ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БА ОЗМУНИ “ДУОИ МОДАР”

БА ОЗМУНИ “ДУОИ МОДАР”

21 август 2024, Чоршанбе
8
0
МОДАРҶОН
Хуш аст ҳарфи пур аз навот, модарҷон,
Бирез нағмаи дил аз садот, модарҷон.
Ба шеваҳои навозандаат манам ошиқ,
Забони туст чу қанду набот, модарҷон.
Набудаам чу даме ба пойи хидмати ту,
Бубахш тифли чунин норасот, модарҷон.
Хумори домани ту гирадам аз он ки туӣ,
Биҳишти пурҳавасу пурнишот, модарҷон.
Ту пеши рӯйи маниву мисли ойинаст,
Ҷамоли тозаву дилошнот, модарҷон.
Ба номи поки ту хӯрдам ҳазору як савганд,
Тамоми умр бимонам асот, модарҷон.
Дуои сабзи ту ҳар дам раҳам кунад рӯшан,
Сипоси хеш бигӯям барот, модарҷон.
 
 
АЗ ТАБОРИ АФСОНА
Ҳар рӯзи маро ту ид кардӣ, модар,
Пуршодиву хушнавид кардӣ, модар.
Хуш бош, ки  дар  зиндагиям ҳар лаҳза
Ту умри маро  саид кардӣ, модар.
 
Момои ман аз табори афсона будӣ,
Як кампири пурҳикмату афсона будӣ.
Огаҳ зи хабарҳои замону деҳаш,
Радёчаи пан(ҷ)сумаи ҳар хона будӣ.
 
Модар, ки ҳамеша аз пайи фарзанд аст,
Андар таҳи хок ҳам ба ӯ пайванд аст.
Дар хоб бидидаам, ки модар мегуфт:
Палтои маро бипӯш, берун сард аст.
 
Зардолуи боғи падарам ранг гирифт,
Мурғе ба ҳавои нойи ӯ чанг гирифт.
Қишлоқаки ман ба мисли модарҷонам
Ин дам ба канори худ маро танг гирифт.
 
Фархунда ҷаҳон зи рӯйи модар бошад,
Хушрӯй ҷаҳон зи бӯйи  модар бошад.
Монанди Ситора  ҳар кӣ Сино зояд,
Дар ҳалқаи модарон паямбар бошад.
 
Аз будани модарон ҳама нуру сафост,
Помол ба зиндагӣ баду макру риёст.
Бас марди бузург парварад дар доман,
Пероя агар варо сабурию ҳаёст.
 
ШАҲРИЯ АҲТАМЗОД
Санаи нашр: 21.08.2024 №: 160
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив