РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

07 апрел 2026, Сешанбе
10


Таҷрибаи зиндагӣ исбот менамояд, ки баҳри ба камол расидани шогирдон устод чун шамъ месӯзад ва бо нури маърифат ҷаҳони шогирдонро равшанӣ мебахшад. Дар зиндагӣ шахсоне пайдо мешаванд, ки бо дониш ва истеъдоди нотакрори хеш корҳоеро ба анҷом мерасонанд, ки арзиши баланде доранд ва ин қобилияташон боиси ифтихори ҳамаи мо аст. Чунин шахсонро метавон устод номид, устоди ҳақиқӣ, дӯст ва падари маънавии шогирдон, зеро онҳо тавонистанд, ки дар замири шогирдон бо донишу малака ва хислатҳои наҷиби инсонии хеш, меҳри касби интихобкардаашонро ҷой намоянд.


Аз зумраи чунин шахсон Аълочии маорифи Тоҷикистон, дорандаи ордени Шараф дараҷаи 1, омӯзгори асил, сарсупурдаи маориф, падари бузургворам, устодам Хайрулло Олимов мебошад.
Беҳтарин одам дар ин олам муаллим
будааст,
Мардумонро ҳодиву ҳамдам муаллим будааст.
Аз муаллим нест беҳтар хушсухан, ширинкалом,
Бе муаллим кас нагардад олиму воломақом.
Хайрулло Олимов моҳи феврали соли 1939 дар деҳаи Кӯшкаки Мазори деҳоти Хонақои Кӯҳии шари Ҳисор, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе ба факултети таъриху филология супурда, соли 1964 онро хатм намуда, ба мактаби миёнаи №7-и деҳаи Искич ҳамчун омӯзгори ҷавон ба кор даромад. Хайрулло Олимов дар ин мактаб то соли 1981 кор карда, аз августи соли 1981 дар мактаби №93-и деҳаи худ, ҳозира МТМУ №58, фаъолияти муаллимиашро идом дод. Дар он вақт бинои мактаб ба талаботи таҳсил кардан ҷавобгӯ набуд. Бинобар ин, устод Хайрулло Олимов бо маслиҳати шуъбаи маорифи вақти ноҳия ба сохтани бинои нави мактаб шуруъ намуданд. Дар аввал, ҳамагӣ 10 синфхона сохтанд. Дар давоми 4 сол биноро пурра таъмир карда, сентябри соли 1986 ба истифода доданд.
Дар мактаб оби ошомиданӣ набуд. Хайрулло Олимов аз масофаи 2,5 км ба мактаб ва деҳа оби тоза овард ва ин об 43-сол аст, ки беист ҷорист ва сокинони деҳа аз он истифода мебаранд.
Аз маркази деҳа то мактаб 500 метр роҳро сангфарш кард. Ғайр аз ин, дар маркази деҳа як бунгоҳи тиббӣ сохт. Вақте ки роҳи деҳаро асфалтпӯш мекарданд, ҳавлии куҳнаи падариашро ба халқи маҳалла бахшид, то ки роҳ аз болои ин ҳавлӣ гузарад.
Хайрулло Олимов аз соли 1981 то соли 2008, яъне 27 сол, директори МТМУ №58 буд. Соли 2008 бо сабаби ба синни нафақа расидан аз вазифа озод шуд, вале то соли 2025 ҳамчун омӯзгори пуртаҷриба ба шогирдон дарс гуфт.
Ӯ барои корҳои шоёнаш дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ бо чандин ифтихорномаву нишону медал қадр шудааст. Соли 1990 бо нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон сазовор гаштааст. Соли 2000-ум бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Корманди шоиста сазовор гардид.
Ҳаққи устод аз падар беш аст, – гуфтаанд, ки ин ҳақ асту рост, зеро падар зиндагӣ мебахшад, аммо устод илму адаб, ҳунар ва маънии зиндагиро меомӯзонад.
Руҳат шоду хонаи охиратат обод монад, падари бузургворам.


Зулфия ОЛИМОВА,
омӯзгори МТМУ №67-и ноҳияи Рӯдакӣ

Санаи нашр: 07.04.2026 №: 63-64