ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДИЛИ МОДАРРО НАШКАНЕД

ДИЛИ МОДАРРО НАШКАНЕД

14 июл 2023, Ҷумъа
18
0
 
Се шабу се рӯз шуд, ки ҷойи падар холӣ. Хона аз наздикону ёру дӯстон пур. Вале ҳис мешуд, ки чизе намерасад, гӯё нуре, муттакое нест…
Аз чӣ бошад, Хушрӯз мехост танҳо бошад, танҳо бошаду бо ёди падар каме дил холӣ кунад. Таҳи дилаш ноором буд. Аз ҳамон лаҳзае, ки худро бой доду ба сари модараш овоз баланд кард…
Модараш аз назди ӯ дур шуд. Ба назди ҳамсари бемораш рафту беҳолу дилшикаста нишаста, бо овози гиряолуд пурсид:
– Доруҳоятонро биёрам?
– Не, лозим нест.
– Ягон ҷоятон дард намекунад-ку?
– Ҳамааш нағз, хубаш дам гир…
Дар ҳақиқат, имшаб ҳоли шавҳараш – Шаҳзод хуб, вале ҳоло каме аз баҳси ӯву Хушрӯз пешониашро чин кард. Норизо ба фарзандаш нигаристу оҳи сард кашид.
– Чаро оҳи сард кашидед?
– Аҷиб, ки ман ҳам боре ба модарам овоз баланд карда будам. Падарам бемор, ман ба хона дер омадам, модарам коҳиш кард. Ман бо ғурури ҷавонӣ, бехудона, овоз баланд намудам. Падарам гуфт, дили модаратро нашикан, ин рӯз ба сари ту ҳам меояд. Умед надоштам, ана омад…
Хушрӯз ин суханонро аз айвони хонаашон мешунид.
Мешуниду ба худ мепечид, афсӯс мехӯрд, ки чаро якбора ба сари модар дод зад…
Чанд рӯз гузашт. Модар пайваста болои сари ҳамсараш буд. Гоҳ дору медоду гоҳ дасту пояшро молиш мекард. Дард рӯз аз рӯз зиёд мегашт.
Ними шаб аҳволи падараш вазнин шуд. Ӯ пай бурд, ки маргаш наздик аст, аз ин рӯ, Хушрӯзро наздаш хонду гуфт:
– Ту, писарам, калони хонадон. Ана, ин бастае, ки барои гӯру чӯбам ҷамъ намудаам ва ин баста баъзе чизҳои навиштаам  аз  таҷрибаи зиндагӣ. Агар вақтат расад бихон. Модаратро эҳтиёт кун, хору зор  нашавад…
Падараш равшан сухан мегуфт. Ин сон ором ва бепарво гуфтани падараш Хушрӯзро ба ҳайрат овард. Аммо вақте ки номи модараш Лаълмоҳро гирифт, овозаш ларзид ва чанд қатра ашк аз кунҷи чашмонаш ҷорӣ шуда, болиштро тар намуд…
Инак, аз марги падари азизаш се рӯз гузашт. Чашмонаш ба бастае, ки дар он  эҷоди падараш нуҳуфта буд, бархӯрд. Тоқат накарду бастаро гирифта ба хонаи хоб даромад…
Ҳусни хатти зебою хонои падараш ӯро ба худ кашид:
«Нури чашмонам, умедам Хушрӯз… Мо туро эрка калон кардем. Вале, афсӯс, даст надод, ки туро насиҳат намоям.
Он рӯзе, ки ба модарат овоз баланд кардӣ, сахт афсӯс хӯрдам, ки ба ту нафаҳмондам, фарзанд дар назди падару модар чӣ рисолат дорад…
Ману модарат пас аз ҳашт соли хонадорӣ туро ёфтем. Шодии моро ҳадду канор набуд. Гул хӯрондему гул пӯшондем. Намондем, ки дастатро ба оби хунук занӣ…
Ман аз заҳматҳои худ не, аз азобу машаққатҳои модарат мехоҳам бигӯям…
Ту пеш аз муҳлат, яъне, ҳафтмоҳа ба дунё омадӣ. Шабҳоро болои сарат рӯз мекардем, ки боз қисмат моро ҷудо накунад. Охир бемору хурдакак будӣ…
Хонаи иҷораи мо тахтафарш надошт. Намнок буд…
Худо раҳми моро хӯрд. Оҳиста-оҳиста қад мекашидӣ. Моро беҳтарин лаҳзаҳо бо ту будан, бо ту хандидан, туро дӯстӣ намудан буд…
Сесола шудӣ. Як рӯз шамол хӯрдӣ, тафсат баланд гашт. Чанд шабу чанд рӯз модарат мижа таҳ накард.
Гоҳо шабҳо ашк мерехт. Ва ё гӯё туро «алла» мегуфту бо гиря дил холӣ мекард.
Аввалин хандаҳою гиряҳои туро модарат медид, аз ман ҳадя мегирифт, бо шӯру шавқ дар бораи рафтору гуфтори ту нақл мекард…
Дар панҷсолагиат туро тӯй кардем, чӣ хел шуду ғалтидӣ, дастат шикаст, модарат ором надошт…
Вақте ки туро ба боғча бурдем, дили модарат намешуд, ки туро ба он ҷо супорад. Аммо кораш, ҳаминро талаб мекард.
Ҳамон рӯз, соате нагузашта боз ба боғча мераваду туро дар назди тиреза гирён мебинад.Тоқат накарда, аз баҳри кор гузашта, туро бо худ ба хона меорад. 
Барои ту тамоми буду шудашро бахшида буд. На хӯру хоб дошту на оромӣ. 
Ман аз ин кору рафтори модарат хавотир будам…Ва рӯзе худаш касал шуд… Ба беморхона бурдем. Бояд бистарӣ мешуд, аммо қабул накард. Нахост туро танҳо монад… 
Рӯзе аз хокистари тафсон поятро сӯзондӣ. Ҳатто, товасангҳо ба кафи поят часпида буданд.
Се ҳафта модарат дар паҳлуят кӯрпаро бо дастонаш нигоҳ медошт, ки то он ба поят нарасад. 
Як рӯз ба истироҳатгоҳ рафтем. Назди ҳавз менишастем. Он чуқур буд. Ман ҳезум ҷамъ оварда, хостам чойи аловӣ тайёр намоям.
Ногаҳон овози модарат баланд шуд. Ба лаби ҳавз давидам. 
Бубинам, туву модарат дар даруни об. Модари аз шиноварӣ бехабарат туро болои даст бардоштаю худ дар ҳолати ғарқшавӣ афтода.
Худро ба об зада, ҳар дуятонро берун кашидам. Модарат беҳуш шуда буд. Базӯр ба худ омад. Гуфтам:
– О, ту оббозиро наметавонӣ, чаро ба об даромадӣ…
– Ман вақте ки Хушрӯзро дар даруни об дидам, дигар ҳама чизро фаромӯш кардам, барои халосияш худро ба об андохтам. Он вақт мехостам фарзандамро наҷот диҳам, барои ман муҳим ҳамин буд, на ҷони худам… 
Туро оғӯш карда мегирист.
Мактабрав шудӣ, оҳиста-оҳиста ба қатори наврасон медаромадӣ, лек модарат туро аз худ як лаҳза ҳам ҷудо намекард. Дар он мактабе, ки мехондӣ, омӯзгор шуд. Туро мебурду меовард. 
Ҳар қадар калон мешудӣ, ҳамон қадар ташвиш бештар мегашт. Шабҳо дер агар оӣ, модари чашм ба дар ором намешуд. Чун меомадӣ, баъд сари дастархон менишаст…
Ман тамоми он лаҳзаҳое, ки модарат барои ту ҷон коҳонда буду миннат накард ва худро барои ту шуда, ба обу оташ мезад, нақл накардам...
Он шаб садо баланд кардани туро дидаму ба худ гуфтам:
– Натавонистам бароят бигӯям: модарат ягона касест, ки барои ту ҷонашро фидо хоҳад кард… Бидон, дар лаҳзаҳои сахти зиндагӣ пиру барно модар мегӯяд, ба ёди модар месӯзад, мегиряд… Писарам, нури дидагонам!  Ман мераваму насиҳатам ин аст: асло дили модаратро наёзор…
Охир:
Меҳри модарро чу кайҳон аввалу анҷом нест,
Зарраро андар канораш оқибат хуршед кард…».
 
Хушрӯз номаро хонду аз ҷой хест. Болои сар модарашро диду худро дошта натавонист.
– Модарҷон, бубахшед маро… 
Модар дар дасти писараш номаро диду ҳусни хатти шавҳарашро шинохт. Даст дароз кард. Хушрӯз номаро дод. Модар ба дидагонаш молид…
Шаб Хушрӯз падарашро хоб дид.
Ӯ хушҳол буд, ба фарзандаш табассум мекард…
Хушрӯз аз хоб бедор гашт. Бори дигар мактубро хонду зери лаб гуфт:
– Осуда бошед, падарҷон. Ҳаргиз модарамро намеозорам.
 
Шаҳобиддини ҲАҚНАЗАР
Санаи нашр: 14.07.2023 №: 144
Муҳокима кунед

Ҳамчунин хонед:

ТОҶИКИСТОН МОДАРИ МАН АСТ!
11 июл 2023, Сешанбе
ТОҶИКИСТОН МОДАРИ МАН АСТ!
ХУМОРИ МОДАР
13 июл 2023, Панҷшанбе
ХУМОРИ МОДАР
24 май 2023, Чоршанбе
МОДАРАМ БОРОН АСТ
ҚУДРАТИ ДУО
11 июл 2023, Сешанбе
ҚУДРАТИ ДУО
МЕҲРОВАР
13 март 2023, Душанбе
МЕҲРОВАР
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив