ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲАР ЧИ ДОРАНД ИН ҶАМОАТ АЗ ДУОИ МОДАР АСТ…

ҲАР ЧИ ДОРАНД ИН ҶАМОАТ АЗ ДУОИ МОДАР АСТ…

23 август 2023, Чоршанбе
59
0
 
Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,
Ҳар чи доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст.
Он чи дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим,
Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст.
 
Модар меҳрубону мушфиқ, бараҳму шафқат, дуогӯ, ғамхор ва азизтарин касест, ки   дар мушкилтарин лаҳзаҳо ба дили кас таскину қувват мебахшад. Модар шахси дарёдилест, ки дар ҳама ҳолат гуноҳу камбуди фарзандонро мебахшад ва гӯиё  ӯ фақат барои бахшидан офарида шуда бошад. Бузургии модарро бо шеър гуфтану китобҳо иншо намудан ғайриимкон аст, зеро ӯ аз ҳама тавсифу таҳсинҳо болотар аст. Ҳамаи бузургони олам аз домони модар парваридаанду ӯро сазовортарин шахс эътироф кардаанд. Аз Расули Худо (с) ҳадисҳои зиёде буданд, ки мақому ҷойгоҳи модарро нишон медиҳанд ва яке аз ин ҳадисҳо чунин аст: «Аз Абуҳурайра (р) ривоят аст, ки гуфт: «Шахсе назди Паёмбари Худо (с) омаду гуфт: Ё Расулаллоҳ! Сазовортарин шахс, ки барояш эҳсон кунем, кист?
Фармуданд: Модари ту.
Гуфт: Баъд аз он кист?
Фармуданд: Баъд аз он ҳам модари ту.
Гуфт: Баъд аз он кист?
Фармуданд: Баъд аз он ҳам модари ту.
Гуфт: Баъд аз он кист?
Фармуданд: «Баъд аз он падари ту»».
Се маротиба модар ва баъд падар гуфтани  Паёмбар (с) беҳикмат нест.  Модар тифлро ба қимати ҷони худ ба дунё меорад, барои ӯ шабзиндадорӣ мекунад.
Дар ин матлаб хостам  қаҳрамонеро интихоб намояму таърифу тавсифаш кунам. Ва чун нек андеша намудам, ба хулоса омадам, ки модарам беҳтарин қаҳрамон аст. Ҳанӯз ду сол доштам, ки бо амри тақдир падарам дунёро тарк карданд. Ростӣ, на симои падар ва на меҳру навозишашро дар ёд надорам, зеро хеле хурд будам. Вале, хушбахтона, аз тамоми меҳрубонӣ, муҳаббату навозиши модар баҳра бурдам ва ӯ бо назокати хосу устуворӣ холигоҳи падарамро дар рӯзгори мо пур мекард. Рӯзе, ки падар моро тарк гуфт, модарам 30-сола буд. Ҳамаи мушкилоти зиндагӣ болои ин мусибат бар дӯши ӯ афтод. Модарам  ҳанӯз ҷавон буд ва метавонист ҳаёти худро дигарбора ранг бахшад, то бори гарони зиндагиро аз шонаҳояш дур андозад. Вале ба хотири фарзандон, барои он ки мабодо ҷигарбандонаш мавриди накуҳиши касе қарор гиранд, аз баҳри он ҳам гузашт, яъне, худро фидои хурсандии фарзандон кард. Акнун, модарро имтиҳони сахти зиндагӣ дар пеш буд. Дарёфти ризқу рӯзӣ, хонондану пӯшондан ва чандин мушкили дигар дар рӯбарӯи ӯ меистоданд. Ба бахти мо, панҷ ангушти модар ҳунар буд. Дар дӯхтани тоқӣ, давриву шероза, болишту кӯрпа ҳунари кадбонугию тозакорӣ ва поктинатӣ дар деҳа ном бароварда буд. Дар тамоми маъракаҳои наврӯзӣ пухтани чапотиву баъзе таомҳои махсусро маҳз ба модарам бовар мекарданд. Дар обчакорӣ ҳамто надошт. Хуллас, бо ҳар роҳе зиндагиро пеш мебурд. Бо гузашти вақт, мо – фарзандон, ба қавле, «парончак» шудан мегирифтем. Бори гарони зиндагиро оҳиста-оҳиста аз дӯши модар сабук мекардем, яъне дастёр шуда будем. Бародарони калониям донишҷӯ шуданд ва баъди хатми макотиби олӣ ба деҳа баргашта, яке агроном, дигаре муҳосиби колхоз шуда кор мекарданд. Зиндагӣ маҷрои тоза мегирифт. Акнун, модар худро роҳаттар ҳис мекард. 
Дар зиндагӣ лаҳзаҳои хотирмон зиёданд. Боре дар маҷлиси падару модарон директори мактаб аз ахлоқи намунавии фарзандони модарам  ёдовар шуда, ӯро чунин ситоиш мекунад: «Раҳмат ба падару модари апаи Ҳилолбӣ, ки ба танҳоӣ тавонистааст чор писарро соҳиби  маълумоти олӣ гардонад». 
Вақте ин хабарро ҳамсоя ба модарам расонд, дидам, ки ашки шодӣ дар чашмонаш ҳалқа заданд. Ин лаҳза шукр мегуфт, шукри он ки заҳмати ба танҳоӣ дар тарбияи фарзандон кашидааш барабас нарафтааст. 
Зиндагӣ пастию баландиҳои зиёде дорад. Ҳеҷ мусибате барои модар аз марги фарзанд сахттар нест. Мутаассифона, бародари калониям (руҳашон шод бод), ки бо ахлоқу илм аз ҳамаи мо бартарӣ дошт, ба таври фоҷиавӣ дунёро тарк кард. Ӯ ҳамагӣ 37 сол дошт ва чун падари ҷавонмаргамон аз худ панҷ фарзанд ба ёдгор гузошт. Ин имтиҳони зиндагӣ барои модарам бисёр мушкил афтод. Бо вуҷуди ин, ӯ худро дар назди мо шикастаҳол вонамуд намекард, зеро  намехост фарзандон аз дидани ҳолати ногувораш ғамгин бошанд. 
Боре вориди хона шудам, касе набуд. Садои гиряи пастеро шунидам. Бубинам модарам дар танҳоӣ аз сӯзи фироқи писари ҷавонмаргаш ончунон нола мекард, ки сангдилтарин кас тоқати шунидани онро надошт. Беҳуда марги фарзандро барои волидайн теғи алмос нагуфтаанд.
Чанде қабл аз модар дар бораи хушбахттарин ва мушкилтарин лаҳзаҳои ҳаёташ пурсон шудам. Модар дар ҷавоб гуфтанд, ки вақте субҳгоҳон аз хоб бармехестам ва фарзандонамро дар рахти хоб саломат медидам, бо вуҷуди бе падар буданатон, худро хушбахттарин модар меҳисобидам ва шукр мекардам, ки дар дунё танҳо нестам. Мушкилтарин лаҳзаи ҳаёт, ки дунёи рӯшан дар назарам торик шуд, марги бародарат буд, зеро қоматам шикаст, маънии зиндагиро аз даст додам. Вале, писарам, зиндагӣ ҳамин гуна пастиҳо дорад, мо бояд таҳаммулпазир ва сабур бошем, подошашро аз ҷониби Холиқи якто хоҳем гирифт.
Яъне, лаҳзаҳои шодмониву  ғамангези модар боз ҳам ба фарзандон пайвастагӣ дорад. Модар то вопасин лаҳзаҳои ҳаёт дар андешаи ҷигарбандонаш будааст. Аз даврони кӯдакӣ чандин лаҳзаҳои хушии ҳаётро дар ёд дорам, вале аз ҳама лаҳзаи фаромӯшнашаванда бо модарам панҷ сол пеш буд. Бо инояти Парвардгор ману модарам ба зиёрати қиблагоҳи мусалмонони олам – Каъбатуллоҳ мушарраф шудем. Сарфи назар аз он ки модар ҳафтодсола буд, ончунон роҳат гирди Каъба давр мезад, ки ростӣ чунин сурат гирифтани корро интизор набудам. Чун даст дар дасти модар тавофи Каъба мекардем, ба ӯ нигаристам, ки аз хурсандӣ  меболад. Азбаски чунин хушҳолии модарро чандин соли охир, яъне баъд аз марги фарзандаш, надида будам, ашки шодӣ рухсораҳои маро тар кард, ки ин манзараро то охири умр фаромӯш нахоҳам кард.
Ҳастии модар бахти бузургест. Агар мехоҳӣ ризои Парвардгорро ба даст биёрӣ, пас, ризои модарро дарёб. Ба ҳар роҳе бошад, хидматаш ба ҷо биёру дуои некашро бигир. 
 
Сайфулло АШУРОВ,  «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 23.08.2023 №: 170
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив