ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » Cуханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Роштқалъа, 16 августи соли 2023

Cуханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Роштқалъа, 16 августи соли 2023

18 август 2023, Ҷумъа
25
0
 
Ҳамватанони азиз!
Имрӯзҳо тамоми мардуми Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани Ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ дида истодаанд.
Хурду бузурги мардуми ватандӯсти ноҳияи Роштқалъа ва ҳамаи шумо – ҳозирини муҳтарамро ба ифтихори ин санаи сарнавиштсоз самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо саодату хушбахтӣ ва дар ҷодаи амалисозии нияту нақшаҳои некатон барору комёбӣ орзу менамоям.
Истиқлолу озодии давлатӣ барои ҳар яки мо неъмати бузургтарин, сарвати бебаҳотарин ва дастоварди азизтарини зиндагӣ мебошад. Маҳз ба шарофати истиқлолу соҳибихтиёрӣ мо имконият пайдо кардем, ки захираҳои дар ихтиёрдоштаамонро ба хотири ободу пешрафта гардондани тамоми гӯшаву канори мамлакат то дурдасттарин деҳоти он равона созем. Мисоли равшан ва намунаи возеҳи ин гуфтаҳо ҳамин ноҳияи Роштқалъа аст, ки маҳз аз баракати истиқлол ба чунин ободиҳо ноил гардидааст.
Имрӯз бо итминони комил гуфта метавонем, ки ҳар як сокини бонангу номуси ин диёр дар ҷодаи ободониву бунёдкорӣ саҳми арзандаи худро гузошта, ба хотири пешрафти Ватани маҳбубамон, таҳкими иқтидори давлати миллиамон ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии ҳар як сокини кишварамон саъю талош менамояд. Дарвоқеъ, ҳоло тамоми Ватани маҳбубамон ба саҳнаи бузурги созандагӣ табдил ёфта, мардуми бонангу номуси кишвар, соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатпеша ба хотири ободу зебо гардондани зодгоҳи худ ва дар маҷмуъ, Ватани аҷдодиамон – Тоҷикистон, саъю талош карда истодаанд, ки ноҳияи Роштқалъа низ аз ин раванд истисно нест.
Натиҷаи чунин азму талошҳои ободгарона аст, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар ҳудуди ноҳия бунёду навсозии 205 иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ ба маблағи умумии қариб як миллиард сомонӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 50 иншоот ба истифода супурда шудааст. Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия 175 иншооти таъиноти гуногун бунёд гардида буд. Ҳамаи ин иқдомот боиси боз ҳам ободу зебо гардидани ноҳия, ҳалли бисёр мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ ва болоравии сатҳу сифати зиндагии мардум гардидаанд.
Рӯзҳои 24-27-уми июни соли ҷорӣ бар асари фуромадани сел чандин хонаи истиқоматии сокинони деҳаи Миденведи ноҳия, роҳу пулҳо, иншооти иҷтимоӣ ва заминҳои кишоварзӣ зарари ҷиддӣ диданд.
Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои 10 хонаводаи деҳаи зикршуда дар як муддати кӯтоҳ хонаҳои истиқоматии нав бунёд гардида, илова бар ин, майдончаи варзиш ва роҳҳои чароғоншудаи маҳаллӣ сохта шуд, ки мо имрӯз дар маросими ба истифода супурдани онҳо иштирок кардем.
Мо имрӯз, ҳамчунин, якчанд иншооти муҳими дигар, аз ҷумла зеристгоҳи барқии Неругоҳи барқи обии «Себзор» ва хатҳои интиқоли барқи 110-киловолтаи «Хоруғ – Себзор», «Ванҷ – Рӯшон – Хоруғ» ва неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Мурғобро ба тариқи видеоӣ ифтитоҳ намуда, аз ҷараёни корҳои сохтмони Неругоҳи «Себзор» боздид кардем. Ба сохтмончиёни Неругоҳ доир ба суръатбахшии бунёди ин иншооти муҳим, сифати баланди корҳо ва дар муҳлати таъиншуда ба истифода супурдани он дастурҳои мушаххас додем. Дар робита ба ин, хотиррасон менамоям, ки Неругоҳи «Себзор» ояндаи боз ҳам пешрафтаи ноҳияи Роштқалъа ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Роштқалъа аз ҳисоби буҷети давлатӣ 436 миллион сомонӣ равона гардидааст. Аз ҷумла, аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои дастгирии буҷети маҳаллӣ ва маблағгузории соҳаҳои мухталифи ноҳия 392 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст. Илова бар ин, дар ин давра дар ҳудуди ноҳия 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 18 миллион сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло иҷрои корҳо дар доираи се лоиҳаи дигар ба маблағи беш аз 730 миллион сомонӣ идома доранд.
Дар доираи лоиҳаҳои зикршуда сохтмону муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, тадбирҳо ҷиҳати дастрас гардондану баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ, таҷдиду беҳтар намудани вазъи роҳҳо, бо неруи барқ таъмин кардани деҳаҳо, дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва пешгирӣ намудани офатҳои табиӣ амалӣ гардидаанд. Ҳамчунин, тибқи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Роштқалъа барои солҳои 2021 – 2025, татбиқи 92 лоиҳа ба маблағи беш аз 222 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки аз ин ҳисоб то ба имрӯз 13 лоиҳа ба маблағи 80 миллион сомонӣ ба анҷом расидааст.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони ватаниву хориҷӣ ҷиҳати иҷрои босифати корҳо дар иншооти сохташаванда, истифодаи самараноки онҳо, тақвият бахшидани корҳои ободониву бунёдкорӣ ва рушди инфрасохтори ноҳия тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Дар зарфи сию ду соли соҳибистиқлолӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ бо мақсади дастгирии молиявии ташаббусҳои соҳибкорон ва аҳолии ноҳия ба маблағи беш аз 132 миллион сомонӣ қарз дода шудааст. Танҳо дар сею ним соли охир, яъне солҳои 2020 – 2022 ва нимсолаи аввали соли ҷорӣ, ҳаҷми қарзи додашуда ба ноҳия 42 миллион сомониро ташкил додааст, ки ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар гардидани вазъи иҷтимоиву иқтисодии ноҳия мусоидат карда истодааст. Вале ин нишондиҳандаҳо, бо дарназардошти захираву имкониятҳои ноҳия, ҳоло ҳам кофӣ нестанд. Аз ин лиҳоз, Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзиро зарур аст, ки барои фароҳам овардани шароит ҷиҳати дастрасии аҳолии ноҳия ба хизматрасонии молиявӣ, аз ҷумла ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳоло дар ноҳияи Роштқалъа ҳамагӣ чор корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар онҳо ба маблағи қариб 2 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26 фоиз зиёд мебошад.
Ҳаҷми умумии маҷмуи маҳсулоти саноатии ноҳия тайи ду даҳсолаи охир ҳамагӣ 35 фоиз, яъне аз 2,6 миллион сомонии соли 2000-ум то 3,5 миллион сомонӣ дар соли 2022 афзоиш ёфтааст.
Вобаста ба ин масъала, таъкид менамоям, ки нишондиҳандаи зикршуда, бо дарназардошти имкониятҳои ноҳия қонеъкунанда нест. Яъне, вазъи рушди соҳаи саноат дар ноҳия ба талаботи ҳадафи стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ҷавобгӯ нест ва аз роҳбарону масъулин андешидани чораҳои мушаххасро дар ин самт тақозо менамояд.
Дар ҳудуди ноҳия конҳои гуногуни канданиҳои фоиданок, аз ҷумла сангҳои қиматбаҳову ороишӣ – лоҷвард, рубин, гранат, кварс, аквамарин, турмалин, мармар ва монанди инҳо мавҷуданд, ки истихроҷ ва коркарди онҳо ба зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсолу содироти маҳсулоти саноатӣ ва ташкили ҷойҳои кори нав мусоидат менамояд. Бинобар ин, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бояд якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ доир ба таъсис додани корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ чораҷӯӣ намоянд.
Таъкид менамоям, ки барои рушди минбаъдаи соҳаи саноати ноҳия, инчунин, бояд ба коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва дар ин замина, васеъ ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, дӯзандагӣ, дорусозӣ, масолеҳи сохтмон ва рушди ҳунармандӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад.
Бояд гуфт, ки соҳаи кишоварзӣ дар ноҳияи Роштқалъа омили асосии ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба шумор меравад. Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ солҳои соҳибистиқлолӣ бомаром афзоиш ёфта, соли 2022 ба 94 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба соли 2000-ум 10 баробар зиёд мебошад. Дар ин давра истеҳсоли ғалладонагиҳо 1,6 баробар, картошка 3,2, сабзавот 2,7 ва гӯшт 1,6 баробар зиёд гардидааст.
Чунонки дар суханрониҳои худ ҳамеша хотирнишон менамоям, роҳи асосии афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар истифодаи самараноку оқилонаи обу замин ва дигар иқтидору имкониятҳои мавҷудаи соҳа мебошад.
Ҳамаи шумо хуб медонед, ки дар шароити бисёр мураккаби имрӯза масъалаи бо маҳсулоти ғизоӣ таъмин кардани аҳолӣ аҳамияти аввалиндараҷа ва ҳаётӣ пайдо кардааст. Аз ин рӯ, роҳбарону масъулинро зарур аст, ки ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил, ҳамчунин, бунёди сардхонаву гармхонаҳои муосир тадбирҳои судманд андешанд.
Дар ноҳияи Роштқалъа барои истеҳсоли картошка, гандуму ҷав, лӯбиёиҳо, аз ҷумла боқило, инчунин, пиёз, карам, сабзӣ ва дигар намудҳои сабзавот, аз меваҷот себ, зардолу, чормағз ва маҳсулоти соҳаи чорводорӣ имкониятҳои зиёд мавҷуданд.
Ҷиҳати васеъ намудани майдони кишт ва дар ин замина зиёд кардани истеҳсоли маҳсулот дар даҳ соли охир бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Роштқалъа майдони 33 гектар заминҳои нав аз худ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид гардидаанд. Инчунин, дар ин давра дар ноҳия майдони заминҳои партов аз 53 гектари соли 2013 то 5 гектар дар соли 2023-юм кам карда шудааст. Ҳамзамон бо ин, дар доираи Барномаи беҳтар намудани ҳолат ва самаранок истифода бурдани чарогоҳҳо, дар ин давра дар мавзеи Ҷавшангози ноҳия канал барои обёрӣ намудани 35 гектар замини чарогоҳ мавриди истифода қарор гирифтааст. Илова бар ин, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар доираи Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, ба нақша гирифта шудааст, ки дар панҷ соли минбаъда дар ноҳияи Роштқалъа майдони 50 гектар заминҳои нав аз худ карда шаванд. Аз ҷумла, дар мавзеи Вранг – Роҳруштдашт дар майдони 20 гектар ба маблағи 800 ҳазор сомонӣ ва дар мавзеи Майно – Элок дар майдони 30 гектар ба маблағи 1 миллион сомонӣ заминҳо аз худ карда мешаванд.
Ҳозирини гиромӣ!
Боиси қаноатмандист, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ вазъи соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла маорифу тандурустӣ ва фарҳангу варзиш, куллан беҳтар гардида, бомаром рушд карда истодаанд.
Ҳукумати мамлакат барои ба сатҳи муосиру пешрафта расондани низоми маорифу тандурустӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст. Солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳия 12 бинои нави муассисаҳои таълимӣ ба истифода дода шудааст. Илова бар ин, ҳоло сохтмони як муассисаи замонавии таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 640 нафар хонанда бомаром идома дорад.
Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии аҳолии минтақаҳои дурдасти кӯҳистон ва бо мутахассисони маҳаллӣ таъмин намудани соҳаҳои мухталифи онҳо ҷиҳати ҳарчи бештар ба таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ фаро гирифтани ҷавонон аз минтақаи зикршуда пайваста чораҷӯӣ карда истодааст.
Натиҷаи ҳамин аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ 546 нафар хатмкардагони мактабҳои Роштқалъа тибқи Квотаи президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар қабул гардидаанд. Ҳоло аз ноҳия дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи Квотаи президентӣ 108 нафар таҳсил карда истодаанд ва соли ҷорӣ боз 25 нафар фарзандони мардуми ноҳияи Роштқалъа тибқи Квота ба ин муассисаҳо қабул карда шудаанд.
Бо вуҷуди пешравиҳо дар соҳаи маорифи ноҳия, то ҳол масъалаҳое вуҷуд доранд, ки барои ҳаллу фасли онҳо аз роҳбарони сохтору мақомоти дахлдор масъулияти бештар талаб карда мешавад. Хусусан, ҷиҳати аз ҳолати садамавӣ баровардани 13 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бо таҷҳизоти компютерӣ таъмин намудани онҳо ва бо асбобу лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардондани озмоишгоҳҳо бояд чораҳои саривақтӣ андешида шаванд.
Қобили зикр аст, ки солҳои охир бо мақсади беҳдошти саломатии аҳолӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат зиёда аз 20 барномаи давлатӣ қабул гардида, ҷиҳати амалисозии онҳо маблағгузории соҳа мунтазам афзоиш ёфта истодааст. Дар ин раванд, буҷети соҳаи тандурустии ноҳияи Роштқалъа низ сол ба сол зиёд гардида, соли ҷорӣ ба 5,2 миллион сомонӣ расидааст. Танҳо тайи солҳои ахир муассисаҳои тиббии ноҳия бо 55 номгӯи таҷҳизоту асбобҳои тиббӣ ва 41 номгӯи маводи доруворӣ ба маблағи умумии 6,3 миллион сомонӣ таъмин карда шудаанд. Имрӯзҳо дар ноҳия аз ҷониби Ҳукумати мамлакат сохтмони бинои беморхонаи марказӣ барои 120 кат бомаром идома дорад, ки дар ояндаи наздик дастрасии сокинонро ба хизматрасониҳои тиббӣ боз ҳам беҳтар мегардонад. Илова бар ин, то имрӯз 35 нафар донишҷӯён аз ноҳияи Роштқалъа тибқи Квотаи президентӣ муассисаҳои таҳсилоти олии тиббиро хатм намуда, дар муассисаҳои тандурустии вилоят ва ноҳия фаъолият карда истодаанд. Ҳоло боз 38 нафар ҷавонони ноҳия тибқи Квота дар ин муассисаҳо машғули омӯзиши илми тиб мебошанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки якҷо бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия корро дар самти боз ҳам беҳтар гардондани шароити муассисаҳои тиббӣ, бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани онҳо ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ вусъат бахшанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷалби мардум ба корҳои созандагиву ободкорӣ, ба ҳифзи дастовардҳои истиқлолу озодии кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот сафарбар намудани онҳо ба ҳисоб меравад.
Ҳар яки мову шумо вазифадорем, ки бо дарназардошти вазъи пуртазоду ноороми минтақа ва ҷаҳони имрӯза барои ҳимояи манфиатҳои давлату миллатамон омода бошем, фарзандонамонро дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ тарбия кунем.
Бовар дорам, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Роштқалъа дар оянда низ бо иттиҳоду сарҷамъӣ ва пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати худ барои рушду тараққиёти боз ҳам бештари кишвари соҳибистиқлоламон ва ободии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон, саҳми арзишманд мегузоранд.
Барои амалӣ гардидани ҳадафу ормонҳои нек ва нақшаҳои созандаву ободгарона ба сокинони ватандӯсту заҳматқарини ноҳияи Роштқалъа ва ба ҳар яки шумо – ҳозирини арҷманд, барору муваффақият орзу менамоям.
Ҳамеша саломату хонаобод бошед, ҳамватанони азиз!
Санаи нашр: 18.08.2023 №: 167
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив