СОЛҲО МЕГУЗАРАНД, АММО...
Сарнавишт дар замони пурталотум ва ҳалокатбор ба миллати тоҷик шахсиятеро эҳдо кард, ки тавонист роҳи наҷотро пайдо намояд. Пешвои миллат 33 сол пеш дар Иҷлосияи тақдирсози Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати Раиси Шурои Олӣ савганд ёд намуданд, ки ба Тоҷикистон сулҳ меоранд ва миллати азияткашидаву парокандаи тоҷикро муттаҳид месозанд.
Аз рӯзи интихоб шуданашон ба маснади Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути хизматҳои фидокоронаи худ баҳри наҷоти миллату давлати тоҷикон камари ҳиммат бастанд. Дар баробари хомӯш намудани оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуда, заминаи сулҳи миллиро матраҳ карда, гурезаҳову муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонданд ва дар эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистон заминаи устувор гузоштанд.
Таҷрибаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти сулҳофар дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва пойдории истиқлолу ваҳдати миллӣ барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳалаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими офарандагӣ мебошад.
Маҳз, бо заҳмату талошҳои пайгиронаи Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар интиҳои асри ХХ аз фоҷиаи миллӣ раҳоӣ ёфта, истиқлолияти давлатии худро таҳким бахшид ва миллати тоҷик баъд аз ҳазор сол дар роҳи эҳёи давлатдории миллӣ ба дастовардҳои бузурги таърихӣ ноил гардид ва имрӯз ба сӯйи ояндаи нек устуворона қадам мегузорад.
Аз ин ҷост, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Сарвари худро аз ҷон бештар дӯст дошт, ба ӯ бовар намуд ва ояндаи кишварро ба ӯ супурд ва дар ин кор хато накард. Натиҷаи сиёсати созандаву башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, ҳамчун кишвари ташаббускор дар роҳи ҳалли мушкилоти глобалӣ шинохта шудааст ва дар ин муддат чандин пешниҳодҳои байналмилалии кишвар бо ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳон қабул ва татбиқ гардида истодаанд.
Солҳо мегузаранд, аммо исми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – наҷотбахши миллати тоҷик дар таърих бо хатти заррин навишта мешавад.
Шафқат ОДИНАЗОДА,
директори Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии
«Мактаб-интернати №5 барои кӯдакони имконияташон маҳдуд»-и шаҳри Душанбе
