АБАРМАРДИ ТАМАДДУНОФАР
(Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Таҷрибаи давлатдории навини тоҷикон нишон дод, ки бо фаъолияти самарабахш ва сиёсати дурбинона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меъмори аслӣ ва сипари боэътимоди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мебошад.
Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, воқеан, наҷотбахш буд, зеро ин Иҷлосияи тақдирсоз ба арсаи сиёсат шахсеро муаррифӣ намуд, ки бо суханони тасаллобахшаш дар дили ҳазорон тоҷикон, ки тақдиру ояндаи хешро норӯшан медиданд, шуълаи умед ба зиндагии осударо барафрӯхт.
Дар замоне, ки нооромиҳои сиёсӣ, беҳокимиятӣ, қатлу куштор ва бархурди манфиатҳои гурӯҳҳои тундрав дар кишвар ҳукмфармо буд, аз минбари баланди сиёсӣ иброз доштани «Ман ба Шумо сулҳ меорам» ё ин ки «Барои ноил шудан ба ин нияти муққадас агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам», гуфтани Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси тозаинтихоби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан самимӣ ва умедбахш буд. Маҳз ин Иҷлосияи наҷотбахш дар минбаъда бо талошҳои хастагинопазири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи пойдории сулҳи тоҷиконро гузошта, имконият фароҳам овард, ки таназзули иқтисодӣ боздошта шавад ва оғози навгониҳо дар доираи низоми нави иқтисодӣ роҳандозӣ гардад.
Таърих ҳамчун довари ҳақбин фаромӯш нахоҳад кард, ки дар роҳи расидан ба ваҳдати миллӣ ва истеҳкоми аркони давлатдории навини мо нақши роҳбари оқилу тавоно ва сиёсатмадори эътирофшудаи сатҳи ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо барҷаставу мондагор аст, зеро Эмомалӣ Раҳмон новобаста аз эҳтимоли хатар ба ҷонаш доштан, нахустин шуда дасти дӯстӣ ба мухолифин дароз намуда, онҳоро ҷиҳати гуфтушунид сари миз хонд.
Ҳарчанд душманони миллат мехоҳанд, ки нақши ҷониби дигарро ба таври хос инъикос намоянд, лекин, бешак, тарафе, ки ташаббус карда, якум ба ҷониби дигар даст дароз мекунад, мавқеи хос дошта, нақши ӯ муҳимтар маҳсуб меёбад. Зеро ин амал пеш аз ҳама, аз шахсият ҷуръати калон ва иродаи қавиро талаб менамояд.
Фаъолияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мусолиматомези қазияи Тоҷикистон равона шуда буд. Ӯ ба таври хастагинопазир ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷ барои тасвири воқеан фалокатбори кишвар кӯшиш мекарданд ва диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалиро ба воқеаҳои Тоҷикистон ҷалб менамуданд. Мақсад ва оғози фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Президент дар он марҳала ноил шудан ба сулҳу ризояти миллӣ ва ҳифзи якпорчагии кишвар буд. Бинобар ин, ӯ бо шеваҳои ғайриодӣ, ҷасурона, ҷоннисорона ва ватанпарастона роҳи ҳалли қазияи тоҷиконро ҷустуҷӯ мекарданд ва мехостанд ҳарчи зудтар мардум сарҷамъ шавад, зиндагӣ дар кишвар ба маҷрои мунназам ворид гардад.
Мусаллам аст, ки эълон шудани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйироти куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии мамлакат зарурияти қабули Конститутсияи навро ба миён овард. Дар Қарори Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабули Конститутсияи нав пешбинӣ гардид. Ин санади таърихӣ барои таҳия ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошта, бо ташаббуси Сарвари давлати Тоҷикистон ва бо иродаи халқи Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки яке аз рӯйдодҳои муҳим барои давлатдории миллии мо ба шумор меравад. Маҳз Конститутсия роҳи интихоби халқи Тоҷикистонро дар ҷодаи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ муайян ва мушаххас намуд, онро ба чорчӯбаи қонун даровард ва Тоҷикистонро чун давлати соҳибистиқлол ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
Бояд гуфт, ки дар радифи таҳкими сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ ба бунёди нақбҳо ва роҳҳои мошингард, корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ва бозсозӣ кардани онҳо оғоз намуданд. Соҳаи кишоварзӣ низ рушд ёфт. Ҳамчунин, дар мамлакат як қатор неругоҳҳои барқи обӣ бунёд гардиданд, ки ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикии мамлакат мусоидат мекунанд. Maxсусан, бунёди НБО «Роғун» ва ба истифода додани ду агрегати он, аз муҳимтарин фаъолияти таърихии Эмомалӣ Раҳмон баҳогузорӣ мешавад.
Пешвои миллат дар баробари таҳкими ваҳдати миллӣ, таъмини устувории сиёсӣ ва беҳтар намудани иқтисодиёти давлат, ҳамчунин, арзишҳои фарҳангӣ ва тамаддуни қадимаи миллати тоҷикро эҳё ва ҳифз намуданд. Эҳёи ҷашнҳои қадимаи халқи тоҷик, таҷлили солгарди бузургони ниёгони мо ба монанди Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Имоми Аъзам, Абдураҳмони Ҷомӣ ва ғайра аз ташаббусҳои фарҳангсолории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар ин муддат ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ шуданд. Илова бар ин, эҳё ва бозсозии маконҳои таърихии миллати тоҷик ҷузъи таркибии сиёсати таърихиву фарҳангии Сарвари давлатро ташкил медиҳанд.
Эҳёи суннатҳои давлатдории миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таърих, забон, фарҳанг, дину мазҳаби аҷдодӣ ва дигар арзишҳои миллӣ дар амри таҳкими истиқлолияти ғоявии кишвари соҳибистиқлоли мо иқдоми муҳими Пешвои миллат маҳсуб меёбанд.
Ба туфайли корномаҳои бесобиқа ва хизматҳои бузургашон дар роҳи таҳкими истиқлоли давлатӣ, сулҳу суботи кишвар ва ҳамчун ташаббускори масъалаҳои глобалии сайёра Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвонҳои баланди миллӣ ва байналмилалӣ сазовор гардиданд. Зеро мардуми олам ин абармарди тамаддунофари арсаи сиёсатро ҳамчун Қаҳрамони Тоҷикистон ва Пешвои раҳнамою ҷонфидо ва муаззами миллат эътироф кардаанд.
Имрӯз рисолати таърихии тоҷику тоҷикистониён аст, ки Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ба ояндаи миллат чи гуна ба мерос мегузорем. Дар раванди пуртазоди ҷаҳонишавӣ, вазъи мураккаб ва ҳассоси сиёсиву иҷтимоии ҷаҳон, бархурди манфиатҳои геополитикии кишварҳои абарқудрат ягона роҳи нигоҳдории миллат ин ваҳдати миллӣ, суботи сиёсии кишвар ва ягонагии давлату халқ мебошад. Бо дарки масъулият ва бидуни муболиғаву тамаллуқ метавон гуфт, ки ягона манбаъ ва рамзи сулҳу ваҳдат, оромиву суботи сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Умуман, фаъолияти беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро огоҳона баҳогузорӣ намоем, дарк мекунем, ки ин шахсияти ҷаҳонӣ худро барои миллату давлати тоҷик фидо намудаанд. Маҳз чунин фидокорӣ боис гардид, ки миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Пешвои миллат пазируфтанд.
Имрӯз ба қадри истиқлолият, озодӣ расидан, хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро гиромӣ доштан, роҳи интихобкардаи халқи тоҷикро ҳифз кардан, сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ намудан, ба ҳифзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон таҳким бахшидан ва саҳм гузоштан дар бунёди давлати миллӣ, ҳуқуқбунёд, демократии тоҷикон, қарзи инсонӣ, виҷдонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун абармарди тамаддунофар бо фаъолияти қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш собит карданд, ки ба даст овардани истиқлолият метавонад умумият ва ҳамгироии миллатро таъмин намояд. Дар ин замина баръало муайян гардид, ки миллатсозӣ ва давлатсозӣ бо ҳам тавъам мебошанд.
Мо Пешвои муаззами миллати худро ҳамчун абармарди тамаддунофари халқи тоҷик мешуморем, зеро ӯро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолори халқ мешиносанд. Сарвари ватандӯсту ватанпарвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъриху фарҳанги гузаштаи тоҷиконро зинда сохта, аз ҳаёти гузаштаи хеш сабақ омӯхт ва куҳантарин будани давлати худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки миллати тоҷик рисолати хешро ҳамчун миллати тамаддунсоз, бо хираду таҳаммул, бо донишу масъулият, бо Пешвои хирадманди худ, абармарди тамаддунофари арсаи ҷаҳонӣ ва бо ормонҳои миллӣ идома хоҳад дод.
Поянда бод Ҷумҳурии Тоҷикистон, фархунда бод Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Абдуғаффор ҲИКМАТУЛЛОЗОДА,
узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рӯдакӣ

