ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАҚТЕ РОҲБАР БА ХАЛҚ ТАКЯ МЕКУНАД...

ВАҚТЕ РОҲБАР БА ХАЛҚ ТАКЯ МЕКУНАД...

01 май 2023, Душанбе
23
0


 
Имрӯз, ҷаҳон дар меҳвари воқеаҳои пешгӯинашаванда қарор дорад. Ба сари мардуми сайёра мушкилию печидагиҳои зиёдро бадхоҳони башарият ба бор овардаанд. Ба бахти баландамон ҳоло мардуми Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамаи озмоиш ва имтиҳонҳои сангину мураккаби замон бо сари баланд гузашта истодаанд. Мо, калонсолон ва, инчунин, ҷавонону наврасон пайравони содиқи Президенти кишвар ба ояндаи боз ҳам фирӯзтар боварии комил дорем. Мехоҳам дар бораи як масъалаи муҳим фикру мулоҳизаҳоямро баён намоям. Ба андешаи банда корҳои идеологии байни мардум, алалхусус, миёни ҷавононро дучанд зиёд кардан лозим аст. Маҳз миёни мардум будан, аз зиндагиашон воқиф гаштан, ба онҳо  иттилооти саривақтӣ ва саҳеҳ додан  зарур аст.
Афкори умум  аз хонаҳо ва маҳаллаҳо, чӣ тавре ки мегӯянд аз гаҳвора ва шири модар ва ниҳоят аз  сохторҳои мақомоти идоракунӣ сар мешавад. Имрӯз тарҳи иқдомҳо бояд аз сатҳи поёнӣ маншаъ бигирад. Ҳоло иқдомҳо  аз боло эҷод мешаванд, зинаҳои поёнии ҷомеа дар ин маврид камтар ҷасорату ташаббус нишон медиҳанд. Мутаассифона, ҳоло ҳам дар деҳот раисони маҳаллаҳо кори худро аз хабар кардани  мардум ба ҳар гуна маъракаҳо, ба тӯю дигар маросимҳо медонанду халос. Онҳо ба раванди зиндагонии сокинон, пешрафт ва камукости зиндагонии сокинон он қадар таваҷҷуҳ надоранд.
Бояд зикр кард, ки зуҳуроти манфӣ, ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои  террористӣ, тундгароӣ ва ифротӣ аз ҳама бештар дар музофотҳо пайдо мешаванд. Дар ин  минтақаҳои аҳолинишин бояд минбари фаъол дошта бошем ва оммаро дар руҳияи ормонҳои миллӣ, ватандӯстӣ ва бедории ғурури ватандорӣ тарбият кунем. Ба роҳбарии маҳаллаҳо, ҷамоатҳо бояд шахсони бо салоҳият ва ба кори давлат содиқ таъин карда шаванд.
Ҳамчунин, аз васоити ахбори оммаи маҳаллӣ, дастгоҳҳои иттилоотӣ самаранок истифода барем. Радио ва баландгӯякҳои даврони шуравиро аз нав эҳё кунем. Баҳри иҷрои ин амал гузоштани  симчӯб ва кашидани сим дигар даркор нест. Тариқи марказҳои пахши барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ бо харидани дастгоҳи радиошунавонӣ, ки дар бозору мағозаҳо он қадар арзиш ҳам надорад, ташкил кардан мумкин аст. Танҳо дасту дили гарми масъулин ва сокинон, махсусан аҳолии деҳот, зарур асту халос. Қатъиян набояд роҳ диҳем, ки  фазои  иттилоотӣ, ки қариб навад фоизаш  ғаразноканд дар дасти шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ бошад. Солҳои пешин фаъолони маҳал, пеш аз ҳама, омӯзгорон, кормандони муассисаҳои фарҳангӣ ва тиббӣ чӣ тавре, ки мегуфтанд агитаторон  ва ахборотчиёни сиёсӣ хона ба хона мегаштанд. Онҳо сиёсати ҳизб, давлат ва ҳукуматро ба мардум мефаҳмонданд. Деҳнишинонро ба корҳои ҷамъиятӣ  ва мавсимии саҳроӣ сафарбар  мекарданд. Мутаассифона,  қариб ҳамаи ин амалҳои  хубу таъсиррасон, корҳои ташвиқотӣ – тарғиботӣ аз назар дур мондаанд. Бо  ҷавонону наврасон бештар кор карданамон лозим аст. Онҳоро дар руҳияи  ватанпарасти  асил будан, инчунин, анъанаҳои пуршарафи   аз падару бобоёни шуҳратманд  бамеросмонда тарбият намоем. 
Мо ҳеҷ гоҳ пас аз ҳазорсолаҳо фаромӯш нахоҳем кард, ки то даврони соҳибистиқлолӣ миллати тоҷик идеологияи хоси худро надошт. Танҳо ифтихор аз тамаддуни гузаштаи мо ормони миллиро ташаккул дода наметавонад. Пешвои миллат дар маркази пойтахти кишвар ҳайкали Исмоили Сомонӣ ва муҷассамаи Одамушуарро Абуабдуллоҳи Рӯдакиро гузоштанд. Зиёда аз 5 миллион ҳамватанони парокандаро сарҷамъ намуданд, ки ҳоло ба 10 миллион расидаем. Боиси сарфарозист, ки 5 иқдоми ҷаҳоншумули Пешвои миллатро мардуми сайёра эътироф кардаанд.
Тавре Пешвои муаззами миллат таъкид менамоянд, мо – ворисони миллати куҳанбунёди фарҳангсолори ориёием. Ҳар мушкилотро метавонем бо рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек, лаҳни мулоим, муколамаи солим ва эҳтироми ақидаҳо ҳал намоем. 
Бартарии бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари баъзе давлатҳо дар шароити буҳрони шадиди иқтисодии  ҷаҳон маҳз ҳамин алоқамандии Ҳукумат бо халқ маҳсуб мешавад. Тавре Пешвои муаззами мо борҳо таъкид кардаанд: “Ҳамеша ба халқ такя кардан лозим аст”. 
Оини ватандӯстӣ ҳоло яке аз рукнҳои асосии мафкураи миллии  сокинони Тоҷикистон гаштааст. Зарур медонам, ки нуктаеро аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин масъала ёдовар шавам: «Вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат – аз шаҳрванди одӣ то корманди баландпояи мақомоти давлатӣ таблиғи бедории миллӣ, зиракию ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад». 
Пешвои муаззами миллат моро вазифадор менамоянд, ки ҷавонон ва наврасонро тавре тарбия намоем, ки ҳамчун ватанпарастони асил  ва қавиирода ба воя бирасанд. Ин корро ҳанӯз аз овони  хурдӣ,  аз мизи талабагӣ ба ҷо оварданамон зарур аст. Дар ёд дорам  пештар гурӯҳҳои  “Дӯстони  ҷавони сарҳадчиён” амал мекарданд. Наврасон ба қисмҳои низомӣ мерафтанд, сарҳадбонон ва афсарону сарбозони дигар ниҳодҳои низомӣ  низ, ба мактабҳо ташриф меоварданд. Дарсҳои ҳарбӣ – ватандӯстӣ  дар таълимгоҳҳо ба дараҷаи баланд мегузаштанд, мактабҳо кабинетҳои ҳарбӣ доштанд. 
Мо бояд камбудӣ ва нуқсонҳоро ҳарчи зудтар бартараф  созем. Ҳамчунин, наврасону ҷавононро дар руҳияи пандномаи бузургонамон, гуфтаҳои ватандӯстонаи «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ тарбият намоем. Фикру андешаҳои меҳанпарастонаи  қаҳрамонони ин асари оламшумулро ҳама вақт ва, инчунин, дар даврае, ки аз кишварҳои бегона ба хоки муқаддаси мо дастдарозӣ мекунанд тарғибу ташвиқ намоем. Чи хуш аст, ки ҷавонони мо қарзи фарзандии худро ба ҷо оварда, ба ҳимояи марзу буми  кишвар ихтиёран  камар мебанданд ва сипари боэътимоди сарзамини хеш мебошанд. Ба қавли  Фирдавсии бузургвор
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба  душман диҳем. 
Бисёр ҳам арзанда мебошад, ки ин мисраъҳои адиби тавонои тамоми давру замон шиори  кулли ҷавонони саросари Тоҷикистон гардидаанд.

Қодири ҚОСИМ, 
муовини Раиси Маҷлиси  
намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Санаи нашр: 01.05.2023 №: 90
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив