ВАРЗИК. ТАЪРИХ ВА СИМОҲОИ АБАДЗИНДАИ ЯК ДЕҲАИ НОМДОР
Мутахассиси соҳаи методология ва назарияи маърифати иҷтимоӣ, доктори илмҳои фалсафа, профессори кафедраи ҷомеашиносии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Расулҷон Солиҷонов, муаллифи 4 монографияи илмӣ, 4 китоби дарсӣ, 2 дастури таълимӣ ва зиёда аз 60 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ, ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон китоберо иборат аз 338 саҳифа бо номи «Таърих ва симоҳои абадзиндаи деҳаи Варзик» ба нашр расонд. Боби «Ҷойгоҳи устод Сотим Улуғзода дар таърихи деҳаи Варзик ва худшиносии миллии тоҷикон» ба ҳаёт ва эҷодиёти устод Сотим Улуғзода мансуб аст.
Муаллиф дар пешгуфтори асари худ зикр намудааст, ки баъди мутолааи чандкаратаи китоби мондагори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Чеҳраҳои мондагор» ва, махсусан дар партави суханони ӯ: «Сотим Улуғзода дар радифи фарзандони бузурги суханвари миллати тоҷик ҷою мақоми хосса дорад», тасмим гирифтааст, дар пайгирии андешаҳои Пешвои миллат дар бораи таърихи деҳаи Варзик ва шахсиятҳои маъруфи он, ки дар ташаккул, нигоҳдорӣ ва рушду нумӯи ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии тоҷикони берун аз Тоҷикистон саҳм гузоштаанд, хома ронад. Ба таъкиди муаллиф, таҳқиқи таърихи маҳалҳои зисти тоҷикони бурунмарзӣ, тарғибу ташвиқ, ошноии онҳо бо таъриху фарҳанги куҳанбунёди миллӣ ва комёбиҳои беназири Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ оид ба эҳёи таърих, забону адабиёт, анъана ва расму оинҳои суннатӣ хеле зарур аст. Ба қавли устод Сотим Улуғзода бе донистани таърихи халқи худ, бе такя ба маънавиёти пурғановати гузашта, бе истифода аз анъанаву суннатҳои дар тули ҳазорсолаҳо ташаккулёфта, ки дар паси пардаи онҳо ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавии ҳар халқу миллат ниҳон аст, ба муваффақият ноил шудан амри муҳол аст.
Дар зербоби «Сайри мухтасар ба таърихи деҳаи Варзик» муаллиф дар бораи таърихи деҳа ва маҳаллаҳои он руҷуъ намуда, дар хусуси хонаи бобоии устод Сотим Улуғзода, ҳамсояҳо, омӯзгорон, маҳаллаҳои дигар, маънои номҳои ҷуғрофӣ маълумоти муфид оварда, шарҳ медиҳад, ки таркиби этникии мардуми Варзикро бо ҳамаи гузару маҳаллаҳояш тоҷикон ташкил медиҳанд. Деҳаи Варзик дар наздикии шаҳри Чуст дар доманакӯҳ воқеъ гардидааст. Бостоншиносон муайян кардаанд, ки аввалин масканҳои аҳолии муқимии водии Фарғона дар наздикиҳои шаҳри Чуст ҷойгир буда, ба асрҳои 11-1 пеш аз милод мутааллиқанд, ки имрӯз дар илми бостоншиносӣ ва этнография бо номи «Фарҳанги чустӣ» мешиносанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби бунёдиашон «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» нигоштаанд: «Дар водии Фарғона баробари маданияти Қайроққум маданияти тамоман дигар вуҷуд дошт, ки бо номи «Фарҳанги чустӣ» машҳур аст.
Китоби олимони бостоншинос Ю.А.Заднепровский «Фарҳанги чустӣ дар водии Фарғона» ва В.И.Спрашевский «Иқоматгоҳи давраи биринҷии Чуст», ҳамчунин, суҳбатҳояшро бо устод Сотим Улуғзода ба асос гирифта, муҳаққиқ Расулҷон Солиҷонов дар «Таърих ва симоҳои абадзиндаи деҳаи Варзик» бо далелҳо иброз доштааст, ки дар Варзик дар тули таърихи ҳазорсолаҳо тоҷикон зистаанд ва ба ин номвожаи маҳаллаҳо, ки бо забони тоҷикианд, далели қотеъ мебошанд, зеро забон ҳастии миллат ва инъикоскунандаи таъриху тамаддуни вай маҳсуб меёбад.
«Таърих ва симоҳои абадзиндаи деҳаи Варзик» ба таърих ва симои шахсиятҳои баргузидаи деҳаи Варзик бахшида шуда, чеҳраи онҳо дар заминаи усули таърихӣ ва иҷтимоиву фарҳангии маърифати шахсият ва ҷомеа қаламӣ гашта, ҳамзамон, туҳфаи арзандаест ба 115-солагии устоди арҷманд Сотим Улуғзода.
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»
