ТАРОНАИ САДОҚАТ БА ПЕШВО
Пешвои миллатро дӯст медорем, мисли як ватандӯст муқаддасоти миллиро. Пешвои миллатро дӯст медорем, мисли як гул офтобро.
Пешвои миллатро дӯст медорем, мисли як фарзанд қиблагоҳашро.
Пешвои миллатро дӯст медорем, ки миллатро аз завол наҷот доданд.
Пешвои миллатро дӯст медорем, ки тамоми сохторҳои барбодрафтаро барқарор карданд. Амнияту ободӣ ва тамаддуни Ватан ба номи он кас рақам мехӯрад, ки шодем.
Пешвои миллатро дӯст медорем, ки ҳама гурезагони иҷбориро ба Ватан баргардонданд. Ҳатто хоинони миллатро бахшиданд, мансабу мақом доданд. Ҳатто онҳое, ки замоне зидди он кас ва бадхоҳашон буданд, ба ҷавонмардӣ дили соф ва муъҷиза буданашон қоил шуданду сутуданд.
Пешвои миллатро дӯст медорем, ки мо – бонувонро соҳиби иззату шараф, ҳуқуқу озодӣ ва мансабу мақому ғуруру хушбахтӣ карданд. Медонам, ки сухани меҳр мондагор аст. Пешвои миллатро мо – тамоми халқи тоҷик дӯст медорем, меҳр дорем, ифтихор дорем.
Пешвои миллатро дӯст медорем, ки ҷавононро боли парвоз доданд, ҳар як ҷавон осон ба мақсаду орзуҳояш мерасад. Замоне буд, ки мо то садду монеаҳоро гузоштем, ҷавониямон аз даст рафт, ба мақсадҳову орзуҳо нарасидем.
Пешвои миллатро дӯст медорем, ки маорифпарвари беназиранд. Ишқи халқро обрӯву иззатро ташкил карда намешавад. Халқ гавҳаршинос аст.
Пешвои миллатро дӯст медорем, ки шиносномаи миллати мо дар арсаи ҷаҳонанд, дӯст медорем, ки адолатпешаанд. Тамоми расму одоти зоилшудаи миллати моро эҳё карданд. Қаҳрамонони миллати мо, олимону адибон, орифону шоиронро қадр намуданд.
Пешвои миллатро дӯст медорем, ки никоҳи хешутабориро аз байн бурданд, ин корро ҳатто кишвари бузурги шуравӣ натавониста буд.
Пешвои миллатро дӯст медорем, ки ҳазорҳо истеъдодро кашф карданд, дастгирӣ карданд. Озмунҳои фаннӣ ва ҳунарии тамаддуноварро бо амри фардосозашон ташкил карданд.
Пешвои миллатро дӯст медорем, ки халқи олам дӯсташон медорад. Қадри китобро аршӣ карданд, Қуръон, “Тоҷикон” ва “Шоҳнома” бо амрашон нашр шуд ва ба халқ армуғон гардид.
Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти беназири миллати тоҷик ҳастанд. Ифтихори миллии мо, муқаддасоти миллати мо. Поянда бод, Сарвари бузурги мо!
Адибаи ХУҶАНДӢ,
шоир, барандаи Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ
