ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БАД МЕКУНИВУ...?

БАД МЕКУНИВУ...?

06 декабр 2024, Ҷумъа
23
0


Ҳар кӣ бадӣ кард, ба бад ёр шуд,
Ҳам ба бади хеш гирифтор шуд.
Воқеан, ҷойи бас таассуф аст, ки имрӯз ба пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек бисёр, бисёри бисёр ниёз дорем. Ин боз дар суратест, ки ба гузаштаи бас дур ва шахсиятҳои барҷаставу оламшумуламон ифтихор мекунему менозем. Инчунин аз рӯи хидматҳои барҷастаашон барои башарият номҳояшонро ба фарзандамон ба ин умед, ки мисли онҳо бишаванд, мегузорем. Ҳол он ки:
Гар наӣ ҳамкор бо некон, зи ҳамнамӣ чӣ суд? 
Намедонам, чӣ гуна табиату фитрат дорем, ки агар аз касе сад некӣ дидаем ва ба нохост ӯ дар иҷрои некии саду якум оҷиз биёяд, он садро нодида мегирем, фаромӯш мекунем ва лаънати дунёро бар сараш чун борон меборем. Диламон аз ин об намехӯрад ва ҳазору як гуноҳро бар ӯ мебандем.
Рашку ҳасад то он ҷо доман паҳн кардааст, ки ҳатто мурдаҳоро низ намегузорем осуда бихобанд. Як нафар аз мурдаҳо гӯё бо расидани маргаш ва чунин муносибати мардум бо таассуф изҳор доштааст, албатта, барои панду раҳнамоии дурусти мо:
Гар бад кардам, тамом шуд хидмати ман,
Гар нек кардам, ягон-ягон ёдам кун.
Ёд мекунем, аммо бо бадӣ. Бечора мурда дигар зинда нест, ки бо дурӯғу туҳматҳоямон посухи арзандаву қаноаткунанда бидиҳад.
Маълумоти олӣ дорем, асарҳои зиёди адибони гузаштаву муосирро мутолаа намудаем, аммо ҳеҷ панд нагирифтаем, ки дар ҳаққи устодонамон, омӯзгоронамон, хосса онҳое, ки имрӯз дар қайди ҳаёт нестанд, бадгӯӣ накунем. Онҳоро бесавод мегӯем, сиёҳ мекунем, дар ҳоле ки ин зумра ба садҳо шогирдон дарс гуфтаанд, касб омӯзондаанд ва роҳи дурустро дар зиндагӣ нишон додаанд. Чӣ мехоҳем бо ин сангандозиҳо?! Шуҳрат?! Гӯиё мо аз онҳо беҳтару босаводтару зӯртарем?! Инсоф куҷост?! Ҳамин амал гувоҳ бар пастфитратии мост. Гузаштагони барӯмандамон ҳеҷ гоҳ ба касоне, ки аз онҳо ба як рӯз як ҳарф омӯхтаанд, бадгӯӣ намекарданд. Онҳоро азизу гиромӣ медоштанд ва ҳамеша бо шодмониву қаноатмандӣ изҳор медоштанд, ки мо шогирдони ин устодем. Шахсиятҳои барҷастаи мо таъкид мекарданд, ки агар шогирде нисбат ба устодаш бад бигӯяд, носипосӣ бинамояд, аз касбу ҳунар ва зиндагияш ҳаргиз баракат намеёбад. Беҳурматӣ нисбат ба устод аз гуноҳ ва беадолатиҳои бузург ба шумор мерафт.
Беадаб танҳо на худро дошт бад,
Балки оташ дар ҳама офоқ зад.
Агар аз гуфтану эътирофи ҳақиқат боре шарм медорем, набояд ба дурӯғу туҳмат онҳоро дар назари дигарон сиёҳ бикунем. Дар ин маврид аз бад гуфтан хомӯш мондан беҳтар аст. Мо ин ҳуқуқро надорем, ки ба зиндагии шахсии онҳо дахолат бикунем ва ҳам баъди маргашон суханони носазоеро дар ҳаққашон раво бидорем.
Як нафар аз шогирдон, ки имрӯз гӯё ба устодӣ расидааст, омӯзгори мутаввафояшро дар ҳамоиши бузурги илмӣ ба он айбдор мекунад, ки маҳалгароӣ мекардааст. Далелаш он будааст, ки ӯ аз куҷо будани шогирдонро дар соли аввали таҳсилашон мепурсидааст. Ман ҳам омӯзгорӣ кардааму мекунам ва ҳатман дар соли аввал шогирдонамро мепурсидам, ки аз куҷоанд. Омӯзгор ба шогирдонаш агар ҳам аз маҳалу зодгоҳи ӯ набошад, бадӣ намекунад, маҳалгароӣ барояш бегона аст. Ба шогирдоне, ки аз устодон сӣ-чил сол хурданд, ба чӣ хотир бояд бад бикунӣ?! Агар муаллим аз ӯ мепурсад, ки “аз куҷоӣ”? маънои маҳалгаро буданро набояд пайдо намояд. Баръакс, ӯ донистан мехоҳад, ки аз куҷо барои таҳсил омадааст, чӣ мушкилоте барои зист дорад ва бо кадом роҳ метавонад, ки ёрияш бирасонад.
Кори неконро қиёс аз худ магир,
Гарчи бошад дар навиштан шеру шир.
Чаро худ амали некеро анҷом намедиҳему аз муваффақияти кори дигарон бояд ранҷ бибарем?
Ба мо ин ҳуқуқро надодаанд ва ҳам аз рӯи одобу ақл нест, ки дар бораи рӯзгору осори шахсиятҳои маъруфамон аз нигоҳи имрӯз ва синну соламон қазоват бикунем. Барои шахсиятҳои маъруфи кишварамон дар замонҳои басо вазнин зинда мондану зиндагӣ кардан бениҳоят душвор буд. Онҳо дар доираи имкон ва сохти мавҷуда барои мо, мардум содиқона хидмат намудаанд, аммо мо даҳяки хидматҳояшонро накарда, дар осоиштагӣ, истиқлол ба онҳо ва фаъолияташон эрод мегирем. Вазифаи мо ин нест, ки афроди мазкурро бо эродгирӣ дар ин даврон барои худу ҷомеа зишту нохуб муаррифӣ бикунем. Бояд аз худамон бипурсем, ки чӣ кардем ва чӣ нафъе ба ҷомеа расондем.
Айб ва нобахшиданӣ аст, вақте ки нахустин навиштаи танқидии мо дар бораи бузургони миллатамон бошад. Вазифаи мо ин аст, ки афроди саршиносамонро беҳтару бештар барои худ ва наслҳои оянда муаррифӣ бикунему бигӯем, дар чӣ даврони даҳшатбор ё худ ноамн зистанданду ба мардум ба ҳадди тавоноии хеш, талаботи давр заҳмат кашиданд ва осори гаронбаҳо ба мерос гузаштанд.
Магар ҷойи тааҷҷубу таассуф нест, ки шоире ҳанӯз бӯи шир аз даҳонаш нарафтаасту дар ин ҳол шеъраке гуфтааст, ба адибони бузурги адабиётамон эрод мегираду айбҷӯӣ мекунад?
Дидани айби хештан ҳунар аст, гуфтаанд. Бинои дигарону кӯри худ набошем.
Агар ба дидаи айббин ба якдигар назар афканем, ҳатман айберо пайдо карда метавонем. Марди асил он аст, ки дидаи ҳунарбин дошта бошад. Ҳеҷ амал беподош намемонад. Агар ҷав бикорӣ, гандум нахоҳӣ даравид. “Бар ман аст имрӯзу фардо бар вай аст”. Бар кӯҳ ҳам агар бад мегӯӣ, дар ҷавоб нек намешунавӣ. Ва агар бар он як санг меандозӣ, ба сӯят сад санг меандозад, то дидаи ибратбин пайдо намоӣ. Ба гуфти Мавлоно, “Зи даъвӣ пурӣ, з-он тиҳӣ меравӣ”, бояд тиҳӣ биоем, то пурмаонӣ шавем.
Зиндагӣ борҳо барои ибрат гирифтан ба мо нишон додааст, ки ҳеҷ гоҳ бадхоҳи мардум ба мақсудаш нарасидааст ва бадандеш дар миёни бадиҳои хеш ранҷ бурдааст, бадкирдор аз бадии худ ҳеҷ осоиш надидааст. Ин ҳақиқати одиро медонем, пас чаро нек напиндорем, нек наандешем ва кирдорамонро нек накунем? “Бад мекуниву нек тамаъ медорӣ?”.

Абдулқодири Раҳим, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 06.12.2024 №: 240
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив