ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КАМОНВАРӢ

КАМОНВАРӢ

20 сентябр 2024, Ҷумъа
0
0


Барои Ҷоми раиси вилояти Суғд
Дар Мактаби махсуси варзиши камонварии вилояти Суғд мусобиқа оид ба камонварӣ барои дарёфти Ҷоми раиси вилояти Суғд баргузор гардид. 
Дар мусобиқа беш аз 60 варзишгар аз Тоҷикистону Ӯзбекистон миёни ҳам сабқат намуданд. Мусобиқа дар ду бахш: миёни наврасон ва калонсолон сурат гирифт.
Раиси вилояти Суғд, раиси Федератсияи камонварии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода дар маросими ҷамъбасти мусобиқа ширкат варзида, доир ба камонварӣ ва рушди он дар кишвар ибрози андеша намуда, дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибон медал ва мукофотпулӣ супурд.


ФУТБОЛ
Тоҷикистон дар “King’s Cup 2024” ширкат мекунад
Дар Рӯзҳои Федератсияи байналмилалии футбол дар моҳи октябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 50-ум Мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2024» ширкат мекунад.
Мусобиқа 11-14-уми октябр дар шаҳри Сонгкхлаи Тайланд бо иштироки тимҳои мунтахаби Тоҷикистон, Тайланд, Сурия ва Филиппин доир мегардад.
Дар даври нимниҳоӣ мунтахабҳои Тоҷикистон бо Сурия ва Тайланд бо Филиппин вомехӯранд. Ғолибони ин давр ба финал баромада, мағлубшудагон барои ҷойи сеюм мубориза мебаранд.


Мусовии «Равшан» бо «Моҳун Баган» дар Лигаи чемпионҳои Осиё-2
Дар даври аввали марҳалаи гурӯҳии Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё-2024/25 дар гурӯҳи “А” барандаи медали нуқраи Чемпионати Тоҷикистон-2023 – тими «Равшан»-и Кӯлоб дар меҳмонӣ бо чемпиони Ҳиндустон – дастаи «Моҳун Баган» мусовӣ бозӣ кард. 
Вохӯрии дастаҳо шоми 18-уми сентябр дар шаҳри Калкутта баргузор шуда, бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт.
Дар бозии дигари гурӯҳ “Трактор” (Эрон) дастаи “Ал-Вақра” (Қатар)-ро бо ҳисоби 3:0 мағлуб намуд.
Тими “Равшан” дар даври дуюми Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё 2-юми октябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дастаи “Ал-Вақра”-ро қабул мекунад.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 19.09.2024 №: 181-182
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив