СИПЕҲР ҲАСАНЗОД – БАРАНДАИ ҶОИЗАИ АДАБИИ БА НОМИ НОСИРИ ХУСРАВ
Имсол таҷлили Рӯзи матбуоти тоҷик, ки бо иқдоми роҳбарияти вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо филиали Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилоят роҳандозӣ шуд, чун ҳамеша собиқадорони матбуот ва қаламкашонро аз тамоми кишвар гирди ҳам овард.
Хурсандибахш ин буд, ки дар баробари аҳли эҷод китоби тозанашри ҳампешаи мо – нависанда ва рӯзноманигори чирадаст Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод таҳти унвони “Фарёди сукут” низ ба дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Носири Хусрав сазовор гардид.
Хонандагон тавассути рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ бо эҷодиёти адиби баркамол Сипеҳр Ҳасанзод ошноӣ доранд. Зеро ҳанӯз аввалин намунаҳо аз чакидаҳои қаламаш, ки дар маҷаллаи “Садои Шарқ”, ҳафтавори “Адабиёт ва санъат”, рӯзномаҳои “Газетаи муаллимон”, “Роҳи ленинӣ” ба табъ расида буданд, аз тариқи барномаҳои адабии Радиои "Тоҷикистон" шунавонда мешуданд.
Баъдҳо, маҷмуаҳои насрии нависанда бо номҳои «Боздид», «Парастуҳои саҳна», «Чакомаи Шоҳи ирфон», «Бозгашти аспи даҳмарда», «Офтобо, ба ғуруб марав...», «Гулхани сабз», «Дарёдилеву соҳиле...», «Ҳадиси ватандорӣ» (бо 7 забон), «Кӯдак ва парвона» (барои кӯдакон ва наврасон), «Чароғи ҳидоят», «Турнаҳои мусофир», «Фарёди сукут» ба дасти ҳаводоронаш расидаанд. Ҳамзамон, ба таҳияи филмҳои мустанади «Ғаввоси уқёнуси илм», «Гиряҳои хуршедӣ», «Ҳикмати гӯё», «Саричашма», «Писарак», «Падар» ва як силсила мақолоти публитсистӣ шуғл варзида, қалами гирояшро рӯшантар падид овард. Публитсистикаи «Ҳадиси ватандорӣ»-аш аз ҷониби Шурои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илм дар шакли алоҳида ба забони тоҷикӣ барои китобхонаҳои донишкадаҳои олӣ ва мактабҳои миёна тавсия шудааст.
Академик Носирҷон Салимӣ ба эҷодиёти нависанда Сипеҳр Ҳасанзод таваҷҷуҳ намуда, бардоштҳояшро чунин ба қалам додааст: “Қаҳрамонҳои мусбати Сипеҳр шахсиятҳои софдилу покназаранд. Марди деҳотӣ аз кӯдакӣ ба сахтиҳои рӯзгор ошност. Вале сиришти инсон оганда аз хайру шарр аст. Фаротар аз ин, мавзуоти одаму одамгарӣ, сахову ҷавонмардӣ, поси намаки диёр, меҳри падариву фарзандӣ, оқибати сабуксорию хиёнат, дурӯғу найранг ва монанди инҳо дар ҳикояҳои «Хамгаҳи кафтарон», «Санги сабук», «Тӯй барпо нашуд», «Агент», «Ба дидори Офтоб зор», «Бачаи шайтон» матраҳ шудаанд, ки аҳамияти тарбиявию эстетикӣ дошта, саршор аз вожаҳои хушоби тоҷикианд. Сипеҳр барои офариниши образҳои асар, тасвири оину суннатҳои миллӣ ва дар умум, ба хотири саҳеҳии тасвир аз дурдонаҳои гӯйиши мардумӣ истифода мебарад, ки навиштаҳояшро ҷилои тоза додаанд».
Адабиётшиноси жарфнигоҳ Шамсиддин Солеҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессор менигорад, ки китоби тозанашри адиб Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод “Фарёди сукут” аз қиссаву ҳикояҳои дилчасп иборат буда, аз тарафи доираи васеи хонандагон истиқболи гарм дарёфтааст. Муҳтавои ин асарҳо дар баробари ҷолибу муҳим буданаш бо сабку лаҳни хосу ширин баён мегардад. Масалан, дар қиссаи аввал муҷассамаи бадеии модар меистад. Масъалаи доғе, ки Сипеҳр пешорӯи мову шумо мегузорад, одиву сар-сарӣ нест. Ин ҷилавгирӣ аз ҳаёти як фарди азизу нотавонмондаест, ки дар чорсӯйи умр аз ҳамҷинсонаш имдод мехоҳад.
Ҳикояи ҳамноми китоб “Фарёди сукут ба мавзуи оила ва тарбияи насли наврас бахшида шудааст. Мутолааи он собит менамояд, ки нависанда мавқеи устувори ғоявию маънавӣ ва ахлоқӣ дорад ва дар ҳар як асари хурду бузургаш мекӯшад, ки аз меъёрҳои ахлоқи солим берун наравад. Муносибати Мерган – тағои писарак, таносуби дараҷаи тарбияи ахлоқии онҳо, хонандаро ба андеша мебарад. Воқеан, дар ҷомеаи мо одамони сабукфикру нопоке мисли Мерган ва пайвандони ӯ ҳастанд, вале кам нафарони худогоҳу хештаншинос пайдо мешаванд, ки ин қабил роҳгумзадагонро ба ислоҳ биёранд.
Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Конфедератсияи байналмилалии журналистон, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, барандаи Ҷоизаи журналистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Аълочии матбуот, Аълочии фарҳанг, Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Амрикои Шимолӣ ба шумор меравад.
Гулчини ҳикоёт ва публитсистикаи нависанда ба забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, форсӣ, беларусӣ, арабӣ, марӣ ва ӯзбекӣ рӯйи чоп дидааст.
Сипеҳр Ҳасанзод бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, медали Хизмати шоиста қадр шудааст. Ҳамчунин, аз мақомоти соҳа бо нишонҳои 100-солагии матбуоти тоҷик, Аълочии Хадамоти гумрук, 20-солагии Хадамоти гумруки Тоҷикистон ва чандин ифтихорнома сарфароз гардидааст.
Мо – дӯстону ҳамқаламон, ӯро ба дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Носири Хусрав табрику таҳният гуфта, барояш тандурустӣ ва комёбиҳои тозаи эҷодӣ таманно мекунем.
Раҷабалӣ ЮСУФӢ, фарҳангшинос
