БОНУВОН ДАР ОИНИ ЭҲТИРОМИ ОРИЁИҲО

10 апрел 2026, Ҷумъа
4


Симои зани зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпараст, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди тоҷик ҳанӯз се ҳазор сол қабл дар матнҳои суғдиву паҳлавӣ ба таври барҷаста тасвир ёфтааст, зеро хизмати модар барои башарият беҳадду ҳудуд аст.
Эмомалӣ Раҳмон


Ҳар касе гиромидошти бонувонро дар фарҳанги ориёии тоҷикӣ кам медонад ва гумон мекунад, ки арҷгузории ин зоти пок ба замони баъдиисломӣ мерасад, сахт иштибоҳ менамояд. Гузаштагони дури мо ҷашнҳое ба хотири бузургдошти зан доштаанд, ки аз баланд будани мартабаи зан гувоҳӣ медод.
Дар сарчашмаҳои таърихӣ мехонем, ки ҷашне бо номи Спандармадрӯз (рӯзи панҷум)-и моҳи Спандармад (Исфанд) миёни ориёиҳо таҷлил мешудааст. Бинобар маълумоти Абурайҳони Берунӣ дар асараш «Осор – ул – боқия» ин ҷашн вижаи занон будааст ва дар айёми он занон аз шавҳарони хеш ҳадя дарёфт мекардаанд ва, аз ин рӯ, онро ҷашни Муждагирон (ё муздгирон) низ мехондаанд. Бояд қайд намуд, ки Спандармад ё Исфанд номи моҳи дувоздаҳуми солшумории ҳиҷрии шамсӣ (мутобиқи ҳут) аст, ки ба 21-уми феврал – 21-уми март рост меояд. Бинобар маълумоти Берунӣ, муждагирон рӯзи панҷуми моҳи спандармадрӯз дар миёни ориёиҳо таҷлил мешудааст, ки ба 25 ё 26-уми феврали солшумории мелодӣ дуруст аст.
Ориёиҳо аз рӯйи тақвими хеш (тақвими хуршедӣ) ҳар моҳе ҷашни хоссае баргузор мекарданд. Ҳар гоҳе ки рӯзи ҳамноми моҳ фаро мерасид онро ба муносибате гиромӣ медоштанду шодию сурур барпо мекарданд. Рӯзи панҷуми моҳи Спандармад (Исфанд) – «Спандармадрӯз» ном дошта ҳамноми моҳ аст, аз ин хотир, онро таҷлил мекарданд.
Истилоҳи «Спандармад» дар китоби «Авесто» дар шакли «Спента-армаити» ва дар осоре, ки бо забони паҳлавӣ боқӣ мондааст дар шакли «Спандормат» ё «Сипандормад» омадааст. Дар форсии имрӯзаи Эрон бошад, «Спандармад» ё «Исфандормаз» ёд мешавад. Истилоҳи мазкур аз ду ҷузъ «Спента» ба маънии «варҷованд» ва «Орамаити» ё «Арамаити», ки маънии онро андешаву фидокориву бурдборӣ ва созгориву фурӯтанӣ навиштаанд. Дар паҳлавӣ маънии ин таркибро донишмандон «Хиради комил» навиштаанд.
Дар «Авесто»-и таҳрири замони Сосониён Спандармад номи яке аз Амшоспандон аст, ки дар гурӯҳи сегонаи Амшоспандбонувон – Спандармад, Хурдод ва Амурдод – ҷой дорад ва аз намодҳои модархудоии Аҳурамаздо (Худованди доно ва ягона) ба шумор меравад. Ин Амшоспандбону дар ҷаҳони менуӣ (олами улвӣ: биҳишт, ҷаннат) рамзи дӯстдориву бурдборӣ ва фурӯтании Аҳурамаздо ва дар ҷаҳони астуманд (ҷаҳони моддӣ, ҷаҳони мо), нигоҳбони замину покӣ ва борвариву сарсабзии он аст. Ӯ рамзан духтари Аҳурамаздост ва изадбонувон Обон (Аредвисура Аноҳита, Ноҳит) ва Дину Аши аз ёрону ҳамкорони ӯянд.
Ҳамзамон, дар «Авесто» аз ин фаришта чун парваришдиҳандаи офаридагон ёд мешавад ва гуфта мешавад, ки аз тариқи ӯст, ки мардум баракат меёбанд. Аҳруамаздо ӯро офаридааст то рамаҳоро бештар гардонаду марғзорҳоро сарсабзӣ бибахшад. Хусусиятҳои дармонбахшӣ низ ба ӯ нисбат дода шудаанд.
Донишманди эронӣ Маликушшуаро Баҳор навиштааст: «Дар Ведаҳо “Arаmati” омада, ки баъзе онро бо замин яке донистаанд». Ба назари олими англис Ҷ. Ҳ. Моултон, ин ном дар асл “Ara-mata” будааст ва маънои «Модарзамин»-ро ифода мекунад. Ба навиштаи академик Ю. Яъқубов, фаришати Исфандаромӯз яке аз ёварони Аҳурамаздо буда, вазифааш ободу хуррам нигоҳ доштани замин мебошад. Инчунин, Исфандаромӯз фариштаест пуштибони занҳои покдоман, ки айёми фарзандоварии занонро осон мегардонад.
Аз ин ҷост, ки ин рӯзро ориёиҳо дар қадим хоси занон медонистанду ҷашн меоростанд. Дар гузашта, махсусан то густариши ислом, ин ҷашни ҳамагонӣ буд. Пасон оҳиста-оҳиста мақоми қаблии худро аз даст дода дар миёни ҷомеа камранг гардид ва то ба рӯзгори мо сад афсус, ки фаромӯш шуд.
Аз он ки Берунӣ менависад: «Ва ҳанӯз ин расм дар Исфаҳону Рай ва дигар кишварҳои Паҳла боқӣ мондааст» метавон фаҳмид, ки дар замони Берунӣ, яъне асрҳои X - XI, аллакай, таҷлили ҷашни мазкур бо таъсири мутаассибини дин маҳдуд шудааст.
Зимни баррасиҳои илмӣ маълум шуд, ки нишонаҳои ҷашни муждагирон дар баъзе аз гӯшаҳои Эрон то ҳанӯз боқӣ монда будааст. Доир ба ин муҳаққиқи эронӣ Моҳрух Ҳасанзодагони Рӯдсарӣ таҳқиқот бурда қайд мекунад, ки ин ҷашн то ҳанӯз дар баъзе аз минтақаҳои Эрон пойбарҷост. Ҳар сол дар ин ҷашн занон либосу кафши нав ба бар мекунанд, амалҳои занони покдоману парҳезгор ба ҷомеа чун намунаи ибрат ташвиқ мешаванд. Занон дар ин рӯз аз корҳои хеш фориғ мешаванд ва мардон ба ҷойи онҳо дар хона кор мекунанд.
Ҳамин ҳикматро шоири тоҷику форс Масъуди Саъди Салмон чу-нин ёд кардааст:
Сипандормуз рӯз хез, эй нигор,
Сипанд ор морову май ор.

Фалсафаи ҳама ҷашну оинҳои мо аз ибтидо ба ҳам омадану созиш кардан буд. Дар муждагирон низ ин оин ташвиқ мегардид ва ҳатман нафароне, ки ба созиш надоштанд, махсусан зану шавҳар, бо таъсири калонсолон бояд созиш намуда саодатро ба зиндагиашон армуғон меоварданд. Ба навиштаи донишманди зиндаёди тоҷик Зафари Мирзоён, дар ин рӯз, оши махсусе мепухтанд, ки ба таври рамзӣ номи «Оши оштӣ»-ро дошт. Ба ин далел, ки дар ин рӯз ҳар кӣ ба ҳам носозгор буд оини оштишавиро ба ҷо меоварду аз саодат пайғом медод. Ибораи маъмули «Оши оштӣ»-и тоҷикон баргирифта аз ҳамин оини қадимаи аҷдодӣ мебошад.
Дигар хусусияти ҷашни муждагирон аз он иборат буд, ки бояд занон дар он рӯз аз мардони хонавода ва ё нафарони дигари калонсол муждаи неку хуб дарёфт мекарданд. Ҳамин аст, ки ҷашни мазкурро “муждагирон” номидаанд. Ҳадяҳо тақдим намудан ба занони хонавода расми дигари ин оин будааст. Аз рӯйи таҳқиқи академик Ю. Яъқубов: «Дар ин рӯз занҳо дилдодаи худро пайдо менамуданд, рӯзи базми арусӣ, рӯзи аҳдбандии занон ва мардон буд».
Аз ин бармеояд, ки ниёгони мо дар аҳди бостон ҳам ба зан – модар ҳамеша арҷ мегузоштанд ва дар муҳити гуногуни зиндагӣ ва давлатдорӣ ӯро аз мардон камтар намедонистанд.


Давлатшоҳ МАҲМУДОВ, омӯзгори факултети таърих ва ҳуқуқи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

Санаи нашр: 09.04.2026 №: 65