ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДӮСТДОРИИ ВАТАН АЗ ИМОН АСТ

ДӮСТДОРИИ ВАТАН АЗ ИМОН АСТ

31 январ 2024, Чоршанбе
17
0

 
«Вақти бозӣ танҳо фикри майдон не, фикри 60 миллион тоҷикони ҷаҳонро кунед. Дар андешаи обрӯи давлат бошед. Ин танҳо футбол нест. Аввалин маротиба аст, ки тими Тоҷикистон ба марҳалаи финалӣ баромадааст. Иродаи мустаҳкам доштан зарур аст. Ҳадаф дорем, мақсад дорем, ба пеш, фақат ба пеш! Ман бо шумо ҳастам. Бозиҳоро пайгирӣ дорам. Ба шумо муваффақият, ғалаба мехоҳам!».  
Чунин суханҳои самимиву дуои хайри Роҳбари давлат ҷиҳати ғолибияти тоҷикон дар ҳамаи сангарҳо бояд роҳнамои пиру ҷавон бошад. 
Чанд рӯзи охир тамоми шабакаҳои телевизионӣ бозиҳои футболи Ҷоми  Осиё-2023-ро, ки дар Давлати Қатар ҷараён доранд, намоиш медиҳанду ҳаводоронашро барои ҳар давр бесаброна мунтазир мегардонанд. Ҳама ҷо сухан аз футболу иштироки бозигарони тоҷик дар ин мусобиқаи бонуфуз ба гӯш мерасад. 
Ростӣ, ба ин намуди варзиш он қадар аҳамият намедодаму завқи тамошояшро надоштам. Гумон мекардам, танҳо як бозии одӣ асту ғайр аз хасташавӣ чизи дигар дода наметавонад. Аммо ин навбат хурсандие, ки шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус саҳифаҳои “Facebook”-ро ба фазои идона табдил дода буд, бетарафам нагузошт. Шоми 28-уми январ дар аввал беаҳамиятона ва сар сарӣ ба тамошои бозӣ миёни тимҳои футболи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб машғул шудам. Вале пас аз голи футболбози тоҷик Ваҳдат Ҳанонов назарам ба бозӣ дигар шуд. Ростӣ, ман дар бораи футбол чизе гуфтанӣ нестам. Диққатамро баланд шудани Парчами давлативу, “Тоҷикистон, ба пеш!” - гуфтанҳои иштирокчиён ва мухлисон бештар ҷалб намуд. Онҳо бо ғурури баланди милливу ватандӯстӣ фарёд мекашиданду медавиданд. Мухлисон Парчами Тоҷикистонро баланд бардошта, аз побарҷо мондани ин миллати қадима дар арсаи олам хабар медоданд. Дар он ҷо, дар он лаҳза ба ҷуз ҳисси баланди ватандӯстӣ чизи дигарро эҳсос карда намешуд. 
Байни издиҳоми одамон занонро дидам, ки рӯи шонаҳояшон Парчами Тоҷикистонро бардошта, “Тоҷикистон”, “Тоҷикистон”, “Тоҷикистон!” - мегуфтанд. Лаҳзаҳои охири бозӣ як ҳаяҷонеро эҳсос кардам. Ҳар вақте тӯб ба дарвозаи ҳариф ворид мешуд, беихтиёр аз ҷой мехестам. Вақте ки Рустам тӯби бозигари дастаи ҳарифро баргардонд, он лаҳза бо садои баланд аз офарин, офарин гуфтанҳоям ҳис кардам, ки ин як бозии муқаррарӣ набуда, ин диловарон муаррифгари Ватану миллатанд. Чизи аҷибе, ки бори дигар таконам дод, субҳ, ҳангоми ба кор омадан, сару садоҳои дохили автобус буд, ки ҳама якдигарро муборакбодӣ мекарданд. Ҳатто, байни онҳо зани солоре «Офаринашон, ана инро қаҳрамонӣ мегӯянд. Раҳмат бар падарашон» - мегуфт. Ин лаҳза бо ҳисси кунҷковӣ “хола, футбола тамошо кардед?”, - гуфта пурсидаму ҷавоби ғайриинтизорро шунидам. 
«Тамошо кардам, ду бозии охирро. Бозии гузаштаро дидаму умед доштам, ки ин давр низ бачаҳои мо ғолиб меоянд. Чун Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро дуои хайр дода буд. Имшаб касеро намондам, ки шабакаи телевизиони “Варзиш”-ро иваз кунад, то соати 12 тамошо кардам. Пас аз 5:3 ба фоидаи Тоҷикистон шудани бозӣ ва эълони ғолиб дилам ором гирифту хоб рафтам», - хандида гуфт холаи Зарифмо, сокини шаҳри Душанбе.
Воқеан, доштани ҳисси баланду худогоҳии миллӣ, пойдории сулҳу ваҳдат ва якдилӣ бори дигар собит сохт, ки имрӯз ҷавонони мо ба хотири баланд бардоштани Парчами давлатӣ ва муаррифӣ намудани халқу диёри хеш далерона омодаанд то охирин лаҳза мубориза баранд. Онҳо афтону хезон медавиданду мепариданду танҳо Тоҷикистон мегуфтанд. Ин аст ҳисси баланди ватандӯстӣ.  

Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»                

Санаи нашр: 31.01.2024 №: 22
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив