МАН ҲАҚ ДОРАМ АЗ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАВСИФ КУНАМ!

10 апрел 2026, Ҷумъа
3


Як нависанда ва пажӯҳишгар ва ҳар касе, вақте мавзуеро матраҳ мекунад, бояд онро бо далел ва афкори солим баррасӣ ва арзёбӣ намояд. Ман як форсизабони хориҷӣ ҳастам, яъне аз Тоҷикистон нестам, аммо дар бораи Президенти ин кишвари маҳбуб, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон мақола менависам. Пурсиш ин метавонад бошад, ки чаро бояд мақола бинависам? Посухи ман ин аст, ки тадбирҳои фарҳангии ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон барои посдорӣ аз фарҳанги ҳамаи форсизабонҳои ҷаҳон судманд ва ниҳоят пураҳамиятанд. Бинобар ин, мани форсизабон ҳақ дорам, ки дар бораи Эмомалӣ Раҳмон бинависам, қадрдон ва сипосгузори Ҷаноби Олӣ бошам, зеро Эмомалӣ Раҳмон бо посдорӣ аз фарҳанги тоҷикон ва ориёиҳо, аз ҳувият ва фарҳанги ҳар ориёӣ ва форсизабон дар ҷаҳон ҳимоят менамоянд.
Дар ин матлаб мавзуеро бо унвони “Паёмовари сулҳ” дар бораи ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон матраҳ намудам, ки ҳар ҳарфаш бо сидқ, аз умқи дил рӯйи варақ рехтааст. Чунонки дар оғози матлаб ишора шуд, ҳар мавзуе бояд бо далел ва воқеъбинона мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Бар ин асос, ман бояд дар бораи мавзуи интихобшуда далел биоварам ва собит намоям, ки чаро онро маҳз дар бораи Ҷаноби Олӣ матраҳ мекунам.
Матлабро мехоҳам бо як достоне аз “Гулистон”-и Саъдӣ мавриди баррасӣ қарор диҳам. Дар “Гулистон»-и Саъдӣ достонест, ки «подшоҳе бо ҷамъе аз афрод дар киштӣ савор буданд, аммо яке аз афрод, ки ҳеҷ гоҳе савори киштӣ нашуда буд, аз тарс бисёр нороҳатӣ ва сарусадо мекард. Ҳакиме дар киштӣ буд, аз подшоҳ иҷоза гирифт, то он фардро ором кунад. Подшоҳ иҷоза дод. Ҳаким гуфт, ӯро ба дарё андозед, чанд сарбоз ӯро ба дарё андохтанд ва пас аз чанд лаҳза аз мӯяш гирифтанд, ба киштӣ баргардонданд. Он фард дар гӯшае хазид ва ором гирифт ва қадри киштиро фаҳмид. Ҳаким гуфт, касе “қадри офиятро медонад, ки ба мусибате гирифтор ояд”. Он фард то ғарқ шудан, ба мусибате гирифтор наомада буд, қадри офият дар киштиро намедонист».
Ин достонро барои он ривоят кардам, ки имрӯз миллати тоҷик ба хотири мудирият ва сиёсати мудаббиронаву хирадмандонаи Роҳбари давлати Тоҷикистон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон дар офият, амният ва оромӣ ҳастанд. Шояд бархе аз афрод ин офиятро дарк накунанд ва ончунон ки лозим аст, қадри онро надонанд. Чаро? Чун, аз рӯзе, ки Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон паёми сулҳ оварданд ва сулҳу ваҳдати миллиро дар Тоҷикистон асос гузоштанд ва ба ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хотима бахшиданд, хушбахтона, аз он ба баъд мардуми Тоҷикистон дигар мусибатеро надидаанд, ки қадри офияту оромии мавҷудро бидонанд. Бинобар ин, бояд мардумро мутаваҷҷеҳи офияту оромии мавҷуд кард, то мусибати гузаштаро ба ёд биоваранд ва қадрдони офияту оромии имрӯза бошанд. Кишвари ҷангзадаро дар ҳамсоягии худ ва кишварҳои ҷангзадаи дигари ҷаҳонро бубинанд, ки мардумашон чи қадар дучори мусибатанд, аммо, хушбахтона, дар Тоҷикистон бинобар тадбири ин инсони бузург – ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, амнияту осоиш барқарор ва давлати Тоҷикистон яке аз кишварҳои амну ороми ҷаҳон аст. Ба назари ман, ҳар фарди тоҷик ва умуман кулли мардуми Тоҷикистон қадри Президент ва офияту оромии мавҷуд дар давлатро бояд бидонанд, то ин офият ва амният дар кишвар ҳарчи бештар пойдор ва устувор бимонад.
Яъқуби ЯСНО, доктор, Афғонистон

Санаи нашр: 10.04.2026 №: 66