ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АСАРҲО ВА НОМАҲОИ НОШИНОХТАИ ШАЙХУРРАИС    

АСАРҲО ВА НОМАҲОИ НОШИНОХТАИ ШАЙХУРРАИС    

07 сентябр 2023, Панҷшанбе
64
0
Имсол дӯстдорон ва муҳаққиқони фалсафаю ҳикмат ва, умуман, ҷомеаи фарҳангии ҷаҳон 1043-юмин солгарди бузургдошти "пири ҳакимони Машриқзамин" (таъбир аз нависандаи шаҳири тоҷик устоди шодравон Сотим Улуғзода) – Шайхурраис Абуалӣ Ҳусейн ибни Абдуллоҳ ибни Сино (370ҳ /980 – 420 ҳ/1037)-ро таҷлил менамоянд. Шайхурраис аз зумраи он нобиғаҳо ва мутафаккирони оламшумулест, ки пайдоиш, таҳаввул ва ташаккули соҳаҳои асосии илму тамаддуни башариро баъди Арасту – файласуфи шаҳири Юнони бостон, бидуни ном ва асарҳои ҷовидонаи ӯ тасаввур кардан имконнопазир аст. 
Ақлу заковати халлоқ ва муъҷизаосои ӯ як давра ва марҳилаи томи таърихии илму фарҳанги ҷаҳонӣ ва миллати тоҷикро дар бар мегирад. Ибни Сино чун зода ва парвардаи асри заррини фарҳангии  дудмони Сомонӣ ва яке аз саромадони андешаи миллии тоҷикону эрониён дар зинаи ба истилоҳ форматсияи феодалии ҷомеаи башарӣ умр ба сар бурдааст. Муҳити мафкуравии зиндагӣ ва эҷодии ӯ саршор аз тазодҳои оштинопазир байни илму ҷаҳолат, ақлу нақл, нуру зулмат, адолату разолат буда, набардҳои мафкуравӣ ва ғоявӣ дар он рӯзгор ба авҷи аълои худ расида буданд. Дар чунин вазъи ногувори иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бисёре аз парчамбардорон ва намояндагони пешқадами илму фарҳанг ва сармояи гаронбаҳои маънавӣ онҳо зери хавфу хатар қарор гирифта, чунонки аз дафтари таърих маълуму маъруф мебошад, на танҳо осор, балки шахсияти худи онҳо низ дар вартаи ҳалокат ва нобудӣ қарор гирифта буд. Дар таърихи адабиёт, фалсафа ва фарҳанги миллати тоҷик чунин мисолҳо зиёд буда, мероси гаронбаҳои Ибни Сино дар симои асари бузурги фалсафии доиратулмаорифии ӯ "Китоб ал-инсоф", ки ба гуфти худи ӯ шарҳу баёни наздики 28 ҳазор масъалаи фалсафиро дар бар мегирифт, дар асари ҳамлаҳои ғоратгаронаи Султон Масъуди Ғазнавӣ  ба Исфаҳон аз миён рафт ва шахсияти худи мутафаккир низ борҳо зери хатар монда, бахше аз умри азизи худро дар зиндон ва фирориҳо сипарӣ кард. Вале чунин вазъи ногувор ва шароитҳои нобасомони иҷтимоӣ руҳия ва иродаи матину шикастнопазир ва шавқу завқи Шайхурраисро ба илму маърифат коста накарда, чунонки аз тарҷумаи ҳоли ӯ огоҳ мебошем, чанде аз осори гаронбаҳои худро дар зиндону бадарғаҳо ва ҳолатҳои сахту пурмашаққати иҷтимоӣ таълиф кардааст. 
Дар шароити кунунӣ дар замоне, ки ҷаҳонисозӣ бештар ба ҷанбаи ҳаёти маънавӣ ва фарҳангии миллатҳои ҷаҳон зарба зада, онҳоро аз асолат ва ҳувияти миллиашон дур карданӣ мешавад, такя ва эътимод ба мероси қадимаи халқи тоҷик ва, махсусан мероси фалсафии вай дар симои шахсиятҳои мондагори илмӣ ва фалсафӣ чун Шайхурраис Абуали ибни Сино, ин миллатро аз хатари заволи маънавӣ наҷот дода, дар тарбияи насли ҷавони миллати тоҷик дар руҳияи ҳифзи ватандорию меҳанпарастӣ, бузургдошти ҳувияти миллӣ ва нигоҳдории анъанаю аркони ахлоқӣ кумаки амалӣ мерасонад.
 Дар соли 1978 дар давлати Кувайт бо ташаббус ва эҳтимоми файласуфи шинохтаи мисрӣ Абдураҳмон Бадавӣ асари  "Мубоҳасот"-и Ибни Сино ҳамроҳ бо чанд нома-рисолаҳои фалсафии ӯ аз чоп баромад. Муҳаққиқ ба ин асар ва нома рисолаҳои фалсафӣ, муқаддимаи фалсафӣ ва филологӣ тақдим намуда, дар бораи мазмуну муҳтаво ва арзиши фалсафии онҳо дар шинохти ҷаҳонбинии фалсафии Шайхурраис, ҳамчунин, дар бораи дастхатҳои зиёди ин асар дар китобхонаҳои ҷаҳон маълумоти арзишманд ироа кард. Аз он ҷо, ки Абдураҳмон Бадавӣ аз файласуфони шинохтаи ҷаҳон ва аз муҳаққиқони саршиноси фалсафаи аврупоӣ ва исломӣ ба шумор меравад, дар зимни муқаддимаи худ дар вобастагӣ ба ин асари Ибни Сино ва нома-рисолаҳои фалсафии ӯ ба масоили мухталиф ва басо муҳими таърихи фалсафаи ҷаҳонӣ ва, махсусан таъсири фалсафаи Юнони бостон дар симои Афлотун, Арасту ва мактаби фалсафии ӯ ба фалсафаи исломӣ, афкору андешаҳои ҷолиб пешкаш намуд. Аз масъалаҳои муҳиме, ки Абдураҳмон Бадавӣ дар муқаддимаи ин асар ба баҳс кашидааст ва ба мероси фалсафии Шайхурраис низ робитаи бевосита дорад, мавзуи асолат ва андозаи таъсири фалсафаи Юнони бостон ва намояндагони онҳо ба фалсафаи арабу форсизабон мебошад. Албатта, мо агар ба ин масъала аз рӯйи равандҳои таърихии пешрафти башар наздик шавем, чунин ҳақиқат ба назар мерасад, ки илму маърифат чун мақулаи умумиинсонӣ дар таърихи башарият хосияти "миллӣ" ва "мансубият ба халқе ё қавме"– ро надошта, балки дар тули асрҳо ва қарнҳо соҳибназарон ва равшанфикрони тамоми ҷаҳон "роҳи донишро ба ҳар гуна забон" пеш бурда, хирмани илму маърифатро дар шаклу андозаҳои мухталиф пурбор сохтаанд. Ҳамин ақида комилан ба намояндагони барҷастаи фалсафаи арабуфорсизабони исломӣ ва, махсусан Ибни Сино, рост меояд. Дар ин росто, ҳақ ба ҷониби шоир ва файласуфи шинохта Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ аст, ки гуфта буд: "Сазовор нест, ки ҳакимони исломиро муқаллиди маҳзи файласуфони Юнон шуморем. Таърихи тааққул (хирадварзӣ)-и ҳакимони исломии Эрон гӯёи кӯшиши хастанопазире аст, ки инон барои гушудани роҳи душвори худ мабзул (сарф) карда буданд. Мутарҷимони фалсафаи юнонӣ бар асари бедиққатӣ тӯдаи азими аботил (жожхоиҳо) – ро гирд оварда, бо ин ёвагӯиҳо роҳи шинохти фалсафаи юнониро бар ҳакимони исломӣ сад(д) карда (баста) буданд. Аз ин рӯ, ҳакимон ба ҳукми зарурат фалсафаҳои Афлотун ва Арастуро бозандешӣ ва бозсозӣ карданд. Аз ин ҷост, ки ҳеҷ аз шуруҳ (шарҳҳо)-и онон бар афкори юнонӣ шарҳи тавзеҳӣ нест, балки шарҳи интиқодӣ ва ё ибтикорӣ аст. (Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Сайри фалсафа дар Эрон.Тарҷумаи А.Ҳ.Ориёнпур. Теҳрон, 1383 ш., саҳ.41). Гузашта аз ин, ҳакимони арабизабони форсу тоҷик: Форобӣ, Ибни Сино, Фахриддини Розӣ, Насируддини Тӯсӣ, Ҳодии Сабзаворӣ, файласуфони араб Ибни Боҷа, Ибни Туфайл, Ибни Рушд ва дигарон на танҳо осори фалсафӣ ва мантиқии юнониро, ки хело муғлақ ва дур аз асли худ ба арабӣ тарҷума гардида буд, аввало, аз нобудӣ наҷот доданд, зеро баъзе осори фалсафаи юнонӣ танҳо дар шакли тарҷумаи арабии он боқӣ монда буд, балки онро бозбинӣ ва мавриди таҳқиқоти амиқ қарор дода, сониян, онҳоро ба хонанда ва муҳаққиқи арабуфорсизабон ошно сохта, худ баъди шарҳу баёни тарҷумаҳои осори фалсафии юнониён таълифоти асили фалсафӣ эҷод карданд. Абдураҳмони Бадавӣ зимни омода сохтани асари "Мубоҳасот" ва нома-рисолаҳои Ибни Сино ба масоили дигари фалсафаи исломӣ ё худ арабуфорсизабон даст задааст.
Китоби "Мубоҳасот"-и Ибни Сино чун манбаи муҳими фалсафӣ ва ҷаҳоншиносии ӯ аз як ҷиҳат, ба сабаби парокандагии он ва аз ҷониби дигар душвории асар, то ҳол дар фалсафаи ватанӣ мавриди тарҷума ва таҳқиқ карор нагирифта, арзиш ва аҳамияти он дар синошиносии тоҷик мушаххас нашудааст, ҳарчанд чунонки ишора гардид, дар Аврупо, Миср ва Эрон роҷеъ ба ин асар ва нома-рисолаҳои фалсафии ӯ баъзе таҳқиқот ба анҷом расида, мазмун ва муҳтавои онҳо ба хонанда ва муҳаққиқ дастрас шудааст. Аз баррасии китоби "Мубоҳасот" ин ҳақикат ошкор мегардад, ки ин асар яке аз таълифоти бисёр муҳими Шайхурраис ва аз манбаъҳои муҳими фалсафаи ӯ ба ҳисоб меравад, зеро вай дар охирҳои умри андешаманд ва ба тарзи саволу ҷавоб тавассути шогирдонаш Баҳманёр ибни Марзбон ва Ибни Зайла мураттаб гардидааст. 


Ба назари инҷониб омӯзиши китоби «Мубоҳасот»-и Ибни Сино ва маҷмуаи нома – рисолаҳои фалсафии ӯ барои синошиносӣ ва таърихи фалсафаи тоҷик аз ҷиҳатҳои зерин муҳим мебошад: 
1). Китоби «Мубоҳасот» аз осори охириумрии мутафаккир буда, Шайхурраис бисёре аз масъалаҳои умдаи фалсафиро, ки дар асарҳои бузургҳаҷми худ чун «Китоб аш-шифо», «Китоб ан-наҷот», «Ал-Ишорат ва ат-танбиҳот» ва ғайра равшан баён карда натавонистааст ё худ онҳоро ба сабаби тангии вақт ва дигар сабабҳо шарҳу баён нанамудааст, тавассути саволу ҷавоб бо шогирдонаш Баҳманёр ибни Марзбон ва Ибни Зайла мавриди таҳқиқ ва бозбинӣ қарор додааст. 
Чунин тариқаи хирадварзӣ ва маърифатшиносиро дар фалсафаи Юнони бостон дар мактабҳои фалсафии Афлотуни устод ва Арастуи шогирд мушоҳида карда метавонем. 
2). Матраҳсозии масоили гуногуни илмию фалсафӣ ва арзиши баланди баҳсҳои Шайхурраис бо шогирдонаш дар китоби «Мубоҳасот» дар он зоҳир мегардад, ки ӯ дар ин ҷо ба ҳайси шореҳи масъалаҳои матраҳшуда дар «Китоб ан-нафс», «Китоб ал-буҳрон», «Китоб ал-қиёс», «Фанни самои табии», «Илоҳиёт» аз «Китоб аш-шифо» баромад карда, мазмун ва мундариҷаи саволҳо ва ҷавобҳои ӯ ба шогирдон аз он шаҳодат медиҳанд, ки Ибни Сино ҳангоми ҷавоб ба гуфтаҳои дигарон таваҷҷуҳ накарда, бештар андешаҳои шахсии худро ба шогирдонаш пешкаш месозад ва дар ҷавоб ба файласуфону мухолифон гоҳо бо густохӣ ва ҳатто, назарногирӣ муносибат мекунад. 
3). Аз зимни матни асар чунин ҳақиқат ҳувайдо мегардад, ки Ибни Сино бо вуҷуди бузургӣ ва эътимод ба дониши худ дар чанд ҷойи асар ба аҷзу нотавонии худ иқрор шуда, мегӯяд: «Дар фаҳми ин масъала дониши ман ҳамин қадар буд», «Ин масъаларо ман намедонам». «Доно Худо аст», «Қабиҳ аст иқрори донишмандон аз ҷаҳолати хеш», «Ман ҳамин қадар фаҳмидам, дигар чизе надорам» ва ғайраҳо.
4). Шиносоӣ бо матни асар имкон медиҳад ба ин хулоса расем, ки китоби «Мубоҳасот» чун асари пухта ва мукаммали фалсафӣ аз манбаъҳои муътамад ва адонашавандаи истилоҳоти илмӣ-фалсафӣ роҷеъ ба илмҳои мантиқ, равоншиносӣ, табиатшиносӣ, илоҳиёт ва дигар соҳаҳои илм мебошад. Дар ин китоб перомуни масоилу мушкилоти муҳиму марказии фалсафаи вуҷуд, аз ҷумла таносубу робитаи Худо ва олам, қадимию ҳодисӣ, сабабу натиҷа, фоилу мафъул, руҳиёту моддиёт, ҷисму сурат, куллиёту ҷузъиёт, воҷибу имкон, ҷузъҳои тақсимнопазир, муттасилияту мунфасилият, макону замон, ниҳояту бениҳоятӣ, феълу қувва, ғояти судур, ҳастию нестӣ, илми илоҳию инсонӣ, ваҳдату касрат, айнияту ғайрият, моҳияту вуҷуд, муҳаррику мутаҳаррик, ҷавҳару араз, онияту анният, камоли аввалу сонӣ, ҷавҳари аввалу дуюм, таносуби нафсу тан, муаммои ҳаракат, маод, таносух ва ғайра бо истилоҳоти пухта, ки баъдҳо дар фалсафаи арабу форсизабон аз истилоҳоти серистеъмол ба шумор мераванд, сухан мегӯяд. Дар бахши назарияи маърифатшиносӣ Шайхурраис дар асари худ дар зимни истилоҳоти муҳим ва пухтаи фалсафӣ аз боби масъалаҳои илмомӯзӣ, диалектикаи дониши ҳиссию ақлӣ, ҷузъию куллӣ, таҷрибавию назарӣ, мушоҳидавию мантиқӣ, инъикосӣ будани идрок, таносуби ақли фаъолу тафаккури инсонӣ ва ғ. масоили мураккаб ва баҳсталаби зиндагию андешаронӣ кардааст. Ин аст, ки китоби «Мубоҳасот»-и Шайхурраисро аз манбаъҳои боэътимоди истилоҳоти фалсафӣ бояд шумурд, ки аз назари илми филология ва бавижа, истифодаи ин истилоҳот дар забон ва фалсафаи муосири тоҷик бояд мавриди таҳқиқ ва баррасиҳои густурда қарор гирад.
 Аз аввалин шахсиятҳое, ки аз мавҷудияти китоби «Мубоҳасот» дар таърихи синошиносӣ хабар додааст, шогирди бовафо ва дабири Шайхурраис Абуубайди Ҷузҷонӣ мебошад, ки дар муддати зиёда аз 25 сол ҳамеша ҳамроҳ ва ҳамрози устоди худ буда, дар рисолаи «Саргузашт» ишора менамояд, ки китоби «Мубоҳасот» аз як муҷаллад иборат аст (Абуалӣ ибни Сино. Осор, Душанбе, 2005, с.160). Аз сарчашмаҳои муътамади библиографӣ Ал-Қафтӣ ва Ибн Абиусайбиа ҳамон гуфтаи Абуубайди Ҷузҷониро такрор намуда, мегӯянд, ки ин асар аз як муҷаллад иборат аст («Уюн ал-анбо фӣ табақот ал-аттибо», ҷилди 3, Байрут, 1981, с.7). Аз сарчашмаҳои библиографии муосир Ҷурҷ ал-Қанавотӣ дар «Феҳристи муаллифоти Ибни Сино», ки шумораи асару рисолаҳои ӯро ба 276 адад ва Яҳёи Маҳдавӣ дар «Феҳристи нусхаҳои мусаннафоти Ибни Сино» ба 131 асари хоси ӯ ва 110 асари манҳул ё худ мансубкарда ишора кардаанд, ки асарро иборат аз як ҷилд зикр намудаанд. Китоби «Мубоҳасот» ба файласуфони шинохта Фахриддини Розӣ (ваф.606 ҳ./1209 м.), Хоҷа Насириддини Тӯсӣ ва Садриддини Шерозӣ маълуму машҳур будааст. Аз ин рӯ, дар таърихи илму фалсафа аз мансубияти асар ба Ибни Сино ҳеҷ шакку шубҳае вуҷуд дошта наметавонад. 
«Мубоҳасот» дар шакли кунунӣ баъди вафоти Баҳманёр ва Ибни Зайла, яъне баъди соли 440 ҳ. мураттаб гардидааст. Фарзияи дигаре, ки дар ин росто ҳадс задан метавон, ин аст, ки яке аз шогирдони Шайхурраис асарро гирдоварӣ кардааст ё шахси дигаре ин амалро анҷом додааст, ё худ носихе аз миёни авроқи осори Баҳманёр ва Ибни Зайла онро ҷудо карда, баъди вафоти ӯ мураттаб сохтааст. Дар ҳар сурат, масъалаҳои муайянсозии замон ва макони таълифи ин асар ва шахсоне, ки онро гирдоварӣ ва ба сурати китоб мураттаб сохтаанд, ҳанӯз ҳам масъалаи матраҳ дар илм мебошад. Умед аст, ки дастхатҳои нави асар ва таҳқиқоти донишмандон ба ин «муаммоҳо» дар оянда равшанӣ андохта, ба мавқеъ ва манзалати  ин асари ношинохтаи Ҳуҷҷатулҳақ рӯшноӣ хоҳанд афканд. 
Дар охир ин нуқтаро месазад тазаккур диҳем, ки дар таърихи халқи тоҷик ва фалсафаи он муносибат ба Шайхурраис ва ҷойгоҳи мероси фалсафаи ӯ муносибат бояд дигаргунатар бошад, зеро шахсияти Ибни Сино ва, махсусан мероси фалсафии ӯ ба сабаби хусусияти байналмилалии худ, метавонад муносибати ҷомеаи илмӣ ва фалсафии ҷаҳонро ба тоҷику Тоҷикистон дигаргунтар созад. Аз ин рӯ, китоби  «Мубоҳасот» ва маҷмуаи омодакардаи номаҳои фалсафии Ибни Сино аз ҷониби файласуфи шинохта Абдураҳмони Бадавӣ ҳарчи зудтар бояд тарҷума, таҳқиқ ва интишор гашта, ҷойгоҳ ва хизматҳои ӯ дар фалсафаи ҷаҳонӣ ва маҳаллӣ равшантар карда шавад, зеро дар ин ҷода деркунӣ ба нафъи мо нест.                                                     

Сайидраҳмон СУЛАЙМОНОВ, 
профессори кафедраи филологияи араби 
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

 


Санаи нашр: 07.09.2023 №: 180-185
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив