ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА ҲАДАФҲОИ ҒАРАЗНОК ФИРЕФТА НАШАВЕД!

БА ҲАДАФҲОИ ҒАРАЗНОК ФИРЕФТА НАШАВЕД!

13 июн 2024, Панҷшанбе
34
0
 
МАВОДИ МАЗКУР АЗ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОН, НАМОЯНДАГОНИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИНИ КИШВАР МУХТАСАРАН ДАР ҚОЛАБИ МАҚОЛА ТАҲИЯ ВА ПЕШНИҲОД МЕГАРДАД
Имрӯз мехоҳам доир ба равандҳое, ки дар ҷаҳони муосир идома доранд, аз ҷумла бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо, тафриқаву низоъҳои диниву мазҳабӣ, густариши бесобиқаи терроризму экстремизми динӣ, «сиёсати дугона» нисбат ба гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва монанди инҳо, ки василаи истифодаи қувваҳои гуногуни манфиатхоҳ гардидаанд, инчунин, таъсири онҳо ба ҷомеа ва давлати мо ибрози андеша намоям.
 
Воқеан, баъзе масъалаҳое ҳастанд, ки мо бояд имрӯз доир ба онҳо кушоду равшан назари худро гӯем, равандҳои номатлубро баррасӣ намоем ва пеши роҳи онҳоро гирем, ки мисли ҳодисаҳои солҳои 90-ум боз ягон фоҷиаи дигар сар назанад.
Мо имрӯз шукрона мекунем, ки аз баракати истиқлоли давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии кишварамон, аз ҷумла дар самти озодии виҷдон, шароити созгору мусоид фароҳам гардидааст ва имрӯз шаҳрвандони мо фаризаҳои динии худро озодона анҷом медиҳанд.
Оё мо солҳои 90-уми асри XX озодона масҷид рафта метавонистем? Оё мо ба шаҳру ноҳияҳои дигар ба назди хешовандону фарзандони худ озодона рафта метавонистем?
Имрӯз аз он рӯзҳо фарқият дорад?
Дар ҳамон солҳо ҳам як сабаби нооромиҳо ношукрӣ кардани мо буд, ки боиси бадбахтиҳо гардид. Мо худ шоҳид будем ва хуб дар ёд дорем, ки тамоми фоҷиаҳои солҳои 90-ум дар натиҷаи поймол шудани Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда сар заданд. Ҳамаро зери по кардем. Ба чӣ оварда расонд? Ба анархия – беҳокимиятӣ!
Мутаассифона, бо вуҷуди муносибати неки давлат нисбат ба ҳамаи дину мазҳабҳо, бахусус нисбат ба дини мубини ислом, солҳои охир зуҳуроти нороҳатсозандаву нигаронкунандаи таассубу хурофот, тафриқаандозиву ифротгароии динӣ ва дар ин замина, риоя нагардидани меъёрҳои Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда аз нав афзоиш ёфта истодааст.
 Аз соли 90-ум ин тараф чи гуна ҳазратҳои нав баромаданд, мавлавиҳои нав баромаданд, ки бо ҳар гуна асарҳои сохтаву бофта ва муғризонаи худ мехостанд мардуми моро ба роҳи нодуруст баранд. Агар қонун набошад, дар ҳар як деҳаамон мисли Шайх Темур "пайғамбар"-ҳои нав мебароянд.
Мехоҳам хотирнишон намоям, ки имрӯз дар Тоҷикистон ба 2000 нафар шаҳрванд як масҷид рост меояд, дар ҳоле ки ин нишондиҳанда дар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 3-3,5 ҳазор ва дар дигар кишварҳои мутараққии ҷаҳон 5-5,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон бо ин, дар кишвар як ҷамоатхонаи исмоилӣ, ду кумитаи рушди ҷамоатхонаҳои исмоилӣ ва 67 ташкилоти динии ғайриисломӣ фаъолияти озодона дорад.
Ин далел ва даҳҳо далелҳои дигар аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки барои шаҳрвандони мамлакат ҷиҳати амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои динӣ дар замони соҳибистиқлолӣ имкониятҳои зиёд муҳайё гардида, таъмини озодии виҷдон дар сатҳи зарурӣ қарор доранд.
Пас, мо чӣ гуна аз соҳибистиқлоливу соҳибдавлатиамон шукрона накунем?
Дар ин маврид ман фақат як сухан мегӯям: фарде, ки дар Тоҷикистон аз ин сарзамини биҳиштосои аҷдодӣ ношукрӣ мекунад, оҷиз мешавад!
Шоистаи таъкид аст, ки дар натиҷаи дарки арзишҳои миллӣ ва фарҳангу ахлоқи ҳамидаи мардумамон тайи беш аз сӣ соли соҳибистиқлолии кишварамон ҳазорон нафар соҳибкорону тоҷирон, шахсони саховатпеша ва афроди бонангу номуси ҷомеа сиёсати инсондӯстонаи иҷтимоии давлату Ҳукуматро дастгирӣ карда, бисёр иқдомоти савобу созандаро анҷом доданд.
Онҳо то имрӯз ҳазорон мактабу кӯдакистон, беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ, роҳу пулҳо, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ бунёд карда, садҳо ҳазор сокинони мамлакатро бо ҷойи корӣ таъмин намуданд, ҳар сол чор-панҷ маротиба ба оилаҳои ниёзманд ва ятимону маъюбон кумак расонданд ва ҳоло боз бисёр корҳои хайру савобро анҷом дода истодаанд.
Ана ин аст кори савобу амали хайр, ки боиси ризоияти Худованд мегардад, савобу самараи онҳо ба ҳафт пушти инсон мерасад ва дар номаи аъмоли ҳам худашон ва ҳам гузаштагонашон, ки ин гуна фарзандони солеҳро ба камол расонидаанд, навишта мешавад.
Бинед, имрӯз садҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мо ба хориҷи кишвар ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, дур аз оила ва фарзандони худ чи қадар азият мекашанд ва боз дар корҳои хайр ҳиссагузорӣ мекунанд.
Магар ин кори савоб нест?
Ё бунёд кардани мактаб – тавре ки мардум солҳои қадим онро мадраса мегуфтанд, чӣ қадар наврасони мову шумо, ки ҳарф зада наметавонанд, соҳиби саводу дониш ва наврасону ҷавонон соҳиби касбу ҳунар мегарданд, магар кори савоб нест?
Борҳо таъкид доштаам ва имрӯз низ батакрор иброз медорам, ки дар зиндагӣ зираку худогоҳ бошед, фирефтаи ҳадафҳои ғаразноки гурӯҳҳои манфиатҷӯ нашавед.
Дар хотир дошта бошед, ки касе дар фикри обод кардани Ватани мову шумо, хонаву дару кошонаи мову шумо нест. Мо худамон бояд бунёд кунем, Ватани аҷдодиамонро обод созем ва барои наслҳои оянда як давлати мутамаддину пешрафта ба мерос гузорем!
Дар хотир дошта бошем, ки роҳбарони гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки фарзандони мову шуморо ба сафҳои худ ҷалб менамоянд, азоби таваллуд кардану ба воя расондани фарзандони моро накашидаанд, заҳмати бедорхобиро надидаанд ва ба онҳо нону об надодаанд.
Аз ҳамин хотир, фарзандони мову шумо барои онҳо ҳеҷ арзиш надоранд, дар як лаҳза онҳоро ба террористи худкуш табдил дода, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ месозанд.
Ман медонам, ки мо ҳоло боз садҳо мушкиливу камбудӣ дорем.
Мо акнун давлат бунёд карда истодаем!
Мо сангинтарин мушкилоти солҳои ҷанги шаҳрвандиро якҷоя бартараф сохта, ба ин рӯзҳои нек расидем, дар ҳоле ки баъзеҳо мегуфтанд, ки мо аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест мешавем, аммо нашудем, яъне тирашон хок хӯрд.
Баръакси хостаҳо ва нақшаҳои душманони миллат дигарбора эҳё шудем, давлатамонро аз нестшавӣ ва миллатамонро аз хатари пароканда шудан наҷот додем ва соҳибӣ кардем.
Дур нест рӯзҳое, ки мову шумо барои худамон зиндагии аз ин ҳам беҳтарро месозем ва номи худро дар саҳифаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт менамоем.
 
Санаи нашр: 13.06.2024 №: 112
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив