ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЧАРО ҶАВОНОН ФИРЕФТАИ ҒОЯҲОИ ИФРОТӢ МЕШАВАНД?

ЧАРО ҶАВОНОН ФИРЕФТАИ ҒОЯҲОИ ИФРОТӢ МЕШАВАНД?

25 апрел 2024, Панҷшанбе
112
0
Бо вуҷуди чораҳои зиёди андешидаи Ҳукумати кишвар, мутаассифона, дар баъзе ҳолатҳо пайвастани шаҳрвандони Тоҷикистон, хоса ҷавонони тоҷик, ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ мушоҳида мешавад. Ҳатто, аҳёнан, онҳо даст ба амалҳои террористӣ мезананд, ки нигаронкунанда мебошад. 

Чаро ҷавонони мо фирефтаи ғояҳои ифротӣ мешаванд, кадом омил ба ин мусоидат мекунад ва чӣ бояд кард, ки пеши роҳи паҳншваии ин зуҳуроти номатлуб гирифта шавад? Дар робита ба ин масъалаҳо, мусоҳибаи ихтисосии Моҳира Сангмамадова, муовини сармуҳаррири рӯзномаро бо Абдулмуҳаммад Ҳилолӣ, доктори илми фалсафа, муаррих, ховаршинос ва Рустам Азизӣ, номзади илми фалсафа, диншинос, коршиноси масоили пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизму терроризм манзури хонандагони худ мегардонем. Шакли видеоии мусоҳибаро метавонед аз Ютуб-канали рӯзномаи “Ҷумҳурият” тамошо намоед.


– Чаро маҳз тоҷикон  ба унвони иҷрокунандагони амалҳои террористӣ интихоб ё таъин мешаванд. Зимнан, амалҳои террористии бо иштироки тоҷикон пӯшиши иттилоотии миқёсан мегиранд. Ин ба мавқеи қотеонаи Тоҷикистон доир ба эътироф накардани ҳукумати “Толибон” рабт дорад ё ягон сенарияи нави “бозиҳои калон” бошад?
Абдулмуҳаммад Ҳилолӣ: Ба хотир биорем, ҳанӯз аз даҳаи дувуми ин қарн  баъзе аз фарзандҳои нохалаф, аз ҷумла Гулмурод Ҳалим, ба  ДИИШ пайвастанд ва номи миллатро то ҷое доғдор намуданд, аммо он замон  ба ҳувияти қавмию миллии  чунин ашхос чандон диққат дода намешуд. Онҳоро бо лақаби террористони ба ном «исломӣ» ёдовар мешуданд, яъне ҳувияти динии онҳо дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт. Аммо дар ҳаводиси охир, бахусус дар ҳамлаи маргталабон ба таҷаммуи одамон дар шаҳри Кирмони Эрон ва воқеаи маҷмааи “Крокус Сити Ҳолл”-и шаҳри Красногорски вилояти Москва, бештар тамаркуз ба номи тоҷику тоҷикистонӣ шуд. Чаро? Албатта, тарзу ҳадафҳои ин ду воқеа  аз ҳамдигар тафовут доранд, вале, дар маҷмуъ, ҳар ду ба ҷуғрофиёи сиёсӣ ё геополитикаи кишварҳои абарқудрат сахт марбутанд. Расонаҳои ғарбӣ дар инъикоси ин ҳаводис гуфтанд, ки ин кори ДИИШ аст ва ба қавмияти иҷрокунандагони амал тамаркуз накарданд.  Мутаассифона, тоҷикон дар ин бозиҳои геополитикӣ як абзоре шуданд. 

   

Рустам Азизӣ: Саволи матраҳ ин аст, ки оё тоҷикон дар ин ҷо фирефта ё қурбонии бозиҳои геополитикӣ шуданд? Иттилооти расмии расонаҳои русӣ саволҳоро боз ҳам бештар намуд. Биёед ба воқеият ва фактҳо назар кунем. Он нафаронеро, ки расонаҳои русӣ ҳамчун иҷрокунандаи амалҳои террористӣ намоиш доданд,  аслан, шабеҳи террорист нестанд. Инҳо ё фирефта шуданд ё барои берун бурдани таваҷҷуҳи неруҳои вижаву мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истифода гаштанд.

Берун аз бозиҳои геополитикӣ, ба ин масъала, аз дохил ба пӯшиши иттилоотии он агар назар кунем, вобаста ба он иттилооти дар расонаҳо бисёр талқиншуда, ки гӯё тоҷикон аслу маҳаки ДИИШ-и Хуросон бошанд, аслан воқеият надорад. Чун ҳама медонанд, ки роҳбарияти сатҳи олии ДИИШ-и Хуросон ва сатҳи поёни роҳбарӣ ҳам тоҷикон нестанд, балки як маводи масрафианд. 
Чаро ин масъала бештар рабт дода мешавад ба тоҷикон? Мавқеи Тоҷикистон дар бораи эътироф накардани ҳаракати “Толибон” аз мавқеи ҷомеаи ҷаҳонӣ фарқ намекунад, чунки ҳеҷ кас “Толибон”-ро эътироф намекунад. Аммо Тоҷикистон ин мавқеашро бисёр қотеона баён кард ва ин чолишҳоро ба вуҷуд овард: аввал, ин чолиш байни “Толибон”-у Тоҷикистон ва тоҷикони Афғонистон;  дувум, дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди хомӯшии кишварҳои дигар ҷасорату ғайрати Тоҷикистон метавонад рашки дигаронро биёрад.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар интихоб мегузарад. Яъне, ҳастанд “Толибон”, ки “бачаҳои  баданд”, вале ҳастанд ДИИШ-иҳо, ки бадтар аз инҳоянд. Мо бояд миёни баду бадтар интихоб кунем. Агар шумо хоҳед, ки бо он бадтар мубориза баред, пас бояд бо “Толибон” бо як шева ё навҳае дар гуфтугӯ бошед. Вале имрӯз аз он ДИИШ-е, ки дар Ховари Миёна буд, танҳо ном аст ва чизе ки боқӣ мондааст, ДИИШ-и Хуросон аст, ки бештар дар хоки Покистону Афғонистон воқеъ мебошад. Бинобар ин, ҳадафҳои онҳо дигар ҷаҳонӣ нест, танҳо дар доираи минтақа буда, тоҷикистониён барояшон як маводи масрафии муфиданд. Ба фарзи мисол, барои анҷом додани амали террористӣ дар Эрон, аз арабу африқоӣ дида, тоҷик чун ҳамзабононанд ва нисбаташон ҳассосият нест, мувофиқтар буд.  
    
– Ҳукумати кишвар муборизаи қатъиро барои пешгирии экстремизму терроризм пеш мебарад ва дар байни омма шиорҳои қотеона садо медиҳад, вале сатҳи гаравишу пайвастан ба гурӯҳҳои ифротӣ ва содир кардани амалиётҳои террористӣ ҳарчанд аҳёнан бо иштироки тоҷикон рух медиҳанд, боиси нигаронист. Аз ин вазъ Роҳбари давлат низ зимни суханронияшон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин изҳори нигаронӣ намуданд. Чаро ҳамаи ин тадбирҳо самараи дилхоҳ намедиҳанд?
Рустам Азизӣ: На, хайр, натиҷа ҳаст. Биёед аввал аз натиҷаҳо суҳбат кунем ва баъдан аз камбудиҳо – он чизҳое, ки хостему мутаассифона, нашуд. Вақте Тоҷикистон бо ин мушкилот рӯ ба рӯ гардид, аввалин коре, ки анҷом дода шуд, ин ворид намудани як қатор тағйирот дар қонунгузории кишвар буд. Масалан, татбиқи афв барои афроди пушаймоншуда, ки таҷрибаи бесобиқа дар минтақа маҳсуб меёбад; дар қиёс ба кишварҳои минтақа, Тоҷикистон шаҳрвандии ашхосе, ки ба амалҳои террористиву экстремистӣ даст мезананд, бекор накард. Яъне, давлат масъулияти худро нисбат ба ин гуна афрод аз уҳдаи худ нагирифт. Кишварҳои ҳамсоя, агар шаҳрвандашон террорист ё экстремист шаванд, шаҳрвандиашонро бекор карда, давлат дигар ҳеҷ масъулиятеро бар дӯш намегирад. Ин тадбир боис шуд, ки беш аз ҳазор нафар шаҳрвандони мо баргашта, афв шуданд. Ҳамчунин, теъдоди тақрибан панҷсад нафар занону кӯдакони ашхоси ба созмонҳои террористӣ пайваста, аз минтақаҳои ҷангзада ба Ватан баргардонда шуданд. Ҳатто, афроди зиндонӣ чанд бор афв шуданд. Вобаста ба ин тадбир шакку шубҳаҳо буданд, ки баъди афв эҳтимоли дубора  даст ба амалҳои номатлуб задани онҳо вуҷуд дорад. Аммо, бинобар омори соли 2018-и ВКД, гарчанде каме куҳна ҳам бошад, аз 111 нафари афвшуда, танҳо ду ҳолати баргаштан ба фаъолияти пешин ҷой дошт, ки хеле кам аст.  Аз лиҳози гуманистӣ ин таҷрибаи беҳтарин буд. Вале мо дастовардҳои худро натавонистем ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунем.
Он чизҳое, ки, мутаассифона, мо натавонистем дар он муваффақ шавем чист? Дар ҷомеа ҳамгироию ҳамбастагӣ он тавре ки бояд бошад, ба вуҷуд наомад. Худи ҷомеа дар муқовимат ба ин хатар вокуниши кам нишон медиҳад. Масалан, ташаббусҳои ҷомеа барои ҷалби ҷавонон ба варзиш, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ба монанди ин шуғлҳои дигаре, ки метавонанд ҷавононро аз роҳи бад боздоранд, мустақилона анҷом дода намешаванд. Яъне, ташаббусҳои иҷтимоӣ хеле каманд. 
Абдулмуаҳаммад Ҳилолӣ: Чӣ бояд кард, ки ба натиҷаҳои беҳтар ноил шавем? Аз лиҳози назариявию фалсафӣ, агар гирем, бояд таълиму тарбияи дурусту ақлонии диниро ба роҳ монем, ки дар тартибу ташкили барномаи он аҳли зиё, вазоратҳои фарҳанг, маориф ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим метавонанд нақши калидӣ дошта бошанд. Таълимоти диниро мебояд  дар тавозун ва ҳамбастагии жарф бо таълимоти дунявӣ ба роҳ монд. Дар Тоҷикистон, ки аксарияти мардуми мусалмон аз мазҳаби ҳанафия  ва бархи дигаре аз мазҳаби исмоилия пайравӣ мекунанд, барои роҳандозии чунин барномаи таълимӣ шароити мусоиди фарҳангӣ вуҷуд дорад. Агар мо таълимоти диниро аз рӯи ғояҳои башардӯстонаи  ин ду мазҳаб бо истифода аз рӯйкарди таърихӣ ва фарҳангӣ   дар мактабу донишгоҳҳо дуруст ба роҳ монем, фикр мекунам, ки хатари пайвастани ҷавонон ба мазоҳиби  бегонаву ақидаҳои ифротгаро батадриҷ коҳиш хоҳад ёфт. Дар адами чунин таълимот ҷавонон, бахусус онҳое, ки дар ҷустуҷӯи ҳувияти динӣ ҳастанд, мутаассифона, ба дигар манбаъҳои маълумоти динӣ рӯй меоваранд, ки бештари онҳо бар хилофи таълимоти суннатӣ ва ақлонӣ мебошанд ва имрӯз интернет ва дигар шабакаҳои маҷозии иҷтимоӣ аз чунин маълумот пур аст. 
Рустам Азизӣ: Дар барномаи дарсии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фанни “Таърихи дин” ҷорӣ гардидааст. Вақте як санҷишро дар мактабҳо гузарондем, дидем, ки ин фанро омӯзгорони ҷуғрофия, риёзиёт, информатика дарс медиҳанд. Аз ин бармеояд, ки масъулон нисбат ба ин фан муносибати ҷиддӣ надоранд. Албатта, ниёз нест, ки руҳониёнро ба ин кор ҷалб намоем.  Барои ин пешниҳод дорам, ки дар факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон як зерихтисоси муаллими таърихи дин таъсис бидиҳем, то он ки мутахассисони дунявии таълими динро омода намоем. 
Абдулмуҳаммад Ҳилолӣ: Дар ин росто, мехостам боз илова кунам, ки масъалаи чигунагии рӯйкард  ба таълимоти динӣ хеле муҳим аст. Таълимоти динӣ ҷанбаҳои гуногун дорад, аз қабили фалсафӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, теологӣ ва ғайра. Дар барномаи мукаммалу ақлонии динӣ ин ҷанбаҳо бояд таъкид шаванд, зеро Ислом фақат як теология ё каломшиносӣ ё шариат нест. Ҷанбаҳои дигар ҳам дорад. 
 
– Дар эҷоди масуният бар зидди экстремизму терроризм тафаккури интиқодӣ омили муҳим мебошад. Барои ташаккули тафаккури интиқодӣ дар насли имрӯз соҳаи маориф нақши калидӣ дорад. Ба андешаи Шумо, Вазорати маориф ва илм бояд дар ин самт кадом тадбирҳои мушаххасро андешад?
Абдулмуҳаммад Ҳилолӣ: Пеш аз ҳама бояд бидонем, ки худи мафҳуми тафаккури интиқодӣ чист. Баъзеҳо, ҳатто, вақте калимаи танқидро мешунаванд, барояшон он як чизи манфӣ менамояд. Ҳоло он ки, мафҳуми “танқид” решааш нақд буда, маънояш байни сараву носара фарқ гузоштан аст. Тафаккури интиқодӣ, яъне санҷиши дақиқ, савол гузоштан ва муқоиса кардан аст. Он касро аз кӯр-кӯрона бовар кардан ба маълумоти ҳархела эмин медорад.  Агар мо  инро як усули муҳими педагогӣ дар мактабҳо истифода барем, қобилияти фикрронии хонандагон ташаккул меёбад. Омӯзгор ҳангоми мавзуи навро ба хонанда фаҳмондан, фикри онҳоро дар борааш бояд пурсад. Масалан, гирем дар бораи пайдоиши Ислом. Хуб, Ислом дар асри VII пайдо шуд ва ҳоло кадом аср аст? Чӣ тафовути байни замони мо ва замони Паёмбар (с) вуҷуд дорад? Вақте ки Қуръон барои Паёмбар Муҳаммад (с) нозил шуд, дар Макка вазъ чӣ гуна буд? Чунин саволгузорӣ хонандагонро водор месозад, ки амиқтар ба таърихи рӯдодҳо, ҳадафу паёмҳои онҳо ошно гарданд ва бо истифода аз усули тафаккури интиқодӣ ба онҳо баҳо диҳанд.  Дар ин ҷо боз метавон ҳаҷро мисол овард, ки он чи гуна ва бо кадом ҳадаф иҷро мегардад. 
Бешак, он яке аз аркони ислом аст, аммо чи гуна дар зеҳни мардум ҷой кунем, ки ҳаҷ боз паҳлуҳои маънавӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ ҳам дорад. Яъне, агар кас ҷӯёи Худо бошад, онро на танҳо дар Каъба балки дар ҳама ҷо метавон зиёрат кард ва барои он тай кардани роҳи дур ва сарф кардани пули зиёд шарт нест. Пеш аз Ислом ҳам Каъба вуҷуд дошт ва арабҳои он замон, ки бутпараст буданд,  ҳар сол ба зиёрат меомаданду маблағ медоданд. Бо омадани Ислом мазмунаш каме тағйир ёфт, аммо ҷанбаи иқтисодиаш барои ходимони он боқӣ монд. Чи гунае ки Роҳбари давлат дар суханронияшон зикр карданд, ин маблағҳоро агар мо барои ободонӣ дар Ватан сарф кунем, албатта, ҳаҷҷи мо ба даргоҳи Худо қабул мешавад. 
Рустам Азизӣ: Ин андешаҳои Шумо як бархурди бисёр оқилона ҳаст. Аммо бисёр аз шаҳрвандони мо тақлиди кӯр-кӯрона мекунанд. Бисёриҳо, ки сафари ҳаҷро анҷом медиҳанд, ҳатто, паёми аслии онро дарк намекунанд. Як сабаби ифротгароӣ маҳз ҳамин тақлидкорӣ ва кӯр-кӯрона анҷом додани маросимҳои динӣ мебошад. 
Бояд бидонем, ки нақд ва далелсанҷӣ ин руҳияи Ислом аст. Худи китоби Қуръон барои мусалмонон паёме дорад: “Эй касоне, ки имон овардаед, агар фосиқе бароятон хабаре овард, таҳқиқ кунед, мабодо аз рӯи нодонӣ ба мардуме осеб (ранҷ) бирасонед, он гоҳ, аз коре, ки кардаед, пушаймон шавед” (сураи Ҳуҷурот, ояти 6).  Дар воқеъ, тафаккури интиқодӣ метавонад, ки масунияти моро дар баробари ифротгароӣ эҷод кунад.  
 
– Пас маорифи кишвар дар ин самт бояд чӣ кор кунад?
Рустам Азизӣ: Низоми маорифи мо, мутаассифона, аз замони Иттиҳоди Шуравӣ ҳамин хел омад, ки мо баъзе аз малакаҳои нармро дар хонанда ё донишҷӯ ташаккул намедиҳем. “Додани маълумот” ҳоло ҳам равиши соҳаи маориф боқӣ мондааст. Ҳоло он ки, дар замони мо ин дигар умуман равиши маориф бояд набошад. Ба хонандаву донишҷӯ бояд малакаҳои фикрронӣ ва малакаҳои ҳаётиро омӯзонд.
Дар баробари тафаккури интиқодӣ, мо бояд дар насли имрӯза ҳисси зебоишиносиро талқин кунем. Вақте инсон ҳисси зебоӣ надорад, ӯ хашину харобкор мешавад. Ду фанни дарсие, ки дар хонандагон метавонад ҳисси зебоишиносиро рушд диҳад, ин фанҳои санъати тасвирӣ ва суруду мусиқӣ аст. Аммо дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ин фанҳо ба таври лозимӣ ба роҳ монда нашудааст. Мисли фанни таърихи дин дилхоҳ омӯзгор ин фанҳоро дарс медиҳад. 
Дар робита ба ин, саргузашти як ҷавони тоҷикро мисол меорам, ки қариб ба доми ифротиҳо меафтоду мазҳаби салафиро қабул мекард, вале ҷавонро мусиқӣ наҷот дод. Чунки ӯ дар мактаби мусиқӣ таҳсил карда, пианинонавози касбӣ буд. Вақте мегӯяндаш, ки пианинонавозӣ ҳаром аст ва ӯ бояд аз ин ҳунараш даст кашад, қабул намекунад. Ба гуфти ҷавон, ин ҳунар барояш арзиш дошт ва ӯ ин ҳунарро беҳуда ҳафт сол наомӯхтааст. Яъне, дар баробари огоҳӣ, неруҳои нарм ҳам метавонанд муассир бошанд. 
– Маркс динро афюни мардум унвон кардааст. Ба андешаи ӯ, дин барои аз ҷониби синфи ҳукмрон ба сифати абзори идора кардани омма истифода мешавад.  Маркс мегӯяд, ки тахайюли таҳрифшуда (иллюзия) оид ба мавҷудияти дунёи дигар мардумро аз ҳаёти воқеӣ дур сохта, фикри инсонҳоро дар бораи беҳтар намудани   вазъи воқеии худ парешон месозад. Имрӯз амалу афкори аксарияти мардум дар доираи эътиқодашон на ба хотири инсони воқеӣ будан бо ҳама он рисолатҳои инсонӣ, балки барои роҳ ёфтан ба биҳишт сурат мепазирад. Назари Шумо оид ба ин ҳамоҳангии маънавӣ ва  ҷустҷӯи ҳақиқат чист?
Абдулмуҳаммад Ҳилолӣ: Ин гуфтори Маркс,  албатта, ҷанбаи атеистӣ дорад. Атеизм чуноне ки медонем, Худоро инкор мекунад, вале мо ба ҳеч ваҷҳ ин корро карданӣ нестем. Аммо агар каме жарфтар ба гуфтори ӯ – “дин афюни мардум”, диққат диҳем, фикри ҷолибе пайдо хоҳад шуд. Бубинед, дин бар эътимоду бовари ихлосмандон асос ёфтааст, ки, тибқи он, дар олам қувваи фавқултабиие аст,  ки тамоми ҳасту буди инсон ва дигар махлуқот аз он вовбастагӣ дорад. Бовар дар бисёр мавридҳо бидуни корбурди ҳисси панҷгона сурат мегирад. Агар эътиқод холиву эҳсосотӣ бошад, он бешак ба афюн табдил меёбад ва ба дараҷае мерасад, ки дигар инсон аз ақл кор намебарад. Бисёр террористон маҳз ҳамин гуна амал мекунанд. Дин – зиёдаш заҳр ва камаш нӯшдору. Яъне, дар эътиқоди динӣ тавозуни ақлу эътиқод  бояд риоя шавад. 
Рустам Азизӣ: Ман миёни ифротиҳои сарсахт, ки ё дар зиндон ё мурофиаи судӣ буданд, пурсиш гузарондам. Хостам бифаҳмам, ки онҳо биҳиштро чи гуна мефаҳманд ва аз онҳо пурсидам, ки барои чӣ мехоҳанд ба Биҳишт раванд? Аз 76 нафар пурсидашуда, 72 нафараш гуфт, ки барои ҳурҳо, қасрҳо ва он наҳри ширу асали биҳишт. Яъне, онҳо бисёр ҳам як хоҳишҳои примитивӣ ва ғаризаҳои шаҳвонӣ доранд. Касе аз онҳо нагуфт, ки ба хотири дидани Паёмбар (с) ё дидани имомони худ ва, ҳатто, касе аз онҳо нагуфт, ки ба хотири дидани падару модари хеш. Яъне, берун аз фалсафаи будан ё набудани Худо, аз лиҳози иқтисодӣ назар кунем, ин ангезаҳо ҳақиқат доранд.
 
– Имрӯзҳо тамоили ҷойгузин шудани айнияти динӣ бар айнияти қавмӣ ё шаҳрвандӣ ба назар мерасад ва он ҳам бар асоси андешаҳои ифротии исломгароёна. Рафтору тарзи зиндагии мардум ин зуҳуротро таҷассум мекунад. Андешаи Шумо дар ин бора чӣ гуна аст?
Абдулмуҳаммад Ҳилолӣ: Агар аз лиҳози таърихӣ бигирем, ҳувияти динӣ таърихи ғанитар дорад, назар ба айнияти қавмӣ.  Ислом таърихи 1400-сола дорад. Дар кишварҳои мо дар асрҳои VII-X, аллакай, ҳама мусалмон шуданд. 
Конесепсияи миллат (national) асри XIX дар Аврупо барои сохтани давлатҳои миллӣ рӯи кор омад ва ба дигар кишварҳо паҳн шуд. Баъдан, Иттиҳоди Шуравӣ аз рӯи ин консепсия ҳудуди давлатҳои миллии худро сохт, албатта, дар пояи арзишҳои қавмӣ, на он гунае ки давлатҳои миллии Аврупо дар асоси табор ё шаҳрвандӣ таъсис ёфта буданд.
Ҳувияти тоҷикӣ бешак дар вуҷуди мо буд ва ҳамеша боқӣ мемонад. Бахусус, дар замони истиқлолият бо ташаббуси Ҳукумати кишвар бисёр арзишҳои фарҳангии мо аз сари нав эҳё шуданд. 
Ҳувиятҳо дар ҳамгироӣ бо якдигар бояд нигоҳ дошта шаванд. Барои шинохти онҳо, албатта, корҳои зиёд бояд анҷом дод. Ҳувият мисли “матрёшка”-и русӣ аз чанд қабат иборат аст. Аввал, ман инсоне  ҳастам бо номи Абдулмуҳаммад; ман тоҷик ва баъд мусалмон ҳастам. Яъне, ҳамаи ин қабатҳои ҳувиятро аз хурдӣ дуруст фаҳмонда, дар инсон тарзе ташаккул додан лозим, ки байни онҳо фарқ гузошта тавонад. Дар ин сурат ҳувияти табории миллиро метавон нигоҳ дошт.
Рустам Азизӣ: Форсизабонҳои мусалмонро дар минтақаи ҳозираи Осиёи Марказӣ тоҷикон мегуфтанд. Аммо тули таърихи ислом тоҷик араб нашуд. Ҳамаи бузургони мо, дар баробари ба Ислом хизмат кардан,  аз унсурҳои забонӣ ва қавмии худ даст накашиданд. Ба фарзи мисол, Имоми Аъзам дар китобаш, ки ба забони арабӣ таълиф шудааст, дар охири он чанд калимаеро бо форсӣ навиштааст.  Яъне, мақсад аз ин навиштаҷот ба қавмияти хеш ишора кардан буд. Хонанда бояд медонист, ки муаллифи ин китоб араб не, балки тоҷик аст. Ҳамчунин, дигар бузургони мо, ба мисли Абулқосими Фирдавсӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Носири Хусрав, ки барои Ислом хизмат кардаанд, мусалмон будани онҳо ҳеҷ гоҳ тоҷик буданашонро инкор накардааст.
Унсурҳои миллии мо бо унсурҳои динӣ ҳеҷ гоҳ дар тазод набудаанд, балки хеле табиӣ ҳамоҳанг шудаанд. Дар мисоли ман: номи ман Рустам – вожаи форсии ориёӣ, насабам Азизӣ калимаи арабист. Вақте ман таваллуд шудам, дар гӯшам азон хонданд. Баъдан, модарам бо бонувони дигар русуми мардумии худамонро анҷом доданд. Яъне, унсурҳои диниву мардумӣ тавре бо ҳамдигар пайваст шудааст, ки намешавад онҳоро аз якдигар ҷудо кард.
Он чизе ки имрӯз мебинем, инро низои сунъӣ мегӯянд. Қудратҳое ҳастанд, ки ҳадафмандона ин гуна низоъҳоро месозанд. Масалан, “Ту аввал тоҷик ё мусалмонӣ?”.  Ҳамин гуна савол гузоштан, аввал ин ки ғалат аст ва дувум, ин барои барангехтани низои ҳувиятӣ махсусан равона мегардад. Ҷавонони сода ҳайрон мемонанд, ки чи ҷавоб диҳанд. Фикр мекунанд, ки аввал агар тоҷик гӯяд гуноҳ мекунад. Ҳоло он ки, дар дохили тоҷик мусалмон будан аст.
 
