ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » Ҳамоиш дар партави мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин 

Ҳамоиш дар партави мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин 

04 апрел 2024, Панҷшанбе
34
0


3-юми апрел дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии раиси комиссияи одоби вакилони Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода бо кормандони масъули ин мақом вобаста ба ҳадафҳои мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин доир гашт.
Таъкид шуд, ки дар  мулоқот бо фаъолон Пешвои миллат доир ба равандҳои ташвишовари бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи амалиёти террористӣ, тундгароӣ ва ифротгароии динӣ ва таъсиргузории онҳо ба фазои иттилоотии мо ба таври возеҳу равшан ибрози андеша намуданд. Дар ин бора ба мо аз Маҷлиси намояндагон иттилоъ доданд. 


Маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар медиҳад
Маркази матбуоти КДАМ изҳор доштааст, ки баъзе воситаҳои ахбори оммаи ба ном мустақил ба таҳрифи вазъият даст зада, ҳар гуна маълумоти носанҷида ва иғвоангезро оид ба дастгир намудани шаҳрвандон дар алоқамандӣ бо кӯшиши анҷом додани амалҳои террористӣ дар арафаи Ҷашни Наврӯз паҳн месозанд.
«Таъкид менамоем, ки ин хабарҳо асоси воқеӣ надоранд»,– гуфта мешавад дар хабари маркази матбуоти КДАМ. 


Ҷаласаи навбатии намояндагони доимии давлатҳои аъзои СҲШ 
 1-2-юми апрел дар Котиботи СҲШ, дар шаҳри Пекин, ҷаласаи навбатии намояндагони доимии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор шуд. 
Котиботи Созмон иттилоъ додааст, ки зимни ҷаласа лоиҳаи Стратегияи рушди Котибот то соли 2035 ва масъалаҳои мубрами фаъолияти кунунии Созмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.


Харитаи роҳ оид ба рушди самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Россия 
Бо мақсади баррасии Харитаи роҳ оид ба рушди самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ барои солҳои 2024-2025 байни Тоҷикистон ва Россия вохӯрии намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Россия баргузор гардид.
Тавре аз Вазорат ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба масъалаҳое, ки барои амалисозии Харитаи роҳ байни вазоратҳои тандурустии ду давлат дар назар гирифта шудаанд, мубодилаи афкор намуданд.


Имзои Созишномаи ҳамкорӣ дар самти ҳифзи гуногунии агробиологӣ 
Дирӯз зимни мулоқоти раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода ва намояндаи Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев масъалаҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуданд. 
АМИТ «Ховар» зикр кардааст, ки ҷонибҳо оид ба масъалаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, ки дар самти ҳифзи муҳити зист мавриди таваҷҷуҳ қарор доранд, ба мувофиқа расиданд. Дар вохӯрӣ байни Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзӣ (ФАО) ва Маркази миллии амалҳо оид ба ҳифзи муҳити зист Созишномаи ҳамкорӣ дар самти ҳифзи гуногунии агробиологӣ ва захираҳои генетикӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

Санаи нашр: 04.04.2024 №: 62
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив