ҲАЛҚАИ НАВ ДАР ЗАНҶИРАИ ҲУНАРШИНОСӢ. СУХАН АЗ КИТОБИ НАВИ ТЕАТРШИНОС МУҲАММАДУЛЛОҲ ТАБАРӢ
![]()
Пажӯҳишу ҷустуҷӯҳои чанд соли охир доир ба драмаҳои мардумӣ ва театри суннатӣ рӯшану возеҳ нишон медиҳанд, ки дар адабиёти тоҷик драмаҳои шифоҳӣ ва унсурҳои он дар осори классикӣ зиёд вомехӯранд. Дар ҳоле бештари пажӯҳишгарони шуравӣ драматургияро дар адабиёту фарҳанги тоҷик падидаи нав шинохта, ҳадс задаанд, ки он дар оғози асри ХХ ва бар асари воқеаҳои сиёсиву фарҳангии дар ин давра суратгирифта ба вуҷуд омадааст. Ҳамин нуктаро аз хониши китоби нави театршинос Муҳаммадуллоҳ Табарӣ “Драмаи муосири тоҷик” метавон дарк кард.
Ин китоб, ки аслан маҷмуаи очерку эссеҳои илмиву ҳамагонии театршиноси шинохта Муҳаммадуллоҳ Табарӣ аст, ба мавзуъҳои драматургияи миллӣ, ҳолати он дар охири садаи ХХ ва оғози асри ХХI бахшида шуда, холигии бавуҷудомадаро то андозае пур хоҳад кард. Ва бештари матлабҳои китоб нахуст дар саҳифаҳои “Ҷумҳурият” инъикос ёфта, баҳои сазовори хонандаи ин рӯзномаи бонуфузро гирифтаанд, зеро ӯ солҳо ходими ин ҷарида буд. Аз ҷумла, яке аз бахшҳои муҳими маҷмуа – “Симои Пешвои миллат дар драматургияи миллӣ” мухтасаран дар ин рӯзнома чоп шудааст.
Нахустин намоишномаҳои тоҷик воқеияти солҳои 30-юми асри гузаштаро бо рангомезиҳои романтикию реалистӣ тасвир карда, барои пешрафти ин навъи адабӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд. Драматургони тоҷик дар осори хеш ба таҳқиқи ҳунарии мавзуъҳои гуногун, ба монанди таърих, фолклор ва классикаи миллӣ, рӯ оварда, қаҳрамонони миллиро ба саҳнаи театр кашиданд. Дар заминаи сюжетҳои барҷастаи «Шоҳнома» осори неруманди драмавие ба мисли «Рустам ва Суҳроб», «Коваи оҳангар» арзи вуҷуд намуданд. Дар асоси достонҳои адибони классики тоҷику форс низ драмаҳое ба вуҷуд омада, раванди наве дар ин жанр гардиданд.
Инкишофу бозёфтҳои драмаи таърихӣ аз бисёр ҷиҳат ба ному фаъолияти устод Сотим Улуғзода вобаста мебошанд, ки дар драмаҳои «Рӯдакӣ», «Темурмалик», «Алломаи Адҳам ва дигарон», «Шифокори бузург» образҳои пургунҷоишу мушаххаси таърихӣ офарида, руҳи бунёдкори мардумро таҷассум кардааст.
Имрӯз ҳам дастовардҳои драматургияи миллӣ дар намоишномаҳои муосир падидору устувор аст. Корбасти бомуваффақияти драматургии сюжетҳои адабиёти классикӣ дар солҳои 60-70-уми садаи ХХ идомаву ривоҷ ёфта, ин равандро ба сатҳи сифатан нав бароварданд. Илми адабиётшиносӣ ва театршиносии тоҷик дар таҳқиқи драматургияи миллӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гашта, бурду бохти оғози солҳои сиюм то ҳаштодуми садаи гузаштаро нишон дод.
Бавижа, таълифоти пажӯҳишгарони номошнои тоҷик Лариса Николаевна Демидчик ва Низом Ҳабибуллоевич Нурҷонов андар боби таърихи драматургия ва театри кишвар сазовори таҳсин аст. Мутаассифона, дар солҳои нахустини истиқлол ба ин навъи ҳунар аҳамияти камтар зоҳир гардид. Ба ин раванд, аз як ҷиҳат нобасомониҳои оғози солҳои 90-ум (солҳои 1992-1997) сабаб гардида бошад, аз ҷиҳати дигар аз кишвар кӯч бастани бархе аз пажӯҳишгарони соҳа боис шуд.
Давраи асосии фаъолияти кории устод Табарӣ ба даврони истиқлол рост меояд. Номбурда дар баробари тадқиқи таърих ва назарияи ҳунари театрӣ ба омӯзиши масъалаҳои драматургияи тоҷик ва татбиқи саҳнавии он шуғл меварзад. Нигоштаҳояш ба масъалаҳои рушди театр дар замони муосир бахшида шудаанд. Масъалаҳои фолклор, драматургия ва театр мавзуъҳои меҳварии тадқиқоташро ташкил медиҳанд.
Пажӯҳиши раванди ташаккули маҳорати ҳунарии ҳайати эҷодии театрҳои кишвар низ дар эҷодиёти Муҳаммадуллоҳ Табарӣ мавқеи муҳим дорад. Номбурда дар нақди театрӣ яке аз чеҳранигорони чирадаст ба шумор меравад. Миёни нигоштаҳояш матлабҳои хонданӣ нисбат ба ҳаёт ва эҷодиёти донишмандон, пешаварони аршад ва ҳунарварони мумтози театри тоҷику драматургони ватанӣ мақоми вижа доранд. Гузашта аз ин, бо омӯзиши кинои тоҷик ва таърихи ташаккули он низ машғул аст, зеро театр ва ҳунарварони саҳна бо кинои тоҷик пайванди руҳиву амалӣ доранд. Ин аст, ки метавон ӯро яке аз киношиносони тоҷик ҳам муаррифӣ намуд.
Муаллифи китоб аз набзи ҳунари театру синамо ва гоҳе аз мусиқии ҳамзабонон ва ҷаҳониён огоҳии хубе дорад ва дар қабули қарорҳо, хулосаҳо ва натиҷаҳои омӯзиши хеш аз онҳо дуруст ва ба суди кор истифода бурда метавонад. Далели ин гуфтаҳо иштироки чандбораи ӯ дар ҷашнвораҳои театрии кишварҳои Осиёи Марказӣ (Варорӯд) ҳамчун довар ва коршинос аст.
Бовар дорем, ки хонандаи закитабъ бо рафти ошноӣ ба рушди драматургияи миллӣ бо таҳаввулоти дар афкори адабиётшиносиву театршиносии ҷомеаи мо падидомада низ шинос мегардад. Китобро метавон ҳалқаи наве дар занҷираи ҳунаршиносӣ унвон кард.
Маҷмуа барои адабиётшиносону ҳунаршиносон, ходимони театр, суханшиносону фарҳангшиносон, устодону донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои ҳунарӣ ва инсоншиносӣ, ҳамчунин, ба ҳамаи касоне, ки ба театр ва драматургия таваҷҷуҳ доранд, пешниҳод мешавад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”
