ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

02 август 2024, Ҷумъа
27
0
ЯК ҲИКМАТИ ЗИНДАГӢ
Омӯзгори ҳакиме баъд аз анҷоми дарс  аз шогирдон пурсид:
– Касе, ки дарсро нафаҳмида бошад, даст бардорад. Се донишомӯз даст бардошт. 
Омӯзгор онҳоро ба назди тахтаи синф бароварда, чӯбро ба дасти яке аз онҳо  доду гуфт:
– Бо ин чӯб ду маротиба маҳкам ба дастонам бизан. Донишомӯз дар тааҷҷуб афтод ва гуфт:
–  Бубахшед, ин амалро иҷро карда наметавонам. 
Омӯзгор гуфт:
– Ҳар чи гуфтам, иҷро кун, зеро агар омӯзгори хуб мебудам, ҳозир ту дарсро мефаҳмидӣ. Шогирд ноилоҷ монд ва ду маротиба ба дастони устод бо чӯб зад. Омӯзгор ба дард печиду оҳе дардноке  кашид. Сипас, чӯбро ба дасти донишомӯзи дигар доду гуфт:
– Ба дастони ман маҳкам бизан. 
Шогирд ба гиря даромаду гуфт:
– Гуноҳи шумо нест, устод. Ман ба дигар ҷой таваҷҷуҳ доштам, диққат надодам. Аммо омӯзгор исрор кард. Аз дидани чунин манзара  шогирдон ба гиря даромаданд. Баъд аз ин ҳамаи донишомӯзон ба хотири танбеҳ нашудани омӯзгор ба дарс бо тайёрӣ меомаданд. 
Ҳикмат ин аст. Илм фарз ва омӯзгор падар аст. Ба сахтӣ меомӯзонад то шумо вақти бузург шудан ба осонӣ ояндаи нек бисозед. 
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
МЭРИ ШЕЛЛИ.  АДИБЕ, КИ ДАР 21-СОЛАГӢ МАШҲУР ШУД
Нависандаи шинохтаи англис, бонуи бомаҳорат Мэри Шелли соли 1797 дар шаҳри Лондон ба дунё омадааст.  Чун волидонаш донишманд буданд, ӯ дар мактабҳои пешрафтатарини Лондон дарс мегирифт. Инчунин, ба шарофати онҳо Мэри бо нависанда ва шоири мумтоз Перси Биш ошно мешавад. Дере нагузашта Перси Биш мафтуни Мэри шуда, бо ӯ издивоҷ мекунад.
Мэри Шелли дар эҷоди асар қобилияти фавқулода дошт. Соли 1818 романаш «Франкенштейн ё Прометейи сонӣ» ба табъ мерасад, ки ба ӯ шуҳрати ҷаҳонӣ меорад. Чуноне муҳаққиқон эътироф мекунанд, ин роман аввалин асари илмӣ-тахайюлӣ дар адабиёти ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
 
ПИСАРАКЕ БО  ЧАШМОНИ ҒАЙРИОДӢ
Дар Чин писараке бо номи Нонг Юҳуй зиндагӣ мекунад, ки чашмонаш ғайриодӣ – кабуди шаффофанд. Чунин тобиши рангҳо, ҳатто, дар славяну скандинавҳои асил дида намешавад. Дидаҳои ӯ нури нарми неонӣ дошта, ба мисли чашмҳои гурба медурахшанд ва дар торикӣ ҳам олами берунаро бемалол мебинанд.
Табибон дар чашми кабудтоби кӯдак ягон нуқсро наёфтанд. Аммо соле пас, ҳини гузарондани тадқиқоти ҷиддӣ, дар онҳо мавҷудияти пардаи махсус бо номи тапетум ошкор шуд. Чашмони аксар ҳайвоноти ваҳшӣ тапетум доранд, лекин дар одам ин ҳодиса бори аввал вомехӯрад. Чашмони ғайриодӣ ба Юҳуй мушкиле намеоранд. Ӯ ҳам шабона мебинад ва ҳам рӯзона, вале дар торикӣ хондан барояш роҳаттар аст. 
 
Таҳияи Кароматулло АТО
 
 
 
 
НИМШӮХИВУ  НИМҶИДДӢ
ТАВСИЯ
Дар ҳабси пешакӣ:
– Ҷӯраҷон, ман бо дили пур адвокати худамро ба шумо тавсия медиҳам.
– Фикр мекунед, ӯ метавонад маро сафед карда?
– Бовар кун, вақте саги ман хаткашонро газид, ҳамин одам аз сари суд ҷони маро харид.
– Чӣ хел?
– Рости гап, намедонам чи гуфту чи не, аммо дар охир исбот кард, ки аввал худи хаткашон саги маро газидааст.
 
Аз русӣ тарҷумаи Ф. РАҲМОНЗОДА
 
 
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ТУҲФА
Аз суҳбати адвокат бо гумонбар:
– Метавонам ҷони шуморо халос кунам, вале хизмати ман подоши муносиб мехоҳад. Зӯратон мерасад, ки маро розӣ кунед?
– Рости гап, пул надорам, вале агар қабул фармоед, автомобили гаронарзиши варзишиамро ба шумо туҳфа мекунам.
– Гаронарзиш бошад, ман розӣ. Акнун бигӯед, ки шуморо ба кадом ҷиноят гумонбар мекунанд?
– Дуздии автомобили гаронарзиши варзишӣ. 
 
Аз русӣ тарҷумаи 
Ҳ. РАҲМОНЗОДА
 
 
 
 
 
АНЪАНАИ АҶИБЕ,  КИ 400 СОЛ БОЗ ПОБАРҶОСТ
 
Ҳамасола дар шаҳри Токио ҷашнвораи кӯдакони гирякунанда баргузор мегардад, ки тамошобинони зиёдеро ҷалб мекунад.
Дар ин чорабинии хеле маъмул, соли ҷорӣ зиёда аз 100 кӯдаки то яксола ширкат варзид. Баргузории чорабинӣ чунин сурат мегирад. 
Волидон фарзандони худро ба дасти сумочиён медиҳанд, то онҳо  кӯдаконро маҷбур созанд, ки бо садои баланд гиря кунанд. Дар ҳолати ба гиря наомадани тифлакон, худи доварон, ки ниқоби девҳо доранд, кӯдаконро бағал мекунанд ва мегирёнанд.
Аслан, ҷопониҳо кӯдаконашонро ихтиёран ба мусобиқа меоранд. Онҳо ба ин боваранд, ки гиря саломатии кӯдаконро беҳтар ва руҳҳои бадро дафъ месозад. Ин анъана, аллакай, 400 сол мешавад, ки побарҷост.
 
Таҳияи Гулнисои  САЪДОНШО
 
 
 
 
ҶАВОБИ ҚАНОАТБАХШИ ДУЗД
Як дузд дар минтақае аз 10 дукон танҳо яктоашро ғорат накардаасту халос. Он ҳам дукони китобфурӯшӣ будааст. Дуздро дастгир намуда, аз ӯ суол мекунанд: 
 – Чаро дукони китобфурӯширо  ғорат накардӣ?
Дузд мегӯяд:
– Агар бо китоб сару кор мегирифтам, дузд намешудам!
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР 
 
 
 
 
СУХАНҲОИ ИБРАТОМӮЗИ ҚАҲРАМОНДУХТАР
Диёра Келдиёрова, қаҳрамони Бозиҳои олимпии Париж – 2024, дар баробари корномаи зебо, бо ахлоқи ҳамидааш қалбҳоро тасхир мекунад. 
«Имрӯз дар саҳифаи инстаграмам дидам, ки ҳамватанони ман ба суроғаи ҳарифам Абэ Ута суханҳои таҳқиромезе мегӯянд. Аз ҳамаи мухлисон хоҳиш менамоям, ки новобаста аз кӣ будан, эҳтиромро пос доранд. Варзиш барои муттаҳид кардани мост. Мо – ҷудокорон, узви як оилаем. Муҳимтарин чизе, ки ҷудо ба мо  меомӯзад, эҳтироми ҳамдигар аст», – навиштааст қаҳрамондухтар. 
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА 
 
 
 
 
 
БЕПАРВОӢ  ДУШМАНИ АСЛИИ МОСТ!
Дзен ном варзишгари номвари ҷопонӣ ба шогирдаш тирандозиро таълим медод. Шогирд камон ва ду тирро гирифта, ба машқ сар кард.  Дар ин ҳангом устод рафт ва яке аз тирҳоро аз назди ӯ гирифт. 
– Чаро тири дуюмамро гирифтед?  – пурсид шогирд. 
Устод посухи оқилонаю файласуфона дод:
– Чунки ҳангоми тирандозӣ ту медонистӣ ва дилат пур буд, ки боз як имкони тирзанӣ дорӣ. Ин бепарвоӣ бузургтарин душмани инсон аст. Бояд дар кӯшиши аввал барор ёбӣ ва ба умеди кӯшиши дувум набошӣ!
Таҳияи Б. БАҲОДУР
 
 
 
 
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО...
АЗ ҶАЗОИ САХТИ ДУХТУР ТО  ЯК СОЛИ БЕТАВАЛЛУДӢ ДАР ЯК КИШВАР
 
* Дар Рими Қадим агар мизоҷ ҳангоми ҷарроҳӣ мефавтид, дастони духтурро мебуриднд.
* Оркестри миллии Монако аз артишаш бузургтар аст;
* Парчами Аляскаро навраси 13-сола таҳия кардааст.
* Рекордҳои Гиннесс китобест, ки аз ҳама зиёд аз китобхонаҳои ҷаҳон дуздида мешавад;
* Ягона давлате, ки соли 1983 ягон таваллуд ба қайд гирифта нашуда буд, Ватикан аст. 
Таҳияи С. РАҲМОНЗОДА
 
 
МУВАФФАҚИЯТ
ФУТБОЛБОЗОНИ МУВАФФАҚ ВА ХОНАҲОИ ГАРОНАРЗИШИ ОНҲО
Дар ҷаҳон қиматбаҳотарин хонаҳо аз футболбозон ҳисобида мешавад. Яке аз ин хонаҳо, ки беш аз 50 миллион доллар арзиш дорад, хонаи футболбоз Неймар да Силва мебошад. Хонаи ӯ як боғи фароғатиро мемонад, ки дар он  якчанд ҳавзи шиноварӣ ва майдони махсус барои рондани мошини варзишӣ мавҷуд буда, ҳатто, чархболҳо фуруд меоянд. Аммо Роналду аз ин ду баробар гаронтар хона харидааст – пентхауси ӯ аз он ҷиҳат гаронтарин дониста мешавад, ки он дар ошёнаи 58-уми Бурҷи Трамп дар Ню-Йорк ҷойгир буда, манзараи ҳайратангези Ню-Йоркро пешкаш менамояд. Ҳар як ҳуҷра ба ӯ имкон медиҳад, ки мисли президент зиндагӣ кунад. 
Лионел Месси бошад, гаронарзиштарин хонаро бо арзиши 100 миллион доллар харидааст. Дар ҳавлиаш майдони футбол, ҷойи шиноварӣ ва соҳили баҳр барои 16 яхта мавҷуд аст.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 
 
 
 
НИГОРАҲОИ МАШҲУР АЗ ОСОРХОНАҲОИ ҶАҲОН
МУҶАССАМАИ  ПАРФЕНОН 
Яке аз сарватҳои асосии осорхонаи Бритониё муҷассамаи Парфенон мебошад. Пораҳои муҷассамаро Лорд Элгин дар асри XIX аз харобаҳои Парфенон ҷаъм овардааст, ки минбаъд дар ин осорхона маъбади онро бозсозӣ кардаанд. Дар ин муҷассама тамоми хусусиятҳои бадеии санъати пластикии мактаби Фидия (меъмори машҳури Юнони Қадим) мушоҳида мегардад. Девораҳои маъбад бо сутунҳои баланд сохта шуда, дар он ҷанги худоёни олимпӣ бо бузургҷуссаҳо, ҷанги юнониён бо қабилаҳои кентаврҳою амазониҳо ва саҳнаҳои ҷанги Троя тасвир ёфтаанд. 
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ
 
 
 
ШОҲМОТ 
Чаро хоби шоҳмотбозон бурд?
То соли 1851 мусобиқаҳо оид ба шоҳмот бе соат мегузаштанд, аз ин рӯ, як пайт (партия)-и он метавонист на танҳо соатҳо, балки чанд шабонарӯз идома ёбад, ки ин боиси хасташавии бозигарон мегардид.  Аз ҷумла, ҳамон сол дар яке аз мусобиқот ҳангоми пайти тулонӣ хоби шоҳмотбозон мебарад.  Баъди ин воқеа, соли 1852 дар мусобиқаҳо барои пешгирии ин ҳолат  истифодаи соатҳои регӣ (песочные часы)-ро иҷозат доданд. 
Соли 1883 бошад, Томас Уилсони бритонӣ барои шоҳмотбозон соатҳои механикиро омода намуд. Чун илму техника рушд намудааст, айни замон бозиҳо дар мусобиқаҳо бо соатҳои рақамӣ ҷараён мегиранд. 
Фароҳамсоз Ш. ШОКИР
 
 
 
 
ХУДО НАКУНАД!
Шавҳар – ҳуқуқшинос.
Зан – ҳуқуқшинос.
Падари шавҳар – прокурор.
Модари шавҳар – судяи суди конститутсионӣ.
Бародари шавҳар – профессор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ.
Хоҳари шавҳар – машваратчии ҳуқуқӣ.
Падари зан – сарвари раёсати кумитаи тафтишот.
Модари зан – судяи Суди олӣ.
Бародари зан – ҳуқуқшиноси хизматнишондода.
Хоҳари зан – адвокат.
Худо накунад, ки дар ин оила масъалаи ҷудоӣ байни шавҳару зан ба миён ояд ва кор то суд биравад.
 
Аз русӣ тарҷумаи Абдулқодири РАҲИМ
 
 
 
РОСТГӮЙРО ҲАМЕША РОҲАТ ДАР ПЕШ АСТ
Бинобар риояи ростӣ ва ростгӯӣ ҳамаи он зарҳоро шоҳ ба ман бахшид. Чандин сол аст, ки аз он зарҳо харҷ мекунам, ҳаргиз адо намешаванд. Аз он замон то ба ин замон хосияти ростиро дар дарвозаи худ навишта мондаам, ки чунин аст: «Ростгӯйро ҳамеша роҳат дар пеш аст». Ҳар кӣ бошад, ба ҷуз ростӣ дигар сухан нагӯяд.
  Аз «Саргузашти Ҳотам»                                                      Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
 
ЛЕЙЛА ДЕНМАРК –  КУҲАНСОЛТАРИН ТАБИБИ ОЛАМ
 
Лейла на танҳо табиби куҳансолтарини ҷаҳон, балки ихтироъкори моҳир дар таърихи тибби ИМА дониста мешавад. Лейла Денмарк дар ҳамкорӣ бо ҳамкасбон ваксинаи зидди сулфаи кабудро ихтироъ кард, ки ҳоло барои пешгирии ин беморӣ дар кӯдакон самаранок истифода мешавад. Лейла дар  103-солагиаш  бо сабаби  бад шудани биноиши чашмаш ба нафақа баромад. 
Лейла бештар аз он ба хашм меомад, ки рӯзноманигорон  ба ҷои он ки дар бораи таҷрибаи густурдаи тиббии ӯ суҳбат кунанд, аз  дарозумриаш мепурсиданд. Лейла Денмарк 1-уми апрели соли 2012 дар синни 114-солагӣ даргузашт.
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
 
ТОҶИКБАЧА  ТИФЛЕРО АЗ ЧАНГОЛИ ОДАМРАБО НАҶОТ ДОД
Номи ҷавони тоҷик Муҳаммадҷон Обидов, ки тифлеро аз рабудан наҷот дода, барои дастгир шудани ҷинояткор ба кормандони пулис ёрӣ расонд, имрӯзҳо вирди забонҳост. Ӯ дар ширкати «Яндекс Лавка»-и Россия ба ҳайси курйер фаъолият дорад. 
Ҳодиса дар яке аз боғҳои шаҳри Москва рух додааст. Марди 27-сола бо номи Алексей аз дасти модаре кӯдакро гирифта, фирор менамояд. Ҳамин асно, Муҳаммадҷон, ки бо дучархааш дар наздикии боғ буд, мардро таъқиб мекунад. Алексей чунин сурат гирифтани ҳодисаро дида, кӯдакро ба замин партофта, мегурезад. Ҷавони тоҷик кӯдакро  зуд ба  модараш баргардонда, аз пайи ҷинояткор меравад ва ӯро дастгир намуда ба дасти полис месупорад.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
 
 
 
 
2024 – СОЛИ ОЛИМПӢ
ТОРП ЧАРО АЗ МЕДАЛҲОЯШ МАҲРУМ ГАРДИД?
 
Варзишгари амрикоӣ Ҷим Торп, ки бо заҳмат дар мусобиқаҳои панҷҳарба ва даҳҳарбаи V Бозиҳои олимпӣ (Стокголм, Шветсия) ғолиб шуд, баъд аз анҷоми олимпиада аз медалҳояш маҳрум гардид. Шарҳи расмии маҳрум кардан ин буд, ки гӯё Торп дар бейсбол бозингари ҳирфаӣ аст. Он замон варзишгарони касбиро дар бозиҳои олимпӣ роҳ намедоданд. Шарҳи ғайрирасмӣ – Торп ҳинду буд. 
Соли 1973, пас аз 61 сол Ҷим Торпро ғолиб донистанд ва медалҳои тиллои олимпиашро ба хонаводааш баргардонданд.
 
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
 
 
 
 
СОЗҲОИ МУСИҚӢ
ГИТОР 
Гитор  (аз юн.-қад. Kithara— кифара, ситра) сози мусиқии ториест, ки ба гурӯҳи созҳои удмонанд мутааллиқ буда, бо нохун ё мизроб навохта мешавад.  
Гитор дар Аврупо, махсусан дар миёнаи асри XVIII машҳур гардид. Дар ин давра ба ҷои 5 тори ҷуфт 6 тори яккаро истифода мебурданд. Дар нимаи дуюми асри XVIII дар Русия ва Лаҳистон истифодаи гитори 7-тора («гитори русӣ») ба расмият даромад. 
Дар асри XX чанд навъи гитор (гавайӣ ва ҷазӣ)-ро ихтироъ карданд. Ҳангоми навохтани гиторҳои гавайӣ ва ҷазӣ аз қувватафзои барқӣ истифода мебаранд. Гитор дар мусиқии миллӣ ва эстрадии тоҷик солҳои 40-50-уми асри XX ворид шуда, имрӯзҳо яке аз созҳои дӯстдоштаи ҷавонон ба ҳисоб меравад ва дар ҳамаи ансамблу гурӯҳҳои эстрадӣ истифода мешавад.
Таҳияи Шодмон АБДУРАҲИМ
 
 
 
 
 
ҲИКМАТИ ТАСВИРИ МОНО ЛИЗА
Лувр. Баъд аз тамошои портрети Моно Лиза, сайёҳе ба роҳбалад наздик мешаваду мепурсад: 
– Шумо дар  ин расм чӣ дидаед? Ман аз тамошои он ҳеҷ таассуроте набардоштам. 
Роҳбалад мегӯяд: 
– Медонед, ин зан худаш муайян мекунад, ки ба кӣ таассурот бахшаду ба кӣ не.  
 
Аз русӣ тарҷумаи М. ҚОДИРОВА 
 
 
 
ҲАФТ МУЪҶИЗАИ ОЛАМ 
МАЯКИ ИСКАНДАРИЯ
Маяки Искандария яке аз барҷастатарин иншооти меъмории замони қадим буда, рамзи бузургии тамаддуни бостонӣ ва маҳорати олии муҳандисиро ифода мекард. Он дар асри III (п.а.м) дар ҷазираи  Форос, наздикии шаҳри Искандарияи Миср сохта шудааст. Таърихи маяк (чароғи роҳнамо) ба замони салтанати Птоломей, сулолае, ки пас аз истилои Искандари Мақдунӣ ба сари қудрат омада буд, алоқаманд аст. Баландии он ба 100 метр мерасид, ки дар қисмати болояш ҳайкали олиҳаи Фортуна ё худои Посейдон ҷойгир буд. Нури маяк бо истифода аз оташ, ки дар он фурӯзон мешуд, аз масофаҳои хело дур маълум буд ва имкон медод, то киштиҳо бе монеа ва бехатар ба соҳили Искандария наздик шаванд.
Мутаассифона, маяки Искандария бар асари зилзилаҳо чандин маротиба осеб дида, дар охири асри XIV пурра хароб гардид. Аммо, бо вуҷуди аз байн рафтан, он дар таърих ҳамчун яке аз ҳафт муъҷизаи олам ва таҷассумгари бузурги тамаддуни бостонӣ боқӣ мемонад.  
Таҳияи Руҳафзо МУРОДОВА
 
 
 
 
 
10 НӮШИДАНИЕ, КИ КАСРО ҶАВОН НИГОҲ МЕДОРАД
7. ШАРБАТИ ГРЕЙПФРУТ
 
Шарбати грейпфрути сурх (меваи субтропикии дарахташ ҳамешасабз) пӯстро ҳамвор мекунад. Ҳамааш ба шарофати вояи пурқуввати ликопен, рангҳои табиӣ, ки ба мева чунин ранги сурх медиҳанд, мебошад. Ликопен яке аз пурқувваттарин антиоксидантҳо буда, радикалҳои озодро безарар мегардонад, ки “гунаҳкорон”-и зарар ба ҳуҷайраҳо мебошанд. Ликопен раванди пиршавии пӯстро суст мекунад, муҳофизати табиии онро аз Офтоб афзоиш медиҳад, инчунин, боиси синтези сафедаи масъули чандирии пӯст мегардад. 
 
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
Санаи нашр: 02.08.2024 №: 146
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив