ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАСУПУРДАНИ НУСХАҲОИ ҲАТМӢ ЧӢ ОҚИБАТ ДОРАД?

НАСУПУРДАНИ НУСХАҲОИ ҲАТМӢ ЧӢ ОҚИБАТ ДОРАД?

11 апрел 2023, Сешанбе
43
0

 
Китобу моҳнома, рӯзномаву ҳафтанома, дастуру барнома, дастхату номаҳо, харитаву барнома ва лоиҳаҳо хазинаи бузурги маънавии инсоният буда, ҳифз, нигаҳдорӣ, омӯзишу пажӯҳиш ва интиқоли онҳо ба наслҳои оянда зери назорати қатъии Ҳукумату давлат қарор доранд. Бо вуҷуди ин, саҳлангории баъзе ташкилоту идораҳо ва шахсони алоҳида сабаб мешавад, ки аксари маводи номбаршуда бо шумораи кам, як бор нашр гашта, нусхаҳои ҳатмии онҳо ба Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб - Хонаи китоби Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон супурда намешаванд.
Дар робита ба ин масъала, Ҷумъахон Файзализода, директори КМТ, маълумот дода, аз ҷумла чунин гуфт: “Медонед, ки Китобхонаи миллӣ махзани асосиву аслии ҳама осори интишорёфта мебошад. Ҳар корафтода ва муроҷиаткунанда бояд аз ин ҷо дилхоҳ асари китобатшударо ёбаду истифода барад. Мутаассифона, чанд соли охир бо сабаби супурда нашудани нусхаҳои ҳатмии китобҳо, рӯзномаву ҳафтаномаҳо ва маҷаллаҳои фарҳангиву илмӣ муроҷиати баъзе аз шаҳрвандон қонеъ намешавад. Ҳол он ки чунин хунукназарии масъулон хилофи қонун мебошад”.
Вобаста ба муҳлат ва тартиби фиристодани нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нусхаҳои ҳатмӣ” аз 26 декабри соли 2011 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи номгӯйи гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо” аз 31 августи соли 2012 ба тасвиб расида, мавриди амал қарор доранд. Санадҳои меъёриву ҳуқуқии мавриди назар тартиби ташаккули нусхаҳои ҳатмии ҳуҷҷатҳоро муайян карда, муҳлат ва тартиби дастрас гардондани нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳоро ба танзим медароранд. 
Бо вуҷуди ин, масъулон борҳо ба вазорату идораҳои дахлдор хаттиву шифоҳӣ муроҷиат карда бошанд ҳам, аммо ҳанӯз дар ин росто чораҳои мушаххас андешида нашудаанд. Борҳо шуда, ки шаҳрвандон аз наёфтани нусхаҳои ин ё он маводи чопӣ шиква намуда, аз ягон китобхона наёфтанашро изҳор доштаанд. 
Имрӯз мутаассифона, на танҳо нусхаҳои ҳатмӣ, балки ҳатто китобхонаи баъзе аз адибону пажӯҳишгарони тоҷик, ки умре дар соҳаи фарҳангу адаб хизмат кардаанд, пас аз даргузашташон паҳну парешон гашта, нобуд мешаванд. Муносибат ба ин масъала хунукназарона сурат гирифта, дастхатҳо ва маводи нодири чопӣ аз байн мераванд ва ин албатта ба раванди омӯзишу баррасии дуруст ва саривақтии таъриху тамаддун монеаҳо эҷод мекунад. 
– Дар як сол бештар аз 900 номгӯ китоби нав чоп мешавад, аммо ба Китобхонаи миллӣ танҳо 15 дарсади он дастрас мегардад. Мо дар ин бора бо номаи махсус ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат кардем. Дар натиҷа, бо ташаббуси Вазорати фарҳанг ҷаласаи фарогири ноширони мамлакат дар Китобхонаи миллӣ баргузор шуд. Дар он ноширон ваъда доданд, ки оянда нусхаҳои ҳатмии китобҳои чопшударо ба фонди КМТ ва дигар идораҳои дахлдор месупоранд, аммо ҳама қарору ваъдаҳои ҷаласа мисли кӯфтани ҳован дар об буд. Гап шуду иҷро не! – изҳор дошт директори Китобхона.
Масъули чопхонаи “Графика-Принт” Н. Дилшод гуфт: “Агар ISBN – рақамгузории стандарти китобро мо гирем, муаллиф вазифадор мешавад, ки 4-5 нусхаи иловагӣ чоп кунад, то мо онҳоро чун нусхаҳои ҳатмӣ ба Хонаи китоб супорем. Дар ҳолате, ки ISBN-ро худи муаллифу мураттибони китоб мегиранд, масъули супурдани  нусхаҳои ҳатмӣ худашонанд”.
Яке аз ганҷинаҳои асосии ҷамъоварии ҳуҷҷатҳои муҳим, китобу ҷаридаҳо Агентии миллии созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон мебошад. Ин муассиса бо фароҳамоварӣ, бақайдгирии библиографӣ, таҳияи  омор ва ҳифзу нигоҳдории нусхаҳои ҳатмии маҳсулоти чопӣ маҳдуд нагашта, китобу рисолаҳои илмии тозанашр ва мақолоти ҷолиби нашрияҳои давриро тавассути феҳристи давлатӣ – «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва сомонаҳои интернетии муассиса www.tajikbooks.tj ва www.isbn.tj таблиғ ва муаррифӣ мекунад. 
Бино ба гуфтаи Маҳмаднабӣ Баёнов, муовини директори Хонаи китоб, ҳамасола 4 шумора феҳристи «Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро чоп мекунад. Ҳамзамон, ба наздикӣ сомонаҳои нави муассиса фаъол мешаванд, ки ба суди кор аст.
– Шуъбаи алоҳида бо номи нозироти стандарти нашр ва воридоти нусхаҳои ҳатмӣ дорем. Кормандони ин шуъба ба нашрияҳо занг мезананд ё он ҷо рафта, нусхаҳои ҳатмиро ба муассиса меоранд. Дар ҳолати саркашӣ кардан аз супурдани нусхаҳои ҳатмӣ мо ба чопхонаи онҳо рақамгузории стандарти китобро манъ мекунем. Аз ин хотир, ин раванд дар мо осонтар сурат мегирад. Ин ҷо баҳси дигар аст, бештари касони ноогоҳ ибораи “ташкилотҳои полигарфӣ”-ро аз Қонуни зикршуда мисол оварда, меафзоянд, ки матбаа (оне ки маҳсулоти чопӣ мебарорад) ё нашриёт (оне ки ба чоп омода мекунаду фармоишгар мебошад) махсус зикр нашудааст. Бояд таъкид кунем, ки инҳо ҳама муваззафанд, ки сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идорӣ нусхаҳои ҳатмиро супоранд, – мегӯяд Маҳмаднабӣ Баёнов.
Ёдовар мешавем, ки барои дар муҳлати муайяншуда аз тарафи истеҳсолкунанда дастрас накардани нусхаҳои ҳатмии маҳсулоти чопӣ ва риоя нагардидани стандартҳои дар соҳаи табъу нашр пешбинишуда, дар моддаҳои 373, 509 ва 520 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.
Соли 2021 Хонаи китоби Тоҷикистон 4 сканери баландсифати “Элар” харид ва инак, электроникунонии ҳуҷҷатҳо идома дорад.  
– Ин дастгоҳҳо, ки тарзи корбарии онҳоро ҳамкасбони ҷавони мо мустақилона омӯхтанд, ҳаҷми кори калонеро сомон дода, ҳуҷҷатҳои электронишуда ҳоло ба сервери ягонаи мо ҷамъоварӣ мешаванд. Ин таҷрибаи нахустин дар Тоҷикистон аст. Оянда агар Вазорати фарҳанг иҷозат диҳад, як қисми оммавии ҳуҷҷату китобҳоро дар сомонаи худ мегузорем, – афзуд М. Баёнов. 
Сари вақт пешниҳод кардани нусхаҳои ҳатмӣ ба мукаммалсозӣ ва ғанӣ гардондани фонди бойгонии матбуоти Тоҷикистон ва муаррифии маҳсулоти чопии кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат хоҳад кард. Дар акси ҳол, агар супурда нашаванд, пора-пора таъриху тамаддун ва адабу фарҳанг фаромӯш шуда, дар назди ояндагон бедалелу бебурҳон мемонем. Маҳз осори хаттӣ аст, ки оянда таърих месозад ва чун сарчашма барои ҳалли қазияҳои гуногун хидмат мекунад. Китобхонаҳои марказӣ, бавижа Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон танҳо бо ҷамъоварии нусхаҳои ҳатмии рӯзномаҳо, бастаи маҷаллаҳо ва китобҳо машғул нест, балки рисолати муҳимтари он ба як сарчашма овардани ҳуҷҷатҳои нодир, дастхатҳо, мактубҳою хазинаи асарҳои шахсиятҳо, китобҳои ноёб, харитаҳои солҳои гуногун, лоиҳаҳои мухталифи ин ё он ҳуҷҷат мебошад.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 11.04.2023 №: 74
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив