ПАРЧАМ РАМЗИ ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи миллӣ, худшиносӣ ва сарҷамъию пирӯзӣ ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонии ватандӯст маҳсуб ёфта, ҳувияти миллиро таҷассум менамояд. Он 24-уми ноябри соли 1992 дар айёми барои халқи Тоҷикистон тақдирсоз дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Шурои Олии мамлакат тасдиқ гардида, ҳамчун рамзи истиқлолияти давлатӣ, арзиши бебаҳои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, таҷассуми гузашта ва ояндаи дурахшони аҳолии кишвар то имрӯз дар фазои босуботи кишвар парафшон аст.
Имрӯзҳо Парчами давлатӣ ба ғайр аз ҷойҳое, ки қонун афрохтани онро муайян намудааст, чун рамзи давлатдории навини тозаистиқлоли давлати тоҷикон дар хонаҳои истиқоматӣ низ бо ифтихор афрохта мешавад, ки ин аз фарҳанг, маданияти воло ва ҳисси миллии ватандӯстии халқи тамаддунофари тоҷикон гувоҳӣ медиҳад.
Парчами давлатӣ дар радифи дигар рамзҳои давлатӣ рамзи муқаддаси миллату давлат буда, дар баробари Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва Забони давлатӣ на танҳо барои сокинони кишвар, балки барои ҳамватанони форсизабонони бурунмарзӣ низ азизу гиромӣ маҳсуб меёбад. Бахусус, ҳангоми иҷрои Суруди миллӣ, зимни баланд бардоштани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷашну ҳамоишҳои пурнуфузу баландпояи байналмилалию минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ, ҳамчунин, мавриди ғалабаи варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ хеле ҳам ғурур ва ҳисси миллиро баланд мебардоранд, ки ин ҷузъи муҳими ифтихори миллӣ зери Парчами давлатист.
Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон партавфишонӣ намуда, ҳамчун нишон аз давлати миллӣ дар арсаи байналмилалӣ дарак медиҳад. Дар бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилот ва муассисаҳои бузурги ҷаҳонию минтақавӣ дар радифи парчамҳои давлатҳои дигари олам Ливои зебову пурҳикмати мо афрохта шудааст. Аз ин ҷост, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ бахшида ба ҷашни Рӯзи Парчами давлатӣ иброз доштанд: “Имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик ин нишони садоқатро баланд бардошта, аз дурахши рангу ҷилои зебои он ифтихор мекунанд. Бо гузашти қариб се даҳсола ин рамзи миллӣ ба мазҳари меҳанпарастӣ табдил ёфта, мардум ва, махсусан наврасону ҷавононро дар атрофи худ муттаҳид менамояд, ҳисси ватандӯстиашонро бештар мегардонад, умед ба ояндаи некро дар қалбашон қавӣ сохта, дар замири ҳар фарди миллат ҳисси эҳтиром ба истиқлолу озодии Тоҷикистони азизро тақвият мебахшад”.
Мо ба Парчами давлатиамон, ки ба далериву шуҷоатмандӣ, муттаҳидӣ, ягонагиву вафодорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳидоят мекунад ва руҳи озодихоҳӣ мебахшад, арҷ мегузорем. Дар ин рӯзгори босаодат ҳамаи моро зарур аст, ки зери Парчами парафшони Ватан боз ҳам муттаҳидтар бошем, ҳар ваҷаб хоки поку муқаддаси Ватани азизу маҳбубамонро ҳифз намоем, дар ободонии он саҳм бигирем, парчамбардорони миллатамон бошем.
Шаҳло ТУРСУНЗОДА,
судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ
