ҚАТЪНОМАИ «УСТУВОНАИ КУРУШИ КАБИР» ДАЛЕЛИ ПИРӮЗИИ НАВБАТИИ ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ ВА БОЗТОБИ АРЗИШҲОИ БАШАРДӮСТОНАИ ТОҶИКОН АСТ

13 ноябр 2025, Панҷшанбе
29



Қабули қатъномаи навбатии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Устувонаи Куруши Кабир: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» аз ҷониби Конфронси генералии ЮНЕСКО, бешак, рӯйдоди муҳими таърихӣ ва фарҳангӣ дар сатҳи ҷаҳон маҳсуб меёбад.


Ин тасмим нишони арҷгузорӣ ба мероси тамаддуни ориёӣ буда, ба ҷаҳони муосир паёми эҳтиром ба арзишҳои сулҳ, озодӣ, таҳаммул ва ҳамзистии осоишта мерасонад, арзишҳое, ки имрӯз беш аз ҳарвақта барои инсоният заруранд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари машҳури худ “Чеҳраҳои мондагор” таъкид кардаанд, ки Эъломияи Куруш аз фарҳанги ориёӣ ва ақоиди инсондӯстӣ сарчашма гирифта, нахустин ҳуҷҷати таърихиест, ки эҳтироми ҳуқуқ, озодии мазҳабу эътиқод ва ҳифзи дороии шаҳрвандонро пуштибонӣ кардааст. “Ин эъломия, ки бо номи “Устувонаи Куруши Кабир” машҳур аст, дар Осорхонаи Британия маҳфуз буда, шояд намунаи нахустини Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният бошад...
Ин эъломияи башардӯстонаро, ки метавон нахустин санади кафолати озодии мазҳабу эътиқоди динӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми ҳуқуқи шаҳрвандони гуногунмиллату мухталифоин шумурд, аз тамаддуни ориёӣ сарманшаъ гирифтааст. Шояд дар таърихи аҳди қадим ин эъломия нахустин иқдомест сӯйи ҷомеаи дунявию адолатпарвар, ки дертар тавассути рӯшанфикрони Юнону Рим ба Аврупо роҳ ёфта, заминаи ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва башардӯстона падид овард”, – омадааст дар китоби “Чеҳраҳои мондагор”.
Ба қавли таърихнигорон, «Устувонаи Куруши Кабир» (Cyrus Cylinder) ёдгории таърихиест, ки беш аз 2550 сол пеш аз ҷониби Куруши Кабир, шоҳи бузурги ориёӣ, асосгузори империяи Ҳахоманишиён (550-530 то милод) офарида шуда, дар таърихи башарият ҳамчун нахустин Эъломияи ҳуқуқи инсон шинохта мешавад. Устувонаро соли 1879 ҳангоми кофтуковҳои археологӣ дар шаҳри қадимаи Бобул (ҳоло дар қаламрави Ироқ) кашф намуданд.
Дар ин санади бостонӣ, ки рӯйи гил навишта, ба хатти мехии бобулӣ ҳаккокӣ шудааст, ғояҳои озодии виҷдон, баробарҳуқуқии мардумон, муқовимат ба зулму ситам, адолат ва эҳтиром ба анъана ва забони халқҳои тобеъ зикр ёфтаанд. Албатта, ин арзишҳо имрӯз ҳам пояи давлатҳои ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи мутамаддин маҳсуб мешаванд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Куруши Кабирро яке аз оқилтарин, боинсофтарин, камозортарин ва дурандештарин шоҳаншоҳони аҳди қадим номида, дар китобашон “Чеҳраҳои мондагор” чунин овардаанд: “Ӯ ҳеҷ гоҳ ба қатли ом роҳ намедод, дар ҳамон давраҳои аввали инкишофи тамаддуни башарӣ риояи ҳуқуқи инсон ва адолату инсофро аз ҷумлаи аслҳои давлатдорӣ медонист. Эъломияи ӯ аз дурандешӣ ва хирадмандиаш гувоҳӣ медиҳад. Ӯ бунёдгузори давлати нахустини муназзам ва мутамаддини инсонӣ буд”.
Яъне, Куруш ибтидои ҳуқуқи инсонро аз муҳити тамаддуни ориёӣ оғоз кардааст, аз ҳамон сарзамине, ки имрӯз фарзандони он, тоҷикон, эрониён ва дигар мардумони форсизабон паёмбарони сулҳ ва фарҳанги инсондӯстонаанд.
Бо қабули ин қатънома, ЮНЕСКО расман аҳамияти ҷаҳонии арзишҳои ориёӣ ва нақши ниёгони моро дар ташаккули тамаддуни башарӣ эътироф намуд. Ин як навъ барқарории адолати таърихист, ки тамаддуни қадимаи минтақаи мо дубора дар саҳифаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи шоиста мегирад.
Пешвои миллат, ки дар паёмҳояшон ҳамеша ба “ҳифзи арзишҳои умумибашарӣ, таҳаммул ва ҳамдигарфаҳмии фарҳангҳо” таъкид мекунанд, бо ин ташаббус пайванди тамаддуни ориёӣ ва арзишҳои имрӯзаи башариятро ба ҳам овард. Ифтихоровар аст, ки Тоҷикистон зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ худро ҳамчун кишвари ташаббускор ва сулҳпарвар муаррифӣ намудааст. Аз ташаббусҳои ҷаҳонии “Об барои рушди устувор”, “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”” то пешниҳоди қатъномаи «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди устувор»-у «Даҳсолаи сулҳ барои наслҳои оянда», ҳар иқдоми Тоҷикистон бо ғояҳои башардӯстӣ ва фарҳангии Пешвои миллат иртибот дорад. Қабули қатъномаи “Устувонаи Куруши Кабир” низ идомаи ҳамин сиёсати босамар ва умумибашарӣ аст.
Мазмуни қатънома, ки ба гуногунрангии фарҳангӣ, ҳамзистии осоишта ва эҳтиром ба ҳуқуқи инсон бахшида шудааст, имрӯз дар шароити ҷаҳони пуртазод аҳамияти фавқулода дорад. Вақте дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон низоъ, табъиз ва бегонапарастӣ афзоиш меёбад, қабули чунин санад аз ҷониби ЮНЕСКО акси садои виҷдони башарият мебошад. Қатънома аз нигоҳи сиёсати фарҳангии Тоҷикистон низ арзиши хоса дорад, зеро он бо фалсафаи миллии Пешвои миллат, ки асосаш ғояи ваҳдат, таҳаммул ва эҳтироми ҳамдигарӣ мебошад, созгор аст.
Дар Тоҷикистон низ дӯстии халқҳо, ҳамзистии мазҳабҳо, озодии виҷдон ва эҳтиром ба анъанаҳои гуногуни миллӣ ҳамчун пояи устувори давлатдории миллӣ татбиқ мешаванд.
Қабули қатънома бо ҷонибдории аксари кишварҳои аъзои ЮНЕСКО шаҳодати он аст, ки сиёсати фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон тавонист ҷомеаи ҷаҳониро ба аҳамияти ин арзишҳои куҳан, вале абадзинда мутмаин созад. Коршиносон инро пирӯзии дипломатияи фарҳангӣ ва тафаккури башардӯстонаи минтақаи мо арзёбӣ мекунанд, ки дар замони муосир аҳамияти нав пайдо кардааст. "Устувонаи Куруши Кабир" собит месозад, ки тамаддуни шарқӣ, махсусан форсию ориёӣ, аз қадим адолат, озодӣ ва эҳтиром ба инсонро арзиш мешумурд. Аз ҳамин сабаб, Созмони Милали Муттаҳид ва ЮНЕСКО онро яке аз меъёрҳои умумибашарии фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ эътироф кардаанд.
Бо қабули ин қатънома Тоҷикистон дубора исбот намуд, ки миёни тамаддунҳо, миёни Шарқ ва Ғарб, миёни гузашта ва оянда, ҳамчунон, пулест. Ин ҳам пайғоми сулҳ аст ва ҳам даъвати ҳамбастагӣ, даъвате, ки реша дар фалсафаи инсонгароёнаи ниёгони мо дорад.
Имрӯз, вақте ки ҷаҳон ба таҳаммул, ҳамдигарфаҳмӣ ва муколамаи тамаддунҳо ниёз дорад, қабули қатъномаи “Устувонаи Куруши Кабир” як паёми фарҳангии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Инсонгароӣ, озодӣ ва эҳтиром ба ақидаҳои гуногун арзишҳое нестанд, ки танҳо маҳсули асри муосир бошанд. Онҳо аз замони ниёгони мо сарчашма гирифта, имрӯз аз нав дар шакли сиёсат, фарҳанг ва гуфтугӯйи тамаддунҳо таҷассум ёфтаанд.
Қабули қатъномаи “Устувонаи Куруши Кабир” рамзи эҳёи маънавии ҷаҳони муосир аст. Он ба ҷомеаи башарӣ ёдрас мекунад, ки решаҳои фарҳанги сулҳ, адолат ва озодӣ дар қалби тамаддуни ориёӣ ҷой доранд, дар заминҳое, ки имрӯз Тоҷикистон бо ифтихор мероси онҳоро пос медорад ва ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунад. Ин иқдом бори дигар нишон дод, ки Тоҷикистони маҳбуби мо таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси дипломати фарҳангҳо, паёмрасони сулҳ ва ташаббускори ғояҳои умумибашарӣ дар арсаи ҷаҳонӣ нақши босазо дорад. Мояи сарфарозии мост, ки диёри арҷмандамон пешоҳанги арзишҳои инсондӯстӣ ва фарҳанги сулҳ дар ҷаҳон мебошад. Мероси Куруши Кабир ҳамон руҳи башардӯстии аҷдодонамон аст, ки имрӯз дар сиёсати фарҳангии Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷилои тоза гирифтааст.


Носирҷон МАЪМУРЗОДА, рӯзноманигор

Санаи нашр: 12.11.2025 №: 217