ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » УМРА. НОГУФТАҲОРО ГӮЕМ

УМРА. НОГУФТАҲОРО ГӮЕМ

18 июн 2024, Сешанбе
55
0
 
Солҳои охир ҳангоми иҷрои меъёрҳои муқарраршудаи ҳуқуқу озодиҳои эътиқодӣ, бавижа маросими адои ҳаҷҷи акбар (фарзӣ) ва ҳаҷҷи асғар (умра), бештари вақт зиёдаравӣ ба мушоҳида мерасад. Масъалаи мазкур то ҳадде ба мавзуи доғ табдил ёфт, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар мулоқот бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин (9-уми марти соли равон) аз чунин вазъ изҳори нигаронӣ намуданд.
Аз лиҳози ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон барои иҷрои ҳамаи расму ойинҳои исломӣ, бахусус адои ҳаҷҷи фарзӣ ва умра, шароит фароҳам оварда шуда, монеае вуҷуд надорад. Шаҳрвандон давоми сол дастаҷамъона ё инфиродӣ метавонанд озодона ба зиёрати Каъбатуллоҳ раванд. Боиси тазаккур аст, ки дар дини мубини ислом зиёрати хонаи Худо ба яке аз панҷ рукнҳои асосӣ ба шумор рафта, иҷрои он дар сарчашмаҳои исломӣ таъкид мешавад. Масалан, ҳадисе аз Ибни Умар ривоят мешавад, ки Паёмбар (с) фармуданд: «Ислом бар панҷ бино устувор аст, гувоҳӣ додан ба ин ки маъбуди барҳақе ҷуз Аллоҳ нест ва Муҳаммад фиристодаи Худо аст ва барпо доштани намоз, додани закот, ҳаҷ ва доштани рӯзаи моҳи Рамазон». 
Бояд таъкид кард, ки аз ин рукнҳо иҷрои ҳаҷ (чи фарзиву чи умра) ва додани закот, тибқи шариати ислом, ба ашхоси доро фарз аст. Бахусус, адои ҳаҷ танҳо барои нафароне амр шудааст, ки имкон ва тавоноии молию ҷисмонии сафарро дошта бошанд. Тавре дар ояти 97-и сураи Оли Имрони Қуръони карим гуфта мешавад: «Ҳаҷҷи хона (Каъба) барои Худо бар мардум, бар касе воҷиб аст, ки тавоноии рафтан ба сӯи онро дорад».   
Ҷои афсус аст, ки вақтҳои охир дар ҷомеаи мо қоидаҳои муайяншудаи исломӣ аз ҷониби қисми муайяни ҳаҷ ва ё умракунандагон риоя намешавад. Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бештари ҳаҷкунандагон ин нишондодаи Қуръонро ошкоро вайрон намуда, ба зиёрати Каъба мераванд. Ин ҳам дар ҳолест, ки худи ҳамин афрод дар зиндагӣ мушкилоти зиёди иҷтимоӣ доранд. Ҳаминро ба назар гирифта, Роҳбари давлат хеле бамаврид таъкид сохтанд: «Мо бояд як нуктаи муҳимро дар хотир дошта бошем: дар шароите, ки мо хонаи обод надорем, макони зистамон ба талабот ҷавобгӯ нест, фарзандонамон ба сарулибос, китобу дафтар ва дигар ҷиҳози хониш эҳтиёҷ доранд, ба падару модари худ хизмат карда, дили онҳоро аз худ шод накардаем, аз вазъи наздикони худ огоҳ нестем, зиёрати мо ба талаботи ислом ҷавобгӯ нахоҳад буд». 
Дар ҳамин масъала зиёдаравӣ то ба дараҷае ба назар мерасад, ки баъзе нафарон ду ва ё аз он зиёд тавофи Каъба мекунанд. Бо ин васила, ба гумони ғолиб, шояд худнамоӣ ва ё нишон додани дараҷаи «имондорӣ»-и худ бошад. Дар робита ба ин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба сарчашмаҳои таърихӣ қайд намуданд, ки худи Паёмбари ислом низ ҳамагӣ як маротиба ҳаҷ намудаанд. Ин нукта дар бисёр сарчашмаҳои таърихӣ, аз ҷумла китоби «Таърихи Табарӣ» зикр шудааст, ки Паёмбар як маротиба ҳаҷҷи фарзӣ намуданд, ки он бо номи «Ҳаҷҷу-л-видоъ» маълум аст. Аслан, худи Паёмбар (с) ҳам ҷонибдори як маротиба ҳаҷ кардан буданд.  Аз ин рӯ, хуб мешавад, агар нафароне, ки имкони молӣ доранду мехоҳанд якчанд маротиба ҳаҷ ва ё умра кунанд, ба як маротиба қонеъ намуда, маблағҳои ҷамъовардаи худро барои корҳои хайру эҳсонкорӣ сарф кунанд. Зеро ин амалҳо низ аз савоби зиёрати хонаи Худо камтар нест. Дар китоби муқаддаси Қуръон амалҳои накукорӣ ва хайрот пайваста таъкид мешавад. Масалан, дар ояти 195-и сураи Бақара оварда мешавад: «... накукорӣ кунед! Ҳамоно Худо накукоронро дӯст медорад».
Воқеан, ҳаҷҷи умра танҳо зиёрат асту бас. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бархе аз ҳамватанони мо бо як карру фарри махсус  ба зиёрати Каъба мераванд. Пас аз бозгашт бошад, бо ташкили маъракаҳое, ба монанди ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон ва ҳоҷиошӣ, сабабгори сарфу харҷи беҳудаи зиддишариатӣ ва зиддиқонунӣ мешаванд. Тибқи муқаррароти моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим»  баргузории ин гуна маъракаҳои серхарҷ манъ гардидааст. Ҳоло бубинед, ки бо сабаби дуруст дарк накардани моҳияти аслӣ ва фазилатҳои зиёрати хонаи Худо як нафар, ки худро мусалмони комил мепиндорад, сабабгори то кадом дараҷа вайрон шудани муқаррароти шариат ва қонун мегардад. 
Зимни таҳлилу баррасии мавзуи мазкур ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки имрӯзҳо аксари ҳаҷкунандагон аз рӯи омилҳои зер сафари зиёрати Каъба мекунанд: ифтихор доштан аз унвони ҳоҷӣ, пайравӣ ба дигарон, нишон додани имконияти молӣ, ба ҷилва гузоштани дараҷаи имондорӣ.
Асли ҳамаи ин омилҳои зикршуда танҳо худнамоӣ ва бефаросатию камхирадист. Азбаски имони қавӣ ва фаҳмиши зарурӣ доир ба дин надоранд ба чунин зиёдаравиҳою худнишондиҳӣ даст мезананд. Дар ин замина, Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) мефармоянд: «Касе, ки барои шуҳратталабӣ амалеро анҷом диҳад ва касе, ки аз рӯи риё (худнамоӣ) амале анҷом диҳад, то мардум бузургаш доранд, Худованд ба сабаби изҳор намудани риёкорияш, яъне худнамоияш, дар назди мардум дар рӯзи қиёмат шармсор месозад».
Аз ин рӯ, имрӯз зарурат пеш омадааст, ки масъалаи мазкурро аз лиҳози қонунӣ ба танзим дарорем ва ба ин васила, дар таъмини саодати рӯзгори худ ва дигарон саҳм бигзорем. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон зидди адои ягон аркони исломӣ нест, фақат дар ин самт бояд аз рӯи маърифати баланди динӣ ва инсонӣ амал кард. Тавре ки Пешвои муаззами миллат  дар мулоқоти мазкур иброз доштанд: «Хотирнишон месозам, ки мо зидди рафтани мардумамон барои адои ҳаҷ нестем, аммо таъкид месозам, ки ин раванд набояд хусусияти таассубу тақлид ва мусобиқаро касб намояд. Зеро мо бояд аввал шароити зиндагии худ ва фарзандонамонро беҳтар намоем, аҳволи ҳамсояи чапу ростро пурсем, хешу табори ниёзмандамонро дастгирӣ намоем ва баъд нияти зиёрати хонаи Худо кунем». 
 
Давлатшоҳ МАҲМУДОВ, 
мудири бахши таҳлил ва робита бо ҷомеаи  ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ
Санаи нашр: 18.06.2024 №: 114
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив