ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » 23 ФЕВРАЛ. АНДЕШАҲО ДАР БОРАИ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ҲАМЧУН  МАКТАБИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ

23 ФЕВРАЛ. АНДЕШАҲО ДАР БОРАИ ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ҲАМЧУН  МАКТАБИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ

23 феврал 2023, Панҷшанбе
166
0
Аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зодаи Истиқлоли давлатист, 30 сол сипарӣ мешавад. Ҳоло бо гузашти се даҳсола Артиши миллӣ ба сипари боэътимоди давлат табдил ёфтааст. Шаҳомати Артиши миллиро 22 июли соли 2021 зимни чорабинии санҷиши омодабошии ҷангии «МАРЗ-2021» тамоми шаҳрвандони кишвар мушоҳида намуданд. Бахшида ба 30-солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар доир ба рисолат, иқтидори мудофиавӣ, зарурати тақвияти тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва нақши Артиши миллӣ дар ҳифзи марзу буми Ватан, таъмини амнияти пойдор бо собиқадорони соҳа, роҳбарони зинаҳои гуногуни сохторҳои Вазорати мудофиа, омӯзгорони риштаи ҳарбӣ, шаҳрвандони касбу кори гуногун суҳбатҳои сарироҳӣ анҷом додем, ки онро пешниҳод менамоем: 
 
Музаффар РАҲИМЗОДА, сардори Раёсати кадрҳо ва таълимоти ҳарбии Вазорати мудофиа, генерал-майор:  
– Аввалан, чун як тан низомӣ бо истифода аз фурсат тавассути ин минбари бонуфузи кишвар ҳамаи ҳамкасбон ва ҳамдиёронро ба ифтихори ҷашни фархундаи таъсисёбии Артиши миллӣ табрик мегӯям. 
Бо гузашти 30 сол, агар саҳифаҳои таърихии Қувваҳои Мусаллаҳро варақгардон кунем, пеши назар роҳи садоқату ҷавонмардӣ, шуҷоату шарафмандӣ намоён мегардад. Низомиёни кишвар рисолаташонро  дар тамоми ин марҳила содиқона адо намудаанд, ки дар ин маврид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид мекунанд: “Боифтихор метавон зикр сохт, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ дар он марҳилаҳои вазнин аз  тамоми имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузашта, рисолати хизмативу касбии худро бошарафона иҷро карданд”. 
Воқеан, имрӯз Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар дохил ва минтақа, балки дар радифи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон нуфузу эътибори хос пайдо намудааст. Ҳоло зиёда аз 80 дарсади афсароне, ки дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат мекунанд, хатмкардагони донишкадаҳо ва академияҳои ҳарбӣ мебошанд. Ҳамасола афсарон ва курсантҳои тоҷик ба муассисаҳои таҳсилоти ҳарбии Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон,  Қазоқистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Чин, Британияи кабир, Канада,  Олмон, Фаронса,  ИМА ва давлатҳои дигар баҳри таҳсил, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаи касбӣ фиристода мешаванд.
 
Таваралӣ САФАРОВ, полковник, собиқ комиссари ҳарбии шаҳри Душанбе: 
– Бобати тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2023, таҳти №526 шуруъ аз 1 марти соли ҷорӣ маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 25 фоиз ва кормандони дигари мақомот ба андозаи 20 фоиз зиёд карда мешавад. Ин тадбири навбатии Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ғамхориҳои пайваста ба соҳаи ҳарбии кишвар гувоҳӣ медиҳад. Илова ба ин, тули солҳои охир мо-низомиён шоҳиди бунёдкориҳои зиёд дар ҷузъу томҳо, тамоми сохторҳои Қувваҳои Мусаллаҳ гашта истодаем. Аз ҷумла, ба истиқболи таҷлили сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар қатори дигар соҳаҳо дар Қувваҳои Мусаллаҳ тадбирҳои зиёд роҳандозӣ шуда, бинову иншооти зиёди ҳарбӣ бунёду навсозӣ гардиданд. 
Албатта, ин ҳама тадбирҳо масъулияти хизматчиёни ҳарбиро барои иҷрои шоистаи уҳдадориҳояшон бештар мегардонад. 
 
Дилмурод НАЗАРЗОДА, полковник, сардори кафедраи ҳарбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон:
– Барои ташаккули шахсияти ҷавонон роҳу василаҳои зиёде мавҷуданд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз омилҳои калидӣ дар ин самт ба шумор меравад, зеро хизмати ҳарбӣ ҷавононро аз ҳар ҷиҳат обутоб бахшида, ҳисси ватандӯстӣ, ки аз ҷумлаи рукнҳои асосии ҳувияти миллист, дар ниҳодашон бедор месозад. Дар ин замина, бояд ба тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстӣ низ пайваста таваҷҷуҳ намуд. Зеро он шеваи аз ҳама муҳим буда, дигар шаклҳои тарбия маҳз аз он сарчашма мегиранд. 
Айни замон талабот нисбат ба омода намудани мутахассисон дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла талаботи мактабу маориф ба мутахассисони қобилиятноки бахши омодагии дифои ҳарбӣ бештар гардидааст. Дар ҳамин ҳол, аз кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои олии кишвар масъулияти бештаре тақозо шуд, то дар баробари муассисаҳои таълимии махсуси низомӣ дар пуррасозии ҳайати неруҳои мусаллаҳ саҳмгузор бошанд. Дар ин робита, кафедраи ҳарбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун яке аз манбаъҳои омода намудани кадрҳои болаёқати соҳаи ҳарбӣ нақши муассир дорад. Хатмкунандагони кафедра чун кадрҳои болаёқат шуруъ аз соҳаи маорифу сохторҳои низомиву қудратӣ, ба тамоми соҳаҳои дигари кишвар ба кор ҷалб мегарданд.
  
Хуршедҷон МИРЗОЕВ, полковники мустаъфӣ:
 – Хизмат ба Ватан қарзи ҳар як шаҳрванд буда, ифодаи масъулият, садоқат, дар ин баробар далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардӣ мебошад. Бисёр падидаи шоён аст, ки имрӯз  ҷавонон моҳияту муҳимияти хизмат ба Ватанро хуб дарк намудаанд. Аслан, ҳифзи Ватан на танҳо вазифаи хизматчиёни ҳарбӣ, балки ҳар як фарди бонангу номус аст. Қаҳрамонию фидокории фарзандони ҷонфидои халқамон, ба монанди Спитамен, Темурмалик ва Восеъ дар таърих сабт гардида, ин диловарон то охирин нафас баҳри ҳимояи зодгоҳи хеш талош намуданд. Ҳамин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёму муроҷиатҳои хеш ба насли ҷавон таъкид месозанд, ки аз таърихи гузаштагонамон ибрат гиранд. Бешак, роҳи ҳимояи Ватан – роҳи  ҷавонмардӣ, садоқату масъулияти баланди ватандорист.         
 
Муҳаммадмурод   БОБОҶОНОВ,   номзади илмҳои  педагогӣ:            
– Ҳодисаҳои солҳои охири дар минтақа ва ҷаҳон бавуқуомада, аз ҷумла мураккаб гардидани вазъи сиёсии ҷаҳон, нуфуз пайдо кардани ташкилотҳои террористиву экстремистӣ, бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо, низоъҳои мусаллаҳона дар марзи давлатҳо собит менамоянд, ки манфиатҳои миллӣ ва ягонагии давлат беш аз пеш ба ҳифзу ҳимоя ниёз доранд. Дар чунин раванди мураккаб, Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои истиқлоли сиёсӣ, тамомияти арзӣ аз хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ дар канор буда наметавонад. Лиҳозо, дар шароити имрӯз таваҷҷуҳ намудан ба масъалаи таъмини амнияти давлат ва муҳофизати марзу буми Тоҷикистон хусусияти амалиро касб намудааст. 
Итминон дорем, ки дар чунин шароити мураккаб ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир, руҳияи шикастнопазири ватандӯстона ва садоқат ба касби бошарафу муқаддаси худ – ҳимояи Ватани маҳбуб ва фазои оромро рисолати худ мешиносанд.
 
Давлаталӣ ШОИМАРДОНОВ, афсар-омӯзгори кафедраи ҳарбии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов: 
– Мусаллам аст, ки дар ҳар давру замон ҳеҷ як давлату халқият бе Қувваҳои Мусаллаҳи худ вуҷуд дошта наметавонад. Зеро ин қувва сулҳу субот, оромию осоиштагии мардум ва амнияти ҳар як кишварро таъмин менамояд. 
Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, артиш аз замонҳои қадим дар ҳаёти сиёсии ин ё он давлат нақши муҳимро мебозид, он воситаи асосии нигаҳдории давлат, манбаи неру ва қудрати он ба ҳисоб мерафт. Мувофиқи маълумоти таърихӣ, ҳанӯз дар аҳди қадим ниёгони мо чунон низоми устувори ҳарбӣ доштанд, ки дар муқобили қудратҳои бузург на танҳо истодагӣ менамуданд, балки дар бисёр муҳорибаҳо онҳоро шикаст медоданд. Усули сипоҳдорию маҳорати баланди давлатдории Шоҳ Исмоили Сомонӣ,  ин худ барои ҳар як сарбози имрӯзаи Ватан шоистаи ибрат ва намунаи олии мардонагист.
Хушбахтона, мо тавонистем дар солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ Артиши миллии худро таъсис диҳем. Он имрӯз  ба сохтори касбӣ, ниҳоди пурқудрати ҳарбӣ, ҳамчунин, ба мактаби ҷасорату мардонагӣ, рафоқату дӯстӣ, обутоби маънавию ҷисмонии насли ҷавон мубаддал гаштааст.   
Фирдавс ШАРИФЗОДА, афсари Вазорати мудофиа: 
 – Дар ин рӯзҳои ҷашнӣ тавассути рӯзномаи “Ҷумҳурият” арзу сипоси фарзандонаи низомиёнро ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз медорам, ки диёри азизамонро ба ин рӯзҳои нек расонданд ва ҷашни имрӯзаи  низомиён низ, албатта аз баракати ҳамин  фазои осоиштаву созандаи кишварамон аст.  
Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт – дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд. 
Муаллифи ин сатрҳо ва чанде аз афсарони дигари қисми ҳарбии мо дар арафаи ҷашни имсола соҳиби манзил гаштанд, ки аҳли оилаи онҳоро албатта руҳбаланд сохт. Воқеан, ғамхориҳои падаронаи Пешвои миллат нисбат ба кадрҳои ҷавон зиёданд. Ҳамин аст, ки вазъи иҷтимоии ҳарбиён сол ба сол  беҳтар мегардад. Ва албатта ин ҳама ғамхориҳо масъулияти мо – хизматчиёни ҳарбиро бештар менамояд.
 
Суфибек Рофизода, омӯзгори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур: 
– Тибқи моддаи 43 Конститутсия, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Бар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», хизмати ҳарбӣ уҳдадории конститутсионии шаҳрвандон муайян гаштааст. Аз ин рӯ, муқаррароти қонунгузории кишвар водор месозад, ки дар баробари сохторҳои дахлдор шуруъ аз волидону омӯзгорон, фаъолону пирони рӯзгордида, умуман тамоми ҷомеа баҳри ташаккул ва рушди шуури баланди ватандӯстии насли наврас тадбирҳои заруриро амалӣ намоем, то садоқат ба анъанаву ормонҳои олии Ватан, иҷрои уҳдадориҳои конститутсионӣ, ҳадафи ҳамешагии насли ҷавон бошад. 
Хушбахтона, имрӯз дар кишвар як артиши қобили муҳофизати марзу буми Ватан ва истиқлолу озодӣ амал намуда, хизматчиёни ҳарбӣ таъминкунандаи сулҳу субот мебошанд.
        
Мавлон ШАРИФОВ,  собиқадори соҳаи кор бо ҷавонон, барандаи Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соҳаи рӯзноманигорӣ: 
– Аз таҷрибаи беш аз 22-солаи кор дар соҳаи ҷавонон, ки бештараш дар бахши ҳарбӣ-ватандӯстӣ сипарӣ гаштааст, имрӯз нақши Артиши миллиро дар тарбияи ҷавонон на камтар аз мактабу муассисаҳои олӣ мешуморам.  
Мутаассифона, баъзан мушоҳида мешавад, ки волидон сади ба хизмати ҳарбӣ рафтани ҷавонон мегарданду ақидаҳои носолими беасосро миёни ҷавонон дар мавриди хизмати ҳарбӣ паҳн месозанд. Дар натиҷа, ин амал ҷавононро аз хизмати ҳарбӣ дилсард мегардонад. Баръакс, дар қалби фарзандон меҳру муҳаббат ба сарзамину диёрро бештар талқин  намоему фарзандонро ба хизмати Ватан роҳнамоӣ ва аз ин ифтихор намоем. Ба ҷойи ин ҳама, имрӯз волидонро зарур аст, дар оила дар ниҳоди фарзандон ҳисси нафрату бадбиниро ба рафтору хислатҳои ношоиста, чун бекорӣ, бадбинӣ, зӯроварӣ парвариш намуда, онҳоро аз хурдӣ дар муҳити муносибатҳои гуманистӣ – шафқату меҳрубонӣ, қатъияту талаботи ягона тарбия намоянд. 
 
Маҳмуд МИРЗОЁН,
Оламбегим НЕКҚАДАМОВА,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 23.02.2023 №: 42
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив