БУНЁДГУЗОРИ ИНСТИТУТИ САРВАРӢ

27 ноябр 2025, Панҷшанбе
19


Сарварӣ ҳамчун унсури асосӣ ва такмилдиҳандаи низоми сиёсии ҳар як давлат шинохта мешавад. Таҷрибаи сиёсӣ нишон медиҳад, ки бунёди давлатдорӣ, таҳкими пояҳои рушди давлат, таъмини ваҳдат ва ягонагии миллӣ, рушди мутаносиби муносибатҳо, дараҷаи ҳимояшавандагии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, инкишофи асосҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳокимияти давлатӣ, дар маҷмуъ, таъмин ва таҳкими суботи сиёсӣ ба шахсияти сарвари сиёсӣ пайваст мегардад. Ҷомеае, ки сарвари дурандеш, боэътимоду хирадманд дорад, ҳамеша дар масири рушд, субот ва ваҳдати миллӣ қарор мегирад. Маҳз сарвари сиёсӣ ҳамчун меҳвари муттаҳидсозандаи ҷомеа ва кафили асосии истиқлолу якпорчагии давлат баромад мекунад. Вобастагии бевоситаи сатҳи устувории сиёсӣ ва равандҳои созандаи давлатӣ аз сатҳи малака, ҷаҳонбинӣ ва қобилияти идоракунии роҳбари сиёсӣ аён аст.
Таҷрибаи бунёди ИМА (замони истиқлол ба даст овардан ва аз мустамликаи Британияи Кабир озод шудан), рушди Сингапур (“Муъҷизаи Сингапур”), истиқлоли Ҳиндустон, рушди Чини баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон ва имрӯз гегемони иқтисоди ҷаҳони муосир гардидани он, ғалабаи ИҶШС дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ғайра намунаҳое мебошанд, ки бо талош ва кӯшиши сарварони сиёсӣ марбут аст. Дар ин росто, ваҳдати миллӣ, таҳкими истиқлол ва бунёди Тоҷикистони навинро низ ба заҳматҳои пайвастаи Сарвари сиёсӣ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста донистан аз рӯйи адолат мебошад.
Дарвоқеъ, бе ҳузури сарвари сиёсии қавӣ ва боэътимод, ки арзишҳои миллӣ, манфиатҳои мардум ва арзёбиҳои стратегии сиёсиро дар маркази фаъолияташ қарор медиҳад, ноустувории сиёсӣ ва ихтилофи дохилӣ ба осонӣ метавонад суботи ҷомеаро халалдор созад. Ҳамин тавр, барои бунёди ҷомеаи пешрафта ва давлатдории муосир, нақши шахсияти сарвари сиёсӣ на танҳо раҳнамо, балки ҳамчун пояи асосии ягонагии сиёсӣ, рушди ҳамоҳанг ва истиқрори муҳити устувори сиёсӣ дониста мешавад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар шароити мураккаби воқеияти имрӯза, аз сарварии сиёсӣ, махсусан институти сарварӣ, масъулият ва салоҳияти бештаре тақозо мешавад, то қонуният, самаранокӣ ва суботи рушди ҷомеа ва давлатро дар як вақт таъмин намояд. Ба ибораи дигар, сарвари муваффақ ва муътабар бояд на танҳо аз дастгирии шахсии мардум бархӯрдор бошад, балки иқдомоти мушаххасеро ба хотири таҳкими сохторҳои рақобатноки ҳокимият, аз қабили парламент ва низоми мустақили судӣ амалӣ намояд. Танҳо дар чунин шароит имкони таъмини суботи устувори низоми сиёсӣ фароҳам меояд.
Қонуният ва самаранокии фаъолияти сарварӣ баҳри таҳким ва дар бисёр маврид бар пояи заминаҳои институтсионалӣ ва фарҳангӣ устувор мегардад. Дар конститутсияи бисёр кишварҳо, аз ҷумла моддаи 64 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши Президенти кишвар ҳамчун «кафили ягонагии миллат» ва ҳимоятгари ҳуқуқҳои шаҳрвандон муқаррар шудааст. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ, талошҳои сарварон бо унвонҳо ва мақомҳои махсуси рамзӣ қадрдонӣ мегарданд. Масалан, дар Тоҷикистон Рӯзи ваҳдати миллӣ (27-уми июн) ба сифати рамзи сулҳи таърихӣ ва нақши калидии Сарвари давлат дар муттаҳидсозии миллат маҳсуб меёбад.
Мисоли возеҳи нақши роҳбар дар таъмини суботи сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст. Тоҷикистон дар солҳои 1992-1997 ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро пушти сар намуда, баъд аз он Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо татбиқи гуфтушунидҳои сулҳ ва барқарорсозии ҳамгироии қувваҳои мухолиф, равандҳои созандагиро ба роҳ монданд. Дар натиҷа Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ, ки 27-уми июни соли 1997 имзо шуд, миёни Ҳукумат ва мухолифин тавофуқ ба даст омад ва аҳолӣ ба сохтори нави давлатдорӣ, ки воқеан амалкунанда буд, гузашт.
Дар шароити мураккаб ва душвори он замон шаҳрвандони тамоми минтақаҳои кишвар ҳамчун манбаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ тавассути вакилони мардумӣ дар мақоми олии намояндагӣ масъулияти гарон ва нодири давлатсозиро ба зиммаи Сарвари сиёсӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузоштанд. Вакилон бо иштироки фаъол ва иродаи қатъӣ дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, қадамҳои нахустинро барои барқарорсозии пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти ҷамъиятӣ гузоштанд. Дар ин Иҷлосия Шурои Олӣ масъулияти таърихӣ ва тақдирсозро бар дӯш гирифта, самти рушди мамлакатро муайян намуд. Дар ҳамин замина, роҳбари нави давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб шуд. Ӯ бо савганд ваъда дод, ки кори худро аз сулҳ оғоз хоҳад кард ва таъкид дошт, ки ҷонибдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошад, ки дар он ҳамаи шаҳрвандон бояд бародарона ва дӯстона ба ҳам оянд, то вазъият ором шавад. Ин садоқат ва самимият дар раванди хизматҳояшон дар назди халқу Ватан равшан собит гашт.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд образи «Бунёдгузори сулҳ» ва «Роҳбари миллат»-ро пайдо намоянд. Ҳамин тариқ, қонуният ва легитимияти шахсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, асосан, бар идеяи наҷотбахши миллат ва дар амал бо воситаи қонун ва суханрониҳои ягонагӣ тақвият ёфтааст. Дар риторикаи Эмомалӣ Рамҳон нақши кафили сохти субот ва амният ба таври ҳамешагӣ таъкид мегардад.
Таҷрибаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки чӣ гуна шахсияти сарварӣ ва институти сарварӣ дар саргаҳи таъмин ва таҳкими суботи сиёсӣ метавонад тавассути сулҳҷӯйӣ, мутобиқ кардани мухолифон, ташаккули ваҳдат ва ҳамдилии миллӣ дар ояндаи дарозмуддат суботи сиёсиро таъмин намояд.
Хулоса, дар шароити мураккабу тағйирёбандаи сиёсиву иҷтимоии ҷаҳон нақши институтии сарварӣ дар таҳкими суботи сиёсӣ аҳамияти афзоянда касб мекунад. Таҳлили таҷрибаи давлатҳои муосир собит месозад, ки сарвари сиёсӣ на танҳо як шахсияти маъмурӣ ва ё рамзии ҳокимият, балки ҳамчун ҷузъи муҳими низоми давлатӣ ва кафили ягонагии миллӣ фаъолият менамояд. Институти сарварӣ тавассути заминаҳои ҳуқуқӣ, механизмҳои институтсионалӣ ва унсурҳои фарҳангиву идеологӣ қудрати худро устувор месозад ва метавонад ҳамчун омил ва василаи таҳкими самаранокӣ, эътимоди оммавӣ ва муътадилсозии равандҳои сиёсӣ амал намояд. Дар асоси таҳқиқот метавон ба чунин хулоса омад, ки сарвари муваффақ бояд дорои ду ҷанба бошад. Аз як ҷониб, асоси устувори ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ ва аз ҷониби дигар, эътирофи васеи мардумӣ, ки аксаран дар шакли легитимияти харизматик ва дастгирии иҷтимоӣ зоҳир мешавад. Таносуби ин ду ҷанба имкон медиҳад, ки ҳокимият ҳам ба таври расмӣ ва ҳам ба таври фарҳангӣ дар шуури ҷомеа қабул ва пуштибонӣ гардад.


Некрӯз ТАҒАЙМУРОДОВ, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Сино

Санаи нашр: 26.11.2025 №: 227