ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САИДҚУЛ БИЛОЛОВ: «БА ҶУЗ НАФЪИ ВАТАН ЧИЗИ ДИГАРРО НАМЕДОНАМ»

САИДҚУЛ БИЛОЛОВ: «БА ҶУЗ НАФЪИ ВАТАН ЧИЗИ ДИГАРРО НАМЕДОНАМ»

24 июл 2024, Чоршанбе
17
0
 
Тоҷикистон, Тоҷикистон, 
Мекунам шукри каму бисёри ту,
Мекунам шукрона аз озарму аз озори ту.
Аз ту ман сарват намехоҳам, 
Ватан ҳастӣ, бас аст,
Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст!
 
Дўст доштани Ватан аз гаҳвора, аз аллаҳои модар оғоз мегардад. Яъне, меҳру муҳаббат ба Ватан аз давраи кўдакӣ зоҳир шуда, минбаъд ташаккул меёбад. Инсон ба ҳар зарраи хоку ҳар қатраи оби Ватан ончунон дил мебандад, ки бе он наметавонад хешро хушбахт эҳсос намояд. Ватандўстӣ – ин садоқат ба Ватан ва ба нафъаш хизмат кардан аст. 
Яке аз ватансароёне, ки имрўз бо сурудаҳояш дилҳоро тасхир карда, пайваста аз ҳадиси ватандорӣ қисса мекунад, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ Саидқул Билолов мебошад. Мавсуф ҳунармандест, ки дар дилу дидаи ҳаводорони созу навои асил маъво гирифта. Ўро дар тамоми гўшаву канори Тоҷикистон ва берун аз он ҳамчун сароянда – вассофи Ватан мешиносанд. Воқеан, сӣ дарсади эҷодиёти ишон дар васфи Ватанаст. Ба хотири суҳбат бо яке аз ватансароёни беҳтарини кишвар,  рў ба сўи хонаи  устоди санъату саҳна пеш гирифтем. Бо табассуми самимӣ пешвоз гирифт. Суҳбати мо озоду самимӣ, аз қироати шеър дар васфи Ватан оғоз шуд:
Тоҷикистон, зиндаам бо бўи ту, 
Кўр бодо чашми бад бар сўи ту.
Дур бодо ранги зарду гарди дард
Ҷовидон аз рўи ту, аз ҷўи ту.
Аз Ватану худшиносӣ ва ғурури миллӣ ҳарф мезаду дар охири ҳар суханаш шеъре мехонд. Лаҳзае гуворо даст доду аз устод Саидқул Билолов пурсидам, ки чӣ гуна ба олами сарояндагӣ роҳ ёфтед? 
«Хуб дар хотир дорам, – гуфт устод, –  ҳар гоҳ падарам фориғ аз кори идораву хона дутори худро ба даст мегирифту ба он нохун мезад, садои руҳнавозаш диққати маро ба худ ҷалб месохт ва шавқеро дар вуҷудам бедор мекард.  Гоҳи дигар, бародарам Усмонқул бо рубоб ба падар ҷўр мешуд. Бегуфтугў, муҳити навозандагию овозхонии  хонадонамон барои ояндаи ман замина гузошт. Рўзе аз рўзҳои соли 1963, тасодуфан, аз радиои деворӣ хабари ташкил ёфтани мактаби мусиқиро дар шаҳри Душанбе шунидаму дар дилам ҳаваси он пайдо гашт. Баъди чанд рўз ба мактабамон гурўҳе аз пойтахт омаданду қобилиятноконро номнавис карданд. Дар рўйхат номи ман ҳам буд. Бо бозиҳову овони кўдакӣ ва деҳа падруд гуфтам. Маҳз ҳамин сабаб маро эҷодкор сохту ба майдони ҳунари сарояндагӣ овард. Бояд гўям, ки китобхонӣ шуғли дўстдоштаам ба ҳисоб мерафт. Аз ин лиҳоз, шеъри зиёде аз ёд медонистам. Хушбахтона, омўзгори забон ва адабиёти тоҷик Адолат Назарова тарзи дуруст хондани шеърро омўзонд. Ҳанўз аз даҳсолагӣ бо мусиқӣ сару кор дорам. Пианино, рубобнавозӣ ва, тахминан, чор сол хореографияро омўхтам. Дар кори эҷодӣ, аз як тараф, ба мусиқии касбӣ такя кунам, аз ҷониби дигар, ба мусиқии мардумӣ. Оҳангсози машҳури рус Михаил Глинка мефармояд: “Мусиқӣ ҳамон вақт мусиқии як миллат буда метавонад ва ҳамон вақт мепояд, ки сарчашмаи мардумӣ дошта бошад, агар аз шодиву андуҳи миллат маншаъ бигирад”. 
 Барои дарёфти ин ҳама, дар интихоби шеъру оҳанг набояд саросема шуд. Сароянда бояд аз адабиёт бохабар бошад. Шахсан маро ба навиштани суруде, одатан, шеър ҳидоят мекунад. Шеър, ки дар ботин ҳазм шуд, он гоҳ оҳанг ҳам пайдо мешавад. Аслан, барои сарояндаи хуб шудан, муошират бо шоирон зарур аст. Ман бо устодон Бозор Собир (ёдаш ба хайр),  Низом Қосим, Назри Яздонӣ ва Муҳаммад Ғоиб муносибати дўстона доштаму дорам».  
Воқеан, устод Билолов чун занбўри асал аз шаҳди саҳфагули дафтари ашъори хушбўйи шоирони шаҳири классику муосир Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Низом Қосим, Гулрухсор Сафиева, Ҳадиса Қурбонова, Назри Яздонӣ ва Муҳаммад Ғоиб баҳра бардошта, суруд эҷод мекунад. 
«Ватанро бояд дўст дошт. Ба қадри ҳар пора хоки покаш бояд бирасид, – идома дод ба суханаш устод. – Мутаассифона, мо дар оғози соҳибистиқлолӣ солҳои душвореро паси сар намудем». 
Ин дам ҳамсуҳбатамро рўзҳои сангину аз даст додани садҳо ҷавонмардони тоҷик ба худ кашид ва бо таассуф гуфт: «Замоне нооромиҳо миллати тоҷикро пароканда карда буду бархе ба давлатҳои ҳамсоя панаҳ бурданду бархеи дигар макони ободе мекофтанд. Дар ҳамон рўзҳо суруди «Тоҷикистон, Тоҷикистон, Тоҷикистон ҷону ҷонон», ки шеъри Назри Яздонӣ  мебошад, таълиф шуд ва қариб ҳар рўз  аз тариқи радио дар барномаи «Хоки Ватан» садо медод. Бовар доштам ва баъдан ҳам тасдиқ шуд, ки мисраъҳои навиштаи устод Назри Яздонӣ қалби ҳазорон тоҷикро ба ларза оварда, меҳри беандозаро дар он ҷой намудааст. Имрўзҳо шукр мегузорам, ки ба шарофати талошҳову заҳматҳои хастагинопазири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ватани маҳбубамон сулҳу амонӣ пойдор аст ва мардум бо хотири ҷамъу дили осуда аз пайи кору эҷоданд. Хушбахтона, туфайли сулҳу ободии кишвар сиёсат ба мафҳуми созанда табдил ёфтааст. Дар ҳақиқат, аҳли сиёсатро ҳама ҷо ва дар ҳама маврид сари андешаю орзуи хайрхоҳонаю некбинона дармеёбем, ки ин барои боз ҳам шукуфоии Ватан саҳми арзандае мегузорад». 
Саидқул Билолов ҳунармандест, ки бештар дар мавзуи модар-ватан, истиқлолу худшиносии миллӣ суруду тарона мехонад. Пайваста меҷўяду месозад. Суҳбати гарми мо идома ёфт. Ў аз нозукиҳои касбаш сухан меронд: «Шеъри пурмазмун бояд сароид. Бахусус, шеърҳову сурудҳое, ки дар васфи Ватану Пешво суруда мешаванд. Ватансароӣ корест заҳматталаб. Шеър бояд бо оҳанг ҷўр гардад. Содиқонаву самимӣ бошад, то умри ҷовидонӣ гирад. Сарояндагони ҷавон бояд дар мадди аввал бо шоирону мутрибон ҳамкории зич пайдо намоянд, яъне, завқи шунавандаро бо сурудҳои баландмазмун бедор кунанд. Агар шахс воқеан ошиқи касбаш аст, аз он дил нахоҳад канд. Ў дар ин ҳолат шеърро, оҳангро, ҷойро, аудиторияро дар сатҳи олӣ интихоб мекунаду ба ин восита, мардумро аз муқаддас будани санъату фарҳанг огоҳ месозад. Тули шаст сол аст, ки худро пайванди шеъру мусиқӣ, майдони санъат медонам. Санъати навозандагиву сарояндагиро дўст медорам ва саҳнаи ҳунар бароям ҷоест муқаддас. То имрўз дар васфи Ватан беш аз 150 суруд хондаву оҳанг баста бошам ҳам, ҳанўз ҳам ин хидматҳоям пеши Меҳан ночиз аст. 
Соли 2023 китобам «Дарё туӣ, дарё манам» рўи чоп омад, ки дар он 51 суруд ҷой гирифта, аз ватандорӣ сароида шуда, бештари он ба қалами шоири зиндаёд Бозор Собир тааллуқ дорад», – гуфт дар хотима устоди ҳунар. 
Устод Саидқул Билолов Арбоби шоистаи санъат, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Рўдакӣ, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон (2000-2005), роҳбари бадеии ансамбли ҳунарии «Дарё» (1989-2000, 2005-2021), омўзгори Консерваторияи миллии Тоҷикистон соҳибмактаб асту сабку услуби хоси сарояндагӣ дорад. Ба наврасону донишҷўёни санъатдўст дарси ҳунару маҳорат меомўзаду фаъолияти эҷодияшро ривоҷу равнақ медиҳад.  Зиндагии устоди вассофи Ватан китоберо мемонад, ки ҳар саҳифааш панд аст ва аз  он ҷавонон бояд сабақ бигиранд. 
Гулнисо САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 23.07.2024 №: 138
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив