумла Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин баргузор мегарданд, Тоҷикистонро дар маркази таваҷҷуҳи сиёсиву дипломатии минтақа ва ҷаҳони пасошуравӣ қарор медиҳанд.
Агар ба таърихи ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикистон назар афканем, мебинем, ки аз ибтидои истиқлолият то имрӯз сиёсати давлатии он бар пояи сулҳ, муколама ва ҳамкорӣ бунёд ёфтааст. Ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки кишвар баъди ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба оромӣ рӯ овард, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати «дарҳои кушода» ва ҳамзистии сулҳомезро ҳамчун принсипи асосии муносибатҳои хориҷӣ муқаррар намуданд. Маҳз ҳамин сиёсати мутавозин боис гардид, ки Тоҷикистон имрӯз на танҳо дар минтақа, балки дар арсаи васеи байналмилалӣ ҳамчун ҷонибдори сулҳ ва субот шинохта шудааст.
Дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як иштирокдори фаъоли ташаббусҳои муҳими минтақавӣ ва ҷаҳонӣ табдил ёфт. Иштироки кишвар дар Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) ва як қатор ниҳодҳои байналмилалии дигар на танҳо мавқеи Тоҷикистонро таҳким бахшид, балки онро ба як иштирокдори фаъол дар муҳити сиёсиву иқтисодии минтақа табдил дод.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ин ҳамкориҳо ҳамеша мавқеи созанда ва миёнаравона доштааст. Таҷрибаи кишвар дар барқарорсозии сулҳ, ҳалли мусолиматомези низоъҳо ва тарғиби арзишҳои ҳамзистии осоишта ҳамчун намунаи нодири сиёсати хирадмандонаи миллӣ эътироф шудааст. Аз ин рӯ, интихоби Душанбе ҳамчун макони баргузории ду чорабинии муҳими моҳи октябр тасодуфӣ нест, балки он бар пояи таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии кишвар асос ёфтааст.
Саммити «Осиёи Марказӣ – Россия» як шакли нави ҳамкорист, ки барои таҳкими робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ байни давлатҳои минтақа ва Федератсияи Россия заминаи воқеӣ фароҳам меорад. Дар шароити тағйирёбии вазъи ҷаҳонӣ ва зиёдшавии рақобат барои захираҳои табиӣ ва роҳҳои транзитӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳамкории наздик бо ҳамдигар ва бо шарики стратегие чун Россия ниёз доранд. Тоҷикистон, ки бо ҳамаи кишварҳои минтақа робитаҳои устувор дорад, метавонад нақши пули пайвасткунандаро миёни онҳо бозад.
Аз сӯи дигар, ҷаласаи навбатии Шурои сарварони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Душанбе низ аҳамияти сиёсиву таърихии бузург дорад. ИДМ, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ таъсис ёфт, имрӯз ҳамоно яке аз платформаҳои муҳими ҳамгироии давлатҳои пасошуравӣ ба шумор меравад. Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали узвияташ дар ИДМ ҳамеша ҷонибдори таҳкими робитаҳо, ҳамгироии иқтисодӣ, густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ҳамоҳангсозии сиёсати амниятӣ будааст. Ҳамин нақш ва мавқеи фаъоли Тоҷикистон дар ИДМ боис гардид, ки Душанбе мизбони ҷаласаи сарварони ин Иттиҳод гардад, зеро кишвар дар даҳсолаи охир бо пешниҳоди як силсила ташаббусҳои муҳим, аз ҷумла дар самти мубориза бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини амнияти сарҳадҳо нақши фаъолро дар сиёсати амниятии ИДМ бозидааст. Ҳамчунин, Тоҷикистон дар татбиқи барномаҳои фарҳангиву гуманитарии Иттиҳод, аз қабили «Пойтахти фарҳангии ИДМ» саҳми назаррас дорад.
Мизбонии чунин ҳамоишҳо барои Тоҷикистон на танҳо ифтихор, балки масъулияти бузург аст. Ин чорабиниҳо имкон медиҳанд, ки кишвар дар сатҳи баланд тавони ташкилдиҳӣ, фарҳанги дипломатӣ ва сиёсати мутавозини худро намоиш диҳад. Бо назардошти таҷрибаи муваффақи баргузории чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Конфронси дуюми байналмилалӣ оид ба об (2022), саммитҳои Созмони ҳамкории Шанхай ва ҳамоишҳои САҲА Тоҷикистон собит кардааст, ки қодир аст ҳар гуна ҷаласаи сатҳи олӣ ва бо иштироки сарварони давлатҳоро дар сатҳи шоиста баргузор намояд.
Ба ҳамин тариқ, интихоб шудани Душанбе ҳамчун макони баргузории Саммити «Осиёи Марказӣ – Россия» ва ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои ИДМ дар соли 2025, аз як ҷониб натиҷаи мантиқии сиёсати хориҷии мутавозин ва созандаи кишвар аст ва аз ҷониби дигар, далели возеҳи эътирофи байналмилалӣ ва афзоиши нақши Тоҷикистон дар муҳити геополитикии минтақа ба шумор меравад.
Бояд гуфт, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Россияро риштаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ ба ҳам мепайванданд. Тақдири муштараки таърихӣ, шабакаҳои инфрасохтории муттаҳид, робитаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва арзишҳои тамаддунӣ шароити хосеро ба вуҷуд овардаанд, ки дар он ҳамкориҳои мутақобилан судманд барои тамоми минтақа аҳамияти ҳаётӣ доранд. Дар ин замина, ташаккули платформаи “Осиёи Марказӣ – Россия” ҳамчун шакли нави муколамаи сиёсӣ ва иқтисодӣ падидаи муҳими замони муосир аст.
Тоҷикистон аз оғози таъсиси ин шакли ҳамкорӣ онро яке аз роҳҳои муассири таъмини субот ва пешрафти минтақа меҳисобад, зеро сиёсати хориҷии кишвар бар пояи эҷоди муҳити эътимод, ҳамзистии осоишта ва рушди ҳамгироии созанда устувор гардидааст. Саммити навбатии ин формат, ки дар Душанбе баргузор мегардад, аҳамияти хос пайдо мекунад, зеро дар он давраи нави муносибатҳои Россия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ дар замони пас аз пандемия, тағйироти иқлим ва рақобатҳои геополитикӣ муҳокима хоҳад шуд.
Дар доираи ин саммит масъалаҳои калидии шуруъ аз амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ то ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт, илм, технология ва мубориза бо хатарҳои муосир баррасӣ мегарданд. Бо назардошти мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон, ки дар маркази роҳҳои транзитии минтақа воқеъ аст, кишвар метавонад нақши муҳими “пули логистикӣ” миёни бозорҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россияро бозад. Дар ҳамин замина, пешниҳоди Тоҷикистон оид ба рушди роҳҳои нави нақлиётӣ, аз ҷумла лоиҳаи роҳи оҳани Чин – Қирғизистон– Тоҷикистон – Ӯзбекистон ва густариши шабакаи энергетикии минтақавӣ бо пуштибонии Россия, метавонад барои ҳамаи кишварҳои иштирокдор фоидаи стратегӣ дошта бошад.
Саммити “Осиёи Марказӣ – Россия”, инчунин, имконияти муҳими муколамаи сиёсӣ ва ҳамоҳангсозии мавқеъҳоро дар масоили амниятӣ ба вуҷуд меорад. Тағйирёбии вазъ дар Афғонистон, афзоиши таҳдидҳои терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз қабили масъалаҳое мебошанд, ки наметавонанд берун аз таваҷҷуҳи кишварҳои минтақа қарор гиранд. Тоҷикистон, ки тули зиёда аз 30 сол сарҳади тулонӣ ва ҳассос бо Афғонистонро ҳифз менамояд, таҷрибаи беназир дар соҳаи таъмини амният ва мубориза бо таҳдидҳои фаромиллиро дорад. Ин таҷриба, бешубҳа, метавонад дар сатҳи саммити мазкур ҳамчун асоси ҳамкории муштарак пешниҳод гардад.
Аз нигоҳи сиёсати ҷаҳонӣ, ташаккули формати “Осиёи Марказӣ – Россия”, дарвоқеъ, таҷассумгари марҳалаи нави ҳамкориҳои стратегии пасошуравист. Он нишон медиҳад, ки давлатҳои минтақа дигар танҳо ҳамчун объекти сиёсати қудратҳои бузург нестанд, балки ба сифати субъекти мустақили сиёсати ҷаҳонӣ вориди амал мешаванд. Тоҷикистон бо сиёсати хирадмандонаи худ дар ин раванд нақши муҳими миёнаравӣ дорад. Сиёсати мутавозин ва диди стратегӣ, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарҳрезӣ шудааст, имкон медиҳад, ки Душанбе ҳам бо Россия, ҳам бо Чин, ҳам бо кишварҳои Ғарб робитаҳои мутавозин ва судмандро нигоҳ дорад.
Ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ аз нигоҳи таърихӣ ва сиёсӣ аҳамияти кам надорад. Дар тули се даҳсола ИДМ ҳамчун як фазои ҳамкории сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ хизмат кардааст. Бо вуҷуди тағйироти сиёсӣ ва равандҳои ҷаҳонӣ, Иттиҳод тавонист дар муҳити пасошуравӣ ҳадди ақал як сатҳи ҳамоҳангсозии манфиатҳои давлатҳоро нигоҳ дорад. Барои Тоҷикистон ин Иттиҳод ҳамеша минбари муҳим барои ҳимоя ва пешбурди манфиатҳои миллӣ будааст.
Бояд таъкид намуд, ки баргузории ҳамзамони ду чорабинии бузург дар Душанбе рамзи ҳамоҳангсозии сиёсати минтақа бо ҳадафҳои стратегӣ мебошад. Ин падида нишон медиҳад, ки Тоҷикистон тавони онро дорад, ки на танҳо мизбони расмии чорабиниҳо бошад, балки ҳамчун майдони муколамаи воқеӣ ва ҳамбастагии сиёсӣ амал кунад. Маҳз чунин муҳит барои таҳкими дипломатияи бисёрҷониба ва рушди ҳамкориҳои иқтисодии муосир зарур аст.
Ҳамзамон, баргузории ин нишастҳо дар Душанбе як паёми возеҳ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад: минтақаи Осиёи Марказӣ дорои иқтидори бузурги ҳамгироӣ ва суботи дохилӣ аст, ки бо роҳбарии давлатҳои масъул ва сиёсати хирадмандона метавонад ба як модели нави ҳамкории минтақавӣ табдил ёбад.
Аз нигоҳи иқтисодӣ, чунин ҳамоишҳо барои ҷалби сармояи хориҷӣ, тавсеаи савдо, рушди соҳаҳои энергетика ва нақлиёт аҳамияти бузург доранд. Тоҷикистон, ки дорои захираҳои фаровони обӣ ва энергетикӣ мебошад, метавонад бо пешниҳоди барномаҳои муштарак дар соҳаи “энергетикаи сабз” ва “иқтисоди сабз” саҳми худро дар таъмини рушди устувори минтақа гузорад. Пешниҳодҳои қаблии кишвар дар ин самт, ки аз минбарҳои СММ садо доданд, имрӯз дар сиёсати минтақавӣ мавқеи ҷиддӣ пайдо кардаанд.
Аз ҷиҳати сиёсӣ ва амниятӣ Душанбе дар тули ду даҳсола ба маркази муҳими дипломатияи сулҳ табдил ёфтааст. Баргузории нишастҳои Созмони ҳамкории Шанхай, САҲА, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар форумҳои байналмилалӣ собит месозад, ки Тоҷикистон имрӯз дорои сатҳи баланди дипломатияи касбӣ ва таҷрибаи созмондиҳии чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Маҳз ҳамин омилҳо боис гардиданд, ки ҷомеаи байналмилалӣ Тоҷикистонро ҳамчун як шарики боэътимод ва кишваре, ки сиёсати хориҷии устувор ва мутавозинро пеш мебарад, қабул намояд. Барои Душанбе мизбонии нишастҳои сатҳи баланд на танҳо рамзи обрӯ, балки имконияти воқеии таҳкими мавқеи дипломатӣ, афзоиши нуфуз ва пешниҳоди ташаббусҳои нави минтақавию байналмилалӣ мебошад.
Баргузории ду чорабинии сатҳи баланд дар Душанбе на танҳо рамзи эътимод ба Тоҷикистон аст, балки нишонаи барҷастаи рушди дипломатияи минтақавӣ ва иқтидори ташкилии кишвар мебошад. Он нишон медиҳад, ки Тоҷикистон тавони онро дорад, ки дар шароити ҷаҳони бисёрқутбӣ ва рақобати сиёсӣ ҳамчун майдони ҳамоҳангсозии манфиатҳои давлатҳо ва таҳкими ҳамгироии минтақаӣ амал намояд.
Баргузории ин нишастҳо низ барои Тоҷикистон имконияти арзишманд барои муаррифии сиёсати хориҷии мутавозин ва мустақил мебошад. Он нишон медиҳад, ки кишвар метавонад, ҳамзамон, бо кишварҳои шарик муносибат дошта бошад, дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ фаъолият намояд ва дар таҳкими ҳамгироии минтақавӣ саҳми назаррас гузорад.
Ҳамин тавр, аз нигоҳи илмӣ ва таҳлилӣ, баргузории чунин ҳамоишҳо ба рушди дипломатияи бисёрҷониба ва ҳамгироии минтақавӣ аҳамияти стратегӣ дорад. Тоҷикистон бо пешниҳоди ташаббусҳо ва роҳҳои амалии ҳамкорӣ метавонад ҳамчун намунаи давлате бо сиёсати хориҷии устувор ва ҳамкориҳои созанда дар минтақа шинохта шавад.
Дар ниҳоят, метавон хулоса кард, ки нишастҳои сатҳи баланд дар Душанбе рамзи тавоноӣ ва иқтидори дипломатии Тоҷикистон мебошанд. Онҳо нишон медиҳанд, ки кишвар метавонад ҳамчун миёнарав ва пайвасткунандаи манфиатҳои давлатҳои минтақа ва ҷаҳонӣ амал кунад. Ин қадамҳо на танҳо мавқеи Тоҷикистонро дар ИДМ ва минтақа тақвият мебахшанд, балки ба таҳкими амният, иқтисод ва ҳамгироии фарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ низ мусоидат мекунанд.
Бо дарназардошти таҷриба ва ҳадафҳои стратегии кишвар, метавон мутмаин буд, ки Тоҷикистон дар оянда низ метавонад ҳамчун майдони муассири ҳамоҳангсозӣ ва рушди ҳамкориҳои минтақавӣ нақши муассир ва созанда бозад. Ин раванд боиси афзоиши нуфуз ва эътимоди байналмилалӣ, тақвияти ҳамгироии иқтисодӣ, сиёсӣ ва таҳкими суботи минтақавӣ хоҳад шуд.
Фарҳод РАҲИМӢ,
раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики АМИТ
