ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФАРҲАНГ. НОГУФТАҲОЕ, КИ БОЯД ГУФТ

ФАРҲАНГ. НОГУФТАҲОЕ, КИ БОЯД ГУФТ

22 феврал 2024, Панҷшанбе
13
0


Шунидам, ки фарзанди як падару модар аз Россия занг зада гуфтааст: 
– Ба акаам гӯед, таҳкурсии манзили истиқоматиамро партояд, ҳаққашро чӣ хеле дар Россия ҳаст, ҳамон қадар медиҳам. Бе ин ҳам бекор гаштааст. 
Гуфтанд, ки холаи арӯсшаванда барои кӯрпарезӣ ва дӯхтани дигар ҷиҳози арӯсӣ аз хоҳарзодааш дастмузд талаб кард.
Дидам, ки марде аз ду ҷавон хоҳиш намуд, мошинашро тела диҳанд, то ба кор дарояд. “Ба ҷаноза рафта истодаам, дер накунам, мегӯям”,– гардан каҷ кард он мард. Ҳар ду ҷавон бепарвоёна гуфтанд: “Чанд сомонӣ медиҳӣ?” (ба ростӣ, ҳуш аз сари кас мепарад).
Дидам, ки марде аз мусофиркаш (таксист) хоҳиш намуд, сад сомониро ба шаҳри Душанбе бурда, ба фарзанди донишҷӯяш диҳад, савоб мегирад. Ронанда дарҳол гуфт: “Барои хизмат даҳ сомонӣ”.
Мушоҳида кардам, ки ду наврас духтарчаи ҳамсинни худро озор медиҳанд. Ду марди миёнасол ба ҷое, ки наврасонро насиҳат кунанд ва онҳоро аз роҳи бад баргардонанд, бе дахолат раҳ пеш гирифтанд. Яъне, мор туро газад, маро чи ғам...
Гумон намекунам, ки аз ин хусус шумо – хонандаҳои рӯзнома, мушоҳидаҳо надошта бошед...
Чӣ шудааст ба мо?! Наход анъанаҳои некбинии мо аз байн раванд?!...
Панҷоҳсолаву шастсолаҳо медонанд, ки барои ин гуна амалҳо ҳаққи хизмат талаб кардан айб буд. Ин корҳоро барои савоб гирифтан ба ҷо меоварданд. Аз ёд нарафтааст, солҳое, ки ҳанӯз хишту шифру тунука набаромада буд, ҳашари лойкунӣ, хокпартоӣ, андовакунии деворҳо ва амсоли инҳо бе ягон музд иҷро мешуданд. Алафдаравӣ, нармкунии замин, гандумкорию зағирпошӣ ройгон буд. Барои дараву ҷамъоварии зироатҳо ҳашар ташкил мегардид. Одамон бо ҳамин роҳ савоб мегирифтанд, риштаҳои дӯстию ҳамсоягиро мустаҳкам менамуданд, мунису ғамхори ҳамдигар буданд.
Инҳо ҳама оину анъанаҳое ҳастанд, ки тули таърихи мавҷудияти миллати тоҷик, пушт ба пушт амал мекарданду маънии меҳру муҳаббат, раҳму шафқатро доштанд. Мавриди зикр аст, ки расму анъанаҳои аҷдодӣ баробари садоқат ба ҳамдигарӣ, хароҷоти хонаводагиро кам мекунад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” маҳз ҳамин мақсадро талқин мекунад. 
Анъанаҳои неки дигари миллати тоҷик эҳтироми калонсолон аз ҷониби хурдсолон мебошад. Албатта, мо намегӯем, ки он аз байн рафтааст, аммо костагӣ ба назар мерасад. Масалан, дар маъракаҳо аз калонсолон боло гузаштани ҷавонон мушоҳида мешавад. Ду-се сол боз ҳаҷравӣ ба анъанаи хонаводагӣ табдил ёфтааст. Акнун, наврас ё ҷавонеро, ки волидайн аз рӯи ҳавас ба ҳаҷ мебаранд, дар бозгашт “болонишин” мешавад. Яъне, “ман ҳоҷӣ”, –  гуфта аз калонсолон боло менишинад. 
Бояд донист: дини мубини ислом ин гуна рафторро билкул намеписандад!
Мутаассифона, айни замон анъанаи салом додани хурдсолон ба калонсолон, ба аёдати беморон рафтану дилбардории онҳо, кафил шудан барои барпо кардани оила ва даҳҳо ҳамин гуна расму анъанаҳои дорои хусусиятҳои инсондӯстона, ки аз умдатарин анъанаҳои тоҷикона буда, ҳикмати чандинсолаи моро таҷассум мекунанд, тавре дил мехоҳад, риоя намешаванд. 
Риояи урфу одат, расму анъанаҳои мардумӣ (албатта, бо ҷудо намудани онҳо аз хурофоту амалҳои зарарнок) зиндагии осоиштаи моро рангу ҷило медиҳад, пурмаънӣ мекунад. Мо бояд бо анъанаҳои миллии худ ифтихор кунем, на ин ки онҳоро ба боди  фаромӯшӣ супорем. Аз ҷониби бонувон кӯтоҳ кардани мӯй, сатрпӯшӣ магар хоси тоҷикон буд? Дар ин маврид Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид месозанд: “Миллате, ки ба анъанаҳо, урфу одатҳои аҷдодӣ ва ойинҳои миллии хеш ифтихор надорад, наметавонад аз неъмати бебаҳои истиқлол баҳра гирад, дар бунёди давлат ва давлатдории навин саҳм гузорад”.
Тоҷиконро ҳамчун миллати сулҳпарвар, озодандеш, соҳиби тамаддун ва фарҳанги бузурги миллӣ бо анъанаҳои нек, урфу одатҳои созандаву хайрхоҳона мешинохтанду мешиносанд. Вақте аз забони хориҷиён дар бораи меҳмоннавозии тоҷикон мешунавем, сарамон ба осмон мерасад. Пас, бояд ба ин сифату ин одати худ содиқ ҳамеша бошем!

Ҷӯрабек МУЪМИН, 
Корманди шоистаи 
Тоҷикистон

Санаи нашр: 21.02.2024 №: 36-37
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив