БАХТИ МО БУД, КИ Ӯ ОМАД...

27 ноябр 2025, Панҷшанбе
20


Он солҳо – солҳои хунину даҳшатнок, дар хотираву ёди ман бо тамоми ҷузъиёташ то ҳанӯз ҳам зиндаанд, гиряву нолаи модари тоҷик ҳоло ҳам дар гӯшам садо медиҳад, нигоҳи пур аз раҳми кӯдакони дар ҳасрати як бурда нон аз пеши назарам дур намешавад. Вақте ин сатрҳоро менависам, хаёлу андешаам ба қафо, ба он рӯзҳои пурвоҳима мераванд. Баъд, боз ба имрӯз бармегардам ва дилам пур аз шукру миннатдорӣ мешавад, ки дар сояи ин марди бузург, марде, ки таърих, балки Худои мутаол ба мо тақдим намудааст, зиндагии орому осоишта дорем. Ана, дар ҳамин лаҳзаҳо бештар мехоҳам, ки самимона, аз таҳти дил, бо тамоми ҳастӣ ба Президенти муҳтарами кишвар, ба Пешвои миллат ташаккур изҳор намоям… Аз номи худам ва аз номи миллионҳо пирону занону кӯдаконе, ки орому беташвиш, бе шунидани садои тиру таркиш зиндагӣ доранд.
Ман ҳаққонӣ, самимона бо Президентамон ифтихор менамоям, вақте симояшонро, махсусан ҳангоми сафарҳои кориашон ба хориҷа, дар байни дигар роҳбарони давлатҳо мебинам, вақте аз минбарҳои баланди сатҳи байналмилалӣ суханҳояшонро мешунавам, аҷаб боварбахшу бамантиқ сухан мегӯянд!
Ин ҳама чизе, ки ман навиштан мехоҳам, ба андешаам, як сабақ аст. Ман мехоҳам ба ҳар касе, ки он рӯзҳоро надидааст, хотиррасон намоям, ки чи даҳшатеро аз сар гузарондем. Худо дигар ба сари мо наорад он рӯзҳоро…
Ба ёд дорам, ки он вақт ҳар рӯз аз хонае овози гиря меомад, дар мошинҳо ҷасади мурдаҳоро меоварданду хона ба хона тақсим менамуданд. Касе саҳар аз хона мебаромад, бегоҳӣ баргаштанашро Худо медонист. Воҳимаҳо рӯз ба рӯз доман мезананд. Овозҳо баланд ва овозаҳо даҳшатноктар мегаштанд. Дар ҳар гӯша мо якдигарро мекуштем, даргириҳо чунон даҳшатнок буданд, ки мурдаҳо се-чор рӯз дар кӯчаҳо зери офтоб мемонданд ва касе ғайрат намекард, ки онҳоро соҳибӣ намояд. Одам он вақт қадр надошт, қонун набуд. Касе касеро дастгирӣ карда наметавонист. Даҳшат. Бесарусомонӣ…
Тавре аз омори расмӣ бармеояд, дар панҷ соли ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 150 ҳазор кас кушта, беш аз 1 миллион нафар гуреза, 55 ҳазор кӯдак ятим ва 25 ҳазор зан бесаробон монданд. Ин ҷанг ба иқтисодиёти кишвар беш аз 10 миллиард доллари ИМА зиён расонд ва рушди мамлакатро чанд даҳсола ба ақиб партофт. Ин ҳамаро тасвир намудан номумкин аст, бо сухан душвор аст ифода намуд, ки одамон чи гуна руҳафтода буданд, ба якдигар бовар надоштанд, дар дилҳо ҷойи меҳрро ғазаб гирифта буд, дар замири одамон ҷавҳари одамгарӣ намонда буд. Пардаи сиёҳе дилҳоро печонда, панҷаи вазнине гулуҳоро буғӣ менамуд. Ҳамаи ин даҳшатнок аст, вале даҳшати вазнинтарину азоби аз ҳама сахттарин гуруснагӣ, бенонӣ буд. Ҳоло мо, шукри Худо, боз фаромӯш кардаем, ки бенонӣ чист… Вале он солҳо шахсан ман аввалин бор фаҳмидам, ки барои одамизод ягон чизе ҷойи нонро иваз карда наметавонистааст.
Худат гурусна монӣ, ҳарчанд душвор аст, шояд тоқат мекунӣ, вале вақте кӯдакат «нон» – гуфта гиря мекунад, гуруснагии худро фаромӯш мекунӣ ва дар талоши дарёфти нон мешавӣ. Ман нонталбиро дидам. Ман хеле сарҳои хамро дидам, таҷовузи иззати нафсро шоҳид будам, гиряву фиғонро шунидаам барои нон.
Инро Сарвари ҷавони тоҷикон низ хуб дарк карда будаанд. Содир шудани фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми октябри соли 1995, №342 ва аз 1-уми декабри соли 1997, №874 барои тақсими 75 ҳазор гектар замин барои истифодаи аҳолии деҳот тадбири оҷилонаи хеле оқилона ва дурбинона буд. Бо фармони Сарвари давлат тақсим кардани замин ба деҳқонон воситаи асосии аз гуруснагӣ раҳо намудани халқ шуд. Мардум ин заминҳоро то ҳанӯз бо муҳаббат «Замини президентӣ» меноманд…
Ин ҳама баъди Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ бе ягон шаку шубҳа дар саҳифаҳои таърихи навини тоҷикон ҳамчун ҳамоиши наҷотбахшу сарнавиштсоз ворид гардидааст. Он ҳамвазни Эъломияи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аст. Дигар моҳияти муҳими ин Иҷлосия дар он буд, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба сари қудрат овард ва ин шахс наҷотбахши миллат гардид.
Раванди Иҷлосияи ХVI, ки аз 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардида буд, хушбахтона, ба таври мустақим дар телевизион намоиш дода мешуд. Ташаккур ба ташкилкунандагони ин амал!
Ҳамин хел менамуд, ки касе, ки Иҷлосияро аз телевизион тамошо мекард, иштирокдори он аст. Ин мардумро хеле ором кард. Ва боз Сарвари нави давлатро мустақим ба доираи калони сокинони кишвар муаррифӣ намуду мардум аз суханронии нахуст ба ӯ эътимоду эътиқод пайдо намуд. Шахсан ба ман ҳамин ҳолат рӯй дода буд.
Ман он вақт Иҷлосияи ХVI-ро пурра тамошо кардам. Хуб дар ёд дорам, ки ба ҳар лаҳзаи баргузории Иҷлосия бо дили ларзон ва бо умеди бепоён чашм медӯхтам. Худоро зери дил зораву илтиҷо менамудам, ки оқибат сулҳро дар кишвари ҷангзада, азобкашида ва пур аз хуну хокистари мо барқарор намояд, миллатро аз вартаи нестӣ раҳо созад.
Ҳанӯз аз суханрониҳои нахустини Сарвари нави Тоҷикистон мардум эҳсос кард, ки ин шахс дар ин вазъи душвору сангин на аз рӯйи ҳавову ҳавас, балки воқеан ҳам ба нияти таҳким бахшидани сулҳу субот ва наҷоти миллату давлат ба сари қудрат омадааст. Ҳадафаш на як гурӯҳ балки таҷассуми мақсаду манфиатҳои тамоми ҷомеа ва тамоми миллат аст. Вақт исбот кард, ки ҳамин хел будааст.
Ин ҳама ҳанӯз оғози кор буд. Муҳимтарин арзиши Иҷлосияи ХVI, албатта, барқарор намудани сулҳу субот буд, ки ба он ноил шуд, вале муборизаву ҷонфидоиҳои Ҳукумати навтаъсис акнун сар мешуд. Он вақт Иҷлосияи ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон ваколати роҳбарӣ ба ҷомеаи Тоҷикистонро дод ва минбаъд дар раванди иҷрои вазифаи хеле душвору мураккаб – бунёди давлату давлатдорӣ акнун истеъдоди Худододи фитрӣ ва заковати инсонӣ бояд мадад менамуд, то ин роҳи душвору печида тай гардад.
Ба ҳама маълум аст, ки ин ҷангро ба сари мо таҳмил намуда буданд. Кадом давлатҳо, кадом гурӯҳҳо ва бо кадом аҳдофу тавассути киҳо, аллакай ҳамааш маълум. Мақсади таҳмил ва ташкили ин ҷанг, пеш аз ҳама, дар Тоҷикистон бунёд намудани давлати исломӣ ва зӯран ба сари мардуми мо бор намудани фарҳангу андешаи бегона буд. Як дастаи хоинони миллат зери ливои Ҳизби наҳзати исломӣ муттаҳид шуд, онҳо дар амал як ячейкаи террористони байналмилалӣ буданд, ҳатто баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ низ, ки 27-уми июни соли 1997 сурат гирифт, дар давоми чандин сол ба кирдорҳои нопоку душманонаи худ – таркондани иншооту биноҳо, қатлу куштор ва террор идома дода, ҳатто якчанд маротиба ба кӯшиши табаддулоти ҳарбиву давлатӣ даст заданд. Қисме аз онҳо то имрӯз дастуру супоришҳои хоҷагони берунаи худро иҷро карда истодаанд.
Дар ин харобазор, дар як вазъияти камбизоатӣ ва бо шиками гуруснаи мардум ба танзим даровардани давлату давлатдорӣ як неруи фавқулода ва як ҳиссиёти сӯзони ватандӯстонаи Сарвари давлатро тақозо менамуд. Ҳаёти мо ботадриҷ ба танзим даромад ва ободкориву бунёдкориҳо, рушду тараққиёт оғоз ёфтанд. Ҳарчанд мо ҷанги даҳшатнокро пушти сар намудем, таҳти сарварии ин абармарди таърихӣ тавонистем, ки дар як муддати на он қадар дароз дар бисёр соҳаву ҷабҳаҳо аз дигар давлатҳо пеш гузарем.
Доналд Туск, сарвазири имрӯзаи Полша, ки аз соли 2014 то 2019 ду навбат раиси Шурои Аврупо буд, дар анҷоми як сафари расмияш ба Тоҷикистон ба ҳайси раиси Шурои Аврупо, изҳор намуда буд: «Дар ҳақиқат мардуми тоҷикро шахсияте роҳбарӣ мекунад, ки сокинони сайёра дар орзуи чунин сарваранд».
Воқеан ҳамин хел аст. Сарвари мо зина ба зина кишварро ба пеш бурда, одамонро ба зиндагии шоиста наздик ва кишварро ободу ором намуданд.
Баъди пурра барқарор шудани сулҳу субот, ҷасорати дигари бузурги Сарвари мо бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» аст. Дар бораи «Роғун» бисёр навиштаанд. Фақат ҳаминро мегӯям, ки бунёди ин Неругоҳи бузург корнамоии Пешвои мо дар марзи номуси миллат, ҳифзи манфиати мардуми мост. Ин тадбирест, ки фақат он метавонад рушди ояндаи иқтисоди миллии моро таъмин намояд ва обрӯву нуфузи кишвари моро баланд бардорад.
Дар баробари ин ҳама, бузургтарин дастоварде, ки мо дорем, оромии кишвар аст. Дили мо ором аст, ки фарзанду набераҳоямонро, ки саҳар ба кор ё таҳсил мераванд, хатаре таҳдид наменамояд. Табиати мардуми мо аз азал меҳрубон аст, вале дар чанд соли зиндагии пурмоҷаро ва душвор хеле асабиву гизала шуда будем. Ҳоло ба шарофати ин оромӣ он меҳру меҳрубонӣ ба тинати мардуми мо бармегардад. Боз мо якдигарро дӯст медорем, эҳтиром менамоем. Ба ин маънист, ки Президенти мо ҳар бегоҳ пеш аз барномаи «Ахбор» падарвор таъкид менамоянд: «Дӯст бошед, иттифоқ бошед, шукронаи ҳамин давлат кунед, шукронаи ҳамин сарзамин кунед, шукрона кунед, ки чунин Ватани азизу маҳбуб доред…»
Ман пурра бовар дорам, ки он ҳамдиёрони мо, ки аз ҳарос, нофаҳмӣ, роҳгумӣ берун аз марзи кишвар зиндагӣ менамоянд ва гоҳе нисбат ба Ватану миллати худ рафтори душманона зоҳир менамоянд, рӯзе хатои худро мефаҳманд ва мефаҳманд, ки ширинтарин лаҳзаҳои зиндагӣ ин зиндагӣ дар муҳити ором, дар назди хешу ақрабо, дар Ватан аст. Ва бармегарданд; пушаймон мешаванд ва бармегарданд. Ватанро модар мегӯянд, аз модар қаҳр кардан гуноҳ аст.
Гуфтем, ки дар солҳои истиқлол шумораи аҳолии мо ду барбар афзудааст. Вале ҳанӯзам мо камем, хеле кам. Бояд даст ба даст бошем, дар атрофи Президентамон, ки онро Худо ба мо додааст, муттаҳид бошем, ба ин абармад бештар бовар кунем ва Президенти мо зиндагии орому шоистаи моро кафолат медиҳанд.
Агар ҳоло вазъи зиндагии мо хуб аст, ин самараи ваҳдати мост, самараи меҳри самимии мо ба Президентамон аст. Ин меҳр афзун шавад, ба ҳам наздиктар шинем – зиндагии мо боз ҳам хубтар, Ватани мо ободтар хоҳад шуд.
…Ҳеҷ вақт меҳрро ба диле на бо зӯрӣ ҷо карда мешавад ва на бо зӯрӣ аз он дил гирифта. Меҳр дар дил бо гузашти солҳо дар заминаи амалу андешаҳои нек пайдо мешавад. Аз он ки миллатро наҷот додааст, аз он ки давлатро аз вартаи нестӣ раҳо кардааст, аз заҳмати шабонарӯзӣ ва бунёдкориҳояшон меҳри Пешвои миллат дар дили халқи тоҷик сахт ҷо шудааст. Ман мутмаинам, ки ин меҳр асрҳои аср аз дили халқ зудуда намегардад ва дар ҳофизаи таърих абадӣ боқӣ мемонад. Балки рӯз ба рӯз меафзояд…


Нозир ЁДГОРӢ,
нависанда, барандаи Ҷоизаи адабии
ба номи Садриддин Айнӣ

Санаи нашр: 26.11.2025 №: 227