– Сохтани ҳамин бурҳони ҳувиятӣ миёни тоҷикон ва қавмҳои дигари Осиёи Марказӣ дар оянда метавонад, ки яке аз сенарияҳои “бозии калон” бошад?  
Рустам Азизӣ: Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки оянда таблиғоти ифротӣ шиддат мегирад ва он ба фазои иттилоотӣ интиқол меёбад. Барои ба вуҷуд овардани низои ҳувиятӣ унсурҳои диниро дар тазод бо унсурҳои қавмӣ ҳадафмандона пеш мебаранд.
Ҳамбастагӣ дар ҳамаи сатҳҳо – ҷомеа бо ниҳодҳои давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои эҷоди масуният дар баробари ин чолишҳо ба таври зарурӣ вуҷуд надорад. Хеле муҳим аст, ки барои пешгирии зуҳуроти номатлуб ва устувории ҷомеа ҳама, ба истилоҳ, аз боғбон то ронандаи такси ва вазир ҳамоҳанг бошем.
Абдулмуҳаммад Ҳилолӣ: Ба фикри Рустам розӣ ҳастам, ки мусалмон будан ба ҳеҷ ваҷҳ тоҷик ё ӯзбек буданро инкор намекунад. Аммо савол ин аст, ки кадом ҳувияти исломӣ? На он ҳувияти ифротии исломие, ки решаҳои ваҳҳобиву салафӣ дораду болои мардум имрӯз таҳмил мешавад. Ин равияҳо умуман ба Ислом рабте надоранд. Итминони комил дорам, ки Ҳукумати кишвар ва мардуми Тоҷикистон дар алоҳидагӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ақоиди ифротӣ аз ҷомеаи мо решакан мегардад ва номи тоҷик дигар дар радифи террорист қарор намегирад. Ин як умеду орзуи мо барои ояндаи босуботи тамоми мардуми кишвар ва минтақа мебошад.
 
Санаи нашр: 25.04.2025 №: 76-77
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив