ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲОМӢ ВА ПУШТИБОНИ АРЗИШҲОИ ДИНӢ

25 ноябр 2025, Сешанбе
18


Агар ба дарозои таърихи башар назар андозем, ба хубӣ нақши ниёгони миллати тоҷик дар фарҳангмеҳварӣ ва ҳифзи арзишҳои умумиинсонӣ мушоҳида мешавад. Агар ҷадди бузурги мо – Куруши Кабир муаллифи нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар маҳсуб шавад, имрӯз Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ташаббусҳои хайрхоҳона нисбат ба аҳли башарро анҷом медиҳанд.
Тавре маълум аст, ҷаҳонро аз ибтидои асри XXI хатарҳои даҳшатноки терроризм ва экстремизм таҳдид мекунанд. Дар пайи амалҳои ғайриинсонии гурӯҳҳои террористӣ, ки аз номи муқаддаси дини мубини ислом истифода мекунанд, то кунун ҳазорҳо инсони бегуноҳ ба қатл расидаанд. Иддае аз миллатҳои ғайримусулмон гумон карданд, ки чунин рафтори ғайриинсонии гурӯҳҳои террористӣ марбут ба эътиқоди мусулмонии онҳост ва то ҷое ба шаъни арзишҳои исломӣ туҳмату дурӯғҳо ҳам нисбат доданд.
Дар ҳамин гуна шароити ҳассоси ҷаҳон, исломситезии рӯзафзуни иддае аз кишварҳо ва ҷомеаҳои гуногуни олам Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди сатҳи ҷаҳонӣ ба ҳифзи ному шарафи ислом пардохтанд. Аз ҷумла, Сарвари давлати мо борҳо аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ чунин таъкид кардаанд, ки “ба ислом нисбат додани терроризм ақидаи ғалат ва ғаразнок аст. Баръакс, дини мубини ислом дар таҳкими низоми ҷомеа, суботу амният, ғановатманд гардондани ҷаҳони маънавӣ ва ахлоқии на танҳо мусулмонон, балки аҳли башарият метавонад нақши судманду муассир гузорад”.
Гузашта аз ин, дар тамоми барқияҳое, ки Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони давлатҳои осебдида аз амалҳои террористӣ ирсол медоранд, содир кардани ин гуна амалҳоро маҳкум карда, онҳоро дур аз муқаррароти шариати ислом арзёбӣ мекунанд ва аз инсонмеҳварӣ иборат будани фармудаҳои исломро ёдовар мешаванд.
Пешвои миллат зимни суханронии худ дар Иҷлосияи фавқулодаи Созмони конфронси исломӣ 7-уми декабри соли 2005 дар Арабистони Саудӣ, изҳор доштанд: «Ба дини ислом умумият додан ва ё ба он марбут донистани терроризм, экстремизм ва хушунату зӯровариро сахт маҳкум мекунем, террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани Худову бандагони ӯст. Барои бартараф намудани чунин андешаю гумонҳои нораво мо ҳама давлатҳои мусулмонӣ бо зуҳуроти радикалӣ, экстремистӣ ва террористӣ бояд дар ҳамбастагии зич мубориза барем, чунки ин гуна неруҳо аз номи ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатҳои душманону бадхоҳони фарҳанги волои исломиро пиёда месозанд».
Дар баробари ҳимоят аз ислом, ҳамчунин иқдомоти Пешвои миллат дар самти ошно кардани фарҳанги қадиму тамаддунпарваронаи миллати тоҷик ба дигар миллатҳои мусулмон ва ғайримусулмон нақши бисёр муҳим доранд. Яке аз муҳимтарин ва муассиртарин иқдомоти Пешвои миллат дар ин самт баргузор кардани Симпозиуми байналмилалӣ дар мавзуи «Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир» (5-уми октябри соли 2009) дар шаҳри Душанбе буд. Дар ин чорабинии бошукӯҳ қариб аз панҷоҳ кишвари сайёра олимону донишмандони бузурги олами ислом ва чеҳраҳои шинохтаи илму фарҳанги ҷаҳон ба сарзамини аҷдодии мо омадаанд, то перомуни зиндагӣ ва мероси шахсияти барҷастаи дини мубини ислом, бунёдгузори яке аз мазҳабҳои бузурги аҳли суннату ҷамоат Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит, яъне Имоми Аъзам гуфтугӯ ва табодули назар намоянд.
Пешвои миллат ҳозиринро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, чунин зикр карданд: "Тоҷикон, ки дар тули таърихи чандинҳазорсолаи худ бисёр давраҳои печидаву мушкилро пушти сар кардаанд, дар ҳама давру замонҳо аз таҳаммулгароӣ ва маслиҳату муколама кор гирифта, борҳо собит сохтаанд, ки бо роҳи зӯрӣ ҳал кардани мушкилоту низоъҳо ва ба ҳам муқобил гузоштани ҷаҳонбиниву ақидаҳои гуногун метавонад на танҳо сабабгори фасоди ахлоқ ва халалдор гардидани фарҳангу тамаддунҳо, балки шикасти давлатҳо низ гардад. Воқеан, дини мубини ислом, ки ҷавҳари таълимоти онро тавҳид ташкил медиҳад, аз каломи осмонии парвардигори олам, яъне Қуръони карим сарчашма гирифта, роҳнамои зиндагии ҳар як мусулмон мебошад".
Баргузории ин чорабинӣ мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва миллати тоҷикро дар ҷаҳони ислом ва тамоми сайёра беш аз пеш болотар бурда, симои миллатро чун як миллати фарҳангмеҳвару таҳаммулгаро ва ҷойгоҳи давлатро чун як давлати арҷгузоранда ба эътиқоди тамоми инсонҳо муаррифӣ намуд. Меҳмонон, ки аксари онҳоро уламои шинохтаи ислом ва донишмандони ҷомеашиноси соҳибэҳтиром ташкил медоданд, бо ҳайрату завқ аз шахсияти Эмомалӣ Раҳмон васф ва дар ҳаққи ин абармард дуоҳои нек мекарданд.
Дар баробари ин, бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат иқдомоти дигаре роҳандозӣ шуданд, ки барои рушди маърифати исломии мардум дар қаламрави кишвар равона шуда, дар шинохти дурусти арзишҳои исломӣ аз ҷониби аҳолии мамлакат нақши созгоре гузоштанд. Аз ҷумла, давоми даҳ соли охир бо дастури Роҳбари давлат яке аз тафсирҳои муътабари Қуръони карим – «Тарҷумаи тафсири Табарӣ», «Ҳидоя»-и Бурҳониддин Абуҳасан ибни Абубакр, «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Муқаддима»-и Ибни Халдун ва асарҳои дигар мутафаккирони бузурги исломӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шуданд.
Таъсиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти мамлакат, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» аз ҷумлаи иқдомоте мебошанд, ки таваҷҷуҳ ва арҷгузории Пешвои миллатро ба масоили динии кишвар собит месозанд.
Имрӯз дар Тоҷикистон ба 2000 нафар шаҳрванд як масҷид рост меояд, дар ҳоле ки ин нишондиҳанда дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3–3,5 ҳазор ва дар дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон 5–5,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳамзамон бо ин, дар кишвар як ҷамоатхонаи исмоилӣ, ду кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои исмоилӣ ва 67 ташкилоти динии ғайриисломӣ фаъолияти озодона доранд.
Соли 2010 аз ҷониби Ташкилоти ҷаҳони ислом оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ИНЕСКО) пойтахти фарҳанги исломӣ эълон гардидани шаҳри Душанбе далели возеҳи он мебошад, ки тоҷикон дар ҷодаи ҳифзи мероси динӣ, ғанӣ гардондани он ва, умуман фарҳангу маорифи исломӣ, дар сатҳи ҷаҳони ислом саҳми арзишманд гузоштаанд.
Мо вазифадорем, ки ба қадри ин ҳама фидокориҳои Пешвои миллат бирасем, ҷойгоҳи ин абармардро бо аъмоли шоистаи худ муҳтарам бидорем, мисли Сарвари давлат як мусалмони намунавӣ бошем, як тоҷики сарафроз бошем. Аз ҳувияти миллии худ, аз давлати худ, Пешвои миллати худ ҳимоят кунем, на танҳо бо шиору гуфтор, балки дар пайравӣ ба корномаҳои бузургу мондагорашон.


Сулаймон НАҶМУДДИНОВ,
мудири бахши дин ва танзими
ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат

Санаи нашр: 25.11.2025 №: 225-226