ПАДИДАИ ШАХСИЯТ ДАР ЭЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. ТАҲЛИЛИ ФАЛСАФИВУ СИЁСИИ «ЁДДОШТҲО»-И ПРОФЕССОР С. ЯТИМОВ

22 май 2026, Ҷумъа
7


Адабиёти хотиротнависиву ёддоштӣ замоне арзиши бештари илмиву иҷтимоӣ пайдо мекунад, ки муаллиф аз чаҳорчӯбаи сарнавишти шахсӣ берун омада, ба таҳлили сарнавишти миллат, фалсафаи таърих ва қонунмандиҳои рушди давлат мепардозад. Дар қисми дуюми китоби «Ёддоштҳо»-и профессор Саймумин Ятимов таҳти унвони «Хуршеди мулкпарвару султони додгар», мо маҳз шоҳиди чунин як гузариши мантиқӣ ва фалсафии амиқ ҳастем. Муаллиф ба ҳайси як донишманд ва шоҳиди бевоситаи равандҳои мураккаби сиёсии Тоҷикистони соҳибистиқлол, масъалаи бунёдии фалсафаи таърих – нақши шахсият дар бунёди давлатдории миллиро мавриди таҳлилу баррасии муфассал қарор додааст. Ин навиштаҳо на танҳо як мурури таърихӣ, балки дастурамали мукаммалест барои фаҳмидани мактаби давлатдорӣ, ки дар асоси таҷрибаи сиёсати амалии Қаҳрамони миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шакл гирифтааст.
Нахустин паёми муҳиме, ки муаллиф дар ин бахш ба миён мегузорад, посух ба як суоли қадимаи фалсафист, ки оё инсон таърихро месозад ва ё таърих инсонро. Профессор С. Ятимов бо такя ба андешаҳои мутафаккирони бузурги ҷаҳонӣ, аз ҷумла Софокл ва академик И. Ковалченко, муносибати диалектикии шахс ва замонро шарҳ медиҳад. Тибқи ин таҳлил, ҳар як насли инсоният дар доираи имконоту захираҳои моддӣ ва маънавие амал мекунад, ки таърих барои ӯ фароҳам овардааст; яъне, шароит объективист. Аммо Софокл таъкид мекунад, ки бузургтар аз инсон дар табиат дигар неруе нест ва зӯрии ақли одамӣ дар он аст, ки ояндаро ҳушмандона пешгӯйӣ карда метавонад. Аз ин рӯ, муаллиф ба хулосае меояд, ки гарчанде шароитро замон муайян мекунад, аммо маҳз омили инсонӣ – хирад, ирода ва ҷасорати роҳбари сиёсӣ – қувваи муайянкунанда ва ҳаракатдиҳандаи ҷомеа мебошад. Симои Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина ҳамчун намунаи олии пайванди қонунмандии таърихӣ ва иродаи беназири шахсӣ тасвир ёфтааст, ки тавонист аз доираи маҳдудиятҳои замон берун омада, давлати вайронаро аз нав эъмор кунад.
Ин қудрати тасмимгирӣ ва иродаи созанда, махсусан дар шароити шадидтарини буҳронӣ, зуҳур ёфт, ки омӯзиши он як дарси бузурги давлатдорист. Замоне ки кишвар дар гирдоби оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ихтилофҳои диниву мазҳабӣ ва маҳалгароӣ қарор дошт, маҳз хиради сиёсӣ ва таҳаммулпазирии Сарвари давлат тавонист ба ин фоҷиаи хуношом нуқта гузорад. Муаллиф бо таҳлили муқоисавӣ бамаврид ёдрас мекунад, ки низоъҳои дохилӣ бар мабнои динӣ ва маҳалгароӣ бузургтарин фоҷиаи башарият мебошанд ва дар бисёр кишварҳои дигари олам, ба монанди Сурия, Ироқ ва Яман, даҳсолаҳо идома ёфта, боиси маҳви давлатҳо гаштаанд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон собит сохт, ки як шахсияти бузург метавонад бо такя ба хиради азалӣ масири фалокатбори таърихро тағйир диҳад. Дар баробари таъмини сулҳ, Роҳбари давлат масъалаи дигари ҳаёту мамотро, ки наҷот аз гуруснагӣ буд, ҳал намуд. Дар шароити хазинаи холии давлат, тасмими ғайримаъмулӣ ва фавқулодаи Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақсими заминҳои корам ба мардум, як қадами таърихӣ ва наҷотбахш буд. Ин тасмим нишон дод, ки барои ӯ арзиши олӣ на қоидаҳои хушки бюрократӣ, балки ҷони инсон ва некуаҳволии мардум аст.
Дар баробари наҷоти физикии миллат, меҳвари дигари фалсафаи давлатсозии Пешвои миллат сармоягузорӣ ба «инсон» ва боло бурдани сатҳи маърифати ҷомеа мебошад. Муаллиф ба воқеияти геополитикии Тоҷикистон ишора намуда, таъкид медорад, ки кишвари мо аз лиҳози мавқеи ҷуғрофӣ, релефи кӯҳистон ва захираҳои замини корам дар муқоиса бо дигар давлатҳо дар ҳолати маҳдудтар қарор дорад. Роҳбари давлат бо дарки ин воқеият ба хулосаи стратегӣ омад, ки имконоти рушди Тоҷикистон танҳо дар канданиҳои фоиданок нест, балки дар захираҳои маънавӣ, ақл, фаросат ва дониши мардум аст.
Яке аз нуктаҳои ҷолибтарин ва омӯзандаи ин навиштаҳо, таваҷҷуҳ ба сарчашмаи хирад ва таҷрибаи Роҳбари давлат мебошад. Муаллиф таъкид мекунад, ки бузургтарин устоди Роҳбари давлат таҷрибаи рӯзгор аст. Сарвари кишвар, ки дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст, тамоми зинаҳои зиндагиро дар миёни мардуми одӣ, бо меҳнату заҳмат тай кард. Вай на танҳо дар кабинетҳо, балки бевосита ба миёни мардум рафта, аз ҳоли онҳо бохабар мешавад ва маҳз ҳамин мактаби бузурги зиндагӣ ба ӯ имкон дод, ки ниёзҳои ҷомеаро бо тамоми вуҷуд эҳсос кунад. Профессор С. Ятимов, ки солҳо Сарвари давлатро дар сафарҳо ва иҷрои вазифаҳои мураккаби давлативу амниятӣ ҳамроҳӣ кардааст, симои ӯро ҳамчун як таҳлилгари дурандеш, иродатманд ва мустақил, инсони поктинату хоксор ва ватандӯсти асил қаламдод мекунад. Таъкид мегардад, ки ягона маҳаки шинохти инсон дар назди Роҳбари давлат, дарки манфиатҳои миллӣ ва амали воқеӣ дар лаҳзаҳои ҳалкунанда аст, на шиорпардозӣ.
Хулоса, ин бахш аз «Ёддоштҳо»-и профессор С. Ятимов як таҳлили мукаммали сиёсиву фалсафиест, ки қонунмандиҳои пойдории давлати миллиро бозгӯ мекунад. Муаллиф ба хулосае меояд, ки зуҳури Эмомалӣ Раҳмон дар саҳнаи сиёсат тасодуфӣ набуда, балки ифодакунандаи ормонҳои ҳазорсолаи миллат, хирад ва андешаи таърихии тоҷикон дар роҳи истиқлол аст. Мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бар пояи сулҳофарӣ, меҳнатдӯстӣ, маърифатпарварӣ, таҳаммулпазирӣ ва худшиносии миллӣ бино ёфтааст, на танҳо барои рафъи буҳронҳои дирӯз наҷотбахш буд, балки имрӯз ба як таълимоти мукаммали давлатдорӣ табдил ёфтааст. Чӣ тавре ки муаллиф пешниҳод мекунад, ин мактаби раҳбарӣ месазад, ки мавриди тадқиқоти амиқи академӣ қарор гирад ва ҳамчун қутбнамои суботу рушд барои наслҳои оянда хидмат намояд.

Файзиддин РАҶАБАЛИЕВ,
устоди ДМТ

Санаи нашр: 21.05.2026 №: 98