ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САРНАВИШТ

САРНАВИШТ

29 май 2023, Душанбе
10
0


- Не нагӯед, агар духтаратон он ду ятимро тарбия карда, ба воя расонад, шояд ба ӯ ҳам Худо фарзанд ато кунад. «Дунё ба умед» гуфтаанд.
- Не, гуфтам, не, гап якто. Духтарамро ба марди зани урус гирифта намедиҳам, боз ду фарзандаш будааст.
- Як хаёл кунед: духтаратон Роҳилахон ду маротиба шавҳар карда рӯйи фарзандро надид, ҳамин кӯдакони бегуноҳи бемодармондаро тарбия кунад, шояд ӯ ҳам ба марҳамати Худо сазовор гардад. 
Баъди гуфтугӯҳои зиёд  оқибат падари Роҳила розӣ мешавад, ки духтарашро ба Маъмурҷон ба занӣ диҳад.
* * *
Аз тамомшавии ҷанг ду сол сипарӣ гашта бошад ҳам, аз Маъмурҷони ба ҷанг рафта хабаре набуд. Модар ҳар рӯзу шом аз Худо талаб мекард, ки писарашро сиҳату саломат ба наздаш баргардонад. Оқибат дуояш мустаҷоб гашту хатти писарашро гирифт. Ӯ аз шифоёбии худ хабар дода, гуфтааст, ки то аввали баҳор ба Ӯротеппа меравад.
Ҳақиқатан, рӯзе дарвозаи ҳавлӣ кушода шуду ҷавони сарулибоси низомӣ дошта бо як зану духтарча вориди ҳавлӣ гардид. Модар ин ҳолро дида ҳуш аз сараш  парид. Охир, ӯ барои писараш келин ҳам ёфта монда буд. Ин чи шуд, ки писараш бо зану фарзанд ба Ӯротеппа омад. Бар замми ин, зани ҳамроҳаш омада ҳомиладор буд. «Ҳарчи бодо бод!»-гӯён модар тозон рафта, писарашро ба оғӯш кашида, бӯсиду ба ҷавонзан «здрасти» гуфта монд. Ба саломи модари Маъмурҷон зан бо табассум нигариста, салом доду «Ваша внучка»  гуфта духтараш Рамзияро назди кампир овард. Модар хам шуда, аз рухсораи кӯдак, ки ба писараш шабоҳат дошт, бӯсида, онҳоро ба рӯйи кат таклиф намуд. Баъди тановул ва каме истироҳат кардан, Маъмурҷон ба модараш фаҳмонд, ки агар ҳамин украиндухтар ӯро аз анбуҳи ҷангалзор, аз зери дарахте ёфта  ба хонааш оварда табобат намекард, имрӯз ин ҷо омаданаш ғайриимкон буд.
Дар яке аз набардҳо Маъмурҷон  захм бардошта аз ҳуш меравад ва  аз назари санитарҳо дур мемонад. Вақте ба ҳуш меояд, мебинад, ки зане ӯро болои чодар гирифта, бо азобе кашолакунон ба сӯйе мебарад. Маъмурҷон нолиш карда, «об-об» гуфт. Зан ба ақибаш нигариста, як тарафи чодарро, ки аскари қаториро кашолакунон ба хонааш мебурд, ба замин гузошта, ба наздаш омаду «Что сказал?» - гуфта пурсид. «Пить хочется» - гуфта, боз аз ҳуш меравад. Аз захми бардоштааш ҳанӯз хун мечакид. Зан тез аскари ярадоршударо кашолакунон ба хонааш оварду ҷойи захмбардоштаро аз нав тоза карда, бо маҳлулҳои аз гиёҳҳо тайёркардааш ба ҷойи захм гузошта басту каме оби ширгарм нӯшонд. Ҳамин тарз, ин зани ғамхору дилсӯзи украинӣ Маъмурҷонро дар бадали се моҳ табобат намуд. Дар ин муддат ҳаракат мекард, ки ба бемор хӯрокҳои гарм пухта диҳад. Ин ба гуфтан осон, вале тайёр кардани хӯроки гарм хеле мушкил буд. Дар хона каме картошка боқӣ монда буду  гандуми нокӯфта. Меҳрубониҳои Полина дар бадали як соли табобат ва нигоҳубин ба ишқи ҳақиқӣ табдил меёбад. Дар ин муддат ҷанги хонумонсӯз ҳам ба охир мерасад.
Маъмурҷон баъди шифо ёфтан аввал ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Логовой рафта, худро номнавис мекунад ва бо ҳамин то соли 1947 хизматро дар он ҷо давом медиҳад. Ӯ соҳиби духтарчае мешавад ва Рамзияаш ном мегузорад. Ҳангоми чорсолагии духтарашон Маъмурҷон бо ҳамсараш Полина маслиҳат карда, қарор медиҳанд, ки ба зодгоҳаш шаҳри Ӯротеппа, ба назди падару модараш раванд. Бо азоби зиёд  аз поезд ба поезд ва мошин савор шуда, мерасанд. Бар замми ин, Полина ҳомиладор буду рӯз аз рӯз муҳлати таваллуд наздик мешуд.
 Он рӯз фаро расид. Солҳои баъдиҷангӣ дар таваллудхонаҳо шароит хуб набуд. Аксари занони маҳаллӣ дар хонаҳои худ таваллуд мекарданд. Полина хоҳиш мекунад, ки ӯро ба таваллудхона баранд. Кӯдак бо душвории зиёд рӯйи олам меояду Полина аз хунравии бисёр рӯйи фарзанди писарашро надида, аз олам чашм мепӯшад.
 Баъди маросими дафн кӯдакро аз беморхона оварда, Ёдгор ном мегузоранд. Кӯдак гиря мекард, лабонашро ин сӯ он сӯ карда, синаи модар меҷуст, вале онро наёфта ба гиря медаромад. Модари Маъмурҷон ба кӯдак чи доданашро намедонист, ягона умедаш ба нон буд, ки он ҳам серӣ набуд. Буридаи нонеро гирифта, ба пиёла реза карда, оби онро ба кӯдак мехӯронд. Ҳар замон аз гови ҳамсоя шир қарз гирифта, ба об омехта, ба Ёдгор мехӯронд. Маъмурҷон ҳанӯз кор наёфта буд, бинобар ин, маблағе надоштанд, ки пули ширро диҳанд.   
Рӯзе ба модараш гуфт, ки ба шаҳри дигар рафта, кор меҷӯяд, шояд коре пайдо кунаду маблағе ба онҳо фиристад. «Тарбияи фарзандонам акнун ба Шумо», - гуфта, аз хона баромада, ба шаҳри Тошкент меравад. Он ҷо ӯро дар корхонаи бофандагӣ, ки бародараш кор мекард, ба кор мегиранд. Аз нахустин моҳонааш барои фарзандону модараш сарулибос харида, ба назди модараш меояд.
 Ҳамкорон аз ҳаёти вазнини Маъмурҷон воқиф гашта, маслиҳат медиҳанд, ки бо ҷавонзане хонадор шавад, аммо ба кӣ? Ба Маъмурҷон хабар медиҳанд, ки дар маҳаллаи боло зане ҳаст, ки ду маротиба шавҳар карда, фарзанд наёфтааст. Шояд барои соҳиби кӯдак шудан бори сеюм ба шавҳар барояд.
Оқибат рӯзи тӯй муайян гардид. Арӯсро ба хонаи иҷораи Маъмурҷон  оварданд.
Рӯзи дуюми хонадоршавӣ Роҳила ба шавҳараш Маъмурҷон муроҷиат карда гуфт.
- Ман барои тарбияи кӯдакон ин ҷо омадам. Худи пагоҳ ба Ӯротеппа рафта, кӯдаконро биёред.
Маъмурҷон ба зодгоҳаш назди модар омаду воқеаи зангириашро баён кард. Як шаб назди модар истода, азоби кӯдакону модарро дида то рӯз хобаш набурд. Дар назди зани бегона аҳволи кӯдаконам, алалхусус Ёдгорҷони 7-моҳа чӣ мешуда бошад?   Модарамро аз ин мушкилиҳо озод мекунаму фарзандонамро наздам мебарам. 
Дар роҳ кӯдак гиря кардан гирифт. Он оби нони таркардаи модарашро, ки ба зарфе андохта дода буд, ба кӯдак хӯронда бошад ҳам, кӯдак гиря мекард, шояд сер нашуда буд.
Баробари ба шаҳри Тошкент, ба ҳавлиаш расидан кӯдакро бо духтараш Рамзия  ба дасти занаш Роҳила гузошта  ба кор рафт.
Ёдгорҷон дусола нашуда, худи Роҳила низ ҳомиладор шуд ва духтараки зебое таваллуд карду ба ӯ Машҳура ном ниҳоданд.
Рамзия, ки, аллакай, 6-7 - сола шуда буд, акнун ба модараш дастёрӣ мекард. Ба Ёдгорҷон, ки, аллакай, роҳгард шуда буд, нигоҳубин мекарду гаҳвораи Машҳураро меҷунбонд. Дар хонадон боз 5 фарзанд ба дунё омада, ҳамаашон ба воя мерасанд ва соҳиби касбу ҳунар ва илму дониш мешаванд. 

Сайфулло МАҲКАМОВ, рӯзноманигор

Санаи нашр: 29.05.2023 №: 112
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив