РИСОЛАТИ ТАЪРИХӢ ВА ДИДГОҲИ ФАЛСАФИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАШАККУЛИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ
Мардуми кишвар ҳар сол 16-уми ноябр Рӯзи Президентро бо шукӯҳу тантана ҷашн мегиранд ва ин ҷашн арҷгузорӣ ба хизмату заҳматҳои шабонарӯзӣ, ҷоннисорию сарсупурдагиҳои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ба даст овардан ва таҳкими сулҳу субот, созандагию бунёдкории кишвар бо мақсади рақобатпазирии он дар сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад.
Аз сарчашмаҳо медонем, ки дар таърихи ҳар миллат рӯзе ҳаст, ки дар он руҳи мардум ба хотири ҷустуҷӯйи маънои ҳастии худ аз хоб бедор мешавад. Барои миллати тоҷик ин бедорӣ бо номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд аст, бо номи шахсе, ки дар замони фоҷиа ва парокандагӣ бо нури хирад ва муҳаббат бархост, то аз миёни хокистари ҷанг миллатро ба фардои ором ва бунёдкорӣ раҳнамоӣ кунад. Сулҳ, ваҳдат ва эҳёи давлатдорӣ дар Тоҷикистон на бо зӯр, балки бо хирад, бо сиёсати созанда, хирадмандона ва дурбинона ба даст омаданд. Он ҳангом, ки ҷаҳолат бар дилҳо соя андохта буд, Роҳбари давлат сухани сулҳро аз дил гуфтанд, аз минбари баланд дар нахустин рӯзҳои роҳбариашон ва аз ҳамин сабаб суханонашон бар дилҳо нишаст.
Феномени роҳбари миллӣ ба зоҳир як падидаи сиёсӣ намояд ҳам, дар асл, зуҳуроти маънавию таърихӣ ва иҷтимоиест, ки реша дар шинохти худи миллату зеҳни он дорад. Миллат, вақте ба марҳалаи худшиносии таърихӣ мерасад, роҳбари худро на танҳо интихоб мекунад, балки ӯро аз зеҳн ва руҳи худ меофарад. Роҳбар дар чунин ҳолат ба мисли ойинаест, ки дар он хирад, ормон ва иродаи мардум инъикос меёбад.
Пешвои миллат ҳамчун таҷаллии иродаи таърихии мардуми тоҷик, роҳбариро аз хидмат ба халқу давлати худ оғоз карданд. Давлатро барои хидмат диданд, на барои ҳукумат. Барои Пешво роҳбарӣ масъулияти маънавист, ки ин масъулияти ҳифзи Ватан, на танҳо идораи он, масъулияти бедории миллат ва на танҳо амнияти марз мебошад. Пешво таъкид доштанд, ки давлат бе инсон маъно надорад ва инсони бе Ватан бе реша мемонад. Аз ҳамин дидгоҳ буд, ки Пешвои миллат давлатро ба шакли нав, яъне ба давлатдории хирад, маърифат ва ахлоқ табдил доданд.
Пешвои миллат ҳамеша таъкид месозанд, ки Ватан мисли модар муқаддас ва ягона аст. Пешво дар ҳар гӯшаи ин сарзамин руҳи таърихро эҳсос мекунанд: дар кӯҳҳои Бадахшон, дар сарзамини Кӯлоб, дар хоки Хатлон ва Зарафшон, дар шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе. Пешво ҳамеша таъкид менамоянд, ки Ватан танҳо хок нест, балки ин хотира, таърих, забон, хирад ва ҳастии миллат аст.
Фалсафаи роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таълимоти маънавии ниёгони тоҷикон пайванди амиқ дорад. Пешво мисли давлатдорон, файласуфон ва донишмандони гузашта, аз Ҷамшеду Куруши Кабир то Исмоили Сомонӣ, Рӯдакию Синову Фирдавсӣ танҳо ба хирад ва ахлоқ такя мекунанд. Аз диди Пешвои миллат давлат бе ахлоқ пойдор нест ва ҳар роҳбар бояд намунаи виҷдон бошад, бинобар ин, Пешво бо ростқавлӣ ва хоксорию фурӯтанӣ ин арзишҳоро зинда нигоҳ медоранд.
Дар фалсафаи Пешво роҳбарӣ бе худшиносӣ имкон надорад. Худшиносӣ бошад, бе меҳру масъулият пойдор намемонад. Аз ин рӯ, худшиносии миллӣ дар сиёсати роҳбариашон ҳамеша бо ваҳдат ва ахлоқ пайваст аст. Ваҳдат танҳо иттиҳоди одамон нест, балки иттиҳоди самимии дилҳост. Пешво таъкид мекунанд: “Мо бояд якдилу якрӯ ва муттаҳид дар атрофи як мафҳум – ваҳдати миллати бузургамон бошем, қувваи мо дар ваҳдат аст”.
Ҳамин ваҳдат сабаби бузургтарин дастовардҳо гардид. Тоҷикистон аз давлати ҷангзада ба давлати сулҳпарвар, аз кишвари фақир ба кишвари бунёдкор, аз минтақаи фаромӯшшуда ба маркази дипломатияи ҷаҳонӣ табдил ёфт. Имрӯз дар тамоми ҷаҳон Тоҷикистонро бо сулҳ, бо об, бо фарҳанг ва бо Пешвои миллат мешиносанд.
Фалсафаи роҳбарӣ ва худшиносии миллӣ дар дидгоҳи Пешвои миллат як низоми пурра аст, ки дар маркази он инсон меистад. Инсон ҳамчун арзиши олӣ, на восита. Пешво мехоҳанд, ки ҳар шаҳрванди кишвар озод андеша ва озод эҷод кунад ва бо ифтихор зиндагӣ намояд. Дар ин фалсафа илм, фарҳанг, табиат ва ахлоқ бо ҳам тавозун доранд. Миллат танҳо вақте комил мешавад, ки дар он хирад ва меҳр, адолат ва муҳаббат, имон ва маърифат якҷо бошанд.
Аз дидгоҳи фалсафии Пешво, давлат бидуни маърифат ҷисмест бе руҳ. Руҳро хирад ва худшиносӣ месозад. Давлати Тоҷикистон имрӯз руҳи худро дорад, ки руҳи хирад, руҳи ваҳдат ва руҳи инсонгароӣ аст ва ин руҳ аз дили Пешво сарчашма гирифтааст.
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллат на танҳо Пешво, балки ойинаи ҳастӣ мебошанд, ки дар он миллат худро мебинад: меҳрубон, хирадманд, устувор ва созанда. Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи сулҳ, рамзи хирад ва рамзи худшиносӣ ҳастанд ва арҷгузорӣ ба ин абармарди таърих дар ин рӯз, яъне дар Рӯзи Президент, вазифаи инсонию имонии ҳар як шаҳрванди мамлакат аст.
Пас, хулосаи мантиқӣ дар ин маврид чунин аст, ки ҳар як рӯзи фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таърихсозист. Пешвои миллат таърихи миллатро муаррифгар, миллати куҳанбунёду тамаддунсозу тамаддунофар, шаҳрдору шаҳрнишинашро таҷассумгар ва амалисозандаи ормонҳои ҳазорсолаи миллатанд. Бинобар ин, миллат бояд ба Пешвои маҳбубаш арҷ гузорад, эҳтиром намояд ва содиқонаву самимона дар роҳи амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Пешво заҳмат ба харҷ диҳад ва бо Президенти худ ифтихор намояд.
Фарҳод РАҲИМӢ,
академики АМИТ,
раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ
ва миёнаи касбии
назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
