ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТАРБИЯИ АХЛОҚӢ, ЯЪНЕ ЧӢ?

ТАРБИЯИ АХЛОҚӢ, ЯЪНЕ ЧӢ?

11 апрел 2024, Панҷшанбе
10
0


Дарки дурусти масъала барои ҳалли дурусти он имкон фароҳам меорад. Аз ин рӯ, суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар (9-уми марти соли 2024) аз ҷониби масъулон ба мардуми одӣ бояд ташреҳу тавзеҳ ёбад. Инчунин, ҷавҳари онро бирасонанд.
Мавзуи ин мулоқот фарогир аст. Ҳар кадомро мебояд дар ҷову мавқеи худ бо дониш, таҳлили амиқ ба мардум расонид, то бо дарки он, шинохти масъулияти инсонию исломӣ дар пайи рафъи камбудиҳои мавҷуда камари ҳиммат баста шавад.
Дар ин суханронӣ қариб ҳамаи масъалаҳо иртибот гирифтааст ба тарбияи ахлоқии ҷомеа, одобу ахлоқи ҳамида. Тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд: «Ходими дини масъулиятшинос ва дӯстдори Ватану миллату давлат ҳеҷ гоҳ дар корҳои неки тарбияи ахлоқии ҷомеа, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта бетарафӣ намекунад…».
Ва низ: «Ба мардум, хусусан ба наврасону ҷавонон, фаҳмондани эҳтироми падару модар, шахсони калонсол, одобу ахлоқи ҳамида, бахусус фарҳанги муоширату муомила дар кӯчаву хиёбон ва ҷойҳои ҷамъятӣ, одоби оиладорӣ ва бисёр масъалҳои дигари иҷтимоӣ, вазифаи имониву виҷдонии шумо мебошад».
Нахуст, бояд худи ходими дин ва ҳар нафаре, ки тарбияи ахлоқии ҷомеаро расман ба уҳда мегирад, тарбиядида ва бо ахлоқи ҳамида дар миёни мардум эътирофгардида  бошад. Вақте ки дониш ва амал шахси масъулро ба ин мақоми баланд, ки ахлоқи ҳамида аст, нарасонда бошад, на барои худ нафъе расонда,  на дигаронро ба роҳи рост раҳнамоӣ карда метавонад. 
Дар либоси сафед одитарин доғ, сиёҳӣ зудтар намоён мешавад ё худ ба чашм мерасад. Боварию эътимоду эътиқоди мардум нисбати ин гуна шахсони масъул аз миён меравад. Даъвату  раҳнамоӣ, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта,  тарбияи ахлоқии ҷомеа усулҳои худро дорад, ки,  мутаассифона, на ҳамаи ходимони дин ба онҳо ошноӣ доранд. Махсусан, дар ин шабу рӯзе, ки ҷавонон дар дигар кишварҳо тарбия ёфтаанду дониш андӯхтаанд, масъулият бояд бештар шинохта шаваду баҳсҳову одоби муошират, муомиларо дар доираи ҳусни тафоҳум зарур аст, ки баргузор намуд. Баъзе аз мусулмонзодаҳо такя бар дониш мекунаду одобро фаромӯш месозанд.  Аллома Муҳаммад Иқбол барҳақ фармуда буд:
Адаб перояи нодону доност,
Хуш он к-ӯ аз адаб худро биёрост.
Надорам он мусулмонзодаро дӯст,
Ки дар дониш фузуду дар адаб кост.

Зиндагинома, панднома, асарҳои шайхону олимони дини гузашта дар ин маврид беҳтарин дастур аст, ки бояд аз он истифода бурд.
Ва ҳам дуруст фармудаанд:
Сурататро чӣ кунам,  чун ту надорӣ 
сират?
Кас ба як ҷав нахарад сурати бемаъниро.

Агар тарбияи ахлоқии ҷомеа дуруст ба роҳ монда нашавад ва дар ин маврид таваҷҷуҳи  махсус роҳир накунем, ҳамаи амалҳо, дастовардҳоямон, ба  яқин, барбод хоҳад шуд. Ривоҷи ҳама гуна фасод, қадрношиносӣ аз надонистану нашинохтани ахлоқи ҳамида аст. Ҳама гуна қонунҳои интизомӣ дар ин сурат сарфи назар мегардад.
Ҷомеае, ки  дар  он  ахлоқи ҳамида устувор несту тарғиб намешавад, ҳеҷ гоҳ рушди дуруст намекунад, намуна шуда наметавонад.
Бо дарки дақиқу амиқи ҳамин масъала паёмбари гиромиқадрамон (с) эълон дошт: «Ҷуз ин нест, ки ман барои такмил кардани арзишҳои ахлоқӣ мабъус гардидам», яъне фиристода шудам. 
Уламо ворисони паёмбаранд ва мо  – мусалмонон уммати ӯем. Оё ин масъулиятро ҳамчун ворису уммат дуруст шинохтаем? Агар шинохтаем, чӣ коре дар ин маврид ба фоидаи ҷомеа анҷом додаем? Посухи дурусту сазовор дорем?  Не. Дурӯғ посух нест ва ҳам сифати мусулмон. Чӣ қадар дурӯғ мегӯем, дурӯғ мешунавем. Кор то ба ҷое расидааст, ки то дурӯғ нагӯӣ, боварат намекунанд. Оре, баски  аз ростӣ дур шудаем, онро монеи пешрафту дастовардҳои шахсӣ ҳисобидаем. Панҷ вақт ба ҳар рӯз намоз мегузорем  ва мегӯем: « Ҳидоят кун моро ба роҳи рост». Мегӯем, ба Худо муроҷиат мекунем. Чаро қабул надорем, ки роҳи ростро мебинем, мешиносем, аммо онро интихоб намекунем?  Пас ин гуфтаву муроҷиат барои чӣ аст? Мехоҳем Худоро ҳам бифиребем?! Афсус, на Худо, балки нафсро бандагӣ мекунем. Уламои асил барои дарки дурусти масъала садҳо мисол овардаанд ва ин масъаларо дуруст шарҳу тавзеҳ додаанд. Нафс, изҳор медоранд, ки ноқис офарида мешавад ва ба муҷоҳада (ҷаҳду кӯшиш) бар ахлоқи неку пухта мешавад. Бояд таъкид дошт, ки нафсҳоро зарур аст, ки  шинохт, то ин ҳар дуро бо ҳам наомезем.
Чун ҳақиқат дарку фаҳмида шуд, инсон барои тағйири худ, яъне ахлоқи ҳамидаи худ, саъй ба харҷ медиҳад ва ҳатман тағйир меёбад. Дар ин тасмимгирӣ набояд ноумед шуд. Ҷойи таассуф аст, ки дар намозҳои панҷгона мегӯем: «Танҳо туро ибодат мекунем ва танҳо аз ту ёрӣ мехоҳем». Аз рӯи ин ояи қуръонӣ, ки мегӯем, оё ҳама дуруст амал мекунем? Не. Аз нафароне ёрӣ мехоҳем, ки аз роҳи фасод сарват андӯхтаанд, ба мақоме расидаанд. Ба ин хотир, тавсифашон мекунем, барояшон асарҳо менависем, онҳоро Ҳотами давр мехонему авлиёи замон. Баъди муддате фасоду амалҳои ноҷояшон, зидди ҷомеашон ошкор мегардад ва ҷойи худро дар пушти панҷараи маҳбас мебинанд. 
Чӣ қадар дурӯғҳое ҳам дар бораи худи онҳову волидонашон эҷод шудаанд. Онҳоро соҳибкаромот ҳам кардаанд. Дар хобашон даромадааст, ки дар боғҳои Фирдавс, дар ҷаннат бо осоиши хотиру ризомандӣ сайр доранд.  Худо бинову шунавову доно аст ва ин гуна ҳарфҳоро мешунавад. Тавсифи амалҳои бадкорон гуноҳе бузург аст ва, ҳамзамон, парда кашидан ба рӯи ҳақиқат.
Фармудаи Худо аст дар ҳадиси қудсӣ: «Намози касеро қабул мекунам, ки бо намозаш дар баробари азаматам тавозуъ ва фурӯтанӣ кунад, бо он бар махлуқотам гарданкашӣ нанамояд, шабро бо исрор ва пофишорӣ бар гуноҳ ба хоб наравад ва рӯзро дар ёду зикр сипарӣ намояд, бар фақир, ғарибу бехонумон, бевазанон ва захмдидагон раҳм кунад». Раҳм кардан дасти ёрӣ дароз кардан ҳам ҳаст, мабодо онро маҳдуд бифаҳмем. 
Пешвои миллат барҳақ дар ин мулоқот фармудаанд: «Шумо хуб медонед, ки ходим,  яъне хизматгори дин будан маънии масъулият доштан ҳам дар назди Худо ва ҳам дар назди мардумро дорад». Ин масъулият, ки аз ҷумла тарбияи ахлоқии ҷомеа мебошад, аз ҷониби Сарвари давлат махсус таъкид шуд. Албатта, шинохти ин масъулиятро аз дигар масъулон хостор шуданд, то  кишвари мо бештар аз пештар рушд бикунаду  обод бишавад ва зиндагии мардумамон беҳтару осоиштатар  гардад. 

Абдулқодири РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 11.04.2024 №: 66-67
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив