ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ЭҲЁИ ДУБОРАИ МЕҲРГОН
![]()
Меҳргон, ба монанди Наврӯз, таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол бошукӯҳу ҷалоли хос таҷлил карда шавад. Аз ин хотир, анъанаву расму ойини хос ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сарукор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрӯз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд.
Эмомалӣ РАҲМОН
Дар ҳақиқат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари Иди Меҳргон мебошанд. Роҳбари давлат дар Симпозиуми байналмилалии «Тамаддуни фарҳанг: дирӯз ва имрӯз» (23-25-уми октябри соли 2019, ш.Душанбе) дар бораи намунаҳои фарҳанги қадимаи халқи тоҷик сухан ронда, чор иди қадимаи ориёиҳо – Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон маълумоти пурқиматро баён карданд. Дар байни ин идҳои қадима Меҳргон мазмун ва моҳияти махсус дорад.
Меҳргон иди ҳосилот буда, дар баъзе мавридҳо дар давоми сол ба муносибати ҷамъоварии ин ё он маҳсулоти кишоварзӣ, ғунучини ҳосил гузаронда мешавад. Дар ҳамаи идҳо ҳатман меҳру муҳаббат, меҳрубонӣ, дӯстию рафоқат, сулҳу салоҳ, хурсандию хушбахтӣ ҳукмронӣ мекунанд.
Дар асоси омӯзиши чандинсолаи таърихи идҳои қадимаи халқи тоҷик дар байни мардум, дар асоси таҷрибаҳои ҳаёт ва сарчашмаҳои археологию этнографӣ, осорию оморӣ, бо маълумоти ахборотчиён, сарчашмаҳои таърихию адабӣ, ҷуғрофию фолклорӣ ба ҳамин хулоса омадан мумкин аст, ки пеш аз гузарондани иди ҳосил ҳатман дар хоҷагиҳои кишоварзие, ки нақшаи солонаро иҷро намудаанд, бонавбат Иди Меҳргон гузаронда мешавад. Мо онро дар мисоли хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Истаравшан, Кӯлоб, Бохтар, Конибодом, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ, Зафаробод, Ашт, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Вахш, Варзоб, водии Рашт ва ВМКБ дидем ва дар онҳо фаъолона ширкат ҳам варзидем.
Меҳргон баробари инкишофи деҳқонӣ пайдо шудааст ва онро баъди ғунучини ҳосил ид мекарданд. Деҳқонон ба пешвози Меҳргон ҳашар мегузаронданд, сарулибоси нав мепӯшиданд, сайру базмҳо ташкил мекарданд. Меҳргонро дар давраи Сомониён бо тантана ҷашн мегирифтанд. Чунончи, Рӯдакӣ яке аз маликони сомониро бо фаро расидани Меҳргон бо меҳрнома табрик карда гуфтааст:
Малико, ҷашни Меҳргон омад!
Ҷашни шоҳону хусравон омад!
Хаз ба ҷойи мулаҳҳаму хиргоҳ,
Бадали боғу бӯстон омад.
Мӯрд ба ҷои савсан омад боз,
Май ба ҷои арғавон омад.
Ту ҷавонмарду давлати ту ҷавон,
Май ба бахти ту навҷавон омад.
Масъуди Саъди Салмон дар рӯзҳои Меҳргон ҳамеша ба ҳамдигар меҳрубон буданро таъкид мекунад:
Рӯзи Меҳр аст, меҳрубонӣ кун,
К- аз ҳама чиз меҳрубонӣ беҳ.
Доир ба пайдоиши Ҷашни Меҳргон ривоятҳои гуногун мавҷуданд. Бино ба маълумоти Берунӣ, Фаридун ба муносибати маҳв намудани Заҳҳок дар кӯҳи Дамованд базме ороста, ба Ҷашни Меҳргон асос гузоштааст. Дар замонҳои қадим чунин одат будааст: дар Ҷашни Меҳргон, агар касе ба тани худ равғани бон молида, ба наздиконаш гулоб пошад, ҳамеша сиҳату саломат ва сарбаланд мегаштааст.
Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷашни Меҳргон дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон мазмун ва моҳияти навро гирифта, ҳамчун иди умумихалқию байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.
Сафар ЭРКАЕВ,
дотсенти кафедраи археология,
этнография ва диншиносии
МДТ «ДДХ ба номи академик
Б. Ғафуров»